Асосӣ: Сиёсати дохилӣ
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз328
mod_vvisit_counterДирӯз706
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3537
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24901
mod_vvisit_counterҲамагӣ1627515
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
24
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Сиёсати дохила
МОҲИЯТ ВА ХУСУСИЯТИ ВАЗЪИ ИДЕОЛОГИЮ СИЁСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

25.04.2019

Вазъи сиёсии кишвар, ки дар пояи сиёсати ягона ва ҳадафҳои аз пеш муайяншудаи стратегӣ шакл мегирад, дар баробари хислатҳои умумидавлатиаш, аз зарфиятҳои хоси маҳаллию минтақавӣ низ бархурдор мебошад, ки таъсири гуногунсамта, аз ҷумла, таърихӣ, ҷуғрофӣ, этникӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, маъмурӣ ва ҳатто фародавлатиро соҳиб мебошад. Аз ин рӯ, таҳлил ва арзёбии вазъи идеологию сиёсӣ, мушаххаснамоии зарфиятҳо ва афзалиятҳои он дар минтақаҳои кишвар ба таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии бевосита доранд. Зимнан, таҳлили вазъи идеологию сиёсии кишвар, аз ҷумла, шаҳри Душанбе, ки дар ҳошияи таҷлили рӯзи Пойтахт қарор дорем, аҳамияти хоса дорад.

Оғози солҳои 90-уми асри гузашта шаҳри Душанбе маркази нооромиву бесуботӣ ва макони амалигардонии мақсадҳои ғаразноки душманони дохилию хориҷӣ гардида буд. Дар он солҳо шаҳр ҳатто рисолати худро ҳамчун пойтахти мамлакат гум карда, сохтори идоракунии давлат пурра фалаҷ гардида,

Муфассал...
 
Амалҳои пурхатари экстремистию террористиро пешгирӣ мебояд!

12.04.2019

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ..Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 аз вазъияти амниятии сайёра ҳарф зада, аз ҷумла, чунин таъкид намуда буданд:

«Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ аз 26 декабри соли 2018 низ аз вазъи сиёсии ҷаҳон бо як ҳисси баланди ташвиш сухан гуфта, ёдовар шуданд, ки «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст.

Муфассал...
 
Вазъи сайёҳии деҳот дар Тоҷикистон: мамониатҳо ва имкониятҳо

08.04.2019

Дар муҳити муносибатҳои ҷамъиятӣ баъзан ба мушоҳида мерасад, ки деҳа ва деҳотиён чун нишони ақибмондагӣ ва бозмондагӣ шинохта шуда, ҳар гуна падидаҳоеро, ки ба тамаддуни муосир тавъам нестанд, хоси деҳа медонанд. Сабаб он аст, ки деҳоти кишвар ҳамеша зери таъсири омили ҷуғрофӣ (кӯҳсор ва дар масофаи дур ҷойгир буданашон) аз падидаҳо ва равандҳои рушди замони худ нисбат ба шаҳр ақиб мемонанд. Хусусиятҳои замони муосир бошад, тақозо мекунад, ки нобаробарии рушд байни шаҳру деҳот бояд аз байн бурда шавад. Хусусан, дар шароити Тоҷикистон, ки зиёда аз 73 фисади аҳолии кишвар (аз шумораи умумии аҳолӣ дар соли 2018, яъне аз 8931,2 нафки аҳамияти таърихӣ, имрӯза ва ояндаи деҳотро тасдиқ мекунад ва дар дурнамои дарозмуддат фаҳмиши классикии деҳаро, ҳамчун макони ақибмондагӣ аз байн мебарад. Ташаббуси мазкур ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофар 6136,5 нафар) дар деҳотҷой маскун мебошанд, ин масъала боз ҳам муҳим ба назар мерасад. Омори мазкур водор мекунад,

Муфассал...
 
ТАЪСИРИ ИНТЕРНЕТ ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА ТАФАККУРИ ҶАВОНОН ДАР РАВАНДИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

02.01.2018

Ҷавонон неруи созандаи давлату миллат буда, ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ нақши назаррас доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари аҳолии он ҷавонон ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ва махсусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа хеле зиёд аст. Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат фармудаанд: «Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст.»

Аз ин суханони Президенти кишвар бармеояд, ки ҷавонон дар назди давлату миллат масъулияти бузург дошта, дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши калидиро иҷро мекунанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки тақдири ояндаи миллатро ба он ҷавононе метавон вогузор кард, ки дар ҳақиқат ватандӯсту худогоҳ, соҳиби донишу малакаи мутобиқ ба замони муосир ва аз ҳама муҳим, ғурури миллию зиракии сиёсӣ дошта бошанд.

Бинобар ин, тарбияи дурусти насли наврас вазифаи муҳими ҷомеаву давлат ба шумор меравад. Маҳз дар рӯҳияи ватандустиву инсонгароӣ тарбия ёфтан ва дорои маърифати

Муфассал...
 
НИШАСТИ МУХОЛИФИН АЗ ДИДГОҲИ САЙФУЛЛО САФАРОВ

23.07.2018

Рӯзи 15 июли соли 2018 дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамоиши намояндагони мухолифини тоҷик ба муносибати 21-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба гуфти дастандаркоронаш дар он беш аз сесад нафар ширкат карданд. Ин гуна ҳамоиш соли гузашта ҳам доир шуда буд ва дар он давра мухолифони тоҷик як иттиҳоди неруҳои оппазитсиониро ташкил карданд. Аммо дере нагузашта дар натиҷаи ҳамдигарнофаҳмӣ иттиҳод барҳам хӯрд ва оппозитсияи тоҷик дар Аврупо пароканда шуданд…

Аммо соли равон бори дигар ин масъала дар ҳамоиши навбатӣ низ матраҳ гардид. Доир ба ин масъала бо профессор Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате доштем.

–Сайфулло Саъдуллоевич, муҳтавои масоили матраҳшуда дар ҳамоиши Дортмунд ба таври васеъ расонаӣ шуд. Бардошти шумо аз ин ҳамоиш чӣ гуна аст?

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 4