Асосӣ: Инкишофи иҷтимоӣ Тадкикот, нашрияю баромадхо
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз282
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2049
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23413
mod_vvisit_counterҲамагӣ1626027
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Нашрияҳо ва арзҳо
ҲИФЗИ САЛОМАТИИ ҶАВОНОН АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

18.03.2019

Ҳифзи солимии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Ҳолати солимии аҳолиро, пеш аз ҳама, аз солимии насли оянда муайян кардан мумкин аст, зеро солимии аҳолиро аз рӯи синну соли репродуктивӣ муайян менамоянд, ки қисми зиёди онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, барои солим нигоҳ доштани насли оянда на танҳо соҳаи тандурустӣ, балки бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ низ нақши муҳим доранд.

Имрӯз масъалаи ҳифзи солимии наврасону ҷавонон масъалаи муҳиму аввалиндараҷаи тибби муосир ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, солҳои охир аксари кишварҳо нисбати ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, чунки рушди ҷомеа, вазъи иҷтимоӣ–демографӣ ва захираҳои кориву зеҳнии кишвар маҳз аз солимии наврасону ҷавонон вобаста мебошад.

Муфассал...
 
ТАДБИРҲОИ ДАВЛАТӢ ВА БЕҲБУДИ ВАЗЪИ ИЛМ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН

А.Ш. ҚУРБОНОВ,
доктори илмҳои фалсафа, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40, тел.: (+992 37) 227-67-57, (+992)918 20 04 15,
Е-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Бояд тазаккур дод, ки баъди солҳои 2000-ум дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва маориф марҳалаи тозае оғоз гардид. Вобаста ба дигаргуниҳое, ки ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакатро фаро гирифтанд, барои руши илм ва маорифу фарҳанг низ фазо ва шароити мусоид пайдо гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи маънавиёти шаҳрвандон сиёсати пайгирона ва босуботро амалӣ намуда, дар ин давра қарору фармоишҳое қабул намуд, ки онҳо талаботи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриро дар назди илм ба миён мегузоштанд.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва канда шудани риштаҳои ҳамкориҳо дар самти илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ, пеш аз ҳама, илмҳои дақиқ ва эксперименталӣ дар ҳолати ногувор қарор гирифтанд, зеро то ин дам муассисаҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо марказҳои бузурги илмии шаҳрҳои Москаву Ленинград, Киеву Минск, мактаби дар ҷаҳон шуҳратманди математикҳои Новосибирск ва ғайраҳо дар самти тадқиқоти муштарак ва тарбияи кадрҳо ҳамкорӣ доштанд, ки ин ҳамкориҳо бо гузашти вақт қисман суст ва қисман қатъ гардиданд. Вобаста ба

Муфассал...
 
Илм дар шароити Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдураҳмон Қурбонов,

сардори Раёсатитаҳлили масъалаҳои иқтимоии МТС

назди ПрезидентиҶумҳурии Тоқикистон,

доктори илми фалсафа

Илм дар шароити Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(1991–2013) «…Рушди илм ва тақвияти неруи зеҳнӣ–

кафили амният ва истиқлолияти ҳар як

кишвар маҳсуб мешавад.»

Эмомалӣ Раҳмон

САРСУХАН

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардид. Ворид гардидан ба ин марҳилаи нави таърихӣ дар назди роҳбарияти давлату миллати тоқик ва тамоми сокинони Қумҳурии соҳибистиқлоли Тоқикистон иҷрои вазифаи пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва рукнҳои давлатдории муосирро пеш гузошт. Яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт ба вуқуд овардани фазои мусоид барои рушди илм ва технологияи муосир, тарбияи кадрҳо ва ташкилу идора намудани соҳаи илму маориф дар шароити нав маҳсуб мешуд, зеро дар ҳар давру замон маориф ва илм омили муҳимтарини пешрафту пойдории давлату миллатҳо ба шумор мерафт ва ин арзишҳо дар таърихи башарият ҳамеша нақши асосӣ ва муайянкунандаро доранд. Инсон маҳз тавассути баҳрабардорӣ аз донишу фарҳангҳои мухталифи гузаштаю имрӯза ба шинохти худ ноил гардида, баъдан ба дарки амиқи ҳикмати зиндагӣ ва дигар арзишҳои фарҳанги башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Муфассал...
 
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МОҲИЯТИ МАНФИАТИ МИЛЛӢ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МОҲИЯТИ МАНФИАТИ МИЛЛӢ

Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович

Мутахасиси пешбари Раёсати таҳияи стратегияи миллӣ

ва барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ

Дар мақола ақидаҳои гуногунҷабҳаи моҳияти манфиати миллӣ аз нуқтаи назари олимони хориҷи баррасӣ шудааст. Моҳияти асосии манфиати миллӣ махсусан дар давраи гузариши Тоҷикистон вобаста ба шароити имрӯза таҳлил ёфтааст.

Муфассал...
 
Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои он

Қурбонов А.Ш., д.и.ф.

сардори раёсати таҳлили

масъалаҳои иҷтимоии МТС

Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои он

Ҳозирини гиромӣ!

Меҳмонони арҷманд!

Дар замони муосир мафҳуми «муҳоҷират» ба мисли мафҳуми «глобализатсия», ки хеле маъмул ва серистеъмол аст, аҳамияти муҳим пайдо намудааст ва муҳоҷират ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ рӯ ба афзудан дошта, ба яке аз масоили муҳими дорои аҳамаияти глобалӣ табдил ёфта истодааст. Муҳоҷират ва захираҳои меҳнатӣ, бешубҳа, ҳамчун проблема дар радифи проблемаҳои умумисайёравӣ, аз қабили равандҳои ҷаҳонии молиявӣ, тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ, экологӣ ва ғайра қарор дошта, мақом ва нуфузи хосса пайдо намуда истодааст. Раванҳои ҷаҳонишавӣ, бешубҳа ҷиҳати рушду тавсеаи муҳоҷират ва бо ҳам наздикшавии бозорҳои меҳнати миллӣ бо ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.

Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, имрӯз дар қатори дигар кишварҳои олам, барои Тоҷикистон низ, ба яке аз масоили муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ табдил ёфта, нақши он дар рӯзгори ҳар як оилаи тоҷикистонӣ эҳсос мегардад. Мушкилоте, ки дар ин самт вуҷуд доранд, мушкилоти теъдоди муайяни мардум набуда, балки он хоси тамоми сокинони ин кишвар маҳсуб мешавад. Шояд оилае набошад, ки бо ин падида иртибот надошта бошад ва бо мушкилоте, ки дар ин самт вуҷуд доранд, рӯ ба рӯ нагардида бошад. Аз ин рӯ, таҳлил ва баррасии масъалаи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти он дар ҷумҳурии мо аҳамияти муҳим пайдо кардааст.

Бояд зикр намуд, ки оид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти иқтисод ва демография, Шӯъбаи сотсиологияи Институти фалсафаи Академияи илмҳои ҶТ, Институти меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва дигар марказҳою созмонҳои ҷамъиятӣ тадқиқотҳои илмӣ баргузор гардидаанд ва натоиҷи онҳо дар шаклҳои мухталиф дастраси мардум гардидаанд. Инчунин, вазъи масъалаи мазкур дар маълумотномаҳои таҳлилӣ аз ҷониби Кумитаи омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёфтаанд. Маводи мавҷуда имкон медиҳад, ки мақомоти расмии давлатӣ ва дигар хоҳишмандон роҷеъ ба ҳолати кунунии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон тасаввурот пайдо намоянд.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 2