+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1653
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17585
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56737
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830130
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Таҳқиқот
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ - ПАДИДАИ БЕБАҲОИ МИЛЛӢ

20.08.2019

Таърихи сиёсии мамолики гуногун борҳо собит сохтааст, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ мушкил ва хеле пурихтилоф буда, ҳар як марҳалаи инкишофи он хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин марҳалаҳо метавонад орому сокит ва ё баръакс, муташанниҷу ноором ҷараён ёфта, хатарҳои бузургро дар роҳи мавҷудияти минбаъдаи давлат эҷод намоянд.

Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр миллатҳо аз давлатдории худ бенасиб гашта, фарҳангу забони худро ба нестӣ дода, дар маҷрои пурталотуми таърих симои миллиашонро гум кардаанд, зеро натавонистанд имконияти таърихиеро, ки барои пойдории онҳо фароҳам оварда буд, максаднок истифода баранд. Имконияте, ки на ҳама вақт муяссар гаштанаш мумкин аст.

Муфассал...
 
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

19.08.2019

Дар ҷомеаи пуртазоди замони муосир масъалаи таъмини амнияти миллӣ барои ҳар як давлат яке аз масъалаҳои бисёр муҳим ба шумор меравад, чунки дар ҳолати мавҷуд будани хатару таҳдид ба амнияти миллӣ ягон давлат наметавонад соҳиби рушди устувор гардад. Сиёсати ҷаҳонии имрӯза, ки таҳаввулоти вазнинро ба сари давлатҳои ҷаҳон оварда истода, бархе аз давлатҳоро ба хавфи аз байн рафтани истиқлоли давлатӣ рӯ ба рӯ кардааст. Дар чунин шароит бояд ҳар як фарди тоҷик, пеш аз ҳама, аз соҳиби истиқлоли сиёсӣ будани кишварамон ифтихор намояд. Зеро, имрӯз баъзе аз миллатҳое дар сайёраи Замин ҳастанд, ки истиқлоли сиёсӣ надоранд ва ё онро аз даст додаанд. Аз ҳамин лиҳоз, истиқлоли сиёсӣ барои миллати тоҷик арзиши бузурги сиёсию таърихӣ аст ва ҳифзи ин неъмати бузург вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як афроди тоҷик мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳое мебошад, ки соҳиби истиқлоли сиёсии хеш аст ва дар ҷодаи инкишоф ва пешрафти худ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Муфассал...
 
ИФРОТГАРОӢ Ё ЭКСТРЕМИЗМ: ШАКЛҲОИ ЗУҲУР ВА РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ОН

13.08.2019

Терроризм, экстремизм, радикализм, фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, савдои одамон ва ғайра аз ҷумлаи падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ба шумор рафта, дар худ хусусияти глобалӣ касб намудаанд.

Ҳамаи ин падидаҳо сарҳадҳои давлатҳоро убур карда, ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ ва фишанги таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан, ба кишварҳои тозаистиқлол, табдил гардидаанд. Инчунин, қатори масъалаҳои номбурда масъалаҳои мубрами дигареро номбар кардан мумкин аст, ки хоси минтақаи Осиёи Миёна мебошанд. Ин масъалаҳо иборатанд аз қабили ҳифзи сарҳад ва амнияти минтақа, ҷиноятҳои муташаккил, фурӯш ва интиқоли маводи нашъаовар, низоъҳо ва масъалаҳои баҳсноки сарҳадӣ ва билохир фазои буҳронӣ ва ноороми Афғонистон.

Махсусан экстремизм, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст ба амнияти кишварҳо халал ворид карда, барои рушди босуботи давлатҳо монеа эҷод менамояд. Албатта, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлат таъмин намудани амнияти дохилӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои миллии кишвар мебошад.

Муфассал...
 
МҲТБО. РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАВРАИ НАВИ РУШДУ ҲАМГИРОӢ ХОҲАД БУД

09.08.2019

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони муосир ҳамчун кишвари ташаббускору рӯ ба инкишоф муаррифӣ шудааст, ки боиси ифтихори ҳар яки мост.

Ин ҳақиқати бебаҳс борҳо аз забони сиёсатмадорону коршиносони сатҳи байналмилалӣ дар маҳофили гуногун садо додааст. Аз ҷумла, баҳои баланди сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳои гуногун оид ба нақш ва мақоми кишвари мо дар ҳалли масоили глобалӣ, тақвияти ҳамгироӣ зимни ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки бо иштироки 27 мамлакати қора дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар ба чашм хӯрд.

Агар ба вижагиҳои нишасти МҲТБО назар андозем, маълум мегардад,

Муфассал...
 
Натиҷаҳо аз сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Ваҳдат

08.08.2019

Шаҳри Ваҳдат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба макони ободу зебои диёрамон табдил ёфта, айни замон дар самти ободонию созандагӣ яке аз минтақаҳои пешқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамаи ин, ба таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст. Пешвои миллат фақат дар зарфи шаш соли охир панҷ маротиба ба шаҳри Ваҳдат сафар намуданд. Ҳар як сафар, албатта, ба вусъати корҳои ободонӣ такони тоза бахшида, сокинони онро рӯҳбаланд ва кӯшишҳои масъулинро ҷиҳати тасмимҳои нав ба нави рушд боз ҳам зиёд мегардонад.

Имсол низ, санаи 2 август сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Ваҳдат анҷом дода шуд. Ба ин сафар монанди таҷрибаҳои пеш силсилаи бунёдкориву таҳияи нақшаҳои миёнамуҳлати рушди шаҳр пайваст мебошанд.

Пешвои миллат зимни сафари кории худ ба фаъолияти силсилаи иншооти навбунёд ифтитоҳ бахшид.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 18