Асосӣ: Навигариҳо МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ– МУАРРИФИКУНАНДАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ"
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз785
mod_vvisit_counterДирӯз1205
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта7140
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27489
mod_vvisit_counterҲамагӣ1236253
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
21
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ– МУАРРИФИКУНАНДАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ"

19.03.2018

Рӯзи 16 марти соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи" Наврӯзи байналмилалӣ–муаррификунандаи фарҳанги миллии тоҷикӣ" баргузор гардид. Дар ҳамоиш кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишмандони фарҳангшиносу мардумшинос, коршиносону хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва дар бораи моҳият, аҳамият ва ҷойгоҳи ҷашни Наврӯз дар тамаддуни тоҷикон, халқҳои ориёӣ ва мардуми ҷаҳон суханронӣ намуд. Сипас Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло суханронии табрикӣ намуда ва аз эҷодиёти худ бахшида ба Наврӯз шеъре қироат кард.

Ҳамин тавр, муовини якуми Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавзӯи «Анъанаҳои наврӯзӣ инъикоскунандаи ҳувияти миллии тоҷикон», профессори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, профессор Гузел Майтдинова дар мавзӯи «Мероси Наврӯз дар раванди муосиршавии афкори ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон», муовини Сардори Раёсати таъмини иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мавзӯи «Наврӯз ва ҷойгоҳи он дар муаррифии гуманизми миллӣ», сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ризоён дар мавзӯи «Ҷойгоҳи «Наврӯзи байналмилалӣ» ва дигар анъанаҳои миллӣ дар густариши неруи нарми Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.

Баъдан пиромуни маърӯзаҳои илмии ироашуда аз ҷониби иштирочиёни ҳамоиш ибрози назар ва табдули афкори арзишманд сурат гирифт.

Мизи гирдро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Сайфулло Сафаров ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Маркази матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон