Асосӣ: Навигариҳо МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ВА АЛИШЕРИ НАВОӢ: РАМЗИ ДӮСТИВУ РАФОҚАТИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК"
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз222
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1989
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23353
mod_vvisit_counterҲамагӣ1625967
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ВА АЛИШЕРИ НАВОӢ: РАМЗИ ДӮСТИВУ РАФОҚАТИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК"

19.03.2018

Рӯзи 16 марти соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи " Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ: рамзи дӯстиву рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, муаррихону коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронии худ дар бораи мавзӯи дӯстиву рафоқати ду симои бузурги адабиёту фарҳанги халқҳои тоҷику ӯзбек Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, натиҷаи сафари бобарори давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои 27 созишнома ва қарордодҳои давлатӣ байни ду кишвари ҳамсоя, кӯшишу талошҳои Сарварони ду давлат барои боз ҳам мустаҳкам гардидани равобити равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар масоили мубрам суханронӣ намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ҳозиринро ба муносибати фарорасиии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз табрик намуда, дар бораи вазъияти имрӯза ва дурнамо муносибатҳои дипломатии ду давлати дӯсту ҳамҷавор: Ӯзбекистон ва Тоҷикистон маълумот ироа намуд.

Сипас иштирокчиёни ҳамоиш маърӯзаҳои илмии номзади илмҳои филологӣ Муҳаммад Алии Хуросонӣ дар мавзӯи «Робитаҳои эҷодии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ" ва Асрор Раҳмонов дар мавзӯи «Муносибатҳои дӯстонаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар мукотиботи онҳо» бо мароқи том шуниданд.

Баъдан ҳозирин пиромуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андешаҳои арзишманд иброз намуданд.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Маркази матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон