Асосӣ: Навигариҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев-рамзи дӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаи халқҳои тоҷику ӯзбек дар ҳазорсолаи нав
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз778
mod_vvisit_counterДирӯз1205
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта7133
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27482
mod_vvisit_counterҲамагӣ1236246
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
21
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев-рамзи дӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаи халқҳои тоҷику ӯзбек дар ҳазорсолаи нав

16.03.2018

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9-10 марти соли равон ҷараён гирифт, дар таърихи муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон сафари таърихӣ ва хотирмон арзёбӣ гардид.

Ин сафар дар муносиботи мутақобилан судманди ду кишвари ҳамҷавор ва дӯст –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон саҳифаи нави таърихӣ боз кард. Муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшро роҷеъ ба натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, онро «гардиши бузург дар муносиботи дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон, арзишмандтарин ва муваффақтарин сафари давлатӣ бо гузашти 27 сол» маънидод намуд.

Мавсуф афзуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он хотир таърихӣ ва муваффақона мебошад, ки дар ҷараёни он 27 санади муҳими

байнидавлатӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногуни тақвияти равобити мутақобилан судманди ду давлати ҳамсоя ба имзо расиданд. Яке аз онҳо Созишнома дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад. Санади макур тартиб ва шартҳои мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳу рии Ӯзбекистонро танзим менамояд.

Дар сурати аз ҷониби парлумонҳои ҳар ду давлат тасдиқ гардидани Созишномаи мазкур шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба муддати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар менамоянд. Инчунин боиси хушнудии мардумони ҳар ду давлат аст, ки 10 гузаргоҳи сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фаъол гардида, убури ин гузаргоҳҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ иҷозат аст. Ҳамзамон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани санадҳои муҳими байнидавлатӣ аз ояндаи неку дурахшони равобити ҳасанаи Тоҷикистону Ӯзбекистон башо рат медиҳад.

Коршиноси сиёсии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он назар аст, ки дар Душанбе ба имзо расидани 27 созишномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ миёни ду давлати ҳамҷавор аз иродаи сиёсӣ ва хиради азалии Сарони ду кишвари дӯсту бародар- Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев башорат медиҳад. Ин тамоюл,- таъкид намуд Зубайдулло Давлатов,- фоли некест аз дурнамои рушду тавсеаи муносиботи дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон.

Дар ин росто, таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки дар таърихи ду миллат дӯстии шоирони барҷастаи адабиёти классикӣ Мавлоно Абураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек эътироф гардидааст. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ва ҳазорсолаи нав месазад, ки Сарони ҳар ду давлати ҳамсоя –Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро рамзи дӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаи ду миллати дӯсту бародар –тоҷикону ӯзбекон унвон кард. Ин ду давлатмарди барҷастаи олами сиёсат бо заҳматҳои пайгирона ва иродаи сиёсӣ ба мардумони кишварҳояшон сулҳу оромӣ, дӯстиву рафоқат, эътимоду боварӣ ба фардои дурахшонро фароҳам оварда, хостори дар оянда то ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардани муносиботи ду давлати ҳамҷавор ва дӯсту бародар-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Бояд ба қадри кору заҳматҳои шоистаи анҷомдодаи ин ду давлатмарди барҷаста, ки ҳадафашон таҳкими дӯстиву рафоқат, хусни ҳамҷаворӣ, ободию осоиштагӣ ва шукуфоию пешрафти мардумону сарзаминҳост, бирасем.

Бо дахли таҳкими ҳамкории судманди ду кишвар корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки халқҳои тоҷику ӯзбекро аз қадимулайём муштаракоти таърихию фарҳангӣ, риштаҳои хешу таборӣ бо ҳам мепайванданд ва мардумони тоҷику ӯзбек як мардумеанд, ки бо ду забон сухан мекунанд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги ҳар ду давлат соли гузашта дар шаҳрҳои Душанбею Тошканд ва барномаи консертии «Шоми дӯстӣ» дар «Кохи Борбад»-и Душанбе бо ҳузури ҳунармандони ҳар ду давлат бори дигар аз тавсеаи робитаҳои фарҳангии ду кишвари дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шаҳодат дод.

Б ояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги транзитӣ буда, ҳар ду кишвар имкон доранд аз шоҳроҳҳои минтақавию байналмилалии ҳамдигар фаровон истифода намоянд. Дар рӯзҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи роҳи оҳани Амузанг –Ғалаба аз тавсеаи робитаҳои суманди иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон пайки некест.

Роҳи оҳани мазкур, ки яке аз минтақаҳои сернуфустарини ҷануби Тоҷикистон-вилояти Хатлонро бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон пайваст менамояд, дар интиқоли молу маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя ва рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ хеле муҳим мебошад. Аз соли 2017 инчониб байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд парвозҳои ҳавоӣ ба роҳ монда шудаанд ва дар оянда интизор меравад, ки миёни шаҳрҳои Душанбе –Самарқанд, Душанбе –Бухоро ва дигар шаҳрҳо ҳамзамон парвозҳои ҳавоӣ ва нақлиётӣ сурат гиранд, ки он ба рушди сайёҳӣ ва тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ду давлати ҳамсоя мусоидат менамояд. Мавриди зикр аст, ки соли гузашта табодули мол байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 126, 4 миллион долларро ташкил дод, ки 57,1 миллион доллар ба содирот ва 69,3 миллион доллар ба воридот рост меояд. Ҳамзамон Сарони ҳар ду давлат таъкид намуданд, ки дар оянда бо истифода аз имкониятҳо ва робитаҳои иқтисодӣ ин нишондиҳандаро то ба 500 миллион доллар ва баъдан то ба 1 миллиард доллар расонанд. Инчунин байни ду кишвар шароити мусоид барои таъсиси корхонаҳои муштарак, бозорҳои наздисарҳадӣ вуҷуд дорад. Тоҷикистон метавонад ба Ӯзбекистон алюминий, меваҳои тару тоза ва хушк, маҳсулоти нассоҷӣ, қолин ва дигар маҳсулоти саноатӣ содирот намояд. Молҳои истеҳсолнамудаи Ӯзбекистон, назири техникаи маишӣ, мошинолот ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал дар бозори Тоҷикистон муштариёни худро дошта, ин тамоюл ба паст гардидани нархи маҳсулоти хӯрокӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуда, рақобати иқтисодиро дар мавриди истеҳсоли маҳсулоти хушсифа т ва бозоргир ба вуҷуд меорад. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намоиши молҳои саноатии Ӯзбекистон ва ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ташкил карда шуд. Дар ҳамоиши доираҳои соҳибкорони ҳар ду давлат ҳудуди 500 нафар соҳибкорону тоҷирони ду кишвари дӯст иштирок намуда, масъалаҳои тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро байни ду давлат матраҳ намуда, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки он пайки хубест аз дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон.

Дар маҷмӯъ сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносиботи ҳасанаи ду давлат дар ҳазорсолаи дуюм марҳилаи неку созанда боз намуд. Сафари давлатии Сарвари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар таърихи робитаҳои ҳар ду давлат хотирмон ва фаромӯшношуданӣ боқӣ монда, он дар саҳифаи таърихи муосири халқҳои тоҷику ӯзбек бо хати заррин дарҷ мегардад.

Марзия САИЗОДА,

Сарчашма АМИТ «Ховар»