Асосӣ: Навигариҳо МУЛОҚОТ ВА БРИФИНГИ ВЛАДИМИР НОРОВ
+++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз134
mod_vvisit_counterДирӯз1827
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8748
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34210
mod_vvisit_counterҲамагӣ1160647
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
25
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МУЛОҚОТ ВА БРИФИНГИ ВЛАДИМИР НОРОВ

09.03.2017

Рӯзи 7 марти соли 2018 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот ва брифинги директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, дипломати маъруф Владимир Имомович Норов баргузор гардид. Дар ҳамоиш кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, меҳмони олиқадр Владимир Норовро ба сарзамини тоҷикон хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон кишвари дӯсту ҳамсояи наздики мо мебошад. Боиси хурсандист, ки робитаҳои дипломатӣ, иқтисодиву фарҳангии байни ду кишвари ҳамҷавор солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам гардида истодаанд. Масалан, танҳо соли гузашта назар ба соли 2016 мубдилаи мол ба ду кишвар 1,8 маротиба зиёд гардид. Кушода шудани нуҳ гузаргоҳи сарҳадӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва то як моҳ бе раводид рафтуомад кардани шаҳрвандони ҳар ду кишвар, барои ривоҷу равнақи робитаҳои иқтисодӣ ва

тиҷоратии ду давлати ҳамсоя мусоидат хоҳад кард. Бовар дорем, ки ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои муносибатҳои ҳар ду кишвар уфуқҳои нав ба навро боз хоҳад кард. Таъкид шуд, ки шаҳрвандони ҳар ду кишвари ҳамсоя аз беҳтар шудани муносибатҳо ва пайдо гардидани шароитҳои хуби боздид аз кишварҳои ҳамдигар ашки шодӣ мерезанд ва аз ин иқдоми наҷиби роҳбарони ду давлатро бо шодиву хурсанди беандоза истиқбол мегиранд.

Сипас директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов зимни суханронӣ дар бораи сиёсати пешгирифтаи хориҷӣ ва дохилии роҳбарияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9 ва 10 марти соли ҷорӣ, имзо гардидани беш аз 27 созишномаву қарордод аз ҷониби Роҳбарони ҳар ду кишвар, густариши муносибатҳои дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду давлати дӯсту ҳамсоя ибрози назар кард. Сипас Владимир Норов ба саволҳои кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзноманигорон посух дод.

Дар охир директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ба меҳмонони олиқадр барои суҳбати самимӣ арзи сипос намуд ва ҳамоишро натиҷагирӣ ва ҷамъбаст кард.

Дар мулоқот ва нишасти матбуотӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ширкат намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон