Асосӣ: Навигариҳо Наврӯз – тарғибгари фарҳанги барҷастаи инсонӣ
+++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз132
mod_vvisit_counterДирӯз1827
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8746
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34208
mod_vvisit_counterҲамагӣ1160645
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
25
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Наврӯз – тарғибгари фарҳанги барҷастаи инсонӣ

02.03.2018

Ҷашни Наврӯз имрӯз ба яке аз рӯзҳои дӯстдоштании аҳолиамон мубаддал гардидааст. Он таърихи қадимтарин ва зиёда аз ҳазорсола дорад. Дар тӯли мавҷудияти худ Наврӯз борҳо таҳти таъқибу мамнуъият қарор гирифтааст. Ба ин нигоҳ накарда, Наврӯз худро ҳифзу эҳиё намуд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Наврӯз на танҳо ҷашни баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло, фарҳанги барҷастаи инсонӣ ва саршори ормонҳои наҷиби башардӯстӣ, таҷассумгари ҳастӣ ва моҳияти халқи ободгаро ва сулҳофаринамон буда, дорои захираи азими маънавӣ аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷашнгирии Наврӯзро дубора зинда намуда, пеш аз ҳама онро ба иди умумимиллӣ ва умумидавлатӣ табдил додем. Дар марҳилаи ҳозира Наврӯз дар таҳкими пояҳои давлатдориамон, баланд бардоштани худшиносӣ, барқарор ва пойдории ваҳдату ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.

Аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун иди байналмилалӣ расман эътироф гардидани Наврӯз худ баёнгари гуфтаҳои боло мебошад. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ инсоният ба давраи нави рушди таърихии худ ворид шуд ва ин боис шуд, ки он дубора маънавиёти миллии худро эҳсос намояд. Дар марҳилаи ҳозира аҳамияти Наврӯз дучанд гардидааст, зеро моро ба решаҳои аҷдодии хеш баргардонида, ба халқи тоҷик имкон дод, то айният ва мустақилияти хешро ҳифз намоянд.

Ҷомеаи имрӯза дучори таҳдидҳои ғайрианъанавии маънавӣ гардидааст. Мо имрӯз воқеъан шоҳиди таҳдид аз хориҷӣ гаштаем, ки ба мо арзишҳо ва дидҳои бегонаро таҳмил мекунанд. Барои ҳар як давлати соҳибистиқлол рушду таҳкими фарҳанги маънавии он, дар баробари рушди иқтисодӣ ва боло рафтани иқтидори низомиаш, дорои аҳамияти муҳим мебошад. Бидуни фарҳанги маънавӣ рушди иқтисодию низомии кишвар ғайримумкин аст.

Бояд қайд кард, ки новобаста ба бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар татбиқи се ҳадафи стратегии худ аз ҷумла: бунёди иншооти азими гидроэнергетикӣ; ислоҳоти соҳаҳои иқтисодӣ ва кишоварзӣ; рушди коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва ғайра, пешрафти чашмгире намояд. Дар назар аст, ки солҳои наздик истиқлолияти энергетикии мамлакат пурра таъмин гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардашуда ва амнияти озуқавории он таъмин карда шавад.

Бинобар ин, метавон гуфт, ки Наврӯз барои кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чун оварандаи сулҳу оромӣ, пиндору гуфтор ва кирдори нек, дӯстиву ҳамкории халқҳо хизмат мекунад.

Бояд гуфт, ки барои абадӣ гардонидани Наврӯз ва ба шароити муосир мутобиқ гардонидани он, бояд корҳои зиёдеро анҷом бидиҳем, то насли ояндаамон баъд аз мо анъанаҳои наврӯзиро пос дошта, фаромӯш накунанд.

Пеш аз ҳама, бояд ба риоя кардани суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон дар масъалаҳои гиромӣ доштани ин суннатҳо, густариши рафтору ахлоқи хамида, бузургдошти анъанаҳои неки ниёгон, фарҳангпарастиву худшиносӣ, таблиғи меҳнату зиндагии солим, ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва пешрафту шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷӯҳи хоса дода шавад.

Тарғибу ташвиқи минбаъдаи Наврӯз ҳамчун таҷассумгари ойини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ барои мардумони олам, нақши он дар таъмини суботу оромӣ, рӯзгор бидуни хушунат ва зиндагии осуда, муаррифӣ намудани фазилатҳои волоии инсондӯстонаи он, ҳамчун барномаи дӯстиву баҳамоии мардумони ҷаҳон барои ҳалли масоили мубрам ва доғи сайёра, хусусан кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ ва равобити тиҷоратӣ, аз байн бурдани омилҳои тафриқаандозӣ байни миллатҳо, ҳалли мусолиҳатомезонаи баҳсбарангез, эҷоди бозори муштараки таъмин бо кор ва фаъолияти тиҷорати дар минтақа, ҳамкориҳои наздик дар соҳаҳои иттилоот, маориф, фарҳанг ва иҷрои тарҳҳои муштараки илмӣ дар бахшҳои мухталиф бояд дар маркази диқат бошад.

Минбаъд ҳам дар сатҳи давлатӣ ҳамасола гузаронидани чорабиниҳои муҳим аз қабили: Рӯзи модар, мулоқоти Роҳбари давлат бо зиёиёни кишвар, Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва дар остонаи ин ҷашн вусъат додани корҳои ободонӣ ва чорабиниҳои муҳимми дигар, эътибору мартабаи ҷашни Наврӯзро баландтар мебардорад.

Вақти он расидааст, ки дар ҳавзаи кишварҳои Наврӯз бо ҷалби олимон, тадқиқотчиён, сиёсатмадорон ва қишри интеллигенсияи муосир дар масъалаҳои тарғибу ташвиқи суннат ва ойинҳои наврӯзӣ, Форуми доимоамалкунандаи илмӣ– гуманитарии байналмилалӣ таъсис дода шавад. Доир намудани ҳамоиши ҳамасолаи Форуми мазкур бо иштироки сарони давлатҳо, метавонад Наврӯзро ба ҷаҳониён бештару пурратар муаррифӣ намояд.

Дар масъалаи абадӣ гардонидани суннату ойинҳои наврӯзӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пешсаф бошад. Бинобар ин, дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе музей осорхонаи Наврӯз, филиалҳои он бошад дар шакли гӯшаҳои наврӯзӣ дар маркази вилоятҳои кишвар, таъсис ёбанд. Ин имконият медиҳад, ки тарбияи насли наврас дар руҳияи арҷгузорӣ ба суннатҳои наврӯзӣ ба таври айёнӣ ба роҳ монда мешавад.

Бо дарназардошти он, ки имрӯз дар миқёси ҷаҳон масъалаи оби ошомиданӣ, истифодаи оқилона аз манбаҳои он - яке аз арзишҳои Наврӯз, хеле муҳимму мубрам гардидааст, дар сатҳи баланди давлатӣ доир намудани тамоми чорабиниҳои вобаста ба татбиқи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 - 2028», диққати ҷиддӣ дода шаванд.

Яқин аст агар ба яке аз кӯча ё хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе, инчунин, ба яке аз ҷамоатҳои калон дар маҳаллҳо номи Наврӯз гузошта шавад, мартабаи он дучанд мегардад. Насли наврас бо дидан ё шунидани номи он зуд аз мафҳуми он огоҳ мешавад.

Имрӯз бо итминони комил гуфтан мумкин нест, ки тамоми ҷанбаҳои Наврӯз, таърихи пайдоиши он ва масъалаҳои дигари ҷаҳонишавии он, ба таври дақиқ ва пурра омӯхта шудааст. Ин кор тадқиқотҳои махсусро тақозо дорад. Аз ин лиҳоз, хуб мешуд, ки аз тарафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, институти этнографияи он дар оянда методологияи ягонаи гузаронидани тадқиқотҳои махсус оид ба ҷашни Наврӯз, мавриди коркард қарор гирад ва барои хизматҳои шоён дар омӯзиши фарҳанг, таърих, этнография вобаста ба Наврӯз, тарғибу ташвиқи он, ҷоизаи давлатӣ таъин карда мешуд ва ғайра.

Ҳамаи ин чорабиниҳо бешак барои ҷовидон мондани Наврӯз дар ҳазорсолаҳои баъдӣ, мусоидат мекунанд.

Коршиноси Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳикматулло Хочаев