Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВИИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӯИ "МАСЪАЛАҲОИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" (НАТИҶАГИРӢ АЗ "СОЛИ ҶАВОНОН")
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз331
mod_vvisit_counterДирӯз1026
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта331
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25294
mod_vvisit_counterҲамагӣ1317961
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
24
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВИИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӯИ "МАСЪАЛАҲОИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" (НАТИҶАГИРӢ АЗ "СОЛИ ҶАВОНОН")

01.03.2018

Рӯзи 28 феврали соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи "Масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (натиҷагирӣ аз "Соли ҷавонон") баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ зикр кард, ки ҳамоиши имрӯза бо мақсади натиҷагирӣ аз «Соли ҷавонон» эълон шудани соли 2017, баррасии масъалаҳои васеи вобаста ба ҷавонон ва дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда мешавад. Дар конфронс таваҷҷуҳи асосӣ ба арзёбии дастовардҳои муҳимтарини «Соли ҷавонон», рушди касбии онҳо дар бахшҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла хизмати давлатӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин, нақши ҷавонон дар ҳифзи арзишу анъанаҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа дода шуд. Баргузории чунин ҳамоиш, ки бевосита ба мавзӯи ҷавонон бахшида мешавад, имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи муҳити ҷавонон баррасӣ шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо дарназардошти хусусиятҳои шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумиҷаҳонӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшан карда шаванд. Тавре дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шуд: «Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо "Соли ҷавонон" маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд». Аз ин рӯ, баргузории конфронси имрӯза нишони ҷонибдорӣ аз ин тасмимҳои Пешвои миллат, инчунин, ҳамчун бахши меҳварии имрӯз ва ояндаи сиёсати давлатӣ эътироф гардидани масъалаи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Умедворем, ки конфронси имрӯза барои татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишварамон мусоидат хоҳад кард.

Сипас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён, муовини Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода суханронии табрикӣ ироа намуданд.

Ҳамин тавр, бахши якуми ҳамоиш таҳти раёсати муовини якуми директори Маркази тадқиқоти старатегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров таҳти унвони "Масъалаҳои усулии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба кори худ шурӯъ намуд. Сайфулло Сафаров дар мавзӯи "Сиёсати давлатии Ҷавонон ҳамчун самти стратегии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Обидзода дар мавзӯи "Нақши ҷавонон дар таҳсили касбӣ ва тадқиқоти илмӣ", сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моёншоҳ Маҳмадбеков дар мавзӯи "Масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон", мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва равандҳои сиёсии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амид Комилбеков дар мавзӯи "Нақши сиёсати давлатии ҷавонон дар раванди шаклгирии сотсиализатсияи сиёсии ҷавонон дар Тоҷикистон", ходими калони Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳроб Ҷумъаев дар мавзӯи "Таъсири омилҳои фарҳангии ҷаҳонишавӣ ба муҳити ҷавонон дар Тоҷикистон" суханронӣ намуданд. Баъдан пиромуни маърӯзаҳои ироашуда ибрози назар ва табдули афкори арзишманд сурат гирифт.

Бахши дуюми конфронсро сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қурбонов таҳти унвони "Арзёбиии масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷавонон ва вазъи ҳифзи анъанаҳои миллӣ дар миёни онҳо" барандагӣ кард. Иштирокчиёни ҳамоиш маърӯзаҳои мудири бахши махзани маълумот ва тестии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозаҳай Кенҷаевро дар мавзӯи "Раванди рушди касбиии ҷавонон дар хизмати давлатӣ:

вазъият ва дурнамо", муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии "Клуби соҳибкорони ҷавон"-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Қурбоновро дар мавзӯи "Дастгирии фаъолнокии ҷавонон дар соҳибкорӣ", сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Ғиёсовро дар мавзӯи "Нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар эҳёи анъанаҳо ва ҳифзи суннатҳои миллӣ", сармутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Бобоёнро дар мавзӯи " Падидаҳои нав дар муносибатҳои оилавӣ ва таъсири онҳо ба оилаи ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон " бо рағбати том шуниданд. Баъдан пиромуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андешаҳо ва табдули афкори судманд сурат гирифт.

Конфронсро сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қурбонов ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Маркази матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон