Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз648
mod_vvisit_counterДирӯз1415
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9866
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28767
mod_vvisit_counterҲамагӣ1237531
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
22
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат

01.03.2018

Густариш ёфтани шаклҳои нави муносиботи ҷаҳонӣ ва робитаҳои гуногунҷанбаи кишварҳо сабаб шудааст, ки дипломатияи иқтисодӣ барои рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ заминаҳои нави ҳамкорӣ омода созад. Ҳар як давлат вобаста ба имкониятҳои худ онро амалӣ месозад. Дар давраи истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ, балки дар татбиқи онҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра заминаи рушди назарияву амалияи самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ такмил ёфт, ки дипломатияи иқтисодӣ яке аз самтҳои он мебошад.

Рушди дипломатияи иқтисодӣ дар муносибатҳои хориҷӣ воситаи муҳим барои пешбурди ҳадафҳои дарозмуддати рушди иқтисодии кишварҳо ба ҳисоб меравад. Ин мавзӯъ хусусан дар марҳалаи бархӯрди манфиатҳои геосиёсӣ аҳамияти дучанд пайдо намуд. Аз ин рӯ, зарурати аз нигоҳи илмӣ муайян намудани он ҳамчун мафҳуми илмӣ пеш омадааст. Аслан, дар адабиёти илмӣ ҳанӯз мафҳуми «дипломатияи иқтисодӣ» ба тарзи аниқу возеҳ шарҳи худро пайдо накардааст ва дар ин маврид андешаҳои мухталиф баён мешаванд. Аммо дар истилоҳ «дипломатияи иқтисодӣ» дар корбурди ҳамарӯза дар муносибатҳои байналмилалӣ ба тарзи фаровон истифода мешавад. Мафҳуми

«дипломатияи иқтисодӣ» — ро маъмулан бисёр васеъ шарҳ медиҳанд. Дар натиҷа ин мафҳум мазмун ва хусусиятҳои худро гум карда, сарҳади истифодаи он бисёр норавшан мегардад. Новобаста аз ин, дар муносибатҳои сиёсии байналмилалӣ аз мафҳуми «дипломатияи иқтисодӣ» ва дастовардҳои дипломатӣ ҳамчун мафҳуми касбӣ истифода мекунанд. «Дипломатияи иқтисодӣ» дар маҷмӯъ дипломатияи қисми таркибии сиёсати хориҷӣ ва фаъолияти хориҷии давлат буда, ҳамин сиёсати хориҷӣ мақсаду вазифаҳои онро муайян менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил буда, дар марҳалаи ташаккули низоми иқтисодӣ қарор дорад ва дар татбиқи сиёсати хориҷии он дипломатияи иқтисодӣ ҷойгоҳи асосӣ касб кардааст.

Дипломатияи иқтисодӣ дар марҳалаи ҷаҳонишавии иқтисод ба унвони воситаи нави татбиқи сиёсати хориҷӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Дар шароити таҳаввулоти низоми иқтисодии ҷаҳонӣ мавқеъ ва аҳамияти дипломатияи иқтисодӣ ба маротиб боло меравад. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «истифодаи муассир ва самараноки василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Бояд зикр кард, ки меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз» аст, ки он фаъолияти дипломатияи иқтисодиро ҳамчун ҷузъи ин меҳвар такмил дод. Ба шарофати ин сиёсати хирадмандона Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам менамояд. Чунин сиёсатро худи вазъи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва ҷаҳон тақозо менамояд. Баъди ба даст овардани Иcтиқлолияти давлатӣ давлати мо тавонист робитаҳои худро бо кишварҳои Ғарб, Шарқи мусалмонӣ ва Шарқи Наздиқ барқарор намояд. Дар ҷаҳони муосир барқарор намудани робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ омили муҳимтарини давлатдорӣ буда, дар ин замина дипломатияи иқтисодӣ метавонад дар таъмини субот ва амнияти иқтисодии мамлакатҳо дар сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ нақши калидӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, дар айни замон омӯзиш, такмил ва татбиқи он барои ҷумҳурии мо бисёр муҳим аст, зеро дипломатияи иқтисодӣ ҳамчун як соҳаи асосии сиёсати хориҷӣ дорои ваколатҳои васеъ буда, қисмати меҳварии сиёсати хориҷӣ ва муайянкунандаи раванди иқтисодӣ ва фаъолияти байналмилалии давлат мебошад. Дар шароити вусъат ёфтани раванди ҷаҳонишавӣ, ки давлатҳо барои ҳифзи манфиатҳояшон бо ҳам пайванд мешаванд ва ё бархӯрд доранд, нақш ва мақоми дипломатияи иқтисодӣ чун воситаи танзими муносибатҳои байналмилалӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Дипломатияи иқтисодӣ шакли фаъолиятест, ки манфиатҳои иқтисодии давлатро дар арсаи ҷаҳон пайгирӣ мекунад, бо усулҳои дипломатӣ амнияти иқтисодии кишварро таъмин менамояд, зеро ягон давлат наметавонад бе ташаккул додани низоми муносибатҳо бо дигар давлатҳо манфиатҳои худро ҳифз намояд.

Аз ин рӯ, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият давраҳои асосии ташаккули худро аз сар гузаронида, марҳала ба марҳала ба як мактаби ташаккулёфтаи сиёсӣ табдил гаштааст. Имрӯз метавон аз муваффақиятҳои таҷрибаи амалии татбиқи сиёсати хориҷии мамлакат ҳарф зад.

Хусусият ва вазифаҳои асосии дипломатияи иқтисодии навин инҳо мебошанд:

а) пешбурду ҳифзи манфиатҳои иқтисодии миллӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва таъмини бехатарии иқтисодӣ;

б) иҷрои ҳадафу вазифаҳо дар самти сиёсати иқтисодии хориҷӣ;

в) мусоидати сиёсати давлат ба сохт ва усулҳои иштироки сохторҳои миллӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ;

г) авлавияти мавқеи масъалаҳои гуногун ҳангоми машваратҳо, гуфтугӯҳо миёни сафоратҳо, вазоратҳо ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ.

Воқеан ҳам, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил аз ҷараёни муборизаҳои сиёсиву иқтисодӣ дар низоми байналмилалӣ дар канор буда наметавонад. Дар ин ҷода ҷумҳурии мо аз арзишҳои байналмилалӣ, меъёрҳои умумибашарӣ пайгирӣ намуда, дар муносибати ҷаҳонӣ ҳадафҳои худро ҳамчун давлати мустақил муаррифӣ ва ҳифз менамояд.

Ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои дарозмуддат, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои олии мамлакат аз фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иборат мебошад. Айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Аз ин лиҳоз рушди минбаъдаи дипломатияи иқтисодии Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр зимни дарёфти ризоят ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни ҳалли масоил бояд аз вазифаҳое иборат бошад, ки онҳоро афзалиятҳои сиёсати хориҷии давлатамон муайян мекунанд.

Бояд иброз намуд, ки захираҳои табиии мамлакат имкон медиҳанд, ки дар оянда низоми иқтисодиву иҷтимоии он дар шакли нав тарҳрезӣ гардад ва пеш бурдани сиёсати иқтисодӣ дипломатияи иқтисодии комилро тақозо мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар самти ҳамкории иқтисодии хориҷӣ Тоҷикистон бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръати рушди сармоя, технология, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан судмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ба монанди Чин, Малайзия, Индонезия, Корея, Япония, кишварҳои арабии Халиҷи Форс, Қазоқистон, Россия, Германия аз самтҳои афзалиятнок меҳисобад.

Дар айни замон дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди дипломатияи иқтисодӣ ва ҳадафнок истифода намудани дастовардҳои технологӣ масъалаи меҳварӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, рушди фаъолияти сиёсиву иқтисодии хориҷии мо дар доираи манфиатаҳои давлат аз масъалаҳои рӯзмарра мебошад.

Лоиқназари МУЪМИН,

сармутахассиси Раёсати таҳлил ва

ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон