+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз620
mod_vvisit_counterДирӯз1560
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4539
mod_vvisit_counterДар ин моҳ21129
mod_vvisit_counterҲамагӣ1348000
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Октябри
19
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ИТТИЛОИЯ

27.02.2018

оид ба баргузории Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (натиҷагирӣ аз Соли ҷавонон)»

Рӯзи 28 феврали соли 2018 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявиро дар мавзӯи «Масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (натиҷагирӣ аз Соли ҷавонон)» баргузор менамояд. Конфронси мазкур бо мақсади натиҷагирӣ аз «Соли ҷавонон» эълон шудани соли 2017, баррасии масъалаҳои васеи вобаста ба ҷавонон ва дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар доир карда мешавад. Дар ҳамоиш таваҷҷуҳи асосӣ ба арзёбии дастовардҳои муҳимтарини «Соли ҷавонон», рушди касбиии онҳо дар бахшҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла хизмати давлатӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин, нақши ҷавонон дар ҳифзи арзишу анъанаҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа равона хоҳад шуд.

Дар кори конфронс намояндагони вазорату идораҳои кишвар, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, ВАО,

ҳамзамон, коршиносони варзида иштирок ва суханронӣ хоҳанд намуд.

Баргузории чунин ҳамоиш, ки бевосита ба мавзӯи ҷавонон бахшида мешавад, имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи муҳити ҷавонон баррасӣ шуда, мақсадҳо ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо дарназардошти хусусиятҳои шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумиҷаҳонӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшан карда шаванд.

Тавре дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шуд: «Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо "Соли ҷавонон" маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд». Аз ин рӯ, баргузории ҳамоиши номбурда нишони ҷонибдорӣ аз ин тасмимҳои Пешвои миллат, инчунин, ҳамчун бахши меҳварии имрӯз ва ояндаи сиёсати давлатӣ эътироф гардидани масъалаи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маълумоти иловагӣ оид ба баргузории Конфронс:

Қайди иштирокчиён: аз соати 08:30 то 09:00

Оғози ҳамоиш: соати 09:00

Забони конфронс: тоҷикӣ ва русӣ.

Дар мавриди ҳама гуна иттилоот роҷеъ ба Конфронс ба сомонаи Марказ: www.mts.tj ва ба

рақамҳои 227-20-93 муроҷиат намоед.