Асосӣ: Маркази матбуот КОНФРОНСИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ТОҶИКИСТОН – ТУРКМАНИСТОН: 25 СОЛИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРӢ”
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз331
mod_vvisit_counterДирӯз1026
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта331
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25294
mod_vvisit_counterҲамагӣ1317961
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
24
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ТОҶИКИСТОН – ТУРКМАНИСТОН: 25 СОЛИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРӢ”

09.02.2018

Имрӯз, 9 феврали соли 2018, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Турманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмиву амалӣ бахшида ба 25-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони "Тоҷикистон–Туркманистон: 25 соли дӯстӣ ва ҳамкорӣ” баргузор гардид.

Дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони масоили сиёсӣ, сиёсатшиносон, кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ ширкат доштанд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, ҳозиринро ба ин ҳамоиши илмиву амалӣ хайрамақдам гуфт ва дар бораи марҳалаҳои таърихии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодии ҳар ду кишвар, дӯстиву рафоқати ду халқи бародар: тоҷикон ва туркманҳо суханронӣ намуд.

Сипас ҳамоиш таҳти раёсати муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар Маҳмурод, Сафири фавқулода ва мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чорӣ Атаев, ноиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Ҳикматулло Муминов, раиси Ҷамъияти туркманҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Шуъбаи Тоҷикистонии Ассотсиатсияи башардӯстонаи туркманҳои ҷаҳон Довлет Куллаков, собиқ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Тоҷиддин Мардонӣ суханронӣ намуданд.

Қайд кардан дозим аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ муносибатҳои дипломатӣ ва фарҳангиву тиҷоратии кишварҳои Тоҷикистон ва Туркманистон хеле самарабахш гардидаанд. Имсол ба барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон бисту панҷ сол пур шуд. Бовар дорем, ки дар оянда низ робитаҳои дипломатии ду давлати дӯсту бародар баҳри манфиатҳои мутақобилан судбахш боз ҳам беҳтару густурдатар мегарданд.

Баъдан иштирокчиёни Конфронси илмиву амалӣ дар бораи муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон фикру андешаҳои судманд баён карданд.

Конфронси илмиву амалиро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон