Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот АРЗЁБИИ МУҲИТИ ҶАВОНОН ДАР ПАРТАВИ РАВАНДҲОИ СТРАТЕГИИ РУШД
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз290
mod_vvisit_counterДирӯз1026
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта290
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25253
mod_vvisit_counterҲамагӣ1317920
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
24
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АРЗЁБИИ МУҲИТИ ҶАВОНОН ДАР ПАРТАВИ РАВАНДҲОИ СТРАТЕГИИ РУШД

06.02.2018

Бо дарназардошти мураккабшавии равандҳои байналмилаливу минтақавӣ, авҷ гирифтани ҷангҳои тамаддункуш, тавлиди хатарҳои навин дар рӯбарӯйи давлатҳои миллӣ ва ба маром туъмаи тарҳҳои стратегии давлатҳои абарқударат қарор гирифтани қишри аслан ҷавони мамалкатҳо, «Соли ҷавонон» эълон шудани соли 2017 иқдоми саривақтиву муносиби роҳбарияти олии кишвар буда, он дар тақвияти фазои имконот, тавсеаи паҳнои фаъолияти фикрию ҷисмонии ҷавонони кишвар, татбиқи сиёсати давлатӣ дар бобати дастгирии ҷавонон нақши назаррасро иҷро намуд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018-ро низ давоми мантиқии "Соли ҷавонон" метавон арзёбӣ намуд, зеро аз рӯйи моҳият ва мақсад барномаҳое, ки дар чаҳорчӯби ин иқдом бояд амалӣ карда шаванд, аксаран ба қишри ҷавони мамлакат нигаронида хоҳанд шуд. Аз ҷумла, такмили малакаи донистани забонҳои хориҷӣ, ки яке аз асосҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад, муаррифии таъриху табиати кишвар аз тариқи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, интернет, пос доштани ҳунарҳои мардумӣ ва талош баҳри эҳёи рукнҳои азбайнрафтаи ин ҳунарҳо ва ғайра.

Дар ин ҷо як саволи мантиқӣ пайдо мешавад:

«Чӣ иртиботе байни сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷой дорад, ки рушди ин соҳаҳо ба мазмуни масъалаҳои меҳварии 2018 якҷо оварда шуданд?» Яке аз меъёрҳои асосие, ки зимни он сайёҳон давлати эҳтимолиро барои саёҳати худ муқаррар мекунанд, таърихи ин кишвар ва ҷолибияти офаридаҳои мардумии он мебошанд. Аз ҷониби дигар, сайёҳони хориҷӣ «сафирон»-и дастовардҳо ва интиқолдиҳандагони бавоситаи тамаддуни моддию маънавии мо мебошанд. Зимнан, бидуни рушди ҳунарҳои мардумӣ таъмини самаранокии соҳаи туризм ва муваффақияти кишвар дар ин самт ғайриимкон ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати мазкур худ ба ҷавонон талқин менамояд, ки ба ҳунарҳои мардумӣ ва офаридаҳои таърихии миллати тоҷик набояд чун ба «нишонаи ақибмондагӣ», «дур рафтан аз равандҳои рушди муосир» назар кунанд, баръакс, мақом ва ҷойгоҳи худро ҳамчун ҳалқаи асосӣ дар занҷири интиқолдиҳандагони мероси ниёгон бояд боз ҳам дуруст бишиносанд. Аз ин нуктаҳо бармеояд, ки аҳамияти таъсир ва ҳузури ҷисмониву маънавии ҷавонон дар ягон барнома ва раванди рушди давлатдорӣ сарфи назар нахоҳад шуд.

Тавре дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шуд: «Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо "Соли ҷавонон" маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд». Воқеан ҳам, сиёсати ҷавонон на як ҷузъи сиёсати кишвар, балки фаротар аз он, ба мазмуни пурраи сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, зеро тибқи сарчашмаҳои оморӣ болотар аз 70 дарсади аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки худ ифодаи мустақиман ба самти ҷавонон нигаронида шудани 70 дарсади сиёсати давлатӣ (сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ) мебошад.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибихтиёрӣ баробари ҷавондавлат буданаш, ҳамзамон тавонист, ки худро ҳамчун давлати «ҷавонмарказ» муаррифӣ кунад. Аз як тараф, агар ҷанбаи демографӣ сиёсати ҷавононро воқеият бахшад, аз ҷониби дигар, воқеияти рушди ояндаи кишвар ва равандҳои глобалӣ чун қишри стратегӣ муҳим будани ҷавононро ба мазмуни сиёсати давлатдорӣ ворид намуд.

Ҷавонони кишвар дар марҳалаи ташаккулёбии сиёсӣ қарор дошта, худамалисозӣ ва худмуайянкунии иҷтимоию сиёсии онҳо дар шароити шакливазкунии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ амалӣ мешавад. Насли ҷавон мавқеъ ва мақоми сиёсии худро бо дарназардошти арзишҳои қишрӣ, идеалҳо, рамзҳо ва хусусиятҳои муосири рушди сиёсати давлатӣ равшан мекунад. Қайд кардан ба маврид аст, ки сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди системаи «ҳаво ва табиат» рушд мекунад, ки хубии яке аз хубии дигаре вобаста мебошад. Ҳавои форамро бе табиати хуб ва табиати хубро бе фазои мусоид тасаввур кардан ғайриимкон аст. Монанди он ки сиёсати пурсамарро бе ҷавонҳои созанда ва раванди рушди шахсии ҷавонҳоро бе фазои мусоиди сиёсӣ тасаввур кардан номумкин мебошад.

Раванди иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар марҳалаҳои хосро пушти сар намудааст. Аз як тараф, он ба давраи нави коркарди стратегияҳо ва барномаҳои сиёсати давлатии ҷавонон ва аз тарафи дигар, ба дараҷаи рушди фарҳанги сиёсии худи ҷавонон вобаста мебошад, ки ҳамчун шарти демократикунонии системаи сиёсӣ амал мекунад.

Дар баробари ҳама мушкилоти пешбурди сиёсати давлатӣ доир ба масъалаи ҷавонон, ҳамзамон зарфияти хосе низ дар самт ҷой дорад: ҷавонони кишвар на танҳо аз лиҳози синнусолӣ ба таърихи тавлиди фазои демократӣ ҳамсоланд, балки пояҳои демократия ва принсипҳои он баробар ба равиши шаклгирии афкори онҳо рушд меёбад. Яъне ҷавонон дар як вақт «истеъмолгарон» ва дар мавриди дигар ба ҳайси «истеҳсолкунандагон» - и фарҳанги демократӣ баромад мекунанд. Ин ҷиҳат масъалаи маҳви мафкураи моил ба арзишҳои низоми гузашта ва мушкилоти мутобиқат ба арзишҳои навинро аз байн мебарад.

Дар таҳтушшуури ҳар нафар зери ифодаи «ҷавон» дорандаи бозуи қавӣ ва пурэнержӣ фаҳмида мешавад, вале на дар ҳама ҳолат хусусиятҳои синнусолӣ ба мафкура, ҷаҳонбинӣ ва мавқеи иҷтимоии ҷавонҳо мувофиқ мебошад, ки ин номувофиқӣ дар мавқегирии ҷавонон ва интихоби рафтори муайяни сиёсии онҳо таъсири худро мерасонад. Аз ин рӯ, вобаста ба шакли рафтор ва хусусиятҳои ҷаҳонбиниашон ҷавононро ба чунин зергурӯҳҳо ҷудо намудан мумкин аст.

Якум, ҷавонони созанда. Ин гурӯҳи ҷавонон аксариятро ташкил намуда, бо дарки он ки танҳо бо неру ва фаъолияти худ муваффақияти шахсию касбӣ, моддию маънавиро соҳиб мешаванд, мушкилоти худро тариқи андӯхтани касбу дониш ва пайдо намудани сарчашмаи муносиби иқтисодӣ ҳаллу фасл мекунанд. Манфиатҳои шахсӣ ва манфиатҳои миллӣ дар муносибат ва амалкардҳои ин гурӯҳ хеле ҳазмшуда буда, мавқеи шахсии онҳо нисбат ба масъалаҳои ҳаёт ва ҷомеа ҳамеша равшан аст.

Дуюм, динмеҳвар. Ҷавононе шомил мебошанд, ки арзишҳои диниро дар фаъолияти худ асос қарор медиҳанд ва кӯшиш мекунанд, ки ҳама гуна муносибатҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоиро бо арзишҳои динӣ муқоиса ва баҳогузорӣ кунанд. Ин гурӯҳи ҷавонон дар навбати худ ба ду зергурӯҳ ҷудо мешаванд:

а) ба адои фариза ва суннатҳои динӣ амиқ ворид шуда, «мобайнии тиллоӣ»-ро ҳам дар муносибатҳои динӣ ва ҳам дар муносибатҳои дунявӣ пайдо кардаанд. Аз ин рӯ, ҳамеша муносибати таҳаммулгароёна доранд;

б) назар ба он ки роҳи воқеии тақворо пеша кунанд, бештар пайи зоҳирсозӣ мекӯшанд бо тариқи фолбинӣ ва «муллогӣ», («муллошабеҳона») риёкорона Қуръонро ба таъбири Ҳофиз доми тазвир мекунанд ва ба ҷойи истифода аз дин онро суйистифода менамоянд. Дин дар як вақт ба сифати ҳам фоида ва ҳам воситаи зинасози ҳолати иқтисодию иҷтимоии онҳо баромад мекунад.

Сеюм, ормонгаро. Ин гурӯҳ ҳанӯз бо мафкураи гузашта зиндагӣ дошта, қариб, ба имрӯз ва ояндаи ҳаёти ҷорӣ нигоҳи ноумедона доранд ва як навъ зиндагонии ормониро аз сар мегузаронанд. Вале набояд ба он бовар буд, ки ҳамаи шахсони ормонӣ инсонҳои муътадил ва барои ҷомеа бехавфанд, балки дар лаҳзаҳои муайян шавқу шӯри расидан ба ормонҳо ин гурӯҳи ҷавононро ба зиёдаравӣ (ифрот) такон хоҳад дод. Яъне, шахс аз пайи бароварда намудани ормони содаи худ ба амале метавонад даст занад, ки сабабгори хатари зиёди ҷамъиятӣ ва ҳатто давлатӣ гардад.

Чорум, ориз. Ин гурӯҳи ҷавонон ба дастоварду пешрафтҳо муносибати хунукназарона дошта, ба падидаҳо, воқеаҳо ва равандҳо аз дидгоҳи шиква назар мекунанд. Ҳолатҳои зиёдеро ба назар гирифтан мумкин аст, ки баҳогузории дараҷаи устувории сиёсат аз назари ҷавонон вобаста ба сатҳи иҷтимоии фардии худи онҳо анҷом дода мешавад. Яъне ҳолати иҷтимоии худро ҳамчун меъёр барои баҳогузории дараҷаи рушди кишвар қарор медиҳад. Дар натиҷа ин баҳогузорӣ миёни онҳо ҷанбаи субъективиро ба худ касб намуда, эҳтимолияти шаклгирии тарҳи нави рафторро то ба сатҳи ғайриосоишта эҷод менамояд. Ин мавқеъ миёни ҷавонон вақте пайдо мешавад, ки принсипи «сер хӯрдану қимат пӯшидан» дар зиндагиии онҳо вайрон мешавад.

Панҷум, роҳгум. Гурӯҳи ҷавонони навмед, ки халои касбию эҷодӣ ва эътибории худро бо истифодаи маводи мухаддир пур намуда, зиндагии худро ба як навъ ҳаёти ҷиноӣ иваз мекунанд. Албатта, на ҳар нафаре, ки бо сабабҳои гуногун як муддат аз фаъолияти корӣ дур меафтад, вай раҳгумзада аст, балки ин гурӯҳ нафаронеро дар худ фаро мегирад, ки кӯшишҳои мавқеъсозиашон онҳоро на ба интихоби роҳи солим, балки ба кӯчаи амалҳои ҷиноӣ мекашад. Зикр намудан бамаврид аст, ки сабабҳои аслии ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгароӣ шомил шудани ҷавонон маҳз ба чунин ҳолати шаклгирии хусусиятҳои фардию ҳаётии онҳо вобаста мебошад.

Аз чунин зергурӯҳҳо иборат будани қишри ҷавонон баёнгари мураккабии назму низоми сиёсати ҷавононро нишон медиҳад. Яъне дар амалисозии сиёсатии давлатии ҷавонон бояд ба ҳар гурӯҳ бо тарзи хос амал кард. Гурӯҳеро бояд ҳамеша дар канораш буд, дигареро дастгирии маънавӣ, сеюмиро кумаки моддӣ чорумиро сафарбарнамоӣ, гурӯҳи дигарро ҳавасмандкунию раҳнамоӣ ва ғайра лозим меояд.

Ҷавонон табақае ба шумор мераванд, ки дар ростои ҳама гуна тағйироти ҷомеа аввалин шуда таъсир мебинанд. Дар афкори тозаташаккулёфтаи онҳо ҳазм ё қабули моҳияти равандҳои ҷомеа бештар аз тариқи эҳсос ба вуқӯъ мепайвандад. Ҳамин тавр, дар ҷое, ки буҳрон ба вуҷуд меояд, қишри аз ҳама таъсирбин ва дар мавқеи ҳалли буҳрон қишри аз ҳама таъсиррасон мебошанд.

Новобаста аз он ки кӣ? Бо кадом сабаб? Чӣ гуна? дар сатҳи яке аз он гурӯҳҳое, ки дар боло зикрашон рафт, ташаккул ёфтааст, ҳар ҷавон дар навбати худ мавқееро барои худ ҷустуҷӯ мекунад. Аммо бо дарназардошти анъанаҳои шарқиёнаи муносибатҳои оилавӣ ҷавонон ба раванди устувори мавқеъсозӣ хеле дер ворид мешаванд. Консепсияи классикии зиндагӣ ва фаъолияти як ҷавон маъмулан чунин аст: хатми мактаби миёна, хатми мактаби олӣ, пайдо намудани ҷойи кори муносиб, тарҳ ва ташкили оила… аммо дар навад дарсади ҳолат амалишавии ин консепсия бо такя ба кумакҳои волидону наздикон сурат мегирад. Инро метавон «Консепсияи такя ба наздикон» номид, ки дар айни рушду камолоти шахсии ҷавонҳо пайгирӣ мешавад. Дар чунин ҳолат тафаккури ҷавонон дар роҳи рушд аз қолаби тафаккури рушди оилавӣ боқӣ монда, расиши ин тафаккур то сарҳади ду унсури муҳими дигаре, ки дар пушти оила қарор дорад: ҷомеа ва давлат ба дарозо мекашад.

Тамоюли зикршуда миёни ҷавонон, ки дар мавриди худ ба сифати падидаи маъмули иҷтимоӣ баромад мекунад, на танҳо таъсири иҷтимоӣ дорад, балки ба раванди бомароми рушди татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт таъсир худро мерасонад. Аз ин нуктаи назар, таҳияи як навъ дастуруламали ҳаётии ҷавонон «Консепсияи мавқеъсозии (иҷтимоии) ҷавонон» муҳим дониста мешавад. Ин консепсия бояд дар кадом зинаи синнусолӣ ба кадом дараҷаи рушди шахсӣ омада расидани ҷавононро дар худ инъикос кунад, то ҳамчун раҳнамои синнусолӣ дар раванди мавқеъсозии ҷамъиятӣ ба ҷавонон мусоидат кунад. Шояд дар иҷро ва ё пайгирии муттасили он на ҳама ҷавон қодир мешавад, вале дар зершуури онҳо ин ақида мустаҳкам мешавад, ки алакай як дараҷаи камолоти иҷтимоии худро бесамар истифода намудааст ва бояд даври дигарро хеле пурсамар истифода кунад. Яъне як навъ раванди рақобати нангу номус миёни ҷавонон барои пайдо намудани мавқеи арзанда ба вуҷуд хоҳад омад.

Дар шароити муосир беш аз ҳама истифодаи механизми «неруи ҷавон барои нерубахшии худи ҷавонҳо» аҳамияти тоза пайдо мекунад. Ин нукта дар вохӯрии Пешвои миллат бо ҷавонон (соли 1997) бештар аён мегардад: «…ҳеҷ кас монанди шумо моҳияти дигаргуниҳои сарнавиштсозро ба ҳамсолонатон беҳтар фаҳмонда наметавонад».Яъне таъсири психологии ҳамсол ба ҳамсол дар фарқ аз таъсири калонсол ба хурдсол хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, фаъол намудани майдонҳои сиёсии ибтидоии ҷавонон: созмонҳои ҷавонон дар мактабҳои миёна, олӣ ва муассисаю идораҳои кишвар беш аз пеш рӯзмарра мегардад.

Танҳо дар чунин ҳолат шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои сиёсии кишвар самараи дилхоҳро ҳам барои фаъолияти ҳизб ва ҳам барои рушди шуғли (карера) вай хоҳад дод. Бо ин тариқ механизми таъмини муттасилияти иҷтимоишавӣ (сотсиализатсия)-и ҷавонон таъмин хоҳад шуд.

Таъмини муттасилияти иҷтимоишавии ҷавон на танҳо барои ташаккули ҷомеи солим, балки сараввал барои ақли солими худи вай муфид мебошад. Яъне кӯшишҳои заминавии аз наврас ва ё ҷавон субъекти фаъолсозӣ, хатарҳои ба «объект»-и гурӯҳҳои тундрав табдил ёфтани онҳоро аз байн хоҳад бурд. Зикр намудан ба маврид аст, ки яке аз асосҳои пайдоиши мафкураи ифротӣ миёни ҷавонон маҳз ба таъмин нашудани ҳамин муттасилият вобаста мебошад. Вақте як ҷавон дар синни 25-солагӣ ифротгаро мешавад, таърихи ташаккули мафкураи ғалатро дар шууру афкори на дар ду ва ё ҳатто панҷ соли ҳаёту фаъолияти охири вай, балки дар 25 соли тарзи ҳаёту зиндагии ӯ бояд ҷуст ва ба чунин саволи равшан: «Чаро таърихи 20 соли ҳаёти ӯ дар набарди ҳаёти 5-солаи ӯ мағлуб шуд?» ё «Чаро муҳити оилавию мактабӣ ва ҷамъиятии 20-солаи ӯ дар ватан ба муҳити носолими ҳаёти панҷсолаи вай дар муҳоҷирати мехнатӣ монеа нашуд?» кӯшиши пайдо намудани ҷавобро бояд кард.

Дар аксар маврид ҷавонони ба ҳаракатҳои ифротгароӣ шомилшударо нафарони сустирода ва заиф шуморида мешаванд, ки ин пиндор низ то ҷое хато мебошад. Ҷавоне, ки ба хотири мақсади худ, новобаста аз он ки он мақсади пок ва ё нопок аст, худро қурбон мекунад ва ҳатто аз оилаи худ мегузарад, наметавонад сустирода бошад, балки соҳиби иродаи қавист. Аниқтараш онҳо нафаронеанд, ки дар сардаргумии ифодаи иродаи худ гирифторанд. Дар акси ҳол, кам нафареро пайдо кардан мумкин аст, ки худро ҳатто қурбони иродаи рост кунад. Фақат онҳо нафареанд, ки аз доираи таваҷҷуҳи оила, муҳит, ҷомеа дур афтодаанд ва дар натиҷа сарриштаи ба роҳи дуруст сарфа намудани иродаи қавиро гум кардаанд. Пас душвор набояд бошад, ки ба ҷойи қурбонии андешаю амали ғалат аз ин зумра ҳамчун қурбонии манфиатҳои давлату миллат омода кард.

Ифротгароӣ ҳамчун падидаи манфур, ки бештар дар заминаи ташреҳи нодурусти дин ва ақидаҳои алоҳидаи динию мазҳабӣ миёни ҷавонон зуҳур мекунад, на танҳо бо муттасилияти иҷтимоишавӣ, балки бо муттасилияти донишомӯзӣ низ робитаи қавӣ дорад. Вақте ҷавон донишҳои бунёдии динӣ надорад, дар камтарин фурсати таъсирбинӣ шефтаи андешаҳои ифротӣ хоҳад шуд, ҳатто дар ин радиф донишҷӯёни мактабҳои олӣ низ сарфи назар шуда наметавонанд. Ин таҷрибаро дар мисоли донишомӯзони кишвар, ки дар мадрасаҳои динии хориҷи кишвар таҳсили илм мекарданд, шоҳид мебошем.

Нуктаи ба андешаи ҳоли боло тавъам ин аст, ки нафаре, ки ҳаждаҳ сол аз улуми диния дур буд, оё баъди ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон шомил шудан метавонад ҳамчун донишманди варзидаи дин тарбия ёбад? Ҳамин суолро нисбат ба илмҳои дигар диҳем, масалан, физика, химия, риёзӣ ва ғайра. Тасаввур кардан душвор аст, ки қоидаву формулаҳои одии физикаву химия ва риёзиро дар мактаби миёна азбар накарда, дар донишгоҳ ҷавон чун мутахассиси соҳибкасб тарбия ёбад ва ҳатто ба донишгоҳ дохил шавад. Аз ин дидгоҳ, баҳри бархӯрди пурсамар ба таҳдидҳои диниву мазҳабӣ ва таъмини самаранокии тайёр намудани мутахассисони улуми динӣ ба омӯзиши асосҳои дини мубини ислом тибқи мазҳаби ҳанафӣ дар мактабҳои миёна таваҷҷуҳи фикру амал зарур мешавад.

Ҳамзамон бо дарназардошти хусусиятҳои рушди фарҳангии ҷавонон, марҳала ба марҳала васеъ гардидани паҳлуҳои сиёсати давлатии ҷавонон, мураккабшавии вазъи ҷаҳонӣ, муҳити сиёсию идеологӣ ва ҷанбаи стратегӣ пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон, омӯзиши фанни «Сиёсати давлатии ҷавонон» дар кафедраҳои ҷомеашиносии мактабҳои олӣ аҳамияти хос пайдо мекунад. Ҳамин тавр, хусусиятҳои иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, омӯзиш ва танзими он, дар маҷмӯъ, баҳри рушди бештари сиёсати давлатӣ мусоидат намуда, роҳи ояндаи муваффақиятҳоро, новобаста аз монеаҳои субъективию объективӣ, барои Тоҷикистони соҳибистиқлол боз хоҳад намуд.

Маъруф Абдуҷабборов,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабиниии
сиёсати дохилии МТС-и назди Президенти ҶТ