Асосӣ: Навигариҳо ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз228
mod_vvisit_counterДирӯз1434
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3148
mod_vvisit_counterДар ин моҳ19127
mod_vvisit_counterҲамагӣ1311794
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
18
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

02.02.2018

Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз кишварҳоест, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад буда, муносибатҳои дӯстонаву бародарона дорад. Байни ҳарду кишвар то имрӯз даҳҳо созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расидаанд, ки ҳар кадоме барои рушди ҳамкориҳои судманд мусоидат мекунанд.

Соли 2016 ҳаҷми тиҷорати хориҷии ду кишвар 33 млн. доллари амрикоиро ташкил медод, ки аз ин 9 миллион доллар содирот ва 24 миллион доллар воридот мебошад. Дар ин давра муомилоти мол бо Қирғизистон 0,8 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ташкил дод.

Дар соли 2017 ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ густариш пайдо карда, ба 49 миллион доллар расида, он ба 1,2 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон баробар шуд. Ҷумҳурии мо ба Қирғизистон дар ҳаҷми 11 миллион доллар маҳсулот фурӯхта, аз он кишвар 38 миллион доллар мол ворид намуд.

Мо ба Қирғизистон мошин, қисмҳои эҳтиётӣ, притсепҳо, профили алюминий, семент, барқ, спирт, нахи пахта, намак, йогурт, кефир, гӯшти парранда, меваю сабзавот: ангур, зардолу, себу ноку шафтолу, олуча, чормағз, карам, пиёз ва ғайра содир мекунем. Аз Қирғизистон ба кишвари мо нафт, газ, мошин, пластмасса, шпалҳо, чӯбу тахта, таҷҳизоти сангмайдакунӣ, конструксияҳои, сохтмонӣ, ангишт, кабел, мошини либосшӯйӣ, корду лезвия, шишаю ойинаҳо, ҷӯробу маснуоти ҷӯробӣ, собун, лӯла ва ғайра оварда мешавад.

Ҷолиби зикр аст, ки ҳар ду кишвар ба ҳамдигар дар миллионҳо доллари амрикоӣ хизматҳои гуногун мерасонанд.

Ҳар ду кишварро шоҳроҳи автомобилгарди Ҷиргатол–Қирғизистон пайваст менамояд, ки он то ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мерасад. Бо мусоидати Бонки Осиёгии Рушд қисмате аз ин шоҳроҳ мавриди азнавсозӣ қарор гирифта, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ гардонида шуд. Бо ин роҳ ҳазорҳо тонна борҳои мавриди ниёзи мардум кашонида мешавад.

Ҳар ду кишвар дар ҳайати лоиҳаҳои минтақавӣ фаъолияташонро идома медиханд. Яке аз чунин иншоотҳо лоиҳаи “КАСА-1000” мебошад, ки дар оянда тавассути он ҳар сол 5 ҳазор кВт-соат барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон содир карда мешавад. Айни замон дар чор кишвари ҳамсоя иншоотҳои мухталиф, аз қабили хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои муосир бунёд мегарданд.

Таҳияи лоиҳаҳои дигар низ идома дорад. Лӯлаи гази Туркманистон–Ӯзбекистон–Тоҷикистон–Қирғизистон–Чин аз ҷумлаи чунин иншоотҳои муҳим аст. Қисмати тоҷикистонӣ дар ду сол анҷом дода шуда, охирҳои соли 2019 барои баҳрабардорӣ супурда хоҳад шуд. Дар Тоҷикистон лӯлаи газ аз ҳудуди ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол мегузарад, ки тӯли он 400 километрро ташкил медиҳад. Лоиҳаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар ҳаҷми 3 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб намояд.

Дар ояндаи наздик бунёди неругоҳҳои нав ҷиҳати интиқоли қувваи барқи Тоҷикистон тавассути мавзеи Саритоши Қирғизистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назар аст. Тибқи ин нақшаи азим содироти солонаи барқ ба кишварҳои ҳамсоя ба 6 миллиард кВт соат хоҳад расид.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон оядаи дурахшон доранд. Ин ду кишвари кӯҳсор, ки дорои захираҳои бузурги обӣ буда, дар саргаҳи рӯдҳои бузург қарор доранд, дар давраи даҳсолаи амал "Об барои рушди устувор" дар солҳои 2018–2028 бо мақсади пешрафти иқтисод ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми ба ҳам дӯсти тоҷику қирғиз ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро дар сатҳи баланди ҷаҳонӣ густариш хоҳанд дод.

Ғафур Расулов,

сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои макроиқтисодии Маркази

тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон