Асосӣ: Навигариҳо ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
+++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз83
mod_vvisit_counterДирӯз1636
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1719
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27181
mod_vvisit_counterҲамагӣ1153618
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
21
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26.01.2017

Имрӯз, 26 январи соли 2018, ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Марказ Худобердӣ Худоназар кушода, қайд кард, ки соли гузашта Шӯрои илмии Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла як Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафт доктори илм ва ҳафт номзади илм фаъолияти густурдаеро анҷом дод. Ба мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои олимони Марказ мутахассисони варзида аз дигар ташкилоту муассисаҳо низ ворид карда шуда буданд, ки фаъолияти арзишмандеро ба ба ҷо оварданд.

Ҳамин тавр, ҷаласаи Шӯрои олимони Марказ тибқи рӯзномаи худ чунин масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор дод:

1 Баррасӣ ва тасдиқи ҳайати Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Баррасӣ ва тасдиқи нақшаи кории Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2018.

3 Баррасӣ ва тасдиқи барномаю нақшаҳои кории раёсатҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018.

4. Баррасӣ ва тасдиқи ҳайати Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 5. Баррасӣ ва тасдиқи ҷадвали кории Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018.

6. Баррасӣ ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Марказ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои олимон ахбор оид ба нақшаи кории Шӯрои олимон ва мутахассисони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва гузориши унвонҷӯёни Марказро доир ба рисолаҳои номзадиашон шуниданд ва унвонҷӯёни навро ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда, мавзӯъҳои рисолаҳои илмии онҳоро тасдиқ намуданд.

Пиромуни масъалаҳои рӯзнома аъзони Шӯрои олимон фикру андешаҳои судманд иброз намуданд. Ҷаласаи Шӯрои олимонро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ҷамъбаст карда, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фаъолияти Шӯрои олимони Марказ дастуру тавсияҳо пешниҳод намуд.

Маркази матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон