Асосӣ: Навигариҳо ДАҲСОЛАИ НАВИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР” ВА МОҲИЯТИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ.
+++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз80
mod_vvisit_counterДирӯз1636
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1716
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27178
mod_vvisit_counterҲамагӣ1153615
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
21
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ДАҲСОЛАИ НАВИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР” ВА МОҲИЯТИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ.

26.01.2018

Имрӯз масъалаи норасоӣ ва мушкилоти об дар сайёра ба яке аз самтҳои меҳварии фаъолияти созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳидаи дунё табдил ёфтааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо моҳияти асосии масъалаи норасоии об ва то кадом андоза вобастагӣ доштани инсониятро аз ин неъмати бебаҳо, ки омили мавҷудияти ҳаёт дар рӯйи Замин аст дарк намудаанд. Суръати баланди инкишофи аҳолии сайёра талаботро нисбат ба оби ошомиданӣ ва истифодаи пуршиддати онро дар самтҳои истеҳсолӣ, маишӣ ва хоҷагии қишлоқ зиёд намуда, инсониятро ба буҳрони глобалии об рӯ ба рӯ намудааст. Аз ин рӯ, мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ барои башар масъалаи мубрам гардидааст.

Осиёи Марказӣ дар самти масъалаи об яке аз минтақаҳои ҳассос ба шумор рафта, дар воқеъ дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад. Тоҷикистон низ, чун кишвари дорои захираҳои фаровони оби ин минтақа, ки 60 % захираи обиро дар худ дорад, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатия дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ барои истифодаи сарватҳои табиии худ, аз ҷумла захираҳои обии қаламраваш ҷиҳати рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳуқуқи комил дорад. Ин ҳуқуқи худро дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти манфиатҳои муштараки минтақавӣ ва бар пояи принсипҳои накӯҳамсоягӣ, эҳтиром ва дарки воқеии манфиатҳои мутақобила, муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда амалӣ менамояд ва чун кишвари болооб ва манбаи асосии ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ҳеҷ гоҳ барои таъмини минтақа бо об монеа эҷод намекунад.

Вобаста ба ин, яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини нақши созандаи кишвар дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст.

Дар доираи дипломатия об ва дар пайравӣ аз ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Э. Раҳмон марбут ба об («соли 2003, Соли байналмилалии оби тоза», «солҳои 2005-2015,Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», «соли 2013, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об») ва солҳои 2018-2028 даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, эълон гардид, ки мавриди истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар шароити муосири муносибатҳои байналхалқӣ пешниҳод ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об саривақтӣ буда моҳияти он дар ҷанбаҳои зерин инъикос мегардад:

 Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳандозии густурдаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳадафи бозидани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайгирӣ мекунад;

 Ҳамкории созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷиҳати бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният фаротар аз манфиатҳои миллӣ буда, ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ низ мутобиқ мебошанд;

 Ташаббусҳои Тоҷикистон ба ҷалби таваҷҷуҳи бештар ва фарогир ба татбиқи Ҳадафи рушди устувор ва вазифаҳои он мусоидат хоҳад кард;

 Тоҷикистон мафҳуми дипломатияи обро ба сатҳи амалӣ боло бароварда, онро бо таври воқеӣ мукаммал намуд, чунки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии чунин технологияҳои нави гуфтушунидро тақозо мекунад, ки он тавонад ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд;

 Ҷиҳати эҷоди заминаи устувор барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳавасмандгардонии талошҳо ба мақсади ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба мудирияти масъалаҳои об мусоидат менамояд.

Масъалаҳои номбурда ва дар маҷмуъ ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ҳадафи стратегии навро барои инсоният ва таъмини ҳаёти арзандаи одамон эҷод намуданд.

Моҳияти дигари ин масъала дар он аст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин соҳа дар ҳоле пешниҳод мегарданд, ки инсоният ба мушкилоти зерин рӯ ба рӯ мебошад:

 Афзоиши аҳолӣ, тавсеаи масоҳати заминҳои кишоварзӣ, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти муҳитзистӣ, масъалаи норасоии оби тоза, баҳрабардорӣ аз рӯдҳои хурду бузурги фаромарзӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба об ба омилҳои таъсиргузор ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд;

 Ҳамарӯза талаботи мардум нисбат ба оби ошомиданӣ дар қиёс бо имкониятҳо табии Сайёра зиёд мегардад;

 Суръати инкишофи истеъмоли оби ошомиданӣ 2 маротиба аз инкишофи аҳолии сайёра зиёд мебошад.

 Дар ҳоле, ки баъзе аз минтақаҳо аз лиҳози оби ошомиданӣ таъминанд, аз 10/4 нафар дар ҳавзаи дарёҳое зиндагӣ менамоянд, ки ба оби ошомидани дастёбӣ надоранд. Пешгӯйӣ мешавад, ки то соли 2025 ҳади ақал 3,5 миллиард нафар, тақрибан нисфи шумораи аҳолии сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд. Ҳоло бошад зиёда аз миллиард нафар ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надорад.

 Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 90% бемориҳои инсонӣ аз ҳисоби оби ифлос ва истифодаи нодурусти он дар воситаҳои маишӣ сарчашма мегирад.

Тавре маълум, 21-уми декабри соли 2016 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо райъи якдилонаи 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Мувофиқи ин Қатъномаи МУ СММ ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” масъалаҳои зеринро фаро мегиранд:

 рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва муҳитизист;

 роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор;

 тавсеаи ҳамкорӣ ва ширкат дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор;

Илова бар ин, Қатънома масъалаҳои зеринро ҳамчун ҳадафҳои иловагии Даҳсола муайян мекунад:

 такмили абзори (олот) ташаккул ва интишори дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин, баҳрабардрорӣ аз иттилооти ҷадид дар бораи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об;

 бунёди шабакаҳо ва мусоидат ба ташаккули ширкат ва фаъолияти тарафҳои манфиатдор дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об;

 тақвияти фаъолиятҳои иртиботӣ дар сатҳҳои мухталиф барои дастёбӣ ба ҳадафҳои марбут ба захираҳои об.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки даҳсолаи нав давоми мантиқии ташаббусҳои пешинаи ҶТ дар соҳаи об буда, дар зарфи як даҳсолаи дигар тамоми кишварҳои оламро гирди мизи музокирот дар ҳалли масоили норасоӣ ва мушкилоти марбут ба об дар сайёра ҷамъ меорад.

Зиёда аз ин зимни ин даҳсола аҳамият ва арзиши об ҳамчун омили рушди устувор мавриди баррасӣ қарор мегирад ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои обӣ аз як ҷониб барои ҳалли мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ талош намуда, аз ҷониби дигар аҳамияти ин захираи табиӣ ва неъмати бебаҳоро ба ҷаҳониён таъкид месозад.

Шарипов С.С, ассиситенти кафедраи

“ Дипломатия ва сиёсати хориҷии

Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ДМТ