Асосӣ: Навигариҳо «Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст»-огоҳӣ аз сипарӣ шудани зимистон ва мужда аз фаро расидани баҳору Наврӯз
+++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз18
mod_vvisit_counterДирӯз1152
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4195
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23037
mod_vvisit_counterҲамагӣ1048520
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Феврали
21
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

«Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст»-огоҳӣ аз сипарӣ шудани зимистон ва мужда аз фаро расидани баҳору Наврӯз

19.01.2018

Ҷашни Садаро ҳаким Фирдавсӣ ба писари чаҳоруми Ҳазрати Одам (а) – Ҳушанги Пешдодӣ нисбат додааст. Бино ба тасвири ин ҷашн дар «Шоҳнома», Ҳушанг бо сад нафар мулозимонаш ба самти кӯҳе ба номи Истахр рафт ва ҳангоми истироҳат баногоҳ мори сиёҳи азимҷуссаеро дид, ки аз даҳонаш дуд мебаромад. Ӯ сангеро гирифту ба тарафи мор партоб кард. Чун санги мазкур санги чақмоқӣ буд, он ба санги бузурги чақмоқии дигаре бархӯрд ва оташи бархоста аз он бар хасу хошок афтод ва морро бисӯхт.

Устураи мазкур шомили ду рамз аст. Рамзи аввал ҳамон рамзи мори сиёҳ аст, ки аз даҳонаш дуд мебаромад ва он аз оташи ба вуқӯъ пайваста бисӯхт. Дар ин ҷо мори сиёҳ ва дуди даҳони ӯ ба торикию зулмат ишора мекунанд, ки он дар суннати ниёгони ориёии мо рамзи бадӣ ва иғтишошу марг аст. Рамзи дуюм оташ аст, ки он намоди фурӯғи аҳуроӣ ва рамзи созандагию бақо, идомати зиндагӣ ва нуру равшаноӣ мебошад. Ба ибораи дигар, ҳаким Фирдавсӣ дар мисоли амали Ҳушанг муборизаи нуру зулмат ва қувваҳои ба ҳам зидро нишон медиҳад, ки ин шаҳриёри пешдодӣ аз ғалабаи оташе, ки ба вуҷуд оварда буд, ба ваҷд меояд ва онро ҳамчун «фурӯғи эзидӣ» саҷдагоҳи худ қарор медиҳад.

…К-ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Бигуфто фурӯғест ин эзидӣ,

Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,

Сада номи ин ҷашни фархунда кард.

Устураи дуюме дар бораи ҷашни Сада мавҷуд аст, ки мувофиқи он баъди марги аввалин кадхудои ҷаҳон – Каюмарс аз дасти неруҳои аҳриманӣ, нутфа (тухма)-и оташгунаи ӯ, ки ба зери хок афтода буд, бо гузашти чиҳил сол аввал ду растании баҳам печида ва аз онҳо завҷе (марду зан) бо номҳои Машяву Машяна пайдо шуданд ва аз насли онҳо авлоди башар арзи вуҷуд намуд. Бино ба гуфтаи Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор», вақте микдори аввалин инсонҳо аз авлоди Каюмарс ба 100 (сад) нафар расид, он рӯзро гиромӣ дошта, бо оташафрӯзӣ ҷашн гирифтанд ва ин ҷашнро Сада номгузорӣ карданд.

Ҷашни Сада, амиро расми кибор бошад,

Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад…

Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи мор бошад,

Чун бингарӣ ба арзаш аз кӯҳсор бошад

Чу бингарӣ ба тӯлаш сарву чинор бошад…

Чуноне ки мулоҳиза мешавад, дар ин шеъри Манучеҳрӣ низ кӯҳу мор тасвир шудааст, ки устураи аввалро тақвият мебахшад. Усулан ҷашни Сада бо нуру оташ робитаи ногусастанӣ дорад. Фаррухӣ низ дар шеъре, ки ба ҷашни Сада бахшидааст, оташ ва Хуршеду Моҳро нурҳое медонад, ки аз тобишу партавафшонии онҳо ба олами гетию миноӣ (сифлию улвӣ) аз ҷиҳати ҷаҳоншиносӣ ба вуҷуд омадани оламҳои нуронию (муҷарраду) зулмонӣ (моддӣ)-ро таъйид мекунад. Ҳамин масъала минбаъд инкишоф ёфта, дар «Авесто» аз забони Зардушт чунин садо додааст:

«Ин нурро, ки дар баробараш истодаам, нури офариниши ту (яъне Аҳуромаздо – Ҳ.М.) медонам, онро ба манзилаи парастиши сӯ (қибла) мешиносам, ба василаи ин нур, ки заррае аз зарроти туст, хосторам, ки худамро бо нури ҳақиқати ту наздиктар кунам».

Номи ҷашни Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Дар забони паҳлавӣ он дар шаклҳои гуногун (сат, сатаг, сазак ва ё саз) омада ва арабҳо онро «сазак» номидаанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз – яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Ҳамин фикрро ӯ дар «Осор-ул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт (яъне ҳангоми ҷашни Сада) мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз обонмоҳ (яъне 27 октябр) мешумориданд ва охири зимистон (-и бузург)-ро, ки 10 рӯз ба баҳманмоҳ мегузашт (яъне 30 январ) ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд.

Имомуддин Закариёи Қазвинӣ дар «Аҷоиб-ул-махлуқот» яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгонамон — Садаро ба Ардашери Бобакон ихтисос додааст. Берунӣ низ ин фикри ӯро дар осораш зикр намуда, хотирмон будани маросими ҷашни Сада дар аҳди Анӯшервони Одилро таъкид карда буд. Дар сарзамини Эрони бузург ҷашни Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хос аз 10-ум ба 11-уми баҳманмоҳ, яъне 30 январ, ҳар сол ҳамчун охирин ҷашни ҳошиявии Наврӯзи ҳуҷастапай таҷлил мекарданд.

Аз рӯи маълумоти Умари Хайём дар «Наврӯзнома», ҷашни Сада ба пирӯзии Фаридуни тилисмшикан бар Заҳҳоки морбардӯш (Аджи Даҳака) нисбат дода шудааст. Ӯ дар асари ёдшуда навиштааст: «…Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифта ва мулк бар вай (яъне Фаридун – Ҳ.М.) рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳд дар Эрону Тӯрон ба ҷой меоранд».

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну в-аз Ҷам ёдгор аст…

Бояд тазаккур дод, ки дар ин ривоят Заҳҳок ҳамон аждаҳо (Аджи Даҳак) ё худ Заҳҳоки морбардӯш аст, ки морҳои шонаи ӯ нишони аҳриманист ва киноя аз шайтонест, ки хоҳони нобасомонию иғтишош дар ҷомеа ва маргу нобуд сохтани инсону инсоният мебошад. Гузинаҳо (вариантҳо)-и гуногуни шарҳу баёни муносибати Фаридуну Заҳҳок дар адабиёти марбут ба ҷашнҳои ҳошиявӣ хеле зиёданд.

Агар ба умқи ин гузинаҳо назар афканем, чунин ба назар мерасад, ки дар охирин ҷашни ҳошиявии қабл аз наврӯзӣ бештар муносибати тазодҳои иҷтимоии шадиди морон ва Фаридуни тилисмшикан матраҳ шудааст. Яке аз шаҳриёрон бо фиребу найранг ҳукуматро ба даст гирифта, мехоҳад ҷомеаро ба вартаи ҳалокат қарор диҳад, дуюмӣ ба муқобили он мубориза бурда, ҷомеаро мехоҳад аз вартаи ҳалокат наҷот бидиҳад. Ин мубориза дар сатҳи шаҳриёрон, ки зимоми ҳукуматро дар даст доранд, сурат мегирад. Дар ин ҷо ғалаба бар Заҳҳок тавассути Фаридун намунаи беҳтарини пирӯзии некӣ бар бадӣ дар набарди ҳалокатбори нуру зулмат мебошад, ки мутаассифона, чунин ҳолатҳо низ дар таърихи ҳаёти иҷтимоии ниёгони ориёии мо ҷой доштааст. Ин ғалаба дар набарди қувваҳои мутазоди ҷомеа як ҳодисаи билқувва (потенсионали) ҷойдоштаест, ки дар ҳаёти иҷтимоии ҳар халқу миллат ҷой дошта метавонад. Ҳушёрии миллат ва сарвари он дар он зоҳир мешавад, ки бо рафтори оқилона ва сиёсати одилона дар чунин набарди қувваҳои ба ҳам зидди иҷтимоӣ ғолиб ояд. Маҳз ғалабаи Фаридун бар Заҳҳок пешомади Наврӯзро таъмин карда тавонист.

Роҷеъ ба ҷашни Сада шоирони классикию муосири мо ашъори зиёде сурудаанд. Аз таҳлили осори қасидасароён ва ситоишгарони аҳли дарбор чунин бармеояд, ки ҷашни Сада аксаран дар қаламрави шаҳриёрони ориёӣ шабҳангом сурат гирифта, дар ҳар манзилу кӯю кӯча бо ҷамъомади ҷавонон, суҳбати мардони рӯзгордида, бо нишоту шодмонӣ баргузор мегардид. Муҳимтарин нишони он оташафрӯзӣ ва равшан гардондани зулмати шаб будааст. Манучеҳрӣ дар қасидааш, аз ҷумла мегӯяд:

Омад зи сайри аҳрор шаби ҷашни Сада,

Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.

Барафрӯз оташи Бурзин, ки дар ин моҳ басе,

Озари Бурзин пайғамбари озор бувад.

Иброҳими Шукурзода дар китоби «Ақоид ва русуми мардуми Хуросон» чигунагии пайдоиш ва баргузории ҷашни Сада дар ин сарзамини паҳноварро мавриди таҳқиқ қарор дода, маълумоти муфидеро ҷамъоварӣ намудааст. Дар идомаи гуфтаҳои ӯ Ҳошими Разӣ ба оташафрӯзӣ дар ҷашни Сада ишора намуда, аз ҷумла навиштааст, ки «гоҳе ҳамзамон бо авҷ гирифтани шуълаҳои оташ ба гирди он мечархиданду мерақсиданд ва ҳама пиромуни он пойкӯбӣ, таронахонӣ ва шодмонӣ мекарданд.

Аз нукоти боло пайдост, ки ҷашни мазкур наздик шудани фасли баҳор ва омода шудан ба коркарди замин барои киштукор, ҳамчунин мужда ва огоҳӣ аз сипарӣ шудани зимистону сармо ва фаро расидани анқариби Наврӯз башорат медиҳад. Бинобар он мардум дар ҷашни Сада чӣ дар маҳалҳои махсус аз саҳрову пуштаҳо ҳезум ҷамъоварӣ намуда, гулхан меафрӯхтанд вадар болои бом шуълаи оташро фурӯзон намудан ба ҳукми анъана даромада буд. Сармо баъди ҷашни Сада ба эътидол рӯ меовард, бо аввалин нишонаҳои гармо неруҳои аҳриманӣ заифу нотавон мешуданд ва оташе, ки ҷилвагоҳи рамзу киноя аз Ҳурмуз аст, замонро ба сӯи таодули баҳорӣ раҳнамун месохт.

Роҷеъ ба ҷашни Сада дар асрҳои миёна ва баъзе унсурҳои он дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар шаҳрҳои бостонӣ ва ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А.Кисляков ва И.С.Брагинский маълумот дода, унсурҳои боқимондаи ин ҷашни мансуб ба табиатро, ки аз нафас кашидани замин ва борвар шудани он шаҳодат медиҳад, бо дигар маросимҳои маъмул дар асрҳои миёна муқоиса намудаанд. Абдулазими Разоӣ ва Муҳаммад Муин иттилоъ додаанд, ки оташафрӯзию фурӯғи ҷашни Сада тибқи солшумории авестоӣ баъди 310 рӯз аз оғози фарвардинмоҳ баргузор мешуд. Бо изофаи 50 шабу 50 рӯз ҷашни Наврӯз аз аввали «панҷаи дуздида» ба унвони муқаддамоти наврӯзӣ, ки худ аз силсилаи маросимҳо иборат буд, иди соли нав таҷлил мегардид.

Тибқи иттилои маъхазҳо, дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷмандону камбағалон ба ҳайси ҳадя медоданд. Маълумоти казоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондаанд. Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд ҷашни Сада ба ҷараёни сафари ӯ рост омадааст. Султон дастур дода, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯғи он, тавре ки дар маъхазҳо ишора шуда, аз 10 фарсах мушоҳида мешудааст. Чунин ҷашни пуршукӯҳи Сада дар Исфаҳон, дар канори дарёи Зояндаруд низ баргузор шуда, ки Ибни Асир роҷеъ ба он дар «Комил-ут-таворих» иттилоъ додааст. Саёқӣ мефармояд:

Сада омад, ки тарабро сару солор бувад,

Шодмониро з-ин пас ба(р) мо бор бувад.

Бар рухи ҷашни Сада гарчи зимистон дор баст,

Партави чеҳраи ӯ гуфт, ки ин ёр бувад…

Анна Красноволская дар «Чанд чеҳраи калидӣ дар асотири гоҳшумории эронӣ ҷашни Садаро пешомади намодини Наврӯз ва муҳимтарин ҷашни зимистонӣ ба қалам додааст, ки аз даврони куҳан ҳамчун иди ҳошиявии пешазнаврӯзӣ ҳар сол таҷлил мегардид. Артур Кристенсен ҷиҳатҳои муштараки ҷашни Сада ва ҷашнҳои оташи роиҷ дар Аврупоро муқоиса намуда, оташи поки иди Фасхи насронӣ бо унвони растохези Масеҳ дар кишварҳои Аврупоро ёде аз ҷашни Сада арзёбӣ намудааст.

Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,

К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.

 

Муҳаммадқул ҲАЗРАТҚУЛОВ,

доктори илмҳои фалсафа, профессор

Сарчашма: АМИТ "Ховар"