Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов 10.01.2018 14:28, шаҳри Душанбе
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз372
mod_vvisit_counterДирӯз1586
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта372
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27618
mod_vvisit_counterҲамагӣ1277974
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
20
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов 10.01.2018 14:28, шаҳри Душанбе

10.01.2018

Имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукуматӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаст, ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқоти судманду созанда изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва оид ба масъалаҳои марзи давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, натиҷаҳои кори онҳо омили муҳими таҳкимбахшандаи муносибатҳои дӯстонаю самимии ду ҳамсоядавлат мегарданд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар оянда ба сатҳу сифати нав расондани ин равобит, ки дар маркази таваҷҷуҳи Сарони ду давлати дӯсту бародар қарор доранд талош ба харҷ хоҳад дод.

Дар мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳҳум ва якдигарфаҳмии комил сурат гирифт масъалаҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба рафъи маҳдудиятҳои тиҷоратӣ, соддагардонии низоми рафтуомади шаҳрвандон,

коҳиш додани тарифҳои интиқоли молу маҳсулот, барқарорсозии роҳҳои оҳани мавҷуда, поксозии минтақаҳои минабандишудаи сарҳад, ифтитоҳи гузаргоҳҳои мавҷудаи сарҳадӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба марзи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон дар масъалаи истифодаи баманфиати захираҳои обу энергетикӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ вобаста ба ин масъалаи муҳим барои давлатҳои минтақа мушкилоте эҷод накардааст ва пайваста хостори ҳамгироии бештари давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар соҳаи обу экология мебошад.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва форуми соҳибкорону тоҷирон дар кишварҳои ҳамдигар инчунин ба роҳ мондани хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе-Тошканд аз муҳимтарин иқдомҳои Сарони ҳар ду давлати дӯсту бародар ва ҳамсояи наздик дар як соли охир арзёбӣ шуд, ки дар таҳкими муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангиву инсонӣ нақши муассир гузоштаанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамдастии ду давлат дар мубориза ба хатару таҳдидҳои номатлуби минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳар ду ҷониб умедвории худро аз ояндаи бобарори муносибатҳои дӯстонаю самимии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳор дошта, барои тақвияти заминаҳои қарордодию ҳуқуқии робитаҳои байндавлатию байниҳукуматӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Сарчашма: "president.tj"