Асосӣ: Навигариҳо “СОЛИ ҶАВОНОН”: АЗ ИБТИКОР ТО ИФТИХОР (аз Паём то Паёми Пешвои миллат)
+++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз114
mod_vvisit_counterДирӯз1636
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1750
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27212
mod_vvisit_counterҲамагӣ1153649
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
21
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

“СОЛИ ҶАВОНОН”: АЗ ИБТИКОР ТО ИФТИХОР (аз Паём то Паёми Пешвои миллат)

25.12.2017

Мусаллам аст, ки тоҷикон дар санаи 9 сентябри соли 1991 баъди ҳазор соли давлатдориву бедавлатӣ аз нав мақоми асолативу таърихии хешро касб карданду дар остонаи нави давлатдории сирф миллӣ ва соҳибистиқлолӣ мавқеъ гирифтанд. Аз рӯзҳои нахустин, ки давлатро як халои идеологӣ фаро гирифта буд ва буҳрони сиёсӣ таҳдидҳо мекард беназмию бесуботиҳоро овард, Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли равшанзамири миллат умед ба қишри сарнавиштсоз ва оянданигари ҷомеаҷавонон карда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз вартаи нестӣ ба сӯйи бақову устуворӣ давлатии миллии худро бароварданд. Аз рӯзҳои нави давлатдорӣ такя ба ин қишр сари вақт ва мантиқӣ буд, зеро ҷавонон ва умуман насли наврас, ояндаи халқ ватан буда, тафаккури созандаву сарнавиштсоз доранд.

Бояд гуфт, ки эълони соли 2017 ба ҳайси “Соли ҷавонон”, ки бо иқдом ва ташаббуси Пешвои миллат сурат гирифт, имтиёз ва имконоти фарохеро барои ҷавонон фароҳам овард. Дарвоқеъ, қадамҳо барои эълони ин сол аллакай дар соли 2016 гузошта шуда буд. Мувофиқан, тағйиру иловаҳое ба Конститутсия (22 май 2016) дароварда шуд, барои ҷавонон майдони фарохеро боз кард, зеро дар сатҳи мансабҳои олии давлатӣ ва ҷалби кадрҳои роҳбарикунанда мақоми беназиреро ҷавонон касб карданд. Масалан, барои узвият ба Маҷлиси Миллӣ ва вакилӣ ба Маҷлиси намояндагон синну соли баробари сисола таҳкими ҳуқуқӣ ёфт, чунки ҷавонон барои иштирок дар раванди ташаккули заминаҳои қонунгузорӣ ва сиёсии давлат ҳавасманд гарданду дар қабули қонунҳо иродаи аксарияти хешро таҳким бахшанд. Поён овардани синну сол ба сисола барои интихоби шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи эътимоди қавиро барои ҷавонон гузошт. Албатта, бо эҳсос ва дарки ин бовар рӯҳияи ҷавонон баланд гардида, баҳри боз ҳам ободу шукуфон гардонидани Ватан талош меварзанд. Дар таъмини адолати судӣ низ меъёри синнусолӣ ба инобат гирифта шуда, барои интихоби зинаҳои олии судӣ низ ҷавонони на кам аз сисола нақши худро гузошта, дар баррасӣ ва қабули ҳукму қарорҳои одилонаву боадолат ҷойгоҳи худро дарёфтанд ва ин тағйироите, ки бо ин муқаррароти ҳуқуқӣ дароварда шуд, далели дар сатҳи кадрию мансабҳои олӣ мақоми баланд касб кардани ҷавонон аст.

Чун, агар аз дидгоҳҳои гуногун назар кунем, сараввал “Соли ҷавонон” аз ҳар самтҳои гуногун баҳогузорӣ ва арзёбӣ меёбад. Бешак, боиси саодатмандии тамоми насли ҷавони кишвар аст, ки Сарвари хирадманде доранд, ки ҳатто соли қисматсозу тақдирофари давлатро ба ин қишр бахшиданду фармонеро дар ин самт ба тасвиб расониданд. Аллакай, эълони соли 2017 ба ҳайси “Соли ҷавонон” дар ниҳоди насли худогоҳу бедорфикр як инқилоби ботинӣ, маънавӣ ва ифтихорро ба вуҷуд овард. Ҷавонони хештаншинос мавқеи сиёсии худро аз аввали сол дарк карданд. Бо эълони ин сол мо, ҷавонон, эҳтирому эътирофи олитаринро бар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дарёфтем. Боз ҳам асолати ифтихор аз чеҳраи таърихи миллат ва абармарди роҳи наҷот дар дили мо шуълаи дурахшоне аланга зад. Такя кардани Пешвои миллат аз пасманзари сиёсат ба ҷавонон нақши мондагори давлатсозӣ ва кишвардории ин шахсияти бузурги арсаи сиёсат аст. Боз бо такя ба ин неруи сарнавиштсоз дар равандҳои муосири ҷомеа мавқеи давлати Тоҷикистонро муайян карданд. Боз дарк кардем, ки бо такя бар қишри ҷавон Ваҳдату Истиқлолро аз нав таҳким медиҳем.

Асосан, ибтикору иқдоми “Соли ҷавонон” аз ифтихори миллӣ маншаъ мегирад. Дар низоми сиёсии давлатҳои муосир ангуштшуморанд давлатҳое, ки соли худро ба ҷавонон бахшанд. Чун ҷустуҷӯ аз фазои интернетӣ кунем, қариб сару садоҳои “Соли ҷавонон”, ки дар Тоҷикистон аст, ба забонҳои гуногун паҳну интишорёфтаро дарёфт хоҳем кард. Чун мо медонем, ки қариб 70 дарсади аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, метавонем халқи муаззаму шарифи тоҷикро ба ҳамин қишр як донем.

“Соли ҷавонон” соли таҳкими идеологияи давлатӣ дар тафаккури мардум ба шумор меравад. Дар вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза эълони “Соли ҷавонон” худ як муборизаи беамон ба ҳама зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили мубориза бар ифротгароиву ҳаросафканӣ, решакан кардани тақлиди бехирадона ба фарҳанги бегона, ташаккули оилаи солиму ҷомеаи солим, танзим дар расму русуми миллию маҳаллӣ, даст кашидан аз одатҳои хурофотию таассубӣ, ҳалли мушкилоти оилаи ҷавон ва ғайра буд. Ҳамзамон, бо пайгири аз ин гуфтаҳо ва фарогир бо “Соли ҷавонон” як қатор ҷашнвораҳои таърихиву сиёсӣ таҷлили бошукӯҳ ёфтанд, зеро марҳалаи таърихии ин санаву ҷашнвораҳо бо ин қишри нерумандтарин ҳамрангу ҳамсон буд, чунки ин ҷашнвораҳо ба мақоми ҷавонон бисёр қаробати наздик доштанд.

Акнун маълум мегардад, ки соли 2017 аз санаи қабули Қонуни нахустини соҳаи кор бо ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13 марти соли 1992), яъне ташаккулёбии расмии ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон 25 сола шуд. Дар баробари ин, фаъолияти низоми устувори мақоми ваколатдори соҳаи кор бо ҷавонон – собиқ Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 май 1997 таъсис ёфт ё ҳозира Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2017ум 20 сол пур гардид. Соли 2017 аз 20 солагии 23 майРӯзи ҷавонон таҷлил карда шуду тантанаҳои фарҳангӣ бо иштироки Пешвои миллат дар сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон, ҷашни 20солагии Ваҳдати миллии тоҷикон дар шаҳри Ваҳдат бо тантанаи баланд, суханронии пурмуҳтавои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд, ки бар “Соли ҷавонон” идро болои ид овард.

Соли 2017 даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил шуд ва пиромуни Қонуни мазкур Пешвои миллат бо фаъолону аҳли ҷамоатчигии мамлакат вохурии судманд гузаронида, атрофи он суханронӣ намуд. Дар ҳамин росто тағйиру иловаҳое, ки ба ин қонун дароварда шуд, бо истиснои нақши он дар ҳаёти ҷавонон мазмуни худро гум мекунад. Маҳз бунёди тафаккури сарфаю сариштакорӣ ва даст кашидан аз ҳар гуна одатҳои хурофотӣ ба самти ҷавонон нигаронида шуда, барои ташкили оилаи ҷавон сабукиҳо ва як заминаи дастарсии иқтисодиро эҷод кард. Бинобар ин, истодагарӣ ва талошҳои ҷавонон метавонад, ки татбиқи меъёрҳои онро барои наслҳои минбаъда амри зарурӣ ва воқеӣ дониста шавад. Ба ғайр аз ҷашнвораҳои боло, инчунин, 25умин солгарди баргузории Иҷлосияи ХVIуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва 25умин солгарди Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гашт. Аз рӯзҳои таърихиву сиёсӣ ва иҷлосияи сарнавиштсоз бори дигар ёдоварӣ шуда чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ барпо гардида, ҷавонони миллат дидгоҳи нави дарки Истиқлолу соҳибдавлатӣ ва Ваҳдату ҳамбастагиро дарёфтанд. Дар ин замина бо таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ бори дигар хотирнишонии парчамдору парчамбардории ҷавонон ҷашн гирифта шуд. Ва таърих ҷавононро парчамбардорони воқеӣ ва асили миллат ба мо исбот сохт.

Ҷашнвораҳо, солгардҳо, санаҳои таърихӣ бори дигар исботгар шуданд, ки “Соли ҷавонон” амри таърихӣ ва воқеияти замон буд. Дар ин сол нақша чорабиниҳои гуногун таҳия шуданд, ки худ шоҳид будем, ин нақшачорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, маърифатию идеологӣ бениҳоят дар як сатҳи баланди ташкилӣ барпо шуд. Тамоми мардуми кишвар бо ҷавонон тантанаи солро карданду аз ҳаёту даврони ҷавонӣ радду бадалҳо сохтанд. Пирону куҳансолон ҳам худро дар қатори ҷавонон дарёфтанду аз ҷавонӣ гуфтанд. Тамоми ҷавонони минтақаҳои кишвар ба ҳам омаданду ҳамоишу нишаст, конфронсу вохӯриҳои судмандро анҷом дода, аз таҳкими бародарию баробарӣ, рафоқату ҳамбастагӣ сухан карданд. Мушкилоти марбут ба ҷавононро баррасӣ ва арзёбӣ намудем. Натиҷаҳои сиёсӣ, кишвардорӣ, идеологӣ, маърифатӣ, иқтисодии “Соли ҷавонон”-ро метавон таҳлил кард, ки ҳам намунаи мантиқии минбаъдаи сиёсати давлати Тоҷикистон гардад. Ба таври мухтасар чунин натиҷаҳоро зикр кардан мумкин аст:

 бо эълони “Соли ҷавонон” неруҳои ақлониву зеҳнӣ мушкилоти марбут ба ҷавононро аз сари нав таҳлил ва ҳаллу фасл карданд;

 хештаншиносӣ ва худшиносиро боз аз дигар дидгоҳи солиму созанда ҷавонон ба худ кашф намуданд;  сафи ихтиёриён ва хайрхоҳони ҷавон дар тамоми кору бахшҳо афзуд, зеро бо як биниши нав худро ёфтанд;

 муаррифии назарраси илмӣ, варзишӣ, истеҳсолӣ, ихтироъкорӣ ва фарҳангии миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷавонон муайян карда, барои натиҷаҳои чашмгиру парчами баланди миллат дар арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор бардоштанд;

 дар самти шуғли пурмаҳсулу ба истеҳсолот ҷалби ҷавонон боз ҳам бо бунёди бисёр корхонаҳои азими саноатӣ афзуд;

 дар роҳи ҳаёти шоиста дар танзими расму русуми марбути ҷавонон қадамҳои устувор гузоштанд ва мегузоранд;

 дарки Истиқлолу Ваҳдат барои насли наврас фароху васеъ гашт;

 ҷавонони саодатманди кишвар эҳтиром ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шиори ҳамешагии ҷавонон дониста, худро "пайравони ҳақиқии Пешвои миллат" унвон кардаанд;

Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимнан дар Паёми навбатии худ (22 декабри соли 2017) масъалаи аҳамияти ташаббуси соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намудан ва боз ҳам баланд бардоштани нақши ҷавонон дар тамоми ҷабҳаи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа арзёбӣ намуда, аз ҷумла барҳақ фармуданд:

“Бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат мо соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намудем. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид. Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.

Дар ин раванд зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо “Соли ҷавонон” маҳдуд намешавад, баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”.

Хуллас, ҳамаи мо шоҳиди чунин иқдому самараи назаррасу созанда гардида, сарҷамъона дидем, истиқбол кардем ва натиҷагирӣ намудем. Бешак, соли 2017 соле буд таърихӣ ва таҳаввулотиву инқилобӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон ва бовар дорем, ки насли навраси мо ин иқдом ва ташаббуси наҷиби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои минбаъда низ бомуваффақият идома медиҳад ва ба комёбиҳои нав ба нав ноил мегардад, зеро бузургон барҳақ фармудаанд:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Абӯбакр Бачамардов,

донишҷӯйи курси 4-и факултаи

идоракунии давлатии Донишкадаи

идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон