Асосӣ: Навигариҳо МУБАЛЛИҒОН МУНАҚҚИД МЕШАВАНД
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз285
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1316
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28690
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734503
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МУБАЛЛИҒОН МУНАҚҚИД МЕШАВАНД

Чаро бархе аз ҳаммеҳанони мо чун аз муассисае, ки қаблан дар он ифои вазифа менамуданд, бо диди айбҷӯӣ ба он чашм медӯзанд? Ҳангоме, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он муассиса маводи интиқодӣ нашр гардид, эшон ҳамонлаҳза мунаққиди корхонае мешаванд, ки дар аҳди пешин дар он ифои вазифа менамуданд. Агар ба ин мушкилиҳо нек назар кунем, дарҳол дармеёбем, ки инсонҳо аз ҷои рондашудаашон нафрат пайдо карда, барои ҳамешагӣ он ҷоро мавриди мазаммат қарор медиҳанд.

Онҳое, ки масъули вазифае дар муассисаи давлатӣ мебошанд, бе чунучаро ба хориҷа сафарҳои хидматӣ карда, ҷаҳд хоҳанд кард, ки тибқи дастур фаъолият намоянд новобаста аз ин, ки дастур аз дохил аст ва ё аз хориҷ, аммо замоне фаро хоҳад расид, ки мансабдор аз мансаб барканор мегардад ва дар муҳит ӯро чун пешина истиқбол нахоҳанд кард. Онзамон чун ҳезум месӯзад, чун оташ сурх мешавад ва чун муҳоҷир тасмим мегирад, ки минбаъд дар Меҳан зистани ӯ ҳоҷат надорад ва бояд ба хориҷ аз кишвар сафар карда, шаҳрвандиро дар мамлакати дигар соҳиб гардад. Эҳсоси бадбинӣ дар зеҳни собиқ корманди давлатӣ пайдо шуда, омили асосии сангпартоиҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа мегардад. Вале мутаваҷҷеҳ бошед ба суоли матраҳ: Чаро нисбат ба муассисае, ки дар он солҳои дароз фаъолият доштем ва маҳз дар муҳити он комил гаштем, бинобар эҷод гардидани мушкилиҳо дар авзои хонаводагӣ ва иҷтимоии мо бадбину бадгӯ мешавем? Магар аз омилҳои асосии пайдоиши бадбинӣ хусусияти зотии зиёӣ намебошад, ки зудранҷанду ҳассосияти басо инқилобиро соҳиб

мебошанд! Магар афроди ватандӯсту худогоҳ ва миллатдӯстро дар кишварҳои хориҷӣ истиқбол хоҳанд кард? Агар Шумо дар кишвари худ мухолиф набошед, пас Шуморо дар кишвари бегона роҳ медиҳанд? Ё худ имкон ба вуҷуд меоваранд то Шумо дар муассисаҳои калидӣ ворид гардида, он ҷо фаъолият бинмоед? Танҳо агар Шуморо тавонанд алайҳи Ҳукумати худ истифода кунанд ва Шумо чун микрофон бозгӯкунандаи афкор ва хостаҳои аҷнабӣ бошед!

Муҳтарам олиҷанобон, ки дар хориҷи кишвар қарор доред! Дастурҳое, ки барои иҷрои онҳо сахткӯш ҳастед, аз лиҳози молиявӣ чӣ арзише доранд? Охир аз ҳама арзишмандтарин чиз барои мардони соҳибфикр дар канори зану фарзанду дигар абнои ҷинс дар Ватани хеш зистану эҷод намудан мебошад. Ё худ Шумо ва мисли Шумо мунаққидони худхоҳ ғайри Тоҷикистон боз ватани дигаре ихтироъ намудаед? Чун дар хориҷа иқомат менамоед, чаро мушкилиҳои он ҷоро набардошта, бо дастур ба Тоҷикистон ҳуҷумҳои иттилоотӣ ва сиёсиро роҳандозӣ мекунед? Ин ки илму маорифу сохторҳои молиявӣ ва сиёсии хориҷиёнро ба ҳаммеҳанони худ таҳмил медоред ва мехоҳед, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон модели Туркия, Арабистони Саудӣ ва Қатар гардида, ба зумраи риддакҳои ИМА мубаддал гардад, магар боре наяндешидаед, ки бо иҷро намудани дастурҳои аҷнабӣ ба нестшавии миллату давлат мусоидат хоҳед кард?

Ҳолатҳои равониву маънавии Шуморо дарк менамоям:бале, дигар имкони бозгашт надоред! Агар Шумо аллома мебудед, пас чаро илми Аврупоро такмил намедиҳед ё худ Шумо дар Аврупо ба ҳайси дарбони муассисаҳо хидмат менамоед? Аҷиб!

Сенарияи кору фаъолияти Шуморо мутаассифона дигарон таҳия намудаанд, вагарна ин қадар дилбастагӣ ба созмонҳову коршиносону кишварҳои хориҷӣ дар ниҳоди Шумо аз куҷост?"

Машраби Абдуллоҳ,

бознашр аз http://anrt.tj/tj/khabar-o/1016-muballi-on-muna-id-meshavand