Асосӣ: Конференсияҳо ва мизиҳои мудаввар СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИЮ ИТТИЛООТӢ ДАР МАВЗӮИ “СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”
+++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз48
mod_vvisit_counterДирӯз977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1025
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22415
mod_vvisit_counterҲамагӣ971642
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИЮ ИТТИЛООТӢ ДАР МАВЗӮИ “СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

01.12.2017

Дар санаи 30 ноябри соли 2017 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон семинари омӯзишиву иттилоотӣ дар мавзӯи “Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” баргузор намуд.

Семинарро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, зимнан қайд кард, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи хос ба насли ҷавони кишвар соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардидааст.

Ин иқдоми наҷиб, агар аз як тараф, ба рукнҳои иҷтимоии демографӣ ва сиёсиву стратегӣ рабт дода шавад, аз тарафи дигар, хусусияти таърихӣ дорад, зеро ҷавонони кишварамон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявӣ иқдомот ва ташаббусҳои Роҳбарияти олии мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ мекарданд ва имрӯз ҳам ин раванд идома дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки ин неруи созанда бо ташаккул ва амалӣ намудани самти махсуси фаъолият–сиёсати давлатии ҷавонон корҳои зиёдеро барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа роҳандозӣ мекунад.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла фармуданд:

–Аксари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд.

–Ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои гуногун таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.

–Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.

–Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободию пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

–Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Имсол 20-умин солгарди мулоқоти нахустини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон мебошад, ки санаи 23 майи соли 1997 баргузор шуда буд. Ин мулоқот дар воқеъ, ҳамон вақт умеди ҷавононро ба ояндаи неки давлат афзуд ва онҳоро дар созандагию ободкорӣ неруи тоза бахшид.

Эълон шудани соли 2017 «Соли ҷавонон» дар тақвияти фазои имконот ва фаъолияти ҷавонони кишвар як такони бузург хоҳад буд, вале ин на ба он маъност, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо соли 2017 ба масъалаи ҷавонон рӯ меорад, балки сиёсати ҷавонон таҳкурсии сиёсати даврони Истиқлолияти давлатиро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 13 марти соли 1992 дар миқёси давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шуда, Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд.

«Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017-ро наметавон бо дастовардҳои танҳо ҳамин як сол баҳогузорӣ ва натиҷагирӣ намуд, балки решаҳои он ба давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ пайванд буда, ҳамчун давоми сиёсати даҳсолаҳои пеш эҷод шудааст.

Хушбахтона, баъди ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ уфуқҳои нав дар раванди давлатдорӣ боз гардид. Ин давраи ташаккулёбии муносибатҳо барои ҷавонон, давраи қадамҳои устувор дар роҳи бунёди таҳкурсии асосии сиёсати давлатии ҷавонон–низоми идоракунии соҳаи кор бо ҷавонон ба ҳисоб меравад, ки пешгузорандаи он маҳз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

«Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 берун аз ҳама гуна шиорсозиҳо ва чеҳрасозии сиёсию давлатӣ буда, он бо дарназардошти дарки амиқи масъалаи ҷавонон ва баҳри таъмини боз ҳам бештари ниёзҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию, маърифатӣ, фароҳам овардани имкони боз ҳам васеи худамалисозии ҷавонон, такон бахшидани раванди боварии байниҳамдигарии ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷавонон ва дар якҷоягӣ гузоштани қадамҳои боз ҳам усутворонаи рушд ба ояндаи зебои давлатдории мустақиламон мебошад. Дар баробари эътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон, кӯшишу талошҳо баҳри беҳтар намудани ҳаёту зиндагии онҳо низ васеъ гардида, ҳамаи ин қадам ба қадам давлати моро ба натиҷаҳои бобарори стратегии рушд ворид мекунад. Бояд ҳар як фарди ҷавони кишвари мо ба он арҷ гузорад ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар роҳи ҳифзу созандагии Ватан устуворона қадам ниҳад. Дар ин ҷода Семинари имрӯзаи омӯзишиву иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” кумаки амалии худро мерасонад, изҳор дошт дар поёни суханронии худ Худобердӣ Холиқназар.

Семинари омӯзишиву иттилоотӣ таҳти раёсати муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ба кори худ шурӯъ кард. Дар назди ҳозирин сардори шуъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Маҳмудова дар мавзӯи “Фарҳанги сиёсии ҷавонон кафили сулҳу суботи ҷомеа”, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мухтор Муллоев дар мавзӯи “Ҷавонони Тоҷикистон пайрави Пешвои миллат”, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази номбурда Беҳрӯз Саидов дар мавзӯи “Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳал: вазъ ва дурнамо”, сармутахассиси Раёсати омӯзиши масалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев дар мавзӯи “Соли ҷавонон– соли ташаббус ва, бунёдкори", донишҷӯйи шуъбаи фортепианои Консерваторияи миллии Тоҷикистон Ш.Ишматова дар мавзӯи “Тарбияи ҳуқуқии ҷавонон дар Тоҷикистони муосир”, донишҷӯйи шуъбаи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон А. Айдаршоев дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар идоракунии давлат дар замони Истиқлолияти давлатӣ”, донишҷӯйи шуъбаи овозхонии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон Х. Музаффаров дар мавзӯи “Дастовардҳои ҷавонон дар даврони Истиқлолият”, донишҷӯйи шуъбаи фортепианои Консерваторияи миллии Тоҷикистон М. Саломзода дар мавзӯи “Соли ҷавонон –соли масъулият, музаффарият ва хештаншиносӣ”, донишҷӯйи шуъбаи фортепианои Консерваторияи миллии Тоҷикистон М.Юртаева дар мавзӯи “Субфарҳанги мусиқии ҷавонони Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият” суханронӣ карданд.

Баъдан ҳозирин пиромуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андешаҳои ҷолибу судманд баён карда, барои беҳбуди вазъи ин соҳа ва ҳаллу фасли мушкилоти ин соҳа пешниҳодҳои муфид ироа намуданд.

Семинари омӯзишию иттилоотиро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон