Асосӣ: Сиёсати дохилӣ СОЛИ ҶАВОНОН – СОЛИ ТАШАББУС ВА БУНЁДКОРӢ
+++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз48
mod_vvisit_counterДирӯз977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1025
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22415
mod_vvisit_counterҲамагӣ971642
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

СОЛИ ҶАВОНОН – СОЛИ ТАШАББУС ВА БУНЁДКОРӢ

01.12.2017

Соли ҷавонон – Соли ибтикори ҷавонони муосири Тоҷикистон ба равандҳои глобалии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии рӯйдодаистода дар ҷаҳон ҳампайванд ва ҳамгиро мебошад.

Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди соли ҷавонон эълон кардани соли 2017, ки 22 декабри соли 2016 дар Паёми анъанавии солонаи Пешвои муазъами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар садо дод, аҳамияти стратегӣ дорад. Ин даъвати Сардори давлат аз он шаҳодат медиҳад, ки амалисозии сиёсати давлатии нисбати ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Тавре, ки маълум аст, маҳз ҷавонон аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ҷавонон идомадиҳандаи кори насли калонсол, нерӯи созанда,муҳаррики воқеии ҷомеа ва умуман, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 480 Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонони кишвар то соли 2020 тасдиқ гардидааст.

Дар ин санад таъкид шудааст, ки ҳадафи асосии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳамоварӣ ва таҳкими шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва созмондиҳӣ барои ташаккули масъулияти гражданӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии ҷавонон мебошад.

Татбиқи ҳадафҳои гузошташуда амалисозии авлавиятҳои гуногуни сиёсати ҷавононро дар назар дорад. Нуктаи хеле муҳим дар ин робита ташаккули эҳсоси ватандӯстӣ, ҳамчунин рушди ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон мебошад.

Дар иртибот, ба ин дар миқёси тамоми ҷумҳурӣ тадбирҳои гуногун гузаронида мешаванд, ки ҳадафи тарбиявӣ ва маърифат парварӣ доранд.

Ба ақидаи банда, ахиран баргузории Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - яке аз чунин тадбирҳои андешидашудаи судманди ҷавонон ба ҳисоб меравад. Дар муроҷиатномаи қабулнамудаи Фестивал чунин омадааст:

“Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бори дигар моро дар кори ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои соҳибистиқлолӣ, эҳтироми таъриху фарҳанг ва ташаббускорӣ дар ҷабҳаҳои бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон дилгарм ва фараҳманд гардонидааст. Аз ин рӯ, мо бо дарки ин масъулият ҷиҳати бунёди ҷомеаи созгор ва барои зиндагии арзанда ва шоистаи Тоҷикистони азизамон бо истифода аз донишу малака ва неруву тавони тозаамон кӯшиш менамоем.

Мо, ҷавонон ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадамем ва талаботи замонро пайваста дарку манфиати миллат амнияти давлати соҳибистиқлоламонро бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя месозем”.

Ин гуфтаҳо бори дигар собит менамоянд, ки ҷавонони кишвар ба Ватани азиз ва Пешвои миллати худ вафодор ҳастанду мемонанд, ҳамзамон дар пайи татбиқи дастурҳои эшон дар самти ояндабинии ҷавонон мебошанд.

Бояд таъкид намуд, ки солҳои охир ба масъалаҳои рушди зеҳнӣ, ҷисмонии ва ватандустии ҷавонон дар сатҳи давлатӣ аҳамияти зиёд дода мешавад. Ба ин мақсад, танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 70 майдончаҳои бозии кӯдакона ва таъиноти варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Теъдоди чунин ташаббуси созандагию ободони маҳз дар шаҳри Душанбе теъдодашон то 270 расонида хоҳад шуд. Соли 2018 бошад боз 80 гуна варзишгоҳ сохта хоҳанд шуд.

Соли ҷавонон эълон кардани соли 2017 барои татбиқу амалисозии ибтикорҳои ҷавонон дурнамои навро боз кард. Дар сартосари кишвар тарҳҳои ҷавонон амалӣ ва дастгирӣ мешаванд, ки ташаббусҳои мусбати ҷамъяитии пешоҳангони ҷавононро ҳавасманд месозад.

Дар доираи соли ҷавонон, инчунин, дар сатҳи байналмилалӣ ҷавонон ба равандҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маърифатӣ фаъолона ҷалб карда шуданд. Бинобар ин, Стратегияи давлатии сиёсати ҷавонон ва эълони соли ҷавонон гувоҳи он аст, ки сиёсати ҷавонон қабл аз ҳама, ба эҷоди шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва созмондиҳӣ барои ҷавонон ва кафолати фаъолмандии ҷамъиятии ҷавонон равона шудааст. Бадин тартиб, имрӯз давлат ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, саъю талош менамояд, ки вазъи тандурустӣ, маориф ва фарҳанг – яъне он риштаҳоеро, ки дар он ҷо масоили ташаккули маънавӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонии насли ҷавон ҳаллу фасл мешаванд, беҳбуд бахшад.

Аҳамият ва зарурияти сиёсати давлатии ҷавонон аз мушкилоти оғози ҳаёт, ки ҷавонон бо он рӯ ба рӯ мешаванд, аз масъулияту ӯҳдадориҳои ҷавонон дарак медиҳад. Равшан аст, ки пешрафти минбаъда дар бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд дуняви ягона ва иҷтимои ба андозаи зиёд аз муассирияти сиёсати давлатии ҷавонон бо роҳи тақвияти саҳми онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ, иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар вобаста хоҳад буд.

Дар робита ба ин, тарбияи ҷавонони ташаббускор, боистеъдод, ки қобилияти амалисозии муассири донишу малакаи худро барои пешрафту шукуфоии кишварамон доранд, хеле муҳим аст.

Имрӯз тамоми саъю талоши давлат ба густариш ва таъмини моддии зерсохтори фарҳангӣ – яъне дастгирии театрҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангии ҷавонон, таъсисоти варзишӣ, муассисаҳои таълимии берун аз мактабӣ ва донишҷӯӣ барои ҷавонон нигаронида шудааст. Ҳамаи ин ба фароғату шуғли насли ҷавон мусоидат мекунад.

Дар ин росто нашри китобҳои дарсӣ, адабиёти бадеӣ ва методӣ, компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, таҳияи барномаҳои давлатӣ ва минтақавӣ оид ба рушди фарҳангу варзиш, ки арзишҳои ахлоқӣ маънавӣ ва тарзи ҳаёти солимро дар байни намояндагони насли ҷавони кишвар ташаккул медиҳанд, муҳим аст.

Кормандони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳаёти сиёсӣ – иқтисодӣ ва маънавии кишвар дур набуда, саҳми худро дар татбиқи тамоми чорабиниҳои давлатӣ сарбаландона мегузоранд.

Сармутахассиси Раёсати омӯзиши масалаҳои амниятӣ минтақавӣ

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович