Асосӣ: Конференсияҳо ва мизиҳои мудаввар МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ “ТАЪМИН ВА НАЗОРАТИ МАВОДИ ДОРУВОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”
+++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз48
mod_vvisit_counterДирӯз977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1025
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22415
mod_vvisit_counterҲамагӣ971642
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ “ТАЪМИН ВА НАЗОРАТИ МАВОДИ ДОРУВОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

30.11.2017

Имрӯз, 30 ноябри соли 2017, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи “Таъмин ва назорати маводи доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату сохторҳои дахлдор, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони соҳаи дорусозӣ, коршиносон ва хабарнигорони васоити ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, зимнан қайд кард, ки тибқи дастуру нишондодҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз болои сифати маводи доруворӣ бояд назорати қатъӣ ҷорӣ карда шавад, зеро дорувории пастсифати ғайристандартӣ ба тандурустии мардуми кишварамон зарари ҷиддӣ расонида, генофонди миллатро зери хатар мегузорад. Аз ин рӯ, дар қатори назорати сифати маводи доруворӣ, масъалаи вазъи бозори доруфурӯшӣ, саноати дорусозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони маводи доруворӣ ва ғайра дорои аҳамияти калон мебошад, ки имрӯз масъалаҳои муҳими мазкур мавриди баррасӣ ва арзёбии иштирокчиёни ин ҳамоиши илмиву амалӣ қарор мегиранд ва изҳори умед намуд, ки ин ҳамоиш дар ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим мусоидат хоҳад кард.

Сипас ҳамоиш таҳти раёсати муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова дар мавзӯи “Имконияту маҳдудиятҳо дар рушди бозори маҳсулоти доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, доктори илмҳои тиб, академик Ғиёс Мироҷов дар мавзӯи “Ояндаи ташкили саноати доруворӣ дар Тоҷикистон”, профессори кафедраи химияи фармасеветӣ ва заҳршиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Ғ. Бобизода дар мавзӯи “ Дарёфт намудани маводи доруворӣ тавассути синтези химиявӣ”, доктори илмҳои фармасевтӣ Д.Халифаев дар мавзӯи “Дар бобати баъзе ҷанбаҳои танзими давлатии фаъолияти формасевтӣ”, раиси Ассотсиатсияи тибби халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Муллозуҳур Тоҳирӣ дар мавзӯи “Нақши гиёҳҳои Тоҷикистон дар солимгардонии ҷомеа ва баланд бардоштани иқтисодиёти ҷумҳурӣ”, директори Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии дорувории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Г.Раҷабов дар мавзӯи “Саноати дорусозии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ”, сардори Раёсати доруворӣ ва молҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдулазизов дар мавзӯи “Саноати фармасевтии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ”, декани факултаи фармасевтикаи Донишгоҳи милиии Тоҷикистон Н.Саидов дар мавзӯи “Назорати сифати маводи доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, директори Корхонаи воҳиди давлатии экспертиза ва ва озмоиши маҳсулоти доруворӣ ва молҳои тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.Содиқов дар мавзӯи “Назорати сифати доруҳо”, сарнозири Раёсати ташкили назорати гумруки Хадамоти назди Ҳукеумати Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Маҳкамова дар мавзӯи “Назорат ва ба расмиятдарории гумрукӣ ҳангоми воридоти маводи дуруворӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.

Баъдан ҳозирин пиромуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андешаҳои ҷолибу судманд баён карда, барои беҳбуди вазъи ин соҳа ва ҳаллу фасли мушкилоти ин соҳа пешниҳодҳои муфид ироа намуданд.

Мизи гирдро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон