Асосӣ: Маркази матбуот Конфронси ҷумҳуривии илмиву амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои татбиқи самтҳои нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити таҳаввулёбандаи ҷаҳонӣ»
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз223
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1990
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23354
mod_vvisit_counterҲамагӣ1625968
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Конфронси ҷумҳуривии илмиву амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои татбиқи самтҳои нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити таҳаввулёбандаи ҷаҳонӣ»

28.11.2017

Имрӯз, 28 ноябри соли 2017, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои татбиқи самтҳои нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити таҳаввулёбандаи ҷаҳонӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, муассисаҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносони варзидаи масоили сиёсӣ, сиёсатшиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ масъалаҳои самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Консепсияи нави сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, ҷанбаҳои назариявию сиёсати хориҷии Тоҷикистон, таъсири равандҳои нави байналмилалӣ ва таҳаввули геополитикии минтақавӣ ба амалисозии сиёсати хориҷӣ ва хусусиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон хеле муҳиму актуалӣ арзёбӣ кард ва изҳори умед намуд, ки ҳамоиши имрӯза барои татбиқи бобарори сиёсати хориҷии кишварамон

мусоидат хоҳад кард.

Ҳамин тавр, бахши якуми ҳамоиш таҳти раёсати муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии Маркази тадқиқоти старатегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Холиқзода таҳти унвони “Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сатҳи нави татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол” ба кори худ шурӯъ намуд. Дар аввал мушовири Раёсати иттилоот, матубот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷиии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон Абдуғаффор Камолов дар мавзӯи “Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон заминасози рушди дипломатия ва сиёсати бисёрсамта” суханронӣ намуд. Сипас муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова дар мавзӯи “Дипломатияи иқтисодӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов дар мавзӯи “Дипломатияи муносибат дар соҳаи об ҳамчун сатҳи афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун сатҳи нави татбиқи сиёсати хориҷӣ дар ҷаҳони таҳаввулёбанда”, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқназар Собиров дар мавӯзи “Рушди дипломатияи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи татбиқи он дар робита бо кишварҳои арабии Халиҷи Форс” маърӯзаи илмӣ намуданд. Баъдан пиромуни суханрониҳо ибрози назар ва табдули афкори арзишманд сурат гирифт.

Бахши дуюми Конфронсро сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Ҳифзи манфиатҳои милии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи рушди дипломатияи иттилоотӣ ва фарҳангӣ” барандагӣ кард. Иштирокчиёни ҳамоиш маърӯзаҳои мутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Рабиевро дар мавзӯи “Дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвин Нуриддиновро дар мавзӯи “Дурнамои рушди дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мудири шуъбаи АМИТ “Ховар” Акрам Санговро дар мавзӯи “Дипломатияи иттилоотӣ ҳамчун бахши муҳими амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Ҳидоятзодаро дар мавзӯи “Нақши дипломатяи иттилоотӣ дар бартараф намудани таҳдидҳои муосир” бо рағбати калон шуниданд. Сипас пиромуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андешаҳо ва табдули афкори судманд сурат гирифт.

Конфронси байналмилалиро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуд ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Конфронси ҷумҳуривии илмиву амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои татбиқи самтҳои нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити таҳаввулёбандаи ҷаҳонӣ» дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Маркази матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон