Асосӣ: Навигариҳо Конфронси байналмилалии илмиву амалӣ дар мавзӯи “Кореягиҳои Тоҷикистон: 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, 80-солагии сукунати кореягиҳо дар сарзамин тоҷикон”
+++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз48
mod_vvisit_counterДирӯз977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1025
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22415
mod_vvisit_counterҲамагӣ971642
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Конфронси байналмилалии илмиву амалӣ дар мавзӯи “Кореягиҳои Тоҷикистон: 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, 80-солагии сукунати кореягиҳо дар сарзамин тоҷикон”

24.11.2017

Имрӯз, 24 ноябри соли 2017, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи “Кореягиҳои Тоҷикистон: 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, 80-солагии сунати кореягиҳо дар сарзамин тоҷикон ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафирони кишварҳои Корея, Қазоқистон, Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, коршиносони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хабарнигорони расонаҳои иттилоотии ватанӣ ширкат доштанд.

Конфронси байналмилалиро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, ҳозиринро ба ин нишасти илмиву амалӣ хайрамақдам гуфт. Сипас муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Ву Чёл ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар суханҳои табрикӣ ироа намуданд ва қайд карданд, ки Ҷумҳурии Корея яке аз аввалин давлатҳои ҷаҳон мебошад, ки 24 апрели соли 1992 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ муносибатҳои дипломатӣ ва фарҳангиву тиҷоратии кишварҳои Тоҷикистон ва Корея хеле таҳкиму самарабахш гардиданд. Аз соли 2007 то ба имрӯз Форуми “Корея – Осиёи Марказӣ” фаъолият дорад, ки дар доираи он тарафҳо муносибатҳои сиёсӣ ва тиҷоративу иқтисодии худро ба танзим медароранд.

Имсол ба барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Корея бисту панҷ сол пур шуд. Бовар дорем, ки дар оянда низ робитаҳои дипломатии ду давлати дӯсту бародар баҳри манфиатҳои мутақобилан судбахш беҳтару хубтар мегардад.

Баъдан ҳамоиши илмиву амалӣ таҳти раёсати муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ раиси ҷамъияти дӯстиву фарҳангии Тоҷикистону Корея Сайфулло Сафаров ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин раиси Ассотсиатсияи кореягиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Михайлович Ким дар мавзӯи “80 соли сукунати корягиҳо дар Тоҷикистон” маърӯза намуд. Ӯ зимни суханронии қайд кард, ки кореягиҳо соли 1937 аз минтақаи Шарқи Дур ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон табъид карда шуда буданд. Мардуми меҳмоннавози Ҷумҳурии Тоҷикистон кореягиягиҳоро бо чеҳраи кушод ва нону намак истиқбол гирифтанд ва ба онҳо дасти кумак дароз намуданд. Ҳамин тавр, кореягиҳои заҳматписанд дар радифи тоҷикон ва намоядагони дигар қавму халқҳои шӯравӣ дар пешрафту рушди тамоми соҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштанд. Кореягиҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон, махсусан, дар соҳаи кишварзӣ, яъне парвариши шолӣ ва пиёз фаъолияти пурмаҳсул доштанд.

Соли 1992 бо шурӯъ шудани ҷанги шаҳрвандӣ ва тезутунд гардидани вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми зиёди кореягиҳо сарзамини тоҷиконро тарк намуда, ба дигар давлатҳо муҳоҷир шуданд. Алҳол дар кишварамон ҳамагӣ 1,5 ҳазор кореягиҳо чун шаҳрванди баробарҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд ва ба ҳайси пули пайвандгар барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои дипломатии байни кишварҳои Тоҷикистон ва Корея нақши муҳим мебозанд.

Баъдан иштирокчиёни Конфронси байналмилалии илмиву амалӣ пиромуни маърӯзаҳо фикру андешаҳои ҷолибу судманд баён карданд.

Конфронси байналмилалиро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон