Асосӣ: Навигариҳо Парчами Тоҷикистон ифодагари истиқлол, нангу номус ва ватандӯстию ҳувияти миллии тоҷикон аст
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз806
mod_vvisit_counterДирӯз391
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта806
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22319
mod_vvisit_counterҲамагӣ1192023
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Парчами Тоҷикистон ифодагари истиқлол, нангу номус ва ватандӯстию ҳувияти миллии тоҷикон аст

23.11.2017

Тоҷикон аз аҳди бостон соҳибпарчам буданд. Ин нуктаро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Саидҷаъфар Усмонзода, вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи Парчами давлатӣ, ки 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, баён дошт.

Вакили Парлумони кишвар афзуд, ки агар ба таърихи давлатдории ниёгонамон назар афканем, мебинем, ки тақрибан панҷ ҳазор сол қабл, шурӯъ аз давраи Каёниён аҷдодонамон соҳиби парчам буда, дар даврони шоҳ Заҳҳок бори нахуст Коваи оҳангар бо нишони эътироз ва дифоъ аз озодию истиқлолият пешдомани худро дар нӯги найза баста, парчам мекунад. Дар маҷмӯъ, парчам ифодагари иттиҳоду ҳамбастагии мардум, давлатдорӣ ва ифтихору сарбаландии миллатамон мебошад.

То ҷое мусаллам аст, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон башорат дод. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон, Ҳукумат, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, мақомоту идораҳои давлатӣ, дар болои биноҳо ва нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, дар дидбонгоҳҳои марзию гумрукии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ таҷлил мегардад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, аз се ранг — сабз, сафед ва сурх иборат буда, ранги сабз — сарсабзӣ, сафед роҳи сафед, хушбахтӣ, иқболи наку ва ранги сурх озодӣ ва соҳибистиқлолист. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рукнҳо ва рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии як миллат ва як давлати воҳид шаҳодат медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки соли 2011 дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии сутунаш 165 метрро ташкил медиҳад, барафрохта шуда, он ба Китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид. Дар маросими ботантана ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи китоби «Рекордҳои Гиннес» Дэвид Чемберс гувоҳнома супорид. Дар расми барафрохтани баландтарин парчам дар ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, Парчами давлатиро «ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии тоҷикон» унвон намуда буданд. Ҳамзамон Сарвари давлати Тоҷикистон дар маросими барафрохтани баландтарин парчам дар ҷаҳон таъкид карданд, ки «сокинони Тоҷикистон зери Парчами давлатӣ сарҷамъу муттаҳид гардида, баҳри ободию шукуфоии сарзамини Тоҷикистон саъю талош менамоянд».

Парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар яке аз мавзеъҳои зебои Душанбе доман густурдааст ва имрӯз ин мавзеъ «Боғи Парчами миллӣ» ном бурда мешавад, ба дили одамон неру бахшида, иродаи мардумро қавитар месозад ва ҳисси худшиносию ифтихор аз ватанро дар ниҳоди сокинони кишвар афзун мегардонад. «Боғи Парчами миллӣ» на танҳо ба сайргоҳ ва ҷои тафреҳи сокинону меҳмонони кишвар, балки ба макони ифтихор аз имрӯзу фардои дурахшони сарзамини Тоҷикистон табдил гардидааст.

Соли гузашта дар Рӯзи парчами давлатӣ беш аз 35 ҳазор нафар донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар Парчами давлатиро дар хиёбони марказии пойтахт ва майдони назди Парчами давлатӣ барафрохтанд, ки он ифодагари ватандӯстӣ ва ифтихори ҷавонони тоҷик аз муқаддасоти миллӣ-Парчами давлатӣ мебошад.

Марзия САИДЗОДА

Сарчашма: АМИТ «Ховар».