Асосӣ: Сиёсати дохилӣ НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI—УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАРҚАРОРИИ ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ВА ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР КИШВАР
+++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз48
mod_vvisit_counterДирӯз977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1025
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22415
mod_vvisit_counterҲамагӣ971642
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI—УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАРҚАРОРИИ ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ВА ТАЪМИНИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР КИШВАР

20.11.2017

Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт.

Маҳз ба шарофати ин Иҷлосияи сарнавиштсоз шаҳрвандони Тоҷикистон таъмини соҳибихтиёрии давлаташонро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави мамлакатро 6 ноябри соли 1994 қабул намуданд. Қабули Конститутсия, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ моро ба сӯйи таҳкими ҳокимият ва сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар мамлакат ҳидоят менамуд. Тавре зикр шуд, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи сохти давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёдро гузошт, вале дар канори моҳияти демократию ҳуқуқбунёд доштани давлати мо, ҳам ҳассосият ва ҳам аҳамияти мавзӯи бунёди давлатдории дунявӣ талаб мекунад, ки дар бораи он ҳамчун масъалаи алоҳида ва ҳамчун дастоварди бисёр хоссаи ҷомеаи мо дар ин давра сухан гӯем.

Бояд дар аввал ба ёд биёрем, ки чаро роҳбарияти нав ва мардуми бузургвори Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-ум маҳз низоми дунявии давлатдориро интихоб намуд. Дар он рӯзҳо, ки мо ба тозагӣ аз зери як идеологияи томгаро озод шуда будем, доираҳои муайяни хориҷӣ ҳолати ҳарҷу марҷи сиёсию идеологии ҷомеаро ғанимат дониста, мехостанд ҷомеаи моро ба зери идеологияи дигар дароварда, сохти дилхоҳи давлатии худро дар Тоҷикистон бунёд намоянд. Баъзе неруҳои аз назари сиёсӣ ҳанӯз бисёр бетаҷрибаи дохилӣ низ ин ғояро дастгирӣ намуда, зери шоирҳои онҳо сохтани як давлати идеологии дигарро дастгирӣ намуданд. Аммо онҳо ин воқеиятро дар назар нагирифтанд, ки низоми сиёсию идеологии дар назардоштаи онҳо на ба воқеияти таърихи муосири Тоҷикистони пасошӯравӣ, на ба сатҳ ва тарзи тафаккури онрӯзаи мардуми кишвар ва на ба хусусиятҳои равандҳои сиёсию геополитикии минтақа ҳеҷ созгорӣ надорад. Аз ин рӯ, агар Тоҷикистон ба ин варта фурӯ мерафт, мо ҳаргиз аз гирдоби ихтилофоти ақидатии дохилӣ ва низоъҳои беохир бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳони хориҷӣ берун намеомадем. Ин буд, ки интихоби тарзи давлатдории дунявӣ як интихоби дуруст, огоҳона ва ҷиддии ҷомеаи Тоҷикистон дар он рӯзҳои мушкил буд.

Бартарии низоми дунявии давлатдорӣ дар он аст, ки дунявият худ идеология набуда, дар муқобили ҳеҷ мафкураи дигар қарор намегирад ва низои идеологӣ ба вуҷуд намеоварад, балки дунявият як шароит буда, аз як тараф, баробарӣ ва фаъолияти дар назди қонун баробари мафкураҳои гуногунро кафолат медиҳад ва аз тарафи дигар, имкон намедиҳад, ки як мафкура худро идеологияи давлатӣ эълон карда, намояндагони мафкураҳои дигарро зери фишор қарор диҳад. Ин моҳияти низоми дунявии Тоҷикистон дар банди ҳаштуми Конститутсияи кишвар ба таври дақиқ сабт шудааст. Дунявият ҳамчун сохти давлатдорӣ худ як идеология нест, балки шароити баробари фаъолияти мафкураҳост.

Албатта, баъзе неруҳои сиёсӣ ҳамеша талош доштанд, ки сохти дунявии давлатдориро ҳамчун давлати дорои моҳияти зиддидинӣ маънидод намуда, ба ин восита мардуми мусулмони Тоҷикистонро дар муқобили давлати худ қарор диҳанд, ки албатта, ин як мавқеи сирфан сиёсии онҳо буд. Хусусан, дар тӯли фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ масъалаи аз Конститутсияи Тоҷикистон бардоштани мафҳуми дунявият яке аз муҳимтарин ва тӯлонитарин баҳсҳои ҷонибҳои тоҷик буда, ҳудуди сӣ ҷаласаи кори ин комиссия фақат дар атрофи ин масъалаи ҳассос доир шудааст. Вале неруҳои солим қотеъона исрор доштанд, ки ин интихоби таърихии мардуми Тоҷикис¬тон бояд дар Конститутсияи кишвар боқӣ монад, зеро мардуми мо эътиқод дорад, ки сохти давлатдории дунявӣ ҳаргиз моҳияти зиддиисломӣ надошта, баръакс, барои рушди озодонаи дин ва татбиқи дурусти асли озодии виҷдон барои ҳамаи шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меоварад. Аз ин рӯ, ҷонибдории қотеъонаи мардум аз он ҳаргиз маънои мухолифат бо исломро надошт ва надорад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон мардуми боимон буда, дунявиятро на ҳамчун мавқеи имонӣ ва идеологӣ, балки ҳамчун механизми танзими муносибатҳои идеологӣ ва ҳамчун сохти давлатдорӣ пазируфтааст. Аз ин рӯ, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки эътиқоди динии шахси дигар ва эътиқоди динии мардуми мусулмони Тоҷикистонро зери шубҳа гузорад.

Моҳияти асосии низоми давлатдории дунявӣ дар он аст, ки дар он мақомоти роҳбарикунандаи ҷомеа, аз ҷумла, роҳба¬рияти давлат дар асоси қонун аз тарафи мардум интихоб шуда, аз тарафи мардум назорат мешаванд ва дар назди мардум ҳисоботдиҳанда мебошанд. Яъне дар низоми давлатдории дунявӣ роҳбари давлат ва ё мақомоти давлатӣ моҳияти муқаддас, дахлнопазир ва илоҳӣ надошта, мисли роҳбарони низомҳои динии теократӣ аз номи Худо гап намезананд ва аз номи Худованд ҳукумат намекунанд. Албатта, дар таълимоти дини мубини ислом Паёмбар фиристодаи Худованд буда, аз тариқи ваҳй аз номи Парвардигор сухан мегӯяд, вале дар ислом ин ҳуқуқ, имтиёз ва хусусияти истисноии танҳо Паёмбар аст. Дар давраи пас аз ӯ бошад, ҳеҷ кас ҳақ надорад худро намояндаи Худо эълон намояд ва аз номи Парвардигор сухан бигӯяд ва ҳукмронӣ намояд.

Тавре аз таърих огоҳем, худи чаҳор халифаи рошидин, ки пас аз Паёмбари ислом ба навбат ба сари ҳукумат омаданд, аз тариқи интихобот ва ё гирифтани байъати мардум, яъне раъйи мардум, ба ин мақом расидаанд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо бо вуҷуди он, ки шахсони ботақвою донишманд ва аз саҳобагони бузурги Паёмбари ислом буданд, мақоми муқаддаси дахлнопазир ва дараҷаи намояндагии Худовандро надоштанд ва худашон низ ба ин амр таъкид мекарданд. Агар ба забони имрӯз баён шавад, онҳо аз тариқи механизми дунявӣ ва демократӣ интихоб шуда буданд. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки низоми дунявӣ ҳамчун сохти давлатдорӣ ва ҳамчун механизми шаклгирии ниҳодҳои роҳбарии давлат, бо ислом, хусусан, бо мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат, ки аксари кулли мардуми Тоҷикистон пайрави он ҳастанд, низ мухолифати ҷавҳарӣ надорад. Яъне ислом низ дар ин масъала маҳз мақоми муқаддас надоштани роҳбари давлат, аз тарафи мардум интихоб шудан ва аз тарафи мардум назорат шудани онро талаб мекунад, ки талаботи низоми дунявии давлатдорӣ низ чунин аст.

Ва ниҳоят, чун имрӯз сухан аз он низоъҳои фикрию ақидатӣ меравад, бори дигар такрор менамоям, ки ҳодисаҳои он солҳо бояд барои ҳамаи мо дарси ибрат шуда бошанд, зеро ҳанӯз ҳам гоҳҳо шоҳиди он мегардем, ки дар баъзе доираҳои ҷомеа баҳсҳои идеологӣ ва дохилидинӣ ҳамчунон идома меёбанд. Албатта, будани баҳсу монозираҳои илмии фиқҳию ақидатӣ як падидаи доимӣ ва то ҷое мусбат аст, вале вақте фарҳанги чунин баҳсҳо риоят нашуда, он ба муҳити мардуми одӣ кашида мешавад ва ё ҷонибҳо ба муқобили ҳамдигар аз воситаҳои ахбори умум истифода менамоянд, он аз чорчӯбаи баҳси солими илмию ақидатӣ берун рафта, моҳияти харобиовар мегирад.

Уламои исломии кишвар бояд дар баробари ҳифзи суботу оромиши ҷомеа ва ҳифзи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум масъул бошанд. Мо бояд ҳамаи неруи зеҳнӣ ва маънавии худро, аз ҷумла таълимоти бузурги дини мубини исломро маҳз барои нашри покию тақво дар ҷомеа, барои некусозии ахлоқи мардуми худ, барои таъмини беҳрӯзии шаҳрвандон ва барои тарбияти инсони комил равона намоем. Ин аст рисолати маънавии ҳамаи мо ҳам дар назди миллат, ҳам дар назди Ватан ва ҳам дар назди Худованд.

Хулоса, озодии виҷдон ҳаққи фитрии ҳар инсон буда, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон онро кафолат медиҳанд. Илова бар ин, дар кишвари мо заминаҳои муносиби ҳуқуқӣ ва амалии фаъолияти ташкилотҳои динӣ ва пайравони дину ақидаҳои гуногун фароҳам оварда шудааст. Давлати Тоҷикистон иродаи қавии сиёсӣ дорад, ки ин дастоварди муҳими ҷомеаи демократиро, ки маҳз аз Иҷлосияи 16-ум маншаъ мегирад, минбаъд низ ҳифз намояд ва идома диҳад.

Бояд қайд кард, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҶТ дар раванди таъмини сулҳу субот, ризоияти саросарии ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ба муттаҳидӣ даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дошт, ки дар ҳамин замина минбаъд ташаккули андешаи созанда ва муосири миллии мо тадриҷан шурӯъ гардид. Ҳадафи асосӣ аз ин иқдомот амалан таҳти як парчам ва рамзҳои давлати мустақил гирд овардану минбаъд муттаҳид сохтани неруҳои гуногуни сиёсӣ, гурӯҳҳои силоҳбадаст ва тамоми мардуми ошуфтаву парешонгаштаи Тоҷикистон буд. Зеро дар он айём қисми зиёди одамоне, ки огоҳона ё ғайриогоҳона ба сиёсат гароида буданд, пойбанди талошҳои афзалият додан ба манфиатҳои маҳдуди маҳаллӣ буданд. Дар чунин шароит қабули рамзҳои давлатӣ – Нишон ва Парчами миллӣ ва дар айни замон муайян кардани самтҳои минбаъдаи пешрафти кишвар ба сӯйи ҷомеае, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои тамоми мардум ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи муосир ва мутамаддин бошад, аз ҷумлаи масъалаҳои умдатарини кори Иҷлосия буд.

Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти таърихӣ дошта, бобати ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҷомеаи оташгирифта ва роҳҳою усулҳои ба эътидол овардани вазъияти мамлакат 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон, 1 изҳорот қабул намуд, ки аз як ҷиҳат, сало¬ҳи¬яту ваколати онро собит менамуданд, аз дигар тараф, он санадҳо барои солҳои минбаъдаи мардуми кишвари дорои собиқаи бузурги таърихӣ чун як барномаи мукаммал ҳисоб меёфтанд. Зеро дар партави қарорҳои Иҷлосияи мазкур ва такя ба соҳибистиклолии давлатӣ рушди имрӯзу фардои кишвар ба чунин дастури ҷиддан таҳиягардида эҳтиёҷ дошт. Сарвари давлат – Раиси нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз хатми Иҷлосия ба шаҳри Душанбе омаданд, ки дар он ҷо ҳатто нони хӯрдан пайдо кардан мушкил буд. Лекин ба ин мушкилоти рӯзгор нигоҳ накарда, пеш аз ҳама, бо барномаи муҳими сиёсӣ ба халқи шарифи кишвар муроҷиат намуданд, ки бояд ҳарчи зудтар дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҳоки¬мият ва мақомоти идоракунӣ барқарор гарданд, гурезаҳо ба шаҳру деҳот ва манзили худ баргардонида шуда, бо сару либос, хӯрокворӣ таъмин шаванд. Фаъолияти мунтазами корхонаҳову муассисаҳо, хоҷагиҳо барқарор карда шуда, Артиши миллӣ таъсис дода шавад ва амнияти давлатӣ таъмин гардад.

Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таъмини мардум, беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва аз вартаи мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ берун овардани халқ як силсила қарору фармонҳо қабул кард. Бештари ин қарору фармонҳо барои ҳаллу фасли масъалаҳои доғи рӯз, ба монанди афви умумӣ, халъи силоҳ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъ¬мини мардум бо хӯрокворӣ, зиёд намудани маош, мустаҳкам кардани муносибатҳои байналмилалӣ равон карда шуда буданд. Барои ба эътидоли комил овардани вазъияти дохилии кишвар роҳбарияти Тоҷикистон кӯшиш намуд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идорӣ, низоми судӣ ва мақомоти ҳифзи тартиботу қонунро ҳамаҷониба мустаҳкам намоянд.

Таҳлили татбиқи аснод ва маромномаҳои Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсии кишварамон ва натиҷаҳои таърихии он то ба имрӯз моро ба хулосаҳои зерин овард: 1. Яке аз вазифаҳои асосие, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида буд, ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар буд. Дар натиҷа дар давраи солҳои 1993-2000 ҳамагӣ ба ҷойҳои доимии зисти худ дар саросари мамлакат 950 599 нафар бозгардонида шуданд, ки аз ҷумлаи онҳо аз кишварҳои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил – 201 601 нафар, Афғонистон–51 345 нафар, аз ноҳияҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – 697 653 нафар буданд.

2. Вазифаи муҳими дигар ин таъмини сулҳу субот, ризояти саросарии ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ буд. Дар натиҷаи музокироти тӯлонии байни тоҷикон, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон: Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон идома ёфт, муяссар шуд, ки дар 9 даври музокирот ва 6 мулоқоти сарон 40 санади барои миллат муҳим ба имзо расонида шавад, ки бузургтаринаш «Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» буд.

3. Дар Иҷлосия фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол баррасӣ ва тасдиқ гардид. Дар натиҷа Конститутсияи нави мамлакат 6 ноябри соли 1994 қабул гардид. Қабули Конститутсия, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар асоси Сарқонуни нав ва тасдиқу таъйини ҳамаи сохторҳои давлатӣ моро ба сӯйи таҳкими ҳокимият ва сохтмони ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқ¬бунёду дунявӣ дар мамлакат ҳидоят намуданд.

4. Иҷлосияи таърихӣ масъалаи бозсозии аввалиндараҷаи Ватан ва пешбурди рушди иқтисодиро ҳамчун вазифаи асосӣ нишон дод. Дар натиҷа баъд аз барқарории сулҳу субот бозсозии Ватан шурӯъ шуд.

Дар ин давра иншоотҳои муҳим ба монанди сохтмони роҳи оҳани Қурғонтеппа–Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб–Хоруғ–Кул¬ма–Қароқурум, туннели ағбаи Анзоб, сохтмони неругоҳи барқии обии Сангтӯда, азнавсозии фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳои харобшуда дар водиҳои Рашту Вахш ва садҳо тарҳҳои дигар амалӣ гаштанд.

5. Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва рушду намӯи иқтисоди Тоҷикистонро заруртарин масъала ҳисобида, иҷрои онро тақозои замон номид. Дар натиҷа, Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи комплексии дигаргунсозиҳои иқтисодиро барои солҳои 1995–2000 таҳия намуда, онро соли 1995 дар Иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонд. Мутобиқи ин барнома барои гузаштан ба иқтисоди бозорӣ лозим буд, ки дигаргуниҳо дар се самт: озодкунии иқтисодиёт, гузаронидани тағйироти сохторӣ ва дигаргуниҳои ниҳодӣ сурат гиранд. Ин барнома ба озодсозии нархи ҳамаи молу маҳсулоту хизматрасониҳо, ривоҷу равнақи савдои хориҷӣ, вусъат додани ислоҳоти воқеии соҳаи кишоварзӣ, бахши молиявию бонкӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ, ташаккули заминаҳои ҳуқуқии иқтисоди бозорӣ равона гардида буд. Дар баробари ин, тақсим намудани 75 ҳазор гектар замин ба мардум аз ҷумлаи чорабиниҳое буд, ки аҳолиро аз хатари гуруснагӣ раҳо бахшид. Ҳамаи ин имкон дод, ки аз соли 1997 сар карда, болоравии иқтисодиёт таъмин карда шавад. Чунончи, агар дар соли 1997 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 1,7 дарсадро ташкил карда бошад, пас дар муддати солҳои 2000–2008 ба ҳисоби миёна то 8,8 расонида шуд.

Доир ба зиёд кардани андозаи маоши ҳадди ақал, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ, хусусан, бахшҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва нафақа 20 фармони Президент ва 30 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон ба имзо расид, ки дар асоси онҳо андозаи маоши ҳадди ақал 64,3 маротиба афзуд. Дар ин самт қабули Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро бояд махсус зикр кард, ки дар натиҷаи татбиқи он рӯзгори мардум то андозае ба эътидол оварда шуд.

6. Ин Иҷлосияи таърихӣ заминаи таҳкими робитаҳои бисёрсамтиро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ гузошт. Дар натиҷа, фаъолияти амалгароёна, пешбинишаванда, мутавозин ва ташаббускоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо давлатҳои дигар имкон дод, ки обрӯ ва эътибори он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи бисту панҷ соли охир ба маротиб биафзояд. Зикр кардан кофист, ки маҳз ба шарофати ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат Маҷмаи Умумии СММ соли 2003-ро ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005–2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028 –ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор» эълон намуд.

Ба шарофати ҳамкориҳои фаъолонаву судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо яке аз зерсохторҳои СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мо тавонистем, ки ҷашнвораҳои 1150-солагии асосгузори адабиёти форсӣ–тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва 100-солагии шоири бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода таҷлил карда шуда, ёдгории таърихии тоҷикон Саразми Панҷакент ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ин созмони бонуфуз ворид гардида, ҳамасола 12 май ҳамчун Рӯзи “Шашмақом” (2003) ва 21 март Рӯзи ҷашни байналмилалии Наврӯз эълон шавад.

Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон дар доираи Созмони Исломии Илм, Фарҳанг ва Маориф (ИСЕКО) низ чанд тадбири муҳими илмию фарҳангӣ, ба монанди баргузории ҷашн¬вораҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрави Қубо¬диёнӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Имоми Аъзам ва Имом Бухорӣ, эҳёи ёдгориҳои таърихии Ҳулбук, Кӯлоб, Истаравшан, Панҷакент, Ҳисор, Рӯшон ва Муъминобод, баргардон ва нашри Қуръони маҷид ба алифбои кириллӣ амалӣ гашт. Бале, бояд софдилона эътироф намуд, ки Ҷумхурии Тоҷикистон дар 26 соли Истиқлолияти давлатӣ мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронида, ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати тоҷик соҳибватану соҳибтамаддун, сулҳпарвару ояндасоз аст. Табиист, ки кишвари тоза ба истиқлол расида мушкилоти зиёди иқтисодӣ дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки мо дар марҳалаи анҷоми ислоҳотҳои иқтисодӣ қарор дорем ва давомнокию натиҷадиҳии ин ислоҳот ҳануз моро қаноат карда наметавонанд. Сифати рушди иқтисодӣ то ҳол таъмин нашудааст.

Қобилияти рақобатпазирии иқтисодиёт ҳоло хеле кам аст. Дар ин самт баҳогузорӣ ба натиҷаҳои рушд дар сатҳи кишвар, соҳаҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ бо дарназардошти афзоиши ҳосилнокии меҳнат бояд асоснок шавад. Ба ғайр аз ин, низоми устувори таҳлил ва ояндабинии нишонаҳои таъсири буҳронҳои мухталифи ҷаҳонӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ то ҳол шакл нагирифтааст. Дар ин низом бояд таҳия ва таҳлили сатҳи бехатари нишондиҳандаҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақаҳо, соҳаҳо дар доираи механизми пешгирии вазъиятҳои манфӣ дар иқтисод таъмин гардад. Аммо муҳимтар аз ҳама ин аст, ки миллати мо азми қавӣ, иродаи росих ва самти дурусти зиндагӣ дорад ва ин фазилатҳо ин миллатро аз ҳама душвориҳо берун хоҳанд овард.

ХУДОБЕРДӢ ХОЛИҚНАЗАР ,

ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ

СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДОКТОРИ

ИЛМҲОИ ТАЪРИХ