Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот Аҳамияти бузурги Иҷлосияи XVI дар он аст, ки сарнавишти халқи тоҷикро ба дасти шахсияти бузурги аср-Эмомалӣ Раҳмон супурд, -бардошт аз конференсияи илмӣ
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз704
mod_vvisit_counterДирӯз2074
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8156
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22647
mod_vvisit_counterҲамагӣ1387705
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
16
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Аҳамияти бузурги Иҷлосияи XVI дар он аст, ки сарнавишти халқи тоҷикро ба дасти шахсияти бузурги аср-Эмомалӣ Раҳмон супурд, -бардошт аз конференсияи илмӣ

10.11.2017

Аҳамияти бузурги таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки сарнавишти халқи тоҷикро ба дасти шахсияти бузурги аср-Эмомалӣ Раҳмон супурд ва Сарвари давлат тавонист мардуми кишварамонро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу салоҳ расонад. Ин суханонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ дар мавзӯи «Нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи кишвар» изҳор намуд.

онференсияи ҷумҳуриявии илмӣ, ки ба 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, имрӯз дар Академияи илмҳо бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори кишвар баргузор гардид.

Конференсияро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи таърихӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард. Ин марди майдони сиёсати минтақавӣ ва башарӣ бо рӯҳи қавии миллӣ на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки дар бунёди давлат,

таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмилалӣ саҳми сазовор гузошт».

Сипас, донишмандони шинохтаи тоҷик, аз ҷумла, Кароматулло Олимов, Мӯсо Диноршоев ва дигарон дар бораи барқарории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва истиқлолият маърӯза намуда, воқеаи таърихиро чун василаи барқарории низоми сиёсӣ дар мамлакат шумориданд.

Зикр шуд, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони Иҷлосияи XVI то давраи муосир бо дарназардошти мусолиҳаи миллӣ ва бозгардонидани гурезагон аз хориҷи мамлакат ҷиҳати барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз омилҳои асосии таъмин намудани рушду тараққии минбаъдаи кишвар маҳсуб мешавад.

Гузашта аз ин, сегонаи мансуб ба нерумандии шахсияти Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ бо иловаи баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ иборат мебошад, алҳол Ватани тоҷиконро аз як кишвари ҷангзада ба давлати мутараққӣ мубаддал намудааст. Сарчашмаи ҳамаи комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз ҳама, Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ аст, ки барои миллати тоҷик чун Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нотакрорро ба арсаи

Сарчашма: "АМИТ Ховар"