Асосӣ: Маркази матбуот ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА МУФТӢ ДАР РӮЙХАТИ 500 ШАХСИЯТИ БОНУФУЗИ ҶАҲОНИ ИСЛОМ
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз811
mod_vvisit_counterДирӯз391
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта811
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22324
mod_vvisit_counterҲамагӣ1192028
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА МУФТӢ ДАР РӮЙХАТИ 500 ШАХСИЯТИ БОНУФУЗИ ҶАҲОНИ ИСЛОМ

03/11/2017

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар раддабандии нави "The Muslim 500-2018” низ ба рӯйхати 500 мусалмони аз ҳама пурнуфузи дунё роҳ ёфтаанд. Шайхи Ал-Азҳар Шайх Ал-Таййиб, малики Саудӣ Салмон, малики Урдун Абдуллоҳ, роҳбари рӯҳонии Эрон Алии Хоманаӣ ва раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Эрдуғон 5 шахсияти аз ҳама пурнуфузи дунёи Ислом номбар шудаанд.

Пажӯҳишгоҳи салтанати таҳқиқоти стратегии исломӣ (The Royal Islamic Strategic Studies Centre), марказаш дар Амон, пойтахти Урдун якҷо бо Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиён, як маркази таҳқиқотии қароргоҳаш дар Ҷорҷтаун, барои бори нуҳум рӯйхати 500 шахсияти аз ҳама пурнуфузи ҷаҳони Ислом – "The Muslim 500-2018”-ро нашр кард.

Имсол низ шайхи Донишгоҳи Ал-Азҳар Аҳмад Муҳаммад Ал-Таййиб пурнуфузтарин шахсият дар ҷаҳони Ислом эълон шудааст. Аммо дар ҷои дуюм имсол малики Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз оли Сауд омадааст. Малик Салмон як сол пеш дар мақоми сеюм буд. Малики Урдун Абдуллоҳ, ки як сол қабл дар мақоми дуюм буд, имсол ҷои сеюмро гирифтааст. Дар ду мақоми баъдӣ дар раддабандии

"The Muslim 500-2018” раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғонро ном бурдаанд. Алии Хоманаӣ соли гузашта ҳам дар мақоми чорум, вале Эрдуғон дар зинаи 8-ум буд. Дар байни 50 шахсияти аз ҳама пурнуфузи дунё Шоҳзода Карим Оғони чорум, раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон дар мақоми 40-ум ҷой гирифтааст.

Дар байни 500 шахсияти пурнуфузи дунё раҳбарони аксари кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои озариву қазоқи ӯ Илҳом Алиев ва Нурсултон Назарбоев, раҳбари шиаҳои Ироқ оятуллоҳ Алии Систонӣ, раҳбари салафиҳо Шайх Абдулазиз, президенти Сингапур Ҳалима Яъқуб, раҳбари Ҳизбуллоҳ Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, рӯҳонии маъруф Юсуф Қарзовӣ, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва раҳбарони тақрибан ҳамаи кишварҳои арабӣ ҳастанд. Пажӯҳишгоҳи салтанатии таҳқиқоти стратегии исломӣ Навал Сӯфӣ, як ҳомии паноҳҷӯёни суриягиро, ки ба ҳудуди 200 ҳазор паноҳҷӯ кумак кардааст, "Зани сол дар ҷаҳони Ислом" ва шаҳрдори Лондон Содиқхон, нахустин мусалмонеро, ки ба мақоми раҳбари пойтахти Бритониё расид, "Марди сол" эълон кардааст.

Дар радабандии шахсиятҳои пурнуфузи ҷаҳони Ислом ҳамчунин мусалмонҳои машҳур дар риштаҳои гуногун низ номбар шудаанд. Аз ҷумла дар бахши варзиш шахсиятҳое, чун сармураббии "Реал”-и Мадрид Зайниддин Зидан, футболбозон Яҳё Туре, Пол Погба ва Масъуд Ӯзил, дар бахши адабиёт Орҳан Памук аз Туркия ва Холид Ҳусейн аз Афғонистон, ҳамчунин машҳуртарин шахсиятҳо дар арсаи тиҷорат, илм ва ҳатто қориёни маъруфтарини Қуръон баршумурда шудаанд.

Сарчашма: Сомонаи “Ахбор”