Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
+++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз341
mod_vvisit_counterДирӯз1407
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3186
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26837
mod_vvisit_counterҲамагӣ937949
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.10.2017

Дар замони муосир бо шарофати рушду инкишофи бесобиқаи техника ва технологияи иттилоотӣ робитаву ҳамкориҳои байналмилалиро бе фаъолияти дипломатияи иттилоотӣ тасаввур намудан имконнопазир аст. Сарчашмаи дипломатияи иттилоотиро интишор ва мубодилаи беҳадду марзи иттилоотӣ, воситаҳои интернетӣ, паҳни робитаҳои моҳворавӣ, зуҳуру рушди дипломатияи рақамӣ ташкил медиҳанд.

Дар шароити ҳозира мафҳуми дипломатияи иттилоотиро, дипломатияи рақамӣ, ҷамъиятӣ, ҷомеаи иттилоттӣ пурра инъикос менамоянд, ки дар сиёсати хориҷӣ мавриди истифодаву татбиқ қарор мегирад, вале бештар фаҳмиши дипломатияи иттилоотиро дипломатияи рақамӣ фаро гирандааст, ки баъзан онро Web 2.0 ва «дипломатияи шабакавӣ» (Net Diplomacy) меноманд. Дипломатияи рақамӣ (электронӣ) аз калимаи англисии «digital diplomacy, e-diplomacy» гирифта шуда, маънояш ҳалли вазифаҳои дипломатӣ аз имкониятҳои интернетӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ мебошад.

Дар доираи дипломатияи рақамӣ воситаҳои нави ахбори омма, ба монанди шабакаҳои иҷтимоӣ, блогҳо майдонҳои ахбориро дар мавҷҳои ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор медиҳанд. Дар дипломатияи рақамӣ мақомоти давлатӣ, махсусан вобаста ба сиёсати хориҷӣ, ниҳодҳои давлатӣ, инчунин созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки ба татбиқи фаъолияти хориҷӣ сарукор доранд, иштирок менамоянд.

Мақсади асосии дипломатияи рақамӣ пешбурди манфиатҳои сиёсати хориҷӣ, таблиғоти иттилоотӣ бо воситаи интернет,телевизион, шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ баҳри шаклдиҳии шуури омма мебошад. Дар ҷараёни истифода намудани ин навъи дипломатия эҳтиёт ва бехатарии маълумот дар навбати аввал қарор мегиранд. Бо ибораи А Яковенко «махфиёт яке аз хатарҳои дипломатияи рақамӣ аст».

Нахустин бор мафҳуми «дипломатияи рақамӣ» дар сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ҳамчун воситаи баамалбарории сиёсати «нарм» ва «қудрати зеҳнӣ» мавриди амал қарор гирифт. Мувофиқи маълумот мафҳуми мазкурро сараввал дар ниҳодҳои қудратӣ барои паҳн ва интишори иттилоотии таҳлилӣ дар шабакаҳаи иҷтимоӣ истифода мебурданд. Аввалҳои асри ХХ1 чунин навъи муносибатро Департаменти давлатии ИМА дар робитаҳои хориҷии худ мавриди истифода қарор медиҳад.

Дар соли 2016 аз ҷониби Digital Diplomacy Rating 2016 натиҷаи 210 вазорати корҳои хориҷии кишварҳоеро, ки аз дипломатияи рақамӣ истифода менамоянд, эълон намуд. Дар ин натиҷагирӣ мақоми олиро кишварҳои Британия, Фаронса, ИМА ва Федератсияи Русия ба даст оварданд.

Дипломатияи рақамӣ қадами хеле муҳим дар сиёсати хориҷии кишварҳои абарқудрат ба ҳисоб меравад ва ин таҷрибаро мебояд кишварҳои рӯ ба инкишоф низ истифода баранд.

Дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тезутундшавии муносибатҳои геополитикӣ кишварҳои рӯ ба инкишофро лозим меояд, ки аз ҷиҳати таъминоти иттилоотӣ мусаллаҳ бошанд. Дар охири асри ХХ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёриро ба даст овард ва имрӯз ҳамчун кишвари рӯ ба рушд муаррифӣ шудааст.

Дар рушду тақвияти ҳамкорӣ ва муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ саҳми Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор дар асоси сиёсати дурандешонаи Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст.

Имрӯзҳо иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар минбари чорабиниҳои бонуфузи ҷаҳонӣ имиҷи мусбати Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд, ки ин низ тақвиятдиҳандаи дипломатияи иттилоотӣ ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2015, таҳти №332 тасдиқ шудааст дипломатияи иттилоотӣ яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар шароити имрӯза дипломатияи иттилоотӣ барои рушди давлатдории миллӣ, муаррифии фарҳангу арзишҳои миллат ва барои рақобатпазир намудани ҳувият дар асри ҷаҳонишавӣ имконияти фарохеро ба вуҷуд овардааст. Фарогир шудани мавзӯи мазкур дар назди давлат ва ҷомеа як силсила масъалаҳоро мегузорад, ки ҳаллу фасли онҳо барои таҳкими давлатдории миллӣ ва дастовардҳои он мусоидат мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷиро бо дастуру роҳандозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати корҳои хориҷӣ пеш мебарад. Ҳайати кормандони вазорати мазкур, намояндагии дипломатии мо дар хориҷи кишвар дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ, доир ба ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон ҳамарӯза кӯшишу талош меварзанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии дипломатия, таҳлили вазъият дар кишвари қабулкунанда, сиёсати хориҷӣ ва пеш аз ҳама муносибатҳои байналмилалии он мебошад. Сафирон ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа барои мусоидат ва амалишавии созишномаву шартномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба нақши назаррас доранд. Дар муаррифии симои мусбати Тоҷикистон ва ташвиқу тарғиби дастоварду комёбиҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва рушди сармоягузориву сайёҳӣ саҳми бесобиқаро соҳибанд. Мутахассисони соҳаи мазкур барои эҷоди воситаҳои самараноки таъсири иттилоотӣ ба афкори ҷамъиятӣ симои Тоҷикистонро дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои хориҷӣ ҳамчун кишвари дастгирикунанда ва ташаббускори сиёсати башардӯстона, эътирофи баробарӣ, истифода накардан аз зӯрӣ ё таҳдид ба зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайра муаррифӣ намоянд. Дар соҳаи дипломатияи иттилоотӣ субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ бештар ба ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-комуникатсионӣ такя менамоянд. Имрӯз дар рушду инкишофи робитаҳои беҳтари дипломатии дуҷонибаву бисёрҷониба нақши шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли «facebook», «twitter», «instagram», «youtube», «вконтакт» ва ғайра бештар аст. Дар ҳар кишвар вобаста ба маъруфияти шабакаи иҷтимоӣ сарукор гирифтан лозим аст.

Имрӯзҳо дар фаъолияти ҳамешагии худ сафирону намояндагиҳои бештари кишварҳои ҷаҳон аз чунин шабакаҳо истифода мебаранд. Аксарияти намояндагиҳои кишвари мо дар хориҷ аъзои чунин шабакаҳоянд ва фаъолият дар самти худ дар ин шабакаҳо барои тақвияти сиёсати хориҷӣ хеле ба маврид аст. Чӣ тавре, ки дар суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Зарур аст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ низ ҳамкории худро бо намояндагони воситаҳои ахбори умуми кишварҳои хориҷӣ беҳтар роҳандозӣ намуда, нуфузашро дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоии он ба таври назаррас афзоиш диҳад.» (Суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори бинои нави Вазорати корҳои Хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) Ба нигоҳи дурандешонаи Пешвои миллат дар чунин самти муҳими кишвар агар мо низ пайравӣ намуда онро дар амал татбиқ намоем, ба қуллаҳои баланди рушд хоҳем расид.

Айни ҳол шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди «facebook», «twitter» ва «instagram» дар ҷаҳон нуфуз ва аъзои бештарро доро мебошанд. Бино бар ин, намояндагиҳои хориҷии мо метавонанд, аз ин гуна воситаҳо истифода намоянд. Барои дар шабакаҳои мазкур фаъол будан, намояндаҳои давлатӣ бояд пеш аз ҳама забони бурро (донистани забонҳои муоширати байналмилалӣ), донишманд, ҳозирҷавоб, кордону зирак ва аз ҳама муҳим таҳлилгар бошанд. Чун ки узвият дар шабакаҳои мазкур дар ташвиқу тарғиб ва баланд бардоштани обрӯйи кишвар нақши муфид дорад. Банда хело шодам, ки имрӯз дар шабакаи иҷтимоии «instagram» саҳифаи махсусе, аз ҷониби сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj/» бо номи «Emomali Rahmonov» фаъолият дорад, ки ҳама рӯза фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар олами маҷозӣ ташвиқу тарғиб менамояд.

Дар шароити имрӯза навъи нави муносибатҳои дипломатӣ ба вуҷуд омадааст, ки онро «твипломатия» меноманд. «Твипломатия», ки ба воситаи шабакаи иҷтимоии «twitter» фаъолият дорад, имрӯз дар ташвиқу тарғиби сиёсати хориҷии давлат нақши муҳимро касб кардааст. Ба вижа, шахсони баландпояи ниҳодҳои давлатӣ, ба монанди роҳбарони давлат, сарвазирон, вазирон ва дипломатҳо шабакаи мазкурро мавриди истифода қарор медиҳанд. Чунин фаъолияти шахсони аввали кишварҳо барои рушду инкишофи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ самаранок мебошад. Махсусан муаррифии таъмини воқеӣ ва дақиқи сиёсати хориҷӣ, тарғибу ташвиқи пешрафту комёбиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, фарҳангиву илмӣ ва сармоягузориву сайёҳии давлат нақши арзишманд мегузорад. Ҳамчунин, Тоҷикистон метавонад, аз радиоҳои хориҷӣ, ки нисбатан арзону мувофиқ ҳастанд, истифода барад.

Ҳоло блогҳои интернетӣ фаъол ҳастанд, ки ҳамарӯза дар он ҷо маводу маълумоти гуногун, баҳсҳо ва аз ҳама муҳимаш гурӯҳҳои гуногуни миллатҳо фаъоланд, ки кишвари мо метавонад аз ин восита низ истифода намояд. Блог вебсайте аст, ки мӯҳтавои асосии он сабтҳои мунтазам иловашавандаи дорои матн, расм ё мултимедиа мебошад. Шахсонеро, ки дар вебсайти мазкур фаъоланд, блоггерҳо меноманд. Хонандагони вебсайти мазкур бештар бо мақсади дарёфти иттилоот, мутолиа, вақтхушӣ, мушоҳидаи таассуроти омма ба ин ё он амал вориди он мешаванд. Аз ин рӯ, мо метавонем, як гурӯҳи ҷавонони фаъол ва мутахассисони олии самти мазкурро ташкил карда, фаъолияти ҳамешагиро дар чунин вебсайтҳо таъмин намоем. Ин тавр ташаббусҳо метавонанд кишвари моро дар ҷаҳони муосир боз ҳам бештар шиносоӣ намоянд. Тибқи маълумот, бештари кишварҳои тарақикарда барои рушду инкишофашон аз чунин воситаҳо истифода бурдаанд. Масалан, Департаменти давлатии ИМА дар охири солҳои 90-ум аз чунин усулҳо истифода бурда буд.

Чӣ тавре ки маълум аст, намояндагиҳои дипломатии мо дар хориҷ бо ташкил кардани рӯзҳои фарҳангӣ ва баргузории ҷашну маросимҳои миллӣ симои мусбати Тоҷикистонро дар самти сиёсати хориҷӣ рӯз то рӯз таҳким мебахшанд, ки ин низ яке аз самти рушди дипломатияи фарҳангиву иттилоотӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин мо метавонем, ки дар ҷараёни чорабиниҳои мазкур китобу маҷалла ва наворҳои видеоии гуногун бо забони кишвари мизбон роҷеъ ба Тоҷикистон маълумоти саҳеҳу равшан пешниҳод кунем.

Имсол бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи рушди сайёҳӣ ба фаолият шурӯъ намуд, ки минбаъд низ барои ҷалби сайёҳон ба кишвари зебоманзари мо Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Барои симои мусбати Тоҷикистонро ташвиқу тарғиб намудан, саҳми кормандони кумита, намояндагиҳои хориҷӣ ва худи шаҳрвандони ватандӯсту башардӯстро зарур аст, ки аз шабакаҳои иҷтимоии дар боло номбаршуда истифода намоянд. Рушду инкишофи ин соҳа низ як самтҳои диплмоматияи иттилоотии кишварро ташкил медиҳад.

Намояндагиҳои хориҷии мо метавонанд барои муаррифии сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузориву ҷалби сайёҳон аз сомонаву шабакаи иҷтимоии сафорат даст ба кор шаванд. Аксу навори маконҳои тамошобоби кишвар ва арзиши меҳмонхонаву маконҳои вақтхуширо ба тарзи олӣ ташвиқу тарғиб намоянд. Тоҷикиситон дар як минтақаи ҳассоси Осиёи Марказӣ, яъне дар ҳамсоягӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дорад. Дар ин кишвар мудати 40 сол аст, ки муноқишаву даргириҳо идома доранд. Сабаби мазкур метавонад, ки сармоягузорони хориҷӣ ва сафи сайёҳонро коҳиш диҳад. Бинобар ин, барои чунин нигоҳҳои манфиро бартараф намудан, моро лозим меояд, ки аз воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ, хориҷӣ ва шабакаҳои интернетӣ истифода барем.

Азимзода Т.С.,

мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил

ва ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон