Асосӣ: Маркази матбуот 60 СОЛИ БОБАРАКАТ!
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз810
mod_vvisit_counterДирӯз391
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта810
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22323
mod_vvisit_counterҲамагӣ1192027
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

60 СОЛИ БОБАРАКАТ!

23.10.2017

Муҳтарам ДАВЛАТОВ Зубайдулло Абдуллоевич –муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба синни мубораки 60 қадам мениҳад.

Зубайдулло Давлатов фаъолияти меҳнатиро дар синни ҳаждаҳсолагӣ оғоз кардааст. Соли 1976 ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1981 онро бо тахассуси таърихчӣ, ҳуқуқшинос бомуваффақият хатм намудааст. Минбаъд З.А Давлатов ба кори наҷиби омӯзгорӣ машғул мешавад.

Соли 1993 Зубайдулло Давлатов чун омӯзгори варзида барои кор ба Шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор даъват мешавад ва ӯ ҳамчун мудир бо истифода аз таҷрибаи андӯхтааш дар беҳбуди вазъи таълиму тарбия дар мактабҳои ноҳия саҳмгузор мешавад. Баъдан, соли 1995 муовини Раиси Ҳукумати ноҳияи Фархор таъйин мешавад ва то соли 1998 дар ин мақом ифои вазифа кардааст.

Соли 1998 дар ҳаёти З.А. Давлатов марҳалаи тоза оғоз мешавад. Ӯро ба кор дар мақомоти амнияти давлатӣ даъват намуда баъдан ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб мекунанд ва то соли 2015 дар ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амният хидмат кардааст. Расидан то рутбаи баланди низомии полковникӣ худ гувоҳи хидмати содиқонаю вафодорона ва ҷиддию бомасъулияти вай дар ин ниҳод муҳим аст.

Мавсуф аз соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал чун сармутахассис ва аз моҳи июни соли 2017 то ба ҳол ба ҳайси муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ фаъолият дорад. Дар ин муддати на чандон зиёд кормандони Марказ вайро ҳамчун коршиноси варзида, ботаҷриба, масъулиятшинос ва сермаҳсул шинохтаанд.

Зубайдулло Давлатов шахсияти фурӯтан, хушмуошират, заҳматдӯст, вазифашинос ва сахтгиру ҷиддӣ мебошад. Кормандони Марказ умед доранд, ки Шумо Зубайдулло Давлатови муҳтарам минбаъд низ кору фаъолияти пурмаҳсули хеш ва таҷрибаи ғании худро дар самти таҳлилу таҳқиқи масоили гуногуни сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ идома дода, боз ҳам қуллаҳои баландтарро фатҳ мекунед ва саҳми шоистаи худро дар такмили ин риштаи муҳиму мубрами ҷомеа хоҳед гузошт. Дар ин рӯзи нек ба Шумо умри дарози бобаракат, сиҳатмандӣ, рӯзгори хушу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем.

60-СОЛАГӢ МУБОРАК!

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Директор  Х.Холиқназар