Асосӣ: Маркази матбуот МИЗИ ГИРД ТАҲТИ УНВОНИ “ ДАЪВАТИ КУҲАНСОЛОН БАРОИ ИСТИФОДАИ ДОНИШ, ИСТЕЪДОД ВА ТАҶРИБААШОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА”
+++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1235
mod_vvisit_counterДирӯз1827
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9849
mod_vvisit_counterДар ин моҳ35311
mod_vvisit_counterҲамагӣ1161748
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
26
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ТАҲТИ УНВОНИ “ ДАЪВАТИ КУҲАНСОЛОН БАРОИ ИСТИФОДАИ ДОНИШ, ИСТЕЪДОД ВА ТАҶРИБААШОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА”

16.10.2017

Рӯзи 14 октябри соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд ба муносибати Рӯзи байналмилалии куҳансолон таҳти унвони «Даъвати куҳансолон барои истифодаи дониш, истеъдод ва таҷрибаашон дар рушди ҷомеа» баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмиву амалӣ донишмандони соҳаи геронтологияи кишварамон, коршиносон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ ширкат доштанд. Ин нишасти илмию амалӣ ба муносибати даҳсолагии Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид ва фаъолияти ин созмон тайи ин солҳо мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифт.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии табрику муборак гуфта, таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун суннати неки ниёгонамон куҳансолон ҳам аз ҷониби фарзандону наздикон ва ҳам аз тарафи Ҳукумати кишварамон бо ғамхориҳои ҳаррӯза фаро гирифта шудаанд. Барои дар сатҳи баланди қонунгузорӣ ҳаллу фасл намудани мушкилоти куҳансолон моддаи 34-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 чунин тағйирот ворид карда шуд: “...Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд”. Масъалаи танзими ҳуқуқ ва вазифаи падару модарон ва фарзандон дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зикр гардидааст, вале он дар ин қонун ҳамчун уҳдадории яктарафа муқаррар нашуда, ҳар ду тарафи муносибатҳои ҳуқуқӣ – волидон ва фарзандонро дар бар гирифтааст.

Бояд тазаккур дод, ки барои ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ ҷалб намудани собиқадорони ҷангу меҳнат ва умуман пиронсолон дар шаҳру навоҳии кишварамон аз ҷониби созмонҳои ғайриҳукуматӣ бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбиру чорабиниҳои зиёде амалӣ карда мешаванд. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки куҳансолони кишвари мо худро дар ҷомеа танҳову нодаркор ҳис накунанд, ҳамеша бардаму тандуруст бошанд ва дар корҳои муфиди ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд.

Сипас дар назди ҳозирин директори Маркази тиббии шаҳри Душанбе Соҳибназар Раҳмонов ва ҳамоҳангсози Маркази геронтологияи Осиёи Марказӣ Валентина Солодова сухани табрикӣ гуфтанд ва зикр карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ куҳансолонро на ҳамчун омили сарборӣ, балки чун омили мусбат дар рушду пешрафти иҷтимоӣ меҳисобад. Мақом ва нақши куҳансолон ба таври возеҳу рӯшан аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дар баёнияи “Ҳаёти куҳансолонро фаъол менамоем” дарҷ гардида, дар 46-умин Ассемблеяи Генералии ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ 16 декабри соли 1991 қабул ва минбаъд такмил дода шуд.

Санади дигаре, ки аз ҷониби ин созмон қабул шуд, “Принсипҳои СММ нисбати куҳансолон” ном дорад ва тайи солҳои охир бисёр ҷанбаҳои он мавриди истифода қарор гирифтаанд, маҳз ба пиронсолӣ ҳамчун масъалаи глобалии ҷаҳони муосир бахшида шудааст. Зарурат ба қабули ин санад дар он аст, ки гарчанде дар чандин санади ҳуқуқии СММ ва баъзе созмонҳои дигари байналмилалӣ масъалаи ҳуқуқҳои куҳансолон баён гардида буданд, ҷузъиёти он ба мисли “Принсипҳои СММ нисбати куҳансолон” мушаххас дарҷ нагардида буд. Ҳадаф аз қабули ин санади муҳим, чӣ тавре дар оғози он омадааст: “Зиндагии парҷӯшу хурӯши куҳансолон таъмин карда шавад”. Аз ин рӯ, барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани фаъолияти куҳансолон ва дар таълиму тарбияи насли наврас истифода бурдани таҷриба ва дониши андӯхтаи онҳо кӯшишу талоши бештар мебояд кард.

Баъдан дотсенти кафедраи Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибини Сино, номзади илмҳои тиб Насиба Меликова дар мавзӯи “Хусусиятҳои равонии куҳансолон” ва директори Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ, номзади илмҳои тиб Саодат Камолова дар мавзӯи “Таҳлили фаъолияти Маркази куҳансолон” маърӯза намуданд.

Дар музокира донишманди маъруфи дорушиноси тоҷик, доктори илмҳои тибб, профессор, академик Юсуф Нуралиев, хабарнигори рӯзномаи “Минбари халқ” Ҳуринисо Ализода, муҳаррири радиои “Садои Душанбе” Абдувалӣ Сабурӣ, корманди намоядагии Созмони Тандурустии Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон доктор Сатиш Мишра ба сухан баромада, фикру андешаҳои ҷолибу судманд баён намуданд.

Дар охир Мизи гирдро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиши илмию амалӣ дар дар сатҳи баланди ташкилӣ, рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

 

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон