Асосӣ: Сиёсати дохилӣ МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ВАТАНПАРАСТӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН: ВАЗЪ ВА ДУРНАМО
+++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз334
mod_vvisit_counterДирӯз1407
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3179
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26830
mod_vvisit_counterҲамагӣ937942
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ВАТАНПАРАСТӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН: ВАЗЪ ВА ДУРНАМО

16.10.2017

(тезисҳои суханронӣ)

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» идомаи мантиқии стратегияи Ҳукумати кишвар дар самти татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Дар «Соли ҷавонон»баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ду паҳлӯи мусбат дорад: якум, барои шинохти зарфиятҳои муосир, ки дар татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат мекунад ва дуюм, барои муайян намудан ва таҳияи роҳҳалҳо дар самти мушкилоти муосири ҷавонон шароит ба вуҷуд меорад, ки дар умум барои суботу амнияти давлат ва рушди устувори ҷомеа бисёр муҳим аст.

1. Ватанпарастӣ аз омилҳои муҳими тақвияти давлатдории миллӣ ба шумор меравад ва сатҳи устувории он барои таъмини суботу амният ва рушди устувори кишвар таъсири мусбат мерасонад. Густариши эҳсоси ватанпарастӣ дар байни ҷавонон бо истифода аз абзорҳои гуногун амалӣ карда мешавад, ки яке аз муҳимтаринаш ин фазои иттилоотӣ мебошад.

2. Дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ воситаҳои таъсир ё самт додани афкори ҷамъиятӣ хусусияти комилан дигарро касб намудааст. Таҳлили шароити кунунӣ дар асоси мавҷудияти абзор ва имкониятҳои имрӯзаи иттилоотию технологӣ бинобар сабаби фаъол гардидани ҷомеа мушкилоти муайянро ба вуҷуд меорад.

Бинобар ин, аз масъалаҳои усулии давлатдорӣ дар шароити имрӯза мудирият ва шакл додани авлавиятҳои шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватанпарастӣ аст.

3. Зерсохтори лозимаи шаклдиҳандаи рӯҳияи ватанпарастӣ дар байни ҷавонон имрӯз дар кишвар ба вуҷуд оварда шудааст. Масъалаи усулӣ ин такмил ва ба таҳдидҳои муосир ҷавобгӯ намудани онҳо мебошад. Тавре маълум аст, рушди афкори давлатмеҳвар, ки дар умум барои ватанпарастии ҷавонон мусоидат мекунад, тариқи унсурҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Дар ин самт, баъзе нозукиҳои хос вуҷуд доранд, ки ба назар гирифтани онҳо ба мақсад мувофиқ аст:

Якум, рушди эҳсоси ватанпарастӣ дар байни ҷавонон раванди дурудароз буда, мутобиқи ҳуҷҷатҳои стратегию консептуалии қабулшудаи давлатӣ дар амал татбиқ карда мешавад. Аз ин рӯ, худи муаррифии Консепсияи сиёсати давлатии ҷавонон ва Стретегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020 дар байни ҷавонону наврасон аз аҳамият холӣ нест. Зеро дар ин ҳуҷҷатҳо сиёсати давлатии ҷавонон ба таври усулӣ муаррифӣ карда шудаанд.

Дуюм, барои қавӣ намудани эҳсоси ватанпарастӣ махсусан муҳим аст, ки продуктҳои интеллектуалӣ барои ҷавонон пешниҳод шавад. Зеро дар ҷаҳони муосир бинобар сабаби густариши ҷомеаи иттилоотӣ имкони таъсир ба афкори қишрҳои гуногун ба назар мерасад. Аз ин рӯ, продуктҳои интеллектуалӣ пеш аз ҳама барои ташаккули масунияти табиӣ нисбат ба ғояҳои бегона ва умуман падидаҳои номатлуб нақш бозида метавонад.

Сеюм, истифодаи абзорҳои муосири шуурофар ниҳоят муҳим аст. Имрӯз лозим ба назар мерасад, ки дар шакл додани афкори сиёсӣ ва умумун эҳсоси ватанпарастии ҷавонон маводҳои аудиовизуалӣ ва аниматсионӣ васеъ истифода шаванд. Барои қавӣ намудани эҳсоси ватанпарастии ҷавонон махсусан муҳим аст, ки барои қишрҳои гуногуни насли ҷавон чунин продуктҳо офарида шаванд, ки аз синни кӯдакӣ ифтихор аз Ватану миллатро дар қалби онҳо ба вуҷуд орад.

Дар ин самт, бо истифода аз хазинаи бузурги маърифатии миллат таҳияи силсилаи мултфилмҳо барои кӯдакони синни то мактабӣ, наврасон ва ҷавонон аз рӯи достонҳои Шоҳнома (барои боло бурдани эҳсоси ватанпарастӣ, хусусан дар симои Каюмарс, Ҳушанг, Коваи оҳангар, Рустам, Исфандиёр, Сиёвуш), зиндагии Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Берунӣ ва ғайра (барои ҷалби ҷавонон ба илму ихтироот), қаҳрамониҳои Муқанна, Темурмалик, Восеъ ва ғайра (барои ҳифзи марзу бум) аз аҳамият холӣ нест.

Чорум, барои ба таври систематикӣ рушд додани эҳсоси ватанпарастии ҷавонон ба мақсад мувофиқ аст, ки платформаи қавии ҷавонон дар фазои иттилоотӣ ба вуҷуд оварда шавад, ки дар онҳо эҳсоси ватанпарастӣ бо истифода аз маводҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ шакл ва тақвият ёбад.

Панҷум, ташкил ва баргузории форумҳои гуногуни ҷавонони минтақаҳои кишвар низ дар ин самт муҳим арзёбӣ мегардад ва ҷалби донишҷӯёни ватании дар хориҷ таҳсил мекарда низ аз аҳамият холӣ нест. Чунин таҷриба дар давлатҳои гуногун ба назар расида, пеш аз ҳама барои шакл додани масъулиятшиносии ҷавонон нигаронида шудааст.

Пешвои миллат пайваста дар самти ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ боло бурдани зиракии сиёсиро зикр мекунанд. Аз ин рӯ, ташкили чунин чорибиниҳо барои худшиносӣ, давлатмеҳварӣ ва ватанпарастии ҷавонон мусоидат мекунад. Хусусияти асосии ин чорабинҳо – аз тариқи озмун интихоб шудани иштирокчиён мебошад, ки ҳар кадоми онҳо зарурати ширкати худро асоснок менамоянд ва нафъи онро барои ояндаи худ ташхис мекунанд.

Шашум, барои густариши ватанпарастӣ дар байни ҷавонон таъсисёфтани Бунёди махсус барои маблағ гузории тадқиқотҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон аз аҳамият холӣ нест. Омӯхтани таҷрибаи минтақаҳои кишвар, муаррифии ғояҳои муосир ва иқдомҳо дар самти таҳияи роҳҳалҳо оид ба мушкилоти мавҷудаи ҷавонон аз ҷониби худи ҷавонон низ ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ҳафтум, мусоидат барои воридшудани ҷавонон ба сиёсат тариқи абзорҳои расмию қонунӣ низ аз аҳамият холӣ нест. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои ғайриқонунӣ бо истифода аз зарфияти ҷавонон мехоҳанд фаъолияти худро тақвият бахшанд. Аз ин рӯ, боз ҳам қавӣ намудани фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, созмони ҷамъиятии «Созандагони Ватан» дар минтақаҳои кишвар ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар умум, густариши асоси ватан парастӣ ба ҳайси масунияти табиӣ нисбат ба ғояҳои бегона баромад намуда, барои тақвияти сармояи дунявӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Ташаккур!!!

Конфронси ҷумҳуриявии “Мо, ҷавонон, бо Пешвои худ ифтихор дорем” //дар доираи Роҳи Ваҳдат-2017

 

Шералӣ РИЗОЁН, Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии

сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.