Асосӣ: Маркази матбуот ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИЮ МЕТОДИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
+++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз330
mod_vvisit_counterДирӯз1407
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3175
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26826
mod_vvisit_counterҲамагӣ937938
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИЮ МЕТОДИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дирӯз, 12 октябри соли 2017, ҷаласаи навбатии Шӯрои илмию методии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Нишасти илмиро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, таъкид намуд, ки ҷаласаҳои Шӯрои илмию методӣ одатан барои муҳокимаи ҳисоботи илмии раёсатҳои Марказ моҳҳои июл ва октябр баргузор мегарданд. Дар ҷаласаҳои Шӯрои илмию методӣ дараҷаи анҷомёбиии корҳои илмию тадқиқотӣ ва сифати онҳо арзёбӣ шуда, ислоҳи эродҳои аз тарафи тақриздиҳандагон дар нимсолаи аввал гирифташуда санҷида мешавад.

Сипас раиси Шӯрои илмию методӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Фарида Муминова ҷаласаи кориро оғоз бахшида, ба сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ Хуршед Додихудоев сухан вогузор намуд. Вай дар мавзӯи “Омӯзиш ва таҳлили вазъи кунунии амнияти минтақавӣ, муайян кардани самтҳои муҳимтарини таъмини амнияти минтақав” маърӯза кард. Баъдан муқарриз ва иштирокчиёни ҷаласа дар бораи бурду бохти фаъолияти илмиву тадқиқотии Раёсати мазкур тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ фикру андешаҳои муфид баён намуданд. Таъкид шуд, ки кори илмию тадқиқотӣ дар сатҳи баланди илмию назариявӣ ва амалию сиёсӣ анҷом дода шудааст. Хусусан, дар замони муосир ва ба сабаби боз ҳам дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтани масъалаи амният, аҳамияти ин мавзӯъ дучанд гаштааст.

Ҳамин тавр, ҳисоботи илмию тадқиқотии пешниҳодкардаи Раёсати омӯзиши масъалаи амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як кори анҷомшуда буда, бо назардошти тавсияҳое, ки дар тақриз оварда шуданд, ҳамчун ҳисоботи солонаи илмию тадқиқотӣ пазируфтани он имконпазир аст. Хусусан, бо дарназардошти он, ки ҳисоботи илмию тадқиқотӣ фақат бахши андаке аз корҳои раёсатҳои Марказро ташкил карда, неруи асосии мутахассисони раёсатҳо ба анҷоми корҳои таҳлилии берун аз корҳои нақшавии илмию тадқиқотӣ сафарбар шудааст, пазируфтани ин гузориш ҳамчун бахше аз фаъолияти солонаи кормандони раёсат мувофиқи мақсад дониста шуд.

Сипас сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ Абдураҳмон Қурбонов фаъолияти илмиву тадқиқотии Раёсатро тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар мавзӯи “Амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувор” гузориш дод. Муқарриз ва ҳозирини ҷаласа роҷеъ ба ҳусну қубҳи фаъолияти илмию тадқиқотии Раёсати номбурда сухан ронда, аз ҷумла қайд карданд, ки проблемаи амнияти иҷтимоӣ ҳамеша дар маркази диққати мақомоти давлатӣ қарор дорад, зеро осудагии зиндагии мардум, некӯаҳволии шаҳрвандон, солимии аҳли ҷомеа заминаи асосии пойдории сохти маъмурии ҳар як мамлакат мебошад.

Кори илмӣ аз сарсухан, панҷ боб, рӯйхати адабиёт ва хулоса иборат буда, соҳаҳои шуғли аҳолӣ, маориф, муҳоҷират, тандурустӣ, нафақа ва ҳифзи иҷтимоиро фаро гирифтааст.Кормандони Раёсат вобаста ба тақсимоти вазифавиашон бобҳои алоҳидаро таҳия карда, саъю кӯшиш намудаанд, ки вазъи соҳа ва таъмини амнияти онро аз нигоҳи тахассусӣ ва илмӣ объективона тадқиқ кунанд, нуқтаи назари худро нисбати онҳо баён намоянд. Дар кори тадқиқотӣ хеле дуруст қайд карда шудааст, ки мушкилоти амнияти иҷтимоӣ дар қатори дигар самтҳои сиёсати давлат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Аз ин рӯ, вобаста ба равандҳои ҷаҳони муосир ва дигаргуниҳое, ки ҳаёти иҷтимоии ҷумҳурии моро фаро мегиранд, таҳлилу арзёбии ин масъала боз ҳам аҳамияти муҳимтар пайдо менамояд. Тадқиқ ва пажӯҳиши ин масъала барои кишварамон як мавзӯи нав ба шумор меравад, бинобар ин, бо сабаби кам будани адабиёти илмӣ дар ин мавзӯъ барои муҳаққиқони ҷавон баъзе мушкилиҳо пеш омаданд.

Тадқиқот аз ҷониби муаллифони гуногун навишта шуда бошад ҳам, вале эҳсос мегардад, ки тамоми матн хеле бодиққатона бо таваҷҷуҳ ва ҳавсалаи зиёд таҳрир ва такмил гардидааст. Он бо забони соф илмию тадқиқотӣ навишта шудааст, муҳокимарониҳо хеле амиқу тахассусӣ, ҷумлаҳо аз ҷиҳати мазмуну мантиқ ва андешаронӣ ба ҳам пайваст буда, дар онҳо масъалаҳои баррасишаванда, вазифаҳо ва навовариҳо, проблемаҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо батариҷ, пайваста дар асоси қиёсу муқоисаҳо зикр гардидаанд. Ҳамаи он ҳусни баён ва пешниҳоди масъалаҳои баррасишаванда ҳам дар муқаддима ва ҳам дар бобҳои он дар ҷараёни таҳлили назариявӣ ва амалии масъалаи амнияти иҷтимоии мамлакат идома ёфтааст.

Навоварии кори илмии тадқиқотӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки таҳлили рушди соҳаи иҷтимоӣ дар робита бо ҷанбаҳои амниятии он дар доираи ҳуҷҷатҳои стратегию барномавӣ бо дарназардошти шароити имрӯзаи кишвар мавриди тадқиқ ва омӯзиш қарор дода шудааст.

Муқарризон ва музокирачиён дар радифи аҳамият ва арзиши кори илмию тадқиқотии анҷомдодаи раёсатҳои номбурда камбудиву норасоиҳоро низ гуфта гузаштанд ва барои боз ҳам беҳтар гардидани он тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Ҷаласаи Шӯрои илмию методиро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулулло Сафаров ва муовини директори Марказ Фарида Муминова ҷамъбаст намуда, натиҷагирӣ карданд ва барои боз дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ дастуру тавсияҳо ироа намуданд.

Маркази матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон