Асосӣ: Маркази матбуот МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Тоҷикистон-2030: таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеъмоли ғизо»
+++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз328
mod_vvisit_counterДирӯз1407
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3173
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26824
mod_vvisit_counterҲамагӣ937936
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Тоҷикистон-2030: таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеъмоли ғизо»

09.10.2017

Рӯзи 6 октябри соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи «Тоҷикистон-2030: таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеъмоли ғизо” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони риштаи иқтисод, коршиносони варзида ва рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова кушода, зимни суханронии худ аҳамияти мубрами мавзӯи таъмини амнияти озуқаворӣ ва мушкилоти ғизо, мушкилоти мавҷуда ин ин соҳа ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо дар пешрафти иқтисодии кишварамон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардумро таъкид намуд.

Ҳамин тавр, нишасти якуми Мизи гирд ба кори худ шурӯъ кард. Дар назди ҳозирин директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Пиризода дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Назарзода дар мавзӯи “Амнияти озуқаворӣ”, намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Т. Гулов дар мавзӯи “Нақши об дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисод, профессор И.С.Ашӯров дар мавзӯи “Асоснок намудани меъёрҳо ва арзиши мизони амнияти озуқаворӣ” ва доктори илмҳои иқтисод, профессор А. Рауфӣ дар мавзӯи “Таъмини нақлиётии амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд. Баъдан пиромуни маърӯзаҳо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳозирин роҷеъ ба мавзӯъҳои матраҳшуда фикру андешаҳои ҷолиб изҳор намуданд.

Нишасти дуюми ҳамоишро Наҷмиддин Шоҳинбодов барандагӣ кард. Иштирокчиёни Мизи гирд суханрониҳои намояндаи Барномаи Дастгирии Иҷтимоии Рушди Минтақаҳои Кӯҳистони Бунёди Оғохон А. Зеваршоевро дар мавзӯи “Саҳми Барномаи Дастгирии Иҷтимоии Рушди Минтақаҳои Кӯҳистон дар таҳкими амнияти озуқаворӣ”, раиси кооперативи “Сароб” М.Муминовро дар мавзӯи “Нақши навовариҳои кишоварзӣ баҳри расидан ба амнияти озуқаворӣ”, директори Маркази таълимии “Агроинвестбонк”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Шариповро дар мавзӯи “Баҳогузории усулҳои дастгирии молиявии рушди Комплекси Агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо рағбати зиёд шуниданд ва пиромуни маърӯзаҳо андешаҳои судманд баён намуданд.

Мизи гирдро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар сатҳи баланди ташкилӣ, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон