Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНШАВӢ
+++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз330
mod_vvisit_counterДирӯз1407
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3175
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26826
mod_vvisit_counterҲамагӣ937938
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНШАВӢ

БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

05.10.2017 Маълуми ҳамагон аст, ки аз охири қарни бист ва оғози қарни бистуяк раванди глобалитзатсия ё худ ҷаҳонишавӣ дар арсаи дунё шурӯъ гардида, имрӯзҳо босуръат идома дорад. Ҷаҳонишавӣ ё ҷаҳонисозӣ тарҷумаи тоҷикии калимаи англисии «глобализейшен» аст, ки тибқи ин истилоҳ тамоми ҷаҳон дар як сохтор қарор гирифта ва аз як марказ идора карда мешавад. Ё ин ки ба ибораи дигар бигӯем, ҷаҳонишавӣ ин аст, ки давлатҳои абарқудрат аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ, низомиву иттилоотӣ ба ҳам иртиботи сахти муштарак пайдо карда, ҷаҳонро дар қабзаи ҳукмронии хеш медароранд. Ин давлатҳо ба ҳам иттиҳод баста, мехоҳанд, ки тамоми сарватҳои моддиву маънавии дунёро дар ихтиёр дошта бошанд ва кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф ва ақибмондаро зери истисмори худ гирифта, ҳарчи бештар ғорат кунанд ва халқҳои мазкурро ба ғуломони ҳалқабаргӯши худ табдил диҳанд. Ба ибораи дигар, ҷаҳонишавӣ сиёсати навмустамликадории (неоколониализми) ҷаҳони Ғарб аст, ки мехоҳад бо ҳама тарзу воситаҳои маъмулӣ ва ғайримаъмулӣ ва ҳатто бо роҳи зӯру хушунат ва таҷовузу саркӯбӣ ҳадафҳои худро ҷомаи амал пӯшонад. Аз ҳамин ҷост, ки яке аз донишмандони маъруфи замони муосир, доктор Наҷиби Ғазовӣ ҷаҳонишавиро як навъ империя ё худ

хилофати ҷаҳонии олами сармоя номидааст. Ӯ менависад: «Ҷаҳонисозӣ империяест, ки мехоҳад бо зӯрӣ назму равишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро ба дигарон таҳмил кунад».

Пас чӣ бояд кард? Оё мо метавонем, ки худро аз ин раванди номатлуб канора гирем? Агар шомили ин раванд нагардем, чӣ оқибатҳое кишвар ва мардуми моро интизор аст? Агар ба раванди ҷаҳонишавӣ ҳамроҳ гардем, пас мо ҳувият, арзишҳои милливу мазҳабии худро ҳифз карда метавонем? Ҳамаи ин суолҳо дар пешорӯйи мо истодаанд ва посухи мушаххас мехоҳанд.

Бояд гуфт, ки дар қарни ХХ ҳангоми вуҷуд доштани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳони сотсиализм дар қиболи ҷаҳони сармоядорӣ ва империализм бо қудрати азими иқтисодӣ ва низомии худ истодагарӣ мекард ва ба ин васила дар дунё як навъ мувозинат пойдору устувор шуда, ҷаҳон чандқутбӣ гардида буд. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва заволи системаи сотсиализм ҷаҳон якқутбӣ гардид ва ИМА чун давлати абарқудрат зимоми дунёро ба даст гирифта, имрӯз ба таври дилхоҳ ҳукмфармоӣ дорад. Дигар мамолике, ки дар баробари Амрико аз ҷиҳати қудрати иқтисодиву низомӣ сусту заифанд, ба хушомадгӯён ва чоплусони ин абарқудрати ҷаҳон табдил ёфтаанд ва таҳти мусиқии сиёсати вай мерақсанд. Имрӯз ИМА ва иттифоқчиёнаш пас аз ҳодисаи мудҳиши 11 сентябри соли 2001, ки худи онҳо тарроҳӣ ва амалӣ намуда буданд, бо баҳонаи мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ сари мамолики дигар, бахусус кишварҳои мусалмоннишин фишор меоваранд ва амалиёти низомӣ пиёда месозанд. Собиқ президенти ИМА Ҷорҷ Буш ин иқдомоти худро рӯшоду ошкор юриши салибӣ алайҳи ҷаҳони ислом номид. ИМА ва иттифоқчиёнаш ба мақсади пурзӯр намудани нуфузи сиёсӣ ва низомии хеш дар Шарқи исломӣ бо баҳонаи мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ҷорӣ кардани демократия ва озодӣ ба сарзамини Афғонистон, Ироқ, Сурия, Либия лашкар кашиданд, ки дар натиҷа ҳазорон нафар мардумони бегуноҳ қатли ом ва садҳо шаҳру деҳи обод ба хок яксон карда шуд. Мутаассифона, имрӯз ҳам дар ин кишварҳо ҷангу таҷовуз ва хунрезиву ғоратгарӣ идома дорад.

Солҳои охир як зумра давлатҳои ҷаҳон, аз қабили Русия ва Чин кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки иттиҳоди сиёсиву низомиеро ба вуҷуд биёранд ва аз лиҳози иқтисодиву низомӣ ба ИМА ва иттифоқчиёнаш баробарӣ намоянд. Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҳамин қабил иттиҳод аст, агарчи ҳоло паёмади он ба таври мушаххас маълум нест. Бо вуҷуди ин, гуфта метавонем, ки як идда мамолики Ғарбу Шарқ сиёсати муғризона ва хушунатомези ИМА ва иттифоқчиёнашро хеле хуб дарк намудаанд ва дар садади онанд, ки бо роҳҳои гуногун ба сардамдорони ҷаҳонишавӣ муқобилат намоянд. Шояд бо гузашти айём ба ин ҳадаф ноил гарданд ва боз ҷаҳон бисёрқутбӣ гардад.

Вале имрӯз мусаллам аст, ки давлатҳое, ки зимоми ҷаҳонишавиро дар даст доранд, ба якборагӣ ба пешрафтҳои азими иқтисодиву низомӣ ноил шуда, мамолики дигари ақибмондаву заиф боз ҳам ақибмондатар ва бечоратар мегарданд. Аҷобаташ ин аст, ки кишварҳои ба истилоҳ «ҷаҳони дуюм ва сеюм» агар хоҳанд, ки ба раванди ҷаҳонишавӣ ҳамроҳ гарданд, давлатҳои абарқудрат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки тавассути сиёсати маккоронаи дугона дар ин роҳ мушкилот ва монеаҳои зиёд эҷод намоянд, то ки онҳо чун манбаи арзони ашёи хом ва нерӯи корӣ боқӣ бимонанд. Аз ҳамин ҷост, ки ба мамолики мазкур аз рӯйи шартҳои душвору миёншикан ба василаи бонкҳо ва ниҳодҳои пулии байналмилалӣ қарз медиҳанду онҳоро ба буҳрони шадиди фақру қашшоқӣ ва нодорӣ гирифтор месозанд. Дар ин маврид доктор Наима Шумон дуруст қайд кардааст: «Дар сояи ҷаҳонишавӣ кишварҳои фақир на фақат истиқлоли сиёсии худро аз даст медиҳанд, балки дар ниҳоят тавқи ғуломӣ бар гардан мениҳанд. Дар партави ин назм кишварҳои фақир то гулӯ дар гирдоби қарзҳои кишварҳои сарватманд меғӯтанд».

Агар масоили сиёсиву иқтисодиро дар раванди ҷаҳонишавӣ бигузорем ва ба тақдири арзишҳои миллӣ дар ин раванд рӯ биёрем, бояд бигӯем, ки ҷаҳонишавӣ ба забону адабиёт, фарҳанг ва маънавиёти халқҳои мазлуми кишварҳои ҷаҳони дуюм ва сеюм хатари бузургеро пеш меоварад, зеро барои глобализатсия ё худ ҷаҳонишавӣ навъҳои гуногуни тамаддуну фарҳанг, маърифату маънавиёт лозим нест. Ҷаҳонишавӣ якрангӣ, саҳеҳтараш берангиро мепарварад. Аз ин рӯ, кишварҳое ки ба раванди ҷаҳонишавӣ пайвастаанд ва мепайванданд, бояд ботадриҷ аз «бори гарон»-и худ: ҳувияту асолати миллӣ, дину фарҳанг, забону суннатҳои мардумии худ ҳарчи тезтар халос гарданд. Дар натиҷа дар ҷомеаи ин кишварҳо афроди беҳувият ва бебандуборе ба вуҷуд меоянд, ки барои онҳо ҳеҷ гуна муқаддасоти миллӣ, динӣ ва ахлоқӣ вуҷуд надорад. Ин гуна ашхосро нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов манкурт ва худи ин падидаи номатлубро дар ҷомеа манкуртизм номидааст. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ мехостанд, ки чунин навъи афродро ба вуҷуд оваранд, вале хушбахтона, тирашон хок хӯрд. Инак, эстафетаро ҷаҳонишавиён, яъне империалистони навбаромад ба даст гирифтаанд ва мехоҳанд дар тамоми мамолики дунё манкуртҳоро чун махлуқони навбаромад–«монстрҳо» ба воя расонанд ва ҳокими абарқудрати замину замон созанд. Ҳол он ки онҳо бехабаранд, ки ин ҷаҳони нопайдоканор соҳиби тавоно дорад ва дар тӯли таърихи дуру дароз гардани ҳазорон фиръавну намрудҳоро, ки даъвои худоӣ доштанд, шикаста, нақшаҳои нопоки онҳоро нақше ба об кардааст.

Акнун меоем сари ҳифзи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ. Барои мисол забонҳои миллиро мегирем.

Дар давраи ҷаҳонишавӣ тақдири забонҳои миллӣ чӣ мешавад? Ин саволест, ки ҳар як инсони соҳибдил ва соҳибмаърифатро ба ташвиш овардааст.

Дар робита ба ин мавзӯъ бояд гуфт, ки яке аз рукнҳои асосии тамаддуни миллии тоҷикон ва форсизабонон забони модариамон ба шумор меравад, ки дар таърих бо унвони «порсӣ», «порсии дарӣ» ё худ «дарӣ» ва ба истилоҳи забоншиносӣ бо номи «форсии нав» ёд мешавад, ки он асосан дар қарнҳои нуҳ ва даҳи милодӣ, ҳангоми ҳукмронии сулолаҳои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён ташаккул ёфт ва рушду нумӯ кард. Забони форсии нав дар тӯли асрҳои зиёд чун забони дуюми тамаддуни исломӣ дар Шарқу Ғарб хизмат кард ва бо ин забон осори зиёди улуми нақлӣ ва ақлӣ ба вуҷуд оварда шуд.

Аз байни истеъмогарони ғарбӣ нахустин шуда англисҳо амали ноҷавонмардонаеро дар ҳаққи забони форсӣ ва тамаддуни исломӣ дар оғози қарни нуздаҳуми милодӣ анҷом доданд. Вақте онҳо қадами наҳси худро ба сарзамини Ҳинд гузоштанд, аввалин кореро анҷом доданд, барандохтани форсӣ аз маснади забони давлатӣ буд. Соли 1836 милодӣ ширкати англисии мустамликадори «Ост-Индия» қарор қабул кард, ки забони расмии давлати Ҳиндустон забонҳои англисӣ ва ҳиндии қадим (санскрит) мебошад. Англисҳо бо ин амали муғризонаи худ теша ба решаи забони форсӣ заданд ва оқибат забоне, ки тайи қарнҳои зиёд забони давлатӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон ба шумор мерафт, аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии мардуми ин сарзамини бостонӣ барканор намуданд. Оқибат бар асари фитна ва тавтиаи мустамликадорони англис давлати паҳновари Ҳинд ба се давлати мустақил: Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш тақсим шуд ва мулки зебоманзари Кашмир, ки аз замонҳои қадим чун «Эрони Сағир» шуҳрат дошт, барои низои байни мусалмон ва ҳиндувон боқӣ гузошта шуд, ки то ба имрӯз сари он хунрезӣ ва кашмакаш идома дорад.

Дар Осиёи Марказӣ ин корро дар ҳаққи забони забони тоҷикӣ мустамликадорони Русияи подшоҳӣ карданд. Сиёсатмадорони рус баъди ба даст овардани қисми зиёди сарзамини Осиёи Марказӣ давлати хонии Хӯқандро аз байн бурда, бо ғасб намудани шаҳри Дизак (Ҷиззах), Самарқанд ва саргаҳи Зарафшони Суғд генерал-губернатории Туркистонро соли 1870 милодӣ таъсис доданд. Ба мақсади сусту заиф кардани тамаддуни бо истилоҳи шарқшиносони тоинқилобии рус «форсӣ-арабӣ-мусалмонӣ» нахустин зарбаро ба решаи забони тоҷикӣ заданд ва ин забонро аз умури давлатдорӣ берун карданд ва ба ҷойи он забонҳои русӣ ва туркии чағатоиро забони расмии давлатии минтақаи таҳти тасарруфашон қарор доданд. Ба ин кор маъмурони русро олимони шарқшиноси яҳудитабор таҳрик медоданд. Пантуркизм дар Осиёи Миёна аз ҳамин давра бо дастгирӣ ва пуштибонии амалдорони рус ва аврупоӣ дар ҷомеа реша медавонид. Академик В.В.Радлов дар ин маврид ба мустамликадорони рус чунин тавсия медод: «Чунин аст шароити ҳаёти маънавии мардум (халқҳои Осиёи Миёнаро дар назар дорад - Қ.С.). Мо муборизаи ду унсур: халқии туркӣ ва форсӣ-арабӣ-мусалмониро мебинем. Мутаассифона, унсури охир боло гирифтааст ва пешрафти мардумро ба қафо мекашад. Пешравӣ дар ин маврид дар сурате имконпазир мегардад, ки агар унсури туркӣ аз ҷониби тамаддуни аврупоӣ кумак гирад ва ба бартарияти мусалмонон латма ворид созад. Дар ҳоли ҳозир, ки дар даштҳо ҳоло ҳам рӯҳия қавист, ин корро бидуни душворӣ анҷом додан мумкин аст, вале ҳатман ва ба таври фаврӣ бояд ёрӣ расонида шавад» (ниг.В.В.Радлов.Аз Сибир. Маскав: Саридораи адабиёти Шарқ, 1989, саҳ. 567.

Баъдтар пас аз пирӯзии Инқилоби Бухоро ва Октябр болшевикони рус бо ҳамдастии як зумра ҷадидони пантуркисти Осиёи Марказӣ, ки дар Туркия ва дигар мамолики Аврупо таҳсил намуда буданд, забони форсии тоҷикиро дар гаҳвораи худ–Бухорои Шариф аз тахт барандохтанд. Онҳо бо ин амали муғризона тоҷиконро аз марказҳои бузурги тамаддуни худ: Бухоро ва Самарқанд маҳрум сохтанд ва дар гӯшаи аз ҳама нообод ва ақибмондаи аморат–Бухорои Шарқӣ Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистонро дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ва пойтахти онро деҳаи ноободи Душанбе қарор доданд. Қаламрави забони тоҷикӣ, ки аз соҳили баҳри Хазар (Каспий) то Кошғари Чин ва уқёнуси Ҳинд тӯл мекашид, дар як гӯшаи хурдакаки кӯҳистон–Тоҷикистон маҳдуд гардонида шуд. Боиси хушнудист, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва иқдомоти наҷиби Пешвои мииллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сари нав забони форсии тоҷикӣ дар Тоҷикистон мақоми давлатӣ гирифт ва рушду нумӯи тоза пайдо намуд. Корҳои муфид, тадбиру чораҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби мақоми давлатӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардиданд, тайи 70 соли Ҳокимияти Шӯравӣ дар амал татбиқ нашуда буданд. Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо тамоми шароитҳои мусоид барои рушду равнақи забони давлатӣ муҳайё гардидааст, ки ба ҳамагон аён аст ва ҳоҷат ба шарҳу баён нест.

Бояд як нуктаро таъкид кард, ки бар асари сиёсати пантуркистон ва ҳомиёни онҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ аксар тоҷикон ва форсизабонон дар қарни бисти милодӣ ба таври иҷборӣ ба ақвоми турктабор, бахусус ӯзбекон махлут гардонида шуданд ва мутаассифона, ин амали номатлуб баъди истиқлолият пайдо кардани Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз пеш вусъати тоза пайдо кард. Бояд гуфт, ки баъди сари кор омадани Президенти нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баъзе тадбирҳои мусбат дар ин ҷода амалӣ гардида истодаанд, ки боиси умедворист.

Чуноне қайд кардем, забони форсӣ беш аз панҷсад сол империяи паҳновари Усмониён (Туркияи Усмонӣ) забони давлатӣ ва илмиву фарҳангӣ ба шумор мерафт. Ин забонро низ истеъморгарони мамолики Ғарб ба василаи сари қудрат овардани дастпарвари худ–Камол Мустафо Отатурк соли 1922 дар қатори расмулхатти ниёгон (алифбои форсӣ, арабӣ) аз байн бурданд. Ҳол он ки тавассути давлати Усмониён забони ширини модарии мо то Мисру Фаластин, нимҷазираи Балкан, Қрим, Бошқирдистону Тотористон густариш ёфта буд ва ҳавзаҳои пурқуввати илму адаби форсӣ ба вуҷуд омада буданд, мутаассифона, дар қарни бисти милодӣ аз байн бурда шуданд.

Дар пешбурди ин сиёсат ҳамсояи бузурги мо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар канор намонд, зеро дар мулки Кошғар, ки онро «Бухорои Хурд» меномиданд, аз замонҳои қадим тоҷикон аз нуфузи калон бархӯрдор буданд ва дар ҳама ҷунбишҳои милливу озодихоҳӣ ва мазҳабӣ мақоми сарвариро ба уҳда доштанд. Ба хотир биёрем, асосгузори давлати Ҳафтшаҳр – Яқуббеки Бадавлати тоҷикро, ки соли 1865 милодӣ давлати худро таъсис дода, забони расмии онро форсии тоҷикӣ эълон намуда буд. Ин давлати тоҷикбунёд ҳамагӣ чордаҳ сол арзи вуҷуд карда, бо дахолати абарқудратони давр аз байн бурда шуд. Азбаски ҳомилони асосии дини ислом ва сарварони ҳама ҷунбишҳои милливу озодихоҳӣ дар мулки Қошғар пеш аз ҳама тоҷикон ва форсизабонон буданд, бинобар ин, забони форсиро дар ин минтақа ба ҳар васила аз байн бурда шуд ва тоҷикону форсизабонон бо дигар ақвоми туркнажоди мусалмон, пеш аз ҳама, уйғурҳо махлут гашт. Аз ҳамин ҷост, ки тамоми тоҷикон ва форсизабони Кошғар имрӯзҳо дар мактабҳо ба забони туркии уйғурӣ таҳсил мекунанд. Агарчи то ба имрӯз як қисм сокинони Кошғар худро тоҷик меноманд, вале аз сабаби надонистани забони модарӣ ҳувият ва асолати миллии худро беш аз пеш аз даст дода истодаанд ва дур нест, ки онҳо ба миллати турктабори уйғур комилан махлут гарданд.

Истеъморгарони Ғарб беш аз як аср сиёсати зиддифорсии худро дар Афғонистон пиёда карданианд. Хушбахтона, то ба имрӯз онҳо ба ин кор муваффақ нагардидаанд, зеро дар он сарзамин ҳоло ҳам тамаддун ва ҳувияти тоҷикӣ устувор ва қудратманд аст, вале имрӯз, ки Афғонистон зери тасаллути неруҳои низомии ИМА, Британия ва иттифоқчиёни онҳост, дур нест, ки идеологони Ғарб ба мақсади сусту заиф намудани нуфузи дини ислом дар минтақа ин амали номатлубро ҷомаи амал пӯшонанд.

Дар урфияти тоҷикӣ мегӯянд: «то бад нагӯйӣ, нек пеш наояд». Бояд дар хотир дорем, ки алҳол дар замони ҷаҳонишавӣ низоми ҷаҳондорӣ дар олам якқутбӣ гардидааст ва бадбахтона, пештози демократияи ғарбӣ–ИМА мехоҳад сиёсати гегемонистӣ ва истеъмории худро дар мамолики Шарқ ҷорӣ созад, пурра муқобили тамаддуни форсизабонон мебошад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мақом ва манзалати тамаддуни ориёиро дар Шарқ торафт поин фароварда, оқибат ба нестӣ расонад. Инро ҳар як рӯшанфикри тоҷик ва форсизабон бояд бидонад ва барои ҳифз ва нигаҳдошти ҳувияти милливу мазҳабии худ кӯшиш ба харҷ диҳад ва онро чун гавҳараки чашм нигаҳ дорад, зеро абарқудратони ҷаҳон ва зимомдорони ҷаҳонишавӣ ба рӯйи забон, дин ва тамаддуни мо аз чаҳор ҷониб теғ аз наём кашидаанд. Ин вазъи ногуворро бо ин байт ифода кардан мумкин аст:

Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ,

Боз мегӯйӣ, ки доман тар макун, ҳушёр бош!

Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи нишондоди расмӣ алҳол дар дунё беш аз шаш ҳазор забон мавҷуд аст ва олимон пешбинӣ кардаанд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ тайи сад соли оянда аз ин миқдор забон сеҳазортои он ба рақобат тоб наёварда, аз байн мераванд. Аз ин нуқтаи назар, чуноне дар боло қайд кардем, алҳол зимомдорони раванди ҷаҳонишавӣ ба мақсади суст кардани пояҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми форсизабон амали зиддиориёии худро вусъат мебахшанд. Ҳалқаи фишор ба гардани забони форсӣ ва тамаддуни ориёӣ боз ҳам сахттар мепечад. Таҳдиди низомии ИМА ва Исроил ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баҳона ва иттиҳоми сохтани силоҳи ҳастаӣ боз ҳам пуршиддат мегардад. Бинобар ин, агар давлатҳои форсизабони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва дигар кишварҳои Шарқ муттаҳид нагарданд ва дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, махсусан забони ширини модариашон садоқату устуворӣ нишон надиҳанд, дур нест, ки онҳо дар ояндаи на чандон дур аз забону фарҳанги худ, ки неъмати бебаҳои Худованд аст, маҳрум мегарданд. Ин аст пайомади ногувори империяи ягонаи ҷаҳонии сармоядорӣ барои мо ақвоми ориёӣ! Ба андешаи мо дар раванди ҷаҳонишавӣ дар радифи ҳифзи асолат, арзишҳои миллӣ бояд навтарин дастовардҳои илму фановарии ҷаҳонро биёмӯзему бархӯрдор шавем ва дар радифи халқҳои мутамаддини ҷаҳон дар арсаи байналмилалӣ мақоми худро пайдо намоем. Дар ин росто мо бояд ба мардуми Ҷопон пайравӣ намоем, аз илму тамаддуни пешрафтаи ҷаҳон беҳтарин ва созгортарин унсурҳои онро бигирем, дар ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои миллии хеш устувору собитқадам бошем. Ҳадиси маъруфи набавӣ: «Илмро биёомӯз, агарчи дар Чин бошад», моро барои фарогирии илмҳои гуногуни муосир ҳидоят ва раҳнамоӣ мекунад.

Албатта, кишвару мардуми Тоҷикистон набояд аз раванди ҷаҳонишавӣ худро канора бигирад. Мо бояд зимни ҳамроҳ гардидан ба раванди ҷаҳонишавӣ, пеш аз ҳама манфиатҳои миллии худро ба таври ҷиддӣ ба эътибор гирем ва сиёсати «каҷ дору марез»-ро ба кор бибарем, то ки дар гирдоби сиёсати ҷаҳонишавӣ ғарқ нагардем ва сарватҳои миллии худ, пеш аз ҳама, забони ширини тоҷикиро аз даст надиҳем, ки пайомади ногувор дорад.

Қиёмиддин Сатторӣ