Асосӣ: Маркази матбуот МИЗИ ГИРД ТАҲТИ УНВОНИ “ҶОЙГОҲИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз440
mod_vvisit_counterДирӯз1510
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1950
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26706
mod_vvisit_counterҲамагӣ1015288
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
23
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ТАҲТИ УНВОНИ “ҶОЙГОҲИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

04.10.2017

Дирӯз, 3 октябри соли 2017, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмиву амалӣ донишмандони варзидаи риштаи забоншиносӣ, адибони маъруф, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику муборак гуфта, дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол” суханронӣ намуд. Мавсуф кӯшишу талошҳои зиёиёни кишварамонро дар охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар бобати мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ёдоварӣ намуда, таъкид намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва иқдомоти наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ дар кишварамон мақоми ҳақиқии давлатӣ гирифт ва рушду нумӯи тоза пайдо кард.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” маҳз бо сахтгириву супоришҳои пайдарпайи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хубтару беҳтар амалӣ гашт. Корҳои муфид, тадбиру чораҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби мақоми давлатӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ татбиқ гардиданд, тайи 70 соли Ҳокимияти Шӯравӣ дар амалӣ нагардида буданд. Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо тамоми шароитҳои мусоид барои рушду равнақи забони давлатӣ муҳайёст. Дар ҳамаи ин комёбиҳо хидмат ва саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад.

Сипас муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи “Эҳёи забон, нақши адибони тоҷик дар масири таърих”, Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун дар мавзӯи “Забони давлатӣ ва ҷомеа”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви итифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Пешвои миллат ва забони миллӣ” ва котиби матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Сатторӣ дар мавзӯи “Забони тоҷикӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ” суханронӣ намуданд.

Баъдан ҳозирин пиромуни маърӯзаҳо фикру андешаҳои ҷолибу судманд баён карданд. Мизи гирдро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон