Асосӣ: Амнияти минтақавӣ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР АВРУОСИЁ: ТАҲДИДҲОИ УМУМӢ ВА ТАҶРИБАИ МУШТАРАК»
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз431
mod_vvisit_counterДирӯз1510
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1941
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26697
mod_vvisit_counterҲамагӣ1015279
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
23
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР АВРУОСИЁ: ТАҲДИДҲОИ УМУМӢ ВА ТАҶРИБАИ МУШТАРАК»

Имрӯз, 29 сентябри соли 2017, соати 9.00, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии «Мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Авруосиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар кори Конфронс намояндагони ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумонҳои Тоҷикистон ва Русия, дипломатҳои сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони роҳбарияти Котиботи СААД (ОДКБ), Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ (РАТС ШОС) ва инчунин, роҳбарияти пажӯҳишгоҳ ва марказҳои тадқиқоти стратегии кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Афғонистон иштирок доранд.

Ҷаласаи пленарии Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ мавзӯи мушкилоти амниятӣ дар АвруОсиё, омилҳои

минтақавӣ ва таҳдидҳои навро муҳиму мубрам арзёбӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барори кор орзу намуд. Ӯ таъкид намуд, ки дар ин нишасти байналмилалӣ маҷмӯи масъалаҳои муҳиму мубрами амнияти минтақавӣ, аз ҷумла чолишу хатарҳои мураккабу бисёрсамтӣ, ки ба масъалаҳои меҳварии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои минтақа таҳдид мекунанд, мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегиранд.

Сипас намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Холиқзода, Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷики-стон И.С.Лякин-Фролов, муовини директори Маркази минтақавии Созмони Ҳамкории Шанхай А.Мукашев, муовини Котиби генералии Созмони Аҳдномаи Амни-яти Дастаҷамъӣ (СААД) А.К. Жанкулиев, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.М.Сейтимов, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ҷ. Ниёзов, раиси Кумитаи масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Маҷидзода, раиси кумитаи Думаи Давлатии Федератсияи Русия оид ба кишварҳои ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва робита бо ҳамватанон В.М.Заварзин, муовини якуми раиси Кумитаи Шӯрои Федералии Федератсияи Русия оид ба мудофиа ва амният Ф.А. Клинтсевич ва дигарон сухани ифтитоҳӣ намуданд. Сипас пиромуни суханрониҳо ибрози назар ва табдули афкори арзишманду муфид сурат гирифт. Ҷаласаи пленарии Конфрони байналмилалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ҷамъбаст намуд ва натиҷагирӣ кард.

Ҳамин тавр, иҷлосияи аввали Конфронс дар мавӯи “Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирёбии геополитикӣ: хатару таҳдидҳои минтақавӣ” таҳти раёсати муовини якуми Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Сафаров ва сардори раёсати ТМҒ “Иттиҳоди халқҳои АвруОсиё”, директори Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқоти таърих ва этнографияи Урали Ҷанубии Донишгоҳи давлатии Оренбурги Федератсияи Русия В.В. Амелин доир гардид. Дар он масъалаҳои таъсири ҷараёнҳои муосири геополитикӣ ба амнияти умумии Осиёи Марказӣ; “омили Афғонистон” дар системаи таъмини амнияти минтақавӣ; фаъолияти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар Осиёи Марказӣ: таҳдидҳо ва роҳҳои муқовимат; тамоюлҳои асосии танзими зиддитерористӣ ва зиддиэкстремистӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Дар ҳамоиш самтҳои муҳимтарини таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ; омилҳои минтақавии мушкилоти амният ва таҳдидҳои нави муосир, аз қабили тафаккури ифротгароӣ ва тундгароӣ; мубориза бо фаъолияти ДИИШ ҳамчун самти асосии таъмини амнияти минтақавӣ; сенарияҳои эҳтимолии инкишофи вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақавӣ; шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун омили паҳнкунии ғояҳои радикализми динӣ ва ифротгароӣ дар доираи амнияти минтақавӣ ва усулҳои мубориза бо онҳо; қочоқи маводи мухаддир ҳамчун омили таҳдиди минтақавиро баррасӣ ва арзёбӣ намуданд. Иштирокчиёни иҷлосияи Конфронс ба раванди инкишофи вазъияти ҳарбию сиёсии Афғонистон, зуҳуроти номатлуби аз ин кишвар сармезада, ба мисли терроризми байналмилалӣ, ифтротгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ, ки минбаъд ҳам ба амнияти минтақавӣ таҳдид мекунанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд. Дар робита ба масъалаҳои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда дар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳалли мусолиҳатомези муноқишаи Афғонистон, ҳамкориҳои мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои муҳим андешаҳои судманд баён гардид.

Иҷлосияи якуми Конфронси байналмилалиро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ҷамъбаст карда, таъкид намуд, ки мавзӯи амният на танҳо таҳдиди берунӣ, ифротгароию терроризм, балки масоили иттилоотӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ низ мебошад, бинобар ин, коршиносонро мебояд, ки ба онҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳар омил боз решаҳои амиқи таърихӣ ва иҷтимоӣ дорад, ки ҷустуҷӯ ва равшан кардани онҳо вазифаи сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, низоъшиносон ва дигар пажӯҳишгарони варзида мебошад. Дар охири иҷлосияи аввали Конфронс ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мубориза бо терроризм ва экстремизм дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» идома дорад.

Маркази матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон