Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон: сабқати интихоботӣ авҷ мегирад
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз647
mod_vvisit_counterДирӯз1415
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9865
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28766
mod_vvisit_counterҲамагӣ1237530
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
22
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон: сабқати интихоботӣ авҷ мегирад

28.09.2017

То оғози интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон рӯзҳои башумор боқӣ монд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ исми 52 нафарро ба қайд гирифт. Рӯзи 7-уми август ҳамин комиссия номзадии 5 довталаби дигарро рад намуд. Онҳо маблағи барои интихобот заруриро сари вақт ҷамъ карда натавонистанд. Мутобиқ ба қонуни интихоботии Ҷумҳурии Қирғизистон шахсони аз 35 то 70 сола ҳақ доранд барои ишғоли мансаби Президентӣ номзадии худро пешниҳод намоянд. Аз шумораи довталабон 5 нафарашон аз санҷиши имтиҳони забони қирғизӣ нагузаштанд.

Бояд гуфт, ки то 16 августи соли 2017 46 довталаб аз имтиҳони забони қирғизӣ тариқи тест гузаштанд, ки аз ин шумора 41 нафарашон соҳиби сертификати донандаи забони давлатӣ гардиданд. Онҳо ҳуқуқ пайдо намуданд, ки номзадии худро ба Президентии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Комиссияи марказии интихоботӣ ба қайд гиранд. Ҷамъоварии 30 000 имзои тарафдорон ва як миллион соми қирғизӣ, ки ба 22 000 доллар баробар аст, барои номзадҳо ба мансаби Президентӣ ҳатмист. Барои номзадҳо надоштани доғи судӣ ва шаҳрвандии кишвари дигар яке аз шартҳои иштирок дар маъракаи интихоботист. Дар интихоботи дар пешистодаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ашхоси касбу кори гуногун аз қишрҳои мухталифи ҷомеа майли ширкат кардан доранд.

Дар қатори сиёсатмадорони касбӣ, нафақахӯрон, занон, соҳибкорону омӯзгорон ҳам номнавис шудаанд. Ҳизби ҳукмрони Сотсиал-Демократӣ номзадии нахуствазир (акнун собиқ) Сооронбай Ҷеенбековро пешбари намудааст. Камила Шаршекеева, Омурбек Бабанов (раиси Ҳизби Республика), Темир Сариев (роҳбари Ҳизби Оқшумқор), Бакит Торобаев (Ҳизби Онугуу-Прогресс ), Омурбек Текебаев (Ҳизби Ата-Мекен-Ватан), Назарбек Нишонов (фаъоли ҷамъиятӣ), Турсунбек Акун ( Ҳизби Ҳуқуқи инсон), Арстанбек Абдилдаев (тоҷир), Рита Карасартова (ҳуқуқшинос) аз ҷумлаи номзадҳо мебошанд.

Дар бораи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон коршиносон, таҳлилгарони масъалаҳои сиёси андешаҳои мухталиф баён мекунанд. Сооронбай Ҷеенбеков, номзадии ӯ аз Ҳизби Сотсиал-Демократӣ ғайричашмдошт набуд. Миёни коршиносон қариб як сол аст, ки номзадиаш ба ҳайси яке аз довталабони асосӣ вирди забонҳост. Ҳам дар Ҳизби Сотсиал- Демократӣ ва ҳам дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон нуфузи беш дорад. Ҷеенбеков яке аз муассисони Ҳизби сотсиал–демократии Қирғизистон буда, кори муътадили Ҳукумати ин кишвари ҳамсояро ба роҳ монда тавонист. Вай зодаи вилояти Ош буда, фаъолияти сиёсиашро аз Жагорку Кенеш (Парлумони Қирғизистон) оғоз намуда, ҳатто ним сол вазорати кишоварзиро роҳбарӣ намудааст. Аз соли 2010 мудати панҷ ҳокими (акими) вилояти Ош буд. Сипас дар мансабҳои сарвари хадамоти давлатии кадрҳо, муовини аввали роҳбари дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва ниҳоят Сарвазири Қирғизистон фаъолият кардааст.

Омурбек Бабанов. Ӯ яке аз пешсафони маъракаи интихоботист. Дар интихоботи вакилони Палумони Ҷумҳурии Қирғизистон ҳизби Омурбек Бабанов мақоми чорум дошт ва дар интихоботи соли 2015 шумораи тарафдоронаш хеле афзуд. Бабанов сиёсатмадори типи нав аст, такя ба суботи ҷомеа дорад. Миёни ҷавонон эътибораш баланд аст. Дар сурати дар интихобот ғолиб омадан, Омурбек Бабанов ният дорад, ки ниҳоди президентиро дар боби васеъ намудани ваколатҳои иқтисодӣ пурзур намояд. Мақсади ба роҳ мондани ислоҳоти сохтори иқтисодии Ҷумҳури Қирғизистонро дорад.

Темир Сариев. Кӯшиш дорад, то барои интихобкунандагон худро одами худи нишон диҳад. Дар деҳоту рустоҳо дарахт мешинонад, ё ба аҳолӣ қанду конфет тақсим мекунад. Мушкилӣ дар он аст, ки Темир Сариев ҳизби боэътибори сиёсӣ надорад. Ҳизби Окшумқор (Уқоби сафед)-и вай дар ҳаёти сиёсии Қирғизистон мақоми мустамҳкамеро соҳиб нест. Аз ин рӯ, Темир Сариев Ҳаракати ҷамъияти Биргеро таъсис дод. Сиёсатмадори бе ҳизб мисли генерали бе артиш аст.Дар ҳолати ғолибият Темир Сариев маҷбур аст манфиати қувваҳои бонуфузи сиёсии Қирғизистонро ҳимоя намояд. Вақти сарвазириаш аз Ҳизби Қирғизистон айнан ҳамин гуна вазъият рӯй дода буд. Аъзоёни ҳамин ҳизб ба зудӣ ӯро аз мансаб барканор намуданд.

Бакит Торобоев. Сарвари гурӯҳи сиёсии “Онугуу-Прогресс” дар ҷодаи муборизаҳои сиёсӣ ҷавон аст. Дар ин маъракаи пешазинтихоботӣ акнун таҷрибаи муборизаи сиёсӣ меандӯзад. Вай ҳанӯз дар ибтидои роҳ аст.

Ба номзад аз Ҳизби ҳокими Сотсиал–Демократии Қирғизистон Сооронбай Ҷеенбеков лозим меояд, ки бо бартарии зиёд ғалаба ба даст орад. Ғалабаи комил ба ӯ имконият медиҳад, ки ба воситаи Парлумон сарвазири худиро интихоб намуда, интихоботи пеш аз муҳлати Жогорку Кенеш (Парлумони Қирғизистон)-ро гузаронида, дар он аксарияти комилро ба даст орад. Сооронбвй Ҷеенбеков дар сиёсат шахсияти мустақил нест. Бинобар ин, дар ҳолати интихоб шудан, агар ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ гузаронидани шавад, пас ин ислоҳот қаблан таҳрезишуда мебошанд.

Барои номзади дигар Омурбек Бабанов ин маъракаи интихоботӣ хеле муҳим ба шумор меравад. Ба Ҳизби Республикаи Омурбек Бабанов ва Ҳизби СДҚ танҳо ғалаба метавонад фаъолияти мусбати ояндаашонро таъмин намояд. Омурбек Бабанов тавонист, ки асосан аз ҳисоби ҷавонон ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ як ҳизберо ташкил намояд, ки ҳамеша дар ҳоли таҳаввул аст. Вай се маълумоти олӣ дорад, ки дутои онро дар Русия ба даст овардааст. То ба сиёсат омадан тоҷири муваффай буда, ба тиҷорати пахта ва нафт машғул буд. Соли 2010 Ҳизби Республикаро таъсис дод. Аз декабри соли 2011 то 1 сентябри соли 2011 дар мансаби Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон ифои вазифа намудааст. Муборизаи асосӣ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон миёни Ҳизби Сотсиал-Демократии Қирғизистон ва Ҳизби Республикаи Омурбек Бабанов сурат мегирад. Дар охирҳои маъракаи интихоботӣ ҳизбу ҳаракатҳои дигари сиёсӣ ба ин ду ҳизб ҳамроҳ шудан мегиранд.

Темир Сариев бо эътимод ба эътибори шахсияш ба мубориза баҳри мансаби Президентӣ ҳамроҳ шудааст. Шояд оянда дар маъракаи интихоботӣ бо Сооронбай Ҷеенбеков ва ё бо Оморбек Бабанов ҳамроҳ шавад. Дигар шанси пирӯз шуданро надорад. Темир Сариев аввалин шуда ҳуҷҷатҳояшро ба комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ супорид.Дар сиёсат шахсияти камтаҷриба нест. Вакили Жогорку Кенеш (Парлумон), вазири ҳукумат буд ва сарварии Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистонро низ ба уҳда дошт. Зодаи ноҳияи Сокулуки вилояти Чуй мебошад.

Аз миёни ин чоргона Бакит Торобаев ягона номзадест, ки дар мансаби сарвазирӣ набуд. Интихобкунандагон вайро камтар медонанд. Барои онҳое, ки дар сиёсат чеҳраҳои нав дидан мехоҳанд, Бакит Торобаев мувофиқат мекунад. Дар сурати ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон интихоб шуданаш, ба соҳаи аграрии иқтисодиёт диққат медиҳад. Ӯ ба ин ақида аст, ки асоси тарақиёти мамлакат деҳоти пешрафта мебошад.

Миёни пешдастони маъракаи интихоботӣ Канатбек Исаев аз ҳама ҷавон аст. Номзадии вай аз тарафи Ҳизби Қирғизистон пешниҳод шудааст. Зодаи вилояти Чуй буда, аз соли 2008 вазифаи раиси шаҳри Токмакро ба зимма дошт. Аз соли 2010 вакили Парлумони кишвар интихоб шуд. Дар панҷ соли фаъолияти депутатӣ тавонист, ки ҳизби худро ташкил намояд.

Дар Комисияи марказиии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Қирғизистон санҷиши руйхати интихобкунандагон давом дорад. Ҳоло руйхати пешакии интихобкунандагон аз 2 млн 914 000 856 нафар, ки ҳуқуқи интихобкунӣ доранд, иборат аст. Бино ба гуфти сарвари КМИР Нуржан Шайлдабеков то 29.08.2017 аз интихобкунандагон 10 ҳазору 45 ариза барои намуди 2 ворид шудааст, ки дар сурати соҳиби намуди 2 шудан, онҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки на танҳо дар ҷойи истиқомат овоз диҳанд. Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон тамоми қаламрави кишвар як ҳавзаи ягонам интихоботӣ шуморида мешавад. Интихобкунанда метавонад дар ҷойи истиқомат ё ҷойи дигари ба худаш маъқул овоз диҳад.

Дар арафаи тасдиқи ҳукумати Сапар Исоқов бозиҳои ҷиддии сиёсӣ сар шуданд. Мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон агар бо ҳам ба созиш меомаданд, он гоҳ метавонистанд маъракаи тасдиқи ҳайати нави Ҳукумат ва даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Жогорту Кенеш (Парлумон)-ро ба таъхир андозанд. Чанде пеш аз даъвати иҷлосия овозае паҳн шуд, ки се номзад ба президентӣ, сарварони гурӯҳҳои парлумонӣ: Канатбек Исаев, Омурбек Бабанов ва Бакит Торобаев ба қароре омаданд, ки номзадии Сапар Исҳоқовро ба сарвазири дастгирӣ намекунанд.Ҳар кас ин ҷо ҳадафҳои худро доштанд. О.Бабанов ва Исаев бисёр мехоҳанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон заиф бошад, дар ин ҳолат айбу нуқсонҳояшро ёфта, муқобилаш самаранок мубориза бурдан мумкин мешавад.

Мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳар роҳе, ки набошад, ташнаи ба даст овардани ҳокимият мебошанд. Дар ин роҳ мухолифин ҳатто метавонанд аз суботи иқтисодӣ ва сиёсии кишвар сарфи назар намоянд. Дар чунин ҳолат Бакит Торобаев бо як дурандешии оқилонаи сиёсӣ ба суиқасди сиёсии муқобили Сапар Исҳоков ҳамроҳ нашуд. Акнун мегӯянд, ки шояд Раиси Парлумон Ҷумҳурии Қирғизистон интихоб шавад. Бидуни ин ҳам амале, ки Бакит Торобаев анҷом дод (дастгирӣ накардани суиқасди сиёсии муқобили Сапар Исҳоқов ) эътибори вайро афзун намуд. Акнун Бакит Торобаев яке аз номзадҳои бисёр қавӣ ва эҳтимолӣ барои мансаби Президентӣ ба ҳисоб меравад.

Беш аз ҳама сиёсатмадорони ботаҷриба ба мисли Сариев ва Бабанов ба ҳилаву найрангҳои сиёсӣ даст мезананд. Ҳар ду сарвазири Қирғизистон буданд ва аз сабаби ҷанҷолҳои хусусияти ришвахорӣ дошта аз мансабҳояшон маҳрум гардиданд.

Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон аризаи 20 нафар шаҳрванданро ба қайд нагирифт. Онҳо дар муҳлати муайяншуда варақаҳои имзои интихобкунандагонро ба КМИР пешниҳод карда натавонистанд ва ё аз уҳдаи супоридани имтиҳони забони қирғизӣ набаромаданд. Эҳтимоли қавӣ ҳаст, ки мубориза барои курсии президентӣ дар Қирғизистон миёни 3–4 номзад сурат мегирад. Каме пештар 5 нафар довталабон ҳамчун нишони эътироз аз қонуншиканиҳо дар маъракаи пешазинтихоботи номзадии худро бозхонд намуданд. Ба КМИР 59 нафар барои иштирок дар маъракаи интихоби Президент бо ариза муроҷиат намуда буданд. То рӯзи 29-уми август шумораи онҳо то 24 нафар поин фуромад. Аъзои КМИР Гулнора Ҷӯрабоева чунин иттилоъ дод, ки “ҳоло мо гуфта наметавонем, ки дар варақаҳои интихоботӣ чӣ қадар ному насаб навишта мешаванд”.

Ҳоло вазъият дар Ҷумҳурии Қирғизистон вобаста ба интихоботи Президент чунин аст, ки ҳар лаҳза метавонад ғайричашмдошт тағйир ёбад.

Аз чунин сурат гирифтани вазъият Президент Алмазбек Атамбаев ҳам рӯзи 30 август изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ қайд намуд, ки дар кишвар қувваҳое ҳастанд, ки баъди анҷоми маъракаи интихоботи вазъиятро ноором карданӣ ҳастанд. Алмазбек Атамбаев ба таъкид гуфт: “То 1 декабр ман Президенти мамлакат ҳастам ва ба ҳеҷ гуна бетартибӣ роҳ намедиҳам. Касони ба бетартибиҳо гунаҳкор сазовори ҷазоҳои сахттарин хоҳанд шуд”.

Дар муборизаҳои сиёсӣ бисёр маъмулист, ки тарафи дар ин муборизаҳо шикастхӯрда ба бетартибиҳо даст мезананд. Маъракаҳои интихоботӣ аз ин ҷиҳат истисно нестанд. Муболиға намешавад агар гӯем, ки интихоботи дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳаёти сиёсии мамлакат масъалаи аз ҳама муҳим ва актуалист. Дар оянда баъди маъракаи интихоботӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон лозим меояд, ки ақидаҳои гуногуни дар рафти ин маъракаи сиёсӣ ба миён омадаро таҳлил намуда, дар амалӣ намудани стратегияи идораи мамлакат аз он истифода кунад. Натиҷаҳои интихобот ба ҳаёти одамон чӣ гуна таъсир мерасонад, ин натиҷаҳо чӣ гуна оқибатҳои амалӣ доранд?

Ҷараёни маъракаи интихоботи Президентӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ин минбари ифодаи иродаи интихобкунандагон нисбати номзадҳо, ҳизбҳо ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳо мебошад. Натиҷаҳои интихобот, ки рӯзи 15 октябр барпо мегардад, барои ғолиб ва барои мағлуб, барои интихобкунандагону тамоми мардуми Қирғизистон як мактаби дигари такмили саводи сиёсӣ, андухтани таҷрибаи сиёсӣ хоҳад шуд.

Агар номзади ҳизби ҳукмрон дар интихобот ғолиб ояд, пас ин чунин маънӣ дорад, ки интихокунандагон, сокинони Ҷумҳури Қирғизистон сиёсати Президенти ҳозира Алмазбек Атамбаев ва ҳизби вайро дастгирӣ менамоянд. Ҳаёти ҷамъият, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги афроди ҷомеа чунин аст, ки барои мутобиқат бо ҳам ҳамеша муҳтоҷи ислоҳот ва дигаргуниҳо мебошанд. Бунёди ҷомеаи демократии шаҳрвандӣ, иқтисодиёти пешрафта, кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, сифатан беҳтар шудани дараҷаи некуаҳволии мардум, суботи ҷамъиятӣ аз қабили масъалаҳоеанд, ки мардуми Қирғизистон аз Президенте, ки рӯзи 15 октябр интихоб мегардад, таъмини онҳоро талаб хоҳад кард.

Ҳама гуна интихоботҳо ҳатмӣ, озод, ҳаққонӣ, одилона, рақобатнок, шаффоф, бо истифодаи васоити ахбори умум, дар асоси ҳуқуқи умумӣ баробар ва бевоситаи интихоботӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ бояд ба роҳ монда шаванд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Қирғизис-тон кӯшиш дорад, то интихоботи Президенти мамлакат маҳз аз рӯйи ҳамин нишондодҳо ба роҳ монда шавад.

Ҷиҳати хоси маъракаи интихоботиии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муқобилияти номзадҳои қисмати шимолӣ ва ҷанубии мамлакат ба шумор меравад. Ин хусусият баҳри раванди интихобот мушкилот эҷод мекунад, вале дар сурати боло гирифтани ақли солим ва аз ҳама боло донистани манфиатҳои миллӣ аз уҳдаи ҳалли ин душвориҳо баромадан мумкин аст. Барои ба мақсад расидан ҳамаи номзадҳо ошкору ниҳон аз қувваю воситаҳои дохилию хориҷӣ истифода мебаранд, ки чунин амалкард ба манфиати давлату миллат рост намеояд.

Аз ҳама муҳим, интихобкунанда аст ва он таърихан дар интихоботи парламенту интихоби сарварони давлат ками дар кам ба гавҳарношиносӣ роҳ додааст. Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он умед мебандем, ки маъракаи интихоботии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон озодонаю осуда мегузарад ва халқи бародари қирғиз сарвари худро интихоб намуда, бо умеду орзуҳо қадам ба сӯйи ояндаи неку дурахшон устуворона хоҳад гузошт. Ба ҳар сурат дар вазъияти суботу ороми гузаштани интихоботи Президентӣ дар ҷумҳурии ба мо дӯст ва ҳамсоя барои мо, мардуми Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат бисёр муҳим аст ва мо бо ин нияти нек ба навиштаҳои худ ҳусни мақтаъ мебахшем, зеро дар урфият мегӯянд: “Нияти нек ними давлат аст”.

Муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии

Маркази тадқикоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давлатов. З.А