Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон»
+++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз339
mod_vvisit_counterДирӯз1407
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3184
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26835
mod_vvisit_counterҲамагӣ937946
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон»

21.09.2017

21 сентябри соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, коршиносони масоили сиёсӣ, донишмандони сиёсатшинос, собиқадорони соҳаи дипломатия ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, зимнан қайд кард, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузорӣ ва пешбурди сиёсати хориҷӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ хеле бузург аст. Аз ҳамин ҷост, ки сиёсати хориҷии кишвари моро чун сиёсати сулҷӯёнаву бисёрсамта бо номи “сиёсати дарҳои боз” мешиносанд ва Пешвои миллати мо чун як шахсияти маъруфу барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Чаҳор ташаббусу ибтикори Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати мушкилоти оби сайёра аз ҷониби СММ пазируфтан шудан, аз сиёсати муваффақи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва пажӯҳиши ҷанбаҳои гуногуни мавзӯи номбурда хеле муҳиму арзишманд мебошад ва барои дар оянда боз ҳам такмил додан ва пешбурди сиёсати хориҷии кишварамон ҳамарафа мусоидат мекунад. Ҳамин тавр, Мизи гирд таҳти раёсати муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ба кори худ шурӯъ кард.

Дар назди ҳозирин мушовири Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Камолов дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон асосгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистони мустақил”, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.М. Муминова дар мавзӯи «Давраҳои рушди сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ», мудири кафедраи дипломати ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Шарипов дар мавзӯи «Моҳият ва марҳалаҳои ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон », сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Р.Ҳаким дар мавзӯи «Бунёдҳои назариявӣ ва арзишии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон », сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Моделсозии манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият”» суханронӣ намуданд.

Баъдан пиромуни маърӯзаҳои ироашуда саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳозирин роҷеъ ба мавзӯъҳои матраҳшуда фикру андешаҳои ҷолибу судманд изҳор намуданд.

Аз ҷумла таъкид шуд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир чандин кадрҳои лоиқу варзида дар ин самт омода намуд, ки онҳо дар зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ кору фаъолият доранд. Ҳамчунин, зарурати коркарди масоили фалсафӣ ва назариявиро ба эътибор гирифта, дар омода намудани номзаду докторҳои соҳаи назария ва амалияи сиёсати хориҷӣ саҳми арзанда мегузорад. Минбаъд Марказ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷӣ диққати ҷиддӣ дода, бо вазоратҳои дахлдори ин соҳа ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мизҳои гирд ва ҳамоишҳои илмиро барои баланд бардоштани малакаи таҳлилии мутахассисон роҳандозӣ менамояд.

Мизи гирдро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон