Асосӣ: Соҳибкорӣ ва рушди сектори хусусӣ Тадкикот, нашрияю баромадхо 04.09.2017, САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА ИНКИШОФИ БАХШИ ХУСУСӢ
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз445
mod_vvisit_counterДирӯз1510
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1955
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26711
mod_vvisit_counterҲамагӣ1015293
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
23
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

04.09.2017, САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА ИНКИШОФИ БАХШИ ХУСУСӢ

Дар шароити таҳаввулоти ҷаҳони муосир, истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои истеҳсолӣ ва ба ин васила ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои баланди рушди иқтисоди-иҷтимоӣ, аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар ва сиёсати иқтисодии он маҳсуб меёбад. Бешубҳа, тақвияти соҳибкории хурду миёна ва инкишофи бахши хусусӣ омили муҳимтарини расидан ба ин ҳадафҳо мебошад.

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ шуданд, ки мақсади асосии онҳо пеш аз ҳама афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум мебошад.

Дар замони соҳибистиқлоли мамлакат барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ, ки аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, чораҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст ва аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ ягон фарқияти ҷиддӣ вуҷуд надорад. Татбиқи иқдомҳои пайгиронаи ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусиву соҳибкорӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ самараи хуб дода, дар кишвар барои таъмини рушди устувори соҳибкорӣ фазои мусоид фароҳам омад.

Бояд хотирасон намуд, ки аввалин қадаме, ки дар ин самт гузошта шуд, таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Тадбиқи қонуни мазкур тавонист асоси ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии оғози фаъолияти соҳибкориро аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карда, кафолати озодии соҳибкорӣ ва дастгирии давлатии онро барқарор намояд.

Дар маҷмӯ, дар зарфи 26 соли истиқлолият ҷиҳати таъмини рушду ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси такмили заминаҳои ҳуқуқи як зумра қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ таҳия ва қабул гардидаанд.

Тавассути татбиқи ислоҳоти зарурӣ фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ густариш ёфт.

Агар мо дастоварҳои бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкориро дар тулли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат мавриди таҳлилу барраси қарор диҳед, дар ин ҷода мо ба комёбиҳои зиёде ноил гардидем, аз ҷумла ин дастовардҳоро метавон ном бурд:

Дар самти хусусигардонии моликияти давлатӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами нахустини худро дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусуси дар идоракунии давлатӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» оғоз намуд. Зеро бидуни хусусигардонии моликияти давлатӣ рушди бахши хусусӣ ва аз сиёсати банақшагирӣ ба иқтисоди бозаргони гузаштан ғайриимкон маҳсуб меёфт.

Танзими давлатии раванди хусусигардонии моликият дар кишввар аз солҳои нахусти истиқлолияти давлатӣ иптидо гирифта, соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул карда шуд.

Ин санад иртиботи байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ муайян намуда, барои рушду тараққиёти шаклҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ шароитҳои мусоид фароҳам овард.

Дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид.

Қобили зикр аст, ки дар давоми солҳои 1991-2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11410 адад иншооти хурд ва 1367 адад корхонаи миёнаю калон хусусӣ гардонида шуда, ки ин раванд дар муътадил гашатани вазьияи макроиқтисодӣ нақши муҳим гузошт.

Дар самти низоми бақайдгирии давлатӣ

Бо мақсади соддагардонии расмиёти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва кам кардани монеаҳои маъмурӣ як зумра ислоҳотҳои муҳим ва ҷиддӣ амалӣ гардиданд, ки дар натиҷа низоми бақайдгирии таъсиси фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат куллан тағйр ёфт. Айни замон дар муқоиса ба низоми қонунгузории қаблӣ дар ин самт афзалиятҳои зиёде ба мушоҳида мерасанд.

Таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» инчунин таъсиси «Равзанаи ягона» аз ҷумлаи татбирҳои асосӣ дар ин самт мансуб меёбанд.

Таъсиси системаи мазкур ва андешидани татбирҳои судманди давлатӣ дар самти такмили низоми бақайдгири давлатии таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тағйиротҳои ҷиддиро ба амал овард, аз он ҷумла:

• Кӯтоҳ гардидани муҳлати бақайдгирии давлатӣ мувофиқи принсипи «Равзанаи ягона» аз 40 то ба 5 рӯз ва барои соҳибкорони инфиродӣ то 3 рӯз;

• Коҳиш ёфтани шумораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии давлатии таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ аз 30 то ба 7 адад;

• Бекор гардидани пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дурустии маълумот ё худ тасдиқи нотариалии ҳамаи онҳо, ки қаблан аз аризадиҳандагон талаб карда мешуд;

• Бекор гардидани пешниҳоди Оиннома ҳангоми бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ;

• Талабот дар робита ба, гузаронидани ташхиси (экспертизаи) ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатии таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорӣ инфиродӣ, ки қаблан ин амал аз ҷониби сохторҳои мақомоти адлия анҷом мегирифт бекор карда шуд ;

• Ба салоҳияти мақомоти андоз вогузор намудани амали бақайдгирии давлатии оғози фаъолияти соҳибкорӣ;

• Ташкили бахшҳои бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва шӯъбаҳои онҳо дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ш. Душанбе , ки ин амал қаблан танҳо аз ҷониби мақомоти адлия дар шаҳри Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳо амалӣ мегардид.

Дар асоси қонуни мазкур талаботи ташкили сармояи оинномавӣ барои ширкатҳо пеш аз бақайдгирии давлатӣ бартараф карда шуда, он метавонад дар давоми 1 соли фаъолият аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ташаккул дода шавад. Дар қонунгузорӣ вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ барои ҷалби бештари сармоягузориҳо имтиёзҳои зиёди андозию гумрукӣ, бахусус дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз қабили кишоварзӣ, истифодаи қаъри замин, коркарди ниҳоии маҳсулот, энергетика ва ғайра пешбинӣ карда шудаанд.

Дар самти низоми иҷозадиҳӣ

Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ гузаронида шуда, дар доираи он шумораи иҷозатҳо аз 680 то 74 адад кам гардина, расмиёти дастрас намудани онҳо низ соддатар гардонида шуданд. Дар заминаи ислоҳоти мазкур дар ҷумҳурӣ Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ карда шуд.

Ҳамзамон дар вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тартиб додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ тариқи электронӣ ба роҳ монда шуд, ки дар маҷмӯъ 35 фоизи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки солҳои наздик дар заминаи идомаи ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ дар самти мазкур низ тағйироти куллӣ ба амал оварда шавад.

Хотирасон менамоям, ки айни замон дар мамлакат теъдоди мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ 19 ададро ташкил дода, беш аз 63 намуди хулосаву иҷозатномаҳоро барои оғози фаъолият дар ин ё он соҳа пешниҳод менамоянд, ки нишондиҳанда то оғози ислоҳот дар низоми иҷозатдиҳи ба 600 адад баробар буд.

Санҷиши фаъолияти субъекҳои соҳибкорӣ Бо супоришҳои Президенти мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар заминаи таҷрибаи байналмилалӣ дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид.

Мутобиқи қонуни мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз рӯйи низоми хавфҳо, истифодаи манбаи маълумот ва технологияҳои иттилоотӣ ҳангоми гузаронидани санҷида мешавад ва ҳамаҷониба фаҳмондани чунин усули кор аз ҷониби мақомоти санҷиш яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳоти ин самт ба шумор меравад.

Дар самти низоми андозбанди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳимояи манфиятҳои соҳибкорони ватанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таъмини рушди ин бахши муҳими иқтисодиёт як силсила ислоҳотҳои муҳим ва ҷиддиро амали намуд, ки муҳимтарини онҳо таҳия ва қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав арзёбӣ мегардад.

Дар натиҷаи такмили низоми қонунгузрии андоз номгӯи андозҳо аз 21 то ба 10 намуд кам карда шуда, аз 1 январи соли 2018 – ба 9 намуд баробар карда мешавад. Инчунин шумораи ҳисоботи андозӣ то 86% ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ бошанд то 43% кам карда шуд. Дар баробари ин, шумораи умумии моддаҳои Кодекси андоз аз 355 ба 329 адад, истинодҳо аз 384 ба 176 адад расонида шуд.

Бояд зикр намоям, ки ҷиҳати кам намудани хароҷотҳои андозсупорандагон ва пешгири намудани омилҳои коррупсионӣ аз санаи 1 июли соли 2015 ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электрони ба роҳ монда шудааст, ки андозсупорандагон барои ба даст овардани ҳисобнома-фактураҳо ба мақомоти андоз ташриф наоварда, ба таври электронӣ эъломияҳои худро пешниҳод намоянд, ки ҳамаи ин тадбирҳо барои рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ метавонад таъсири мусбӣ расонад.

Дар доираи Кодекси амалкунандаи андоз то соли 2018 пурра бекор намудани андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард ва нисбатан паст намудани меъёрҳои баъзе аз намудҳои дигари андоз, аз ҷумла андоз аз фоида барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо 13 фоиз ва барои дигар намудҳои фаъолият 23 фоиз пешбини шуда аст, ки ин нишондиҳандаҳо то ислоҳот дар низоми андозбандӣ ба 15-25% баробар буд.

Дар самти дастгирии захираҳои молиявии имтиёзнок

Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзии имтиёзнок Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки то имрӯз ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 133 миллион сомонӣ гузаронида шуда, маблағи он бояд то соли 2020 ба 1 миллиард сомонӣ расонида шавад.

Бо мақсади дастгирии ва ҳимояи манфиятҳои соҳибкорони истеҳсолӣ тавассути муҳайё гардонидани шароити дастраси ба захираҳои молиявии имтиёзнок соли 2013 Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки ки то имрӯз ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 253 миллион сомонӣ гузаронида шуда, маблағи он бояд то соли 2020 ба 1 миллиард сомонӣ расонида шавад.

Дар раванди тағйирёбии вазъияти молиявӣ дар бозорӣ ҷаҳонӣ ва торафт шиддат гирифтани муносибатҳои рақобати миёни кишварҳои ҷаҳон дар робита ба ҷалби сармоягузорҳо, таъсиси Муассиса яке аз барномаҳоии асосии зиддибуҳронии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хиссоб меравад, зеро имтиёзнок будани карзҳо имконият медиҳад, ки бо соҳибкорон бештар чораҳои профилактики ва методии омузиши бурда, баҳри рушди иктисодиёти милли ва фаъолияти босамари соҳибкорон мақомотҳо камтар санчишҳои мутақобилави гузаронанд.

Дар самти дастрасии бахши хусусӣ ба воситаҳои қарзии низоми бонкӣ Аз ҷониби ҳукумати мамлакат бо мақсади мусоид гардонидани шароити пешниҳоди гарав ба муассисаҳои қарздиҳанда, васеъ намудани дастрасии бахши хусусӣ ба воситаҳои қарзии низоми бонкӣ ва аз байн бурдани мухолифати байни санадҳои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои гарав ва муфлисшавӣ татбирҳои зиёде андешида шуда, қонунгузории кишвар дар ин самт такмил дода шуд. Дар натиҷаи чораҳои амалигардида, солҳои охир сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои 2008-2010 ҳаҷми маблағгузориҳо ба рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ тамоюл ба зиёдшавӣ дошта, давоми 6 соли охир тақрибан аз 2,4 то 2,7 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон дар ин давра, ҳиссаи маблағгузориҳо дар ММД аз 15% соли 2010 ба 23,5% дар соли 2015 баробар гаштааст Дар маҷмӯъ давоми 6 соли охир ҳаҷми умумии қарзгузориҳо, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ 27,9 миллиард сомониро ташкил додааст, ки аз ин 18 миллиард сомонӣ ё худ 64,5 % он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд. Дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ Бо мақсади таъмини рушди иқтисодии мамлакат тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ моҳи декабри соли 2007 Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусии ватанию хориҷӣ ва шарикони рушд шомиланд.

Таъсиси чунин як Шӯрои бонуфуз дар сатҳи олии роҳбарияти мамлакат аз иродаи қавии Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бобати ҷорӣ намудани дигаргуниҳои куллии иқтисодӣ ва баланд бардоштани симои сармоягузории мамлакат шаҳодат медиҳад. Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусиро мунтазам таъмин намуда, тавассути он қарорҳои муҳими давлатӣ оид ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо иштироки бахши хусусӣ ва ё дар мувофиқа бо онҳо қабул карда мешаванд.

Дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ як қатор ислоҳоти назаррас дар самти содагардонии танзими фаъолияти соҳибкорӣ, аз қабили содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ислоҳоти низоми андозбандӣ, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарики давлат ва бахши хусусӣ ва рушди соҳаҳои дигар татбиқ гардида, дар раванди таҳияи санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи ислоҳот намояндагони бахши хусусӣ ба таври васеъ ҷалб карда мешаванд.

Дар самти муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузорӣ ва дар ин замина ҷалби сармоягузорҳои хориҷи ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳамоишу форумҳо, аз ҷумла Бизнес Форум бо иштироки як қатор намояндагони давлатҳо (Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Фаронса Швейтсария), Бизнес-Форуми Тоҷикистону Австрия, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Эстония, Бизнес-Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, Аввалин Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Шоҳигарии Тайланд, Форуми иқтисодии соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Форуми нахустини умумиҷумҳуриявии занони соҳибкори Тоҷикистон, ва дигар чорабиниҳои алоҳида гузаронида шуд. Ҳамаи ин, боиси сол аз сол зиёд гардидани ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи амалисозии зиёда аз 1000 лоиҳаи сармоягузорӣ ба иқтисодиёт беш аз 63 миллиард сомонӣ сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла 27,5 миллиард сомонӣ сармоягузории мустақим ҷалб гардид, ки асосан ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ, обёрӣ ва инфрасохторӣ равона шудаанд.

Дар 26 соли истиқлолият бо ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ таъсису барқарор карда шуданд. Яъне агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 2100 расидааст.

Танҳо соли ҷорӣ бунёди 14 корхонаи бузург бо таъсиси панҷуним ҳазор ҷойи кори доимӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз, аллакай, як қисми онҳо ба фаъолият оғоз кардаанд.

Қобили зикр аст, ки саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯан инкишофёфта ва бо технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, беш аз 140 навъи маҳсулот истеҳсол мекунад, ки ба соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ тааллуқ доранд.

Танҳо дар самти коркарди пахта дар даврони соҳибистиқлолӣ даҳҳо корхонаҳои нав бунёд шуда, иқтидори коркарди нахи пахта аз 28 ҳазор тоннаи соли 1991 ба беш аз 100 ҳазор тонна расонида шуд. Дар шароити имрӯза давлат дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ барои рушди соҳаи саноати мамлакат ҳамаи заминаҳои заруриро муҳайё намудааст. Ноил гаштан ба ин мақсад бояд ба яке аз ҳадафҳои муҳимми стратегии миллӣ дар солҳои оянда табдил ёбад.

Ҳиссаи бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаҳои мухталиф Воқеан, рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат мебошад ва бо ин мақсад тадбирҳои зиёде андешида мешаванд.

Дар шароити шиддат гирифтани буҳронҳои молиявиву иқтисодии ҷаҳонӣ масъалаи ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат ва муътадил нигоҳ доштани вазъ дар бозори меҳнат яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, коҳиш додани сатҳи камбизоати, таъмини устувории иқтисодиёт ва амнияту субот дар ҷомеа арзёбӣ мегардад. Зеро вақте, ки шаҳрванд ба шуғл фаро гирифта намешавад ё худ ҷойи кори муносибро дар дохили мамлакат барои худ пайдо карда наметавонад Ӯ қодир аст ба ҳама кор бо мақсади дарёфти қути лоямут даст занад.

Дар ҳамин радиф масъалаи тақвияти ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ вобаста ба таксиси чойҳои нави кори ва ба шғл фаро гирифтани аҳолӣ дар мадди аввал меистад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо амали гардидани татбирҳои муассири давлати дар самти дастгирии бахши хусусӣ ва ва пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳиссаи ин бахши муҳими иқтисодиёт дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда, дар соли 2016-ум 67-дарсадро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 1998 ба 30-дарсад баробар буд. Хотирасон менамоям, ки фаъолияти самараноки бахши хусусӣ яке аз нишонаҳои асосии сатҳи рақобатнокӣ дар иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.

То иптидои соли 2016 аҳолии мағули кор дар баҳши хусусӣ 1566,6 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба соли 1991 тақрибан 1 191 ҳазор нафар ё худ 4,2 маротиба зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар ин давра, шумораи шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти инфиродии меҳнатӣ машғуланд беш аз 30 маротиба зиёд гардидаанд. Ҳиссаи бахши савдо дар ин самт нисбат ба соҳаҳои хизматрасонӣ, фарҳанг ва иҷтимоӣ бештар афзалият дошта, 72,3% кулли фаъолияти инфиродии меҳнатии аҳолиро ташкил медиҳад. Фаъолияти инфиродии меҳнатии дар соҳаҳои фарҳангу иҷтимоӣ бошанд қарибки аз байн рафтааст. Ин рақамҳо баёнгари он мебошанд, ки айни замон сарфи назар аз мавҷуд будани шароити мусоид барои ташкил ва пешбурди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, суръати рушди он ҳануз ҳам ба талабот ҷавобгӯй набуда, ба ислоҳ ниёз дорад.

Тамоюлҳои рушди соҳибкории истеҳсолӣ

Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории хурду миёнаи истеҳсолӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва таъминкунандаи пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ аҳаммияти махсус медиҳад.

Дар натиҷаи пиёда сохтани татбирҳои муассири давлати дар самти дастгирии молистеҳсолкунандагонӣ ватанӣ, истифода ва коркарди ҳарчи пурраи ашёи хоми дохилӣ, сол аз сол дар нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти корхонаҳои хурде, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғууланд тамолҳои мусбат ба назар мерасанд. Аз таҳлилҳо бар меояд, ки дар тули 24 соли истиқлолияти давлатӣ, шумораи корхонаҳои хурд беш аз 2 маротиба, фонди музди меҳнат тақрибан 30% ва даромад аз фурӯши маҳсулот беш аз 6,8 маротиба афзоиш ёфтааст. Шумораи кормандон дар ин давра бошад, аз 59,4 ҳазор нафари соли 1991 ба 30,3 ҳазор нафар дар соли 2014 расидааст. Яъне дар зарфи 24 соли охир шумораи кормандон тақрибан 2 маротиба коҳиш ёфтааст. Баъзе аз сабабҳои асосии ин раванд дар гузариши корхонаҳои мазкур ба хатҳои нави технологи ва мутобиқ намудани фаъолияти онҳо ба талаботҳои замони муосир арзёбӣ мегардад, ки ин бевосита боиси нисбатан коҳиш ёфтани шумораи коргарон гардидааст. Ин гуфтаҳо бори дигар собит месозанд, ки рушди соҳибкории истеҳсоли пайваста зери дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Яке аз соҳаҳои миҳими дигари фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ ин бахши кишоварзӣ мебошад. Айни замон тақрибан 50,6% фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат ба ин соҳаи муҳим иқтисодиёд рост меояд. Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат шумораи хоҷағиҳои деҳқонӣ фермерӣ (ХДФ) ҳамчун шакли пешбарандаи фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши аграрӣ бо тадриҷ ру ба афзоиш дошта, дар соли 2016 133131 ададро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 1992 ба 31 адад баробар буд. Ин ҳолат агар аз як тараф, аз ҳавасманди ба ташкил ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолӣ маҳсулоти кишоварзӣ дар ин соҳа алоқаманд бошад, аз ҷониби дигар аз мунтазам коҳиш ёфтани майдони замини дар ихтиёри ХДФ қарордошта дарак медиҳад.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки сол аз сол андозаи миёнаи масоҳати замини дар ихтиёри ХДФ қарордошта, тамоюл ба коҳишёбӣ дошта, соли 2015 ба ҳар як ХДФ 21,0 гектар замин рост омадааст, ки ин ба нишондиҳандаи соли 1992 баробар мебошад. Дар баробари ин, сарфи назар аз он ки дамоми 25 соли охир майдони заминҳои истифодаи кишоварзӣ аз ба 2542,9 ҳазор гектар расида бошад ҳам, вале дар ин росто тамоюлҳои манфи ба назар расида, аз зиёд гардидани майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берун монда дарак медиҳад. Яке аз сабабҳои асосии ин раванд дар гузариши ХДФ мақоми шахси ҳуқуқи дошта, ба шакли соҳибкории инфиродӣ ва мунтазам зиёд гардидани шумораи ХДФ арзёбӣ мегардад.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳарчанд, ки майдони замини кишт ҳаҷман хурд гардад, ҳамон қадар имкониятҳои хоҷагидор дар бобати истифодаи самараноки техникаи ҳозиразамон, киштгардон, дастраси ба захираҳои қарзи ва иҷрои пурраи қоидаҳои агротехники, ки аз ҷумлаи омилҳои асосии баланд гардидани ҳосилноки аст, маҳдуд мегардад.

Дар фарҷом ҳаминро мехоҳам таъкид созам, ки тадбирҳои андешидашуда дар соҳаи танзими муҳити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ имкон доданд, ки нишондиҳандаҳои кишвар тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ беҳтар гардида, Тоҷикистон дар соли 2015 бори сеюм ба қатори даҳ кишвари барандаи ислоҳот ворид шавад.

Муовини сардори раёсати тадқиқоти Одинаеа А.И.

масъалаҳои соҳибкорӣ ва

инкишофи бахши хусусӣ