Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот 04.09.2017 ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛ
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1208
mod_vvisit_counterДирӯз1376
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9295
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24699
mod_vvisit_counterҲамагӣ1013281
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
21
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

04.09.2017 ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛ

Ба ифтихори 26-мин солгарди

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он 26 – умин солгарди Истиқлолиятро ҷашн мегиранд. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, ниёгони мо бо таҷлили ин афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Эмоми Азаму, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хусрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобигаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро тазмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Дар тӯли ин 26 соли сипаришуда Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Имрӯз кишварамон узви комилҳуқуқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи дунё мебошад.

Дар ин давра ҷумҳуриамон ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ- иқтисодӣ ва маърифатию илмӣ ва ғайра ноил гардад.

Дастоварди аз ҳама муҳими он ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад.

Яке аз дастовардҳои бузурги дигари истиқлолият - беҳтар шудани некуаҳволии мардум ва поин рафтани сатҳи камбизоатии аҳолӣ аст. Имрӯзҳо шумораи аҳолӣ аз 5,5 миллиони солҳои аввали истиқлолият ба 8,7 миллион нафар расидааст. Маҳз ҳамин талошҳо боиси он гашт, ки умри мардум дар кишвари мо ба ҳисоби миёна ба 73,5 сол расонида шавад. Миллиардҳо сомони аз сарчашмаҳои мухталиф барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, алоқа, маориф ва тандурустӣ сарф гардида аст. Дар робита ба ин тағйироту иловаҳои ахиран ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба танзими анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикисто» воридгардида минбаъд ба баланд бардоштани некуаҳволии халқ, мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Точикистон тавонист, ки худро чун як кишвари истеҳсолкунандаи неруи барқи аз чиҳати экологӣ тоза муаррифии бештар кунад ва ба сафи чанд давлати пешрафта дар самти «энергияи сабз» ворид гардад. Тасаввур кунед, ки мо имруз 98% неруи аз ҷиҳати экологӣ тозаро истеҳсол мекунем ва бо сарбаланди метавонем гуем, ки дар пешгирии оқибатҳои ногувори гармшавии иқлим дар кишвар ва ҳатто дар минтақа саҳм мегузорем.

Дар татбиқи тамоми нақшаҳои стратегии иқтисодӣ ва энергетики кишвар саҳми насли ҷавон хеле муҳим мебошад. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми -2016 соли 2017 – ро соли ҷавонон эълон кардааст.

Чунончи дар Паёми мазкур дар ин бора омадааст: «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.»

Ва мо ҷавонон бояд уҳдадор бошем, ки дар воқеъ ватандуст будани худро исбот созем, барои пешрафти кишвар талош кунем.

Ҳикматулло Хоҷаев Коршиноси

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон