Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот 31.08.2017, ИШТИРОКИ ҶАВОНОН ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА: ТАҲКИМИ МАФКУРАИ МИЛЛӢ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИЮ СИЁСИИ ҶАВОНОН
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз372
mod_vvisit_counterДирӯз1586
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта372
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27618
mod_vvisit_counterҲамагӣ1277974
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
20
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

31.08.2017, ИШТИРОКИ ҶАВОНОН ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА: ТАҲКИМИ МАФКУРАИ МИЛЛӢ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИЮ СИЁСИИ ҶАВОНОН

Баъди соҳиб гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ марҳалаи хеле ҳам мушкил ва мураккаби гузаришро аз як шакли муносибатҳои ҷамъиятӣ ба дигар, ки ба асли ҷомеаи демократӣ ва иқтисоди бозорӣ асос ёфтааст, аз сар мегузаронад. Дар ин марҳала рафти қонунии рушду пешрафти ҷомеа талаботеро мегузорад, ки нодида гирифтани онҳо барои таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини амнияту субот метавонад таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, барои қавӣ намудани унсурҳои дохилии таҳкимбахшанда, равона намудани таваҷҷуҳ ба ташаккул ва рушди мафкураи нав, аниқтараш идеологияи ягонаи миллӣ бисёр муҳим мебошад.

Тавре маълум аст, дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таърихии рафти инкишоф ва пешрафти ҷамъият талаб менамояд, ки дар ҷомеа, алалхусус дар миёни ҷавонони кишвар, мафкураи ягонаи миллӣ ҳамчун шакли асосии идеологияи ҷамъиятӣ эҳё, бунёд ва рушд дода шавад.

Бояд гуфт, ки ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли аҳолии кишвар қодир ба татбиқи афзалиятҳои миллӣ барои рушди ҷомеа мебошанд. Ва чунин нуктаи назар ҳам ҳаст, ки аз мавқеву фаъолияти ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ самту суръати рушди давлат вобаста мебошад. Аз ин рӯ, эҳёи мафкураи ягонаи миллӣ дар миёни ҷавонони тоҷик боиси пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва рушди миллату давлат хоҳад гашт. Мардуми азияткашидаи тоҷик, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуд ва сабақи талхеро аз бар кард. Сабабҳои калидии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ–касодии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавиёту фарҳанг буд. Паст будани ҳисси ватандӯстӣ ва шуурнокӣ, авҷи маҳалгароӣ, сатҳи пасти фарҳанг дар миёни ҷавонон моро ба ҷанги даҳшатбор овард. Он ҳама хонавайрониҳо ба наслҳои минбаъдаамон басанда аст. Аз ин рӯ, мо бояд нагузорем, ки миллати тоҷик бори дигар ба ягон вартаи даргириҳои сиёсию ҳизбӣ гирифтор шавад.

Бинобар ин, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту вохӯриҳои худ пайваста таъкид мекунанд, аҳли ҷомеа, рӯшанфикрон, олимон, давлатдорону сиёсатмадоронро лозим аст, ки доир ба зарурати ба вуҷуд овардани мафкураи ягонаи миллӣ, мазмун ва муҳтавои ин мафкура, тавлиди маҷмӯи қонунҳои ба низом даровардаи ин мафкура, коркарди модули ягонаи роҳҳо ва шартҳо, сохторҳо ва идораҳои танзимгари ин мафкура чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Таҳлилу баррасии таърихи пас аз Истиқлолияти давлатӣ то кунун нишон медиҳад, ки миллати тоҷик ба як мафкураи миллии ягона, ки баргирифта аз воқеиятҳои ҷомеа бошад ва тамоми қишрҳои ҷомеа онро қабул дошта бошанд, ниёз дорад.

Мафкураи миллиро мо ҳамчун ҳадаф ва барномаи мушаххас ва махсус метавон арзёбӣ намоем, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар пайи дастёбӣ ба он, аз неруи ақлонию ҷисмонии худ истифода бурда ва дар пайи амалӣ намудани он талош менамоянд. Инчунин, мафкураи миллиро дар ҷодаи таҳрезӣ ва бунёд ҷомеаи навин баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун манбаи неруи қавӣ метавон арзёбӣ кард. Ҳарчанд мафкураи миллӣ хусусияти муваққатӣ дошта бошад ҳам, хусусияти дигари хоси он тавлиди мафкураҳои миллии дигар аст. Сари ин масъала ҷомеаи навини Тоҷикистонро зарур аст ҷиддӣ фикр кунад, ки ба андешаи банда вуҷуд доштани мафкураи миллӣ дар ҷомеа ин роҳнамои хубе баҳри тараққиёту пешрафти оянда хоҳад буд. Яъне мафкураи миллӣ муаррифкунандаи ҷомеа ва ё миллат дар замони муосир аст. Ҷомеа ва ё миллате, ки мафкураи миллӣ надорад, пас эҳтимолияти ба буҳрони сиёсӣ, фарҳангӣ,

иқтисодӣ, иҷтимоӣ гирифтор шуданаш мавҷуд аст. Таҳрезии чунин як мафкура фақат зарурати миллати тоҷик набуда, кишварҳои зиёдеро метавон мисол овард, ки солиёни зиёд пайи таҳрезӣ ва дар амал татбиқ намудани мафкураи миллии худ кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд.

Давлате, ки мафкураи ягона надорад, пояаш бебунёд буда, таҳкурсии давлатдориаш суст аст ва ҳамеша дар гирдоби сиёсатҳои таҳмилӣ ғӯтавар мебошад. Таҷрибаи рӯзгор ва ҳаёти инсонӣ собит намудааст, ки давлате, ки мафкураи ягонаи миллиро доро нест, сарзаминаш бозори сермағали мафкураҳо буда, халқаш бозичаи ҳама гуна бозиҳои сиёсии сиёсатмадорони хурду калон ва худию бегона мегардад.

Ҷомеаи демократӣ мавҷудияти мафкураи ягонаро қатъиян инкор месозад, вале ҳувияти мардуми тоҷик ҳукмронии мафкураи ягонагии миллиро ҳамчун зарурате мисли талаботи инсон ба обу ҳаво тақозо менамояд. Набудани мафкураи қавии ягонаи муттаҳидкунанда дар ҷомеа, махсусан дар сарзамини тоҷикон, хеле ҳам хатарнок аст. Аз ин рӯ, чун мо дар зинаи сохтмони ҷомеаи навин қарор дорем, пас бояд барои дар қаъри дил ва ҳарими мафкураи миллатамон ҷой додани мафҳумҳое, ба монанди наҷоти миллат, забони миллӣ, фарҳанги миллӣ, иқтисодӣ миллӣ, асъори миллӣ, моли миллӣ, бозори миллӣ ва ғайра бикӯшем ва талош варзем.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии давлатҳо дар ҷумҳурии мо мафкураи ягонагии миллӣ ва рушди миллӣ бояд ҳукмрон бошад. Ваҳдати миллӣ, миллатсозию давлатсозӣ бояд дар зери парчами ягонаи миллӣ бо эҳтироми фарҳангу арзишҳои миллӣ, аз қабили забони ягонаи миллӣ, қаламрави ягона, иқтисод ва тарзи ҳаёти ягонаи миллӣ, маънавиёт ва фарҳунгу маърифати миллӣ ва амсоли онҳо сурат гирад. Ин муқаддасоти миллӣ аз ҷониби давлат, ҳизбу ҳаракатҳо ва тамоми ҷомеа ҳифз ва инкишоф дода шавад, онҳо бояд муқаддасоти тамоми мардуми сокини Тоҷикистон гарданд. Реша ва маҳаки асосии ҳама гуна ақидаю идеологияҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳоро бояд мафкураи ягонагии миллӣ ва тафаккури давлатӣ ташкил диҳад. Мафкураи гурӯҳ, маҳал, синф ва ё ягон табақаи иҷтимоӣ дар ҷомеа аз мафкураи ягонаи миллӣ набояд боло бошад. Дар ҷомеаи мо бояд мафкураи ягонаи миллӣ тантана кунад ва устувору пойбарҷо бошад. Дигар ҳама гуна шаклҳои мафкураҳо бояд пойбанду хизматрасони мафкураи ягонагии миллӣ бошанд.

Шояд баъзеҳо андешаҳои моро оид ба чунин тарзи демократикунонии ҷомеа дар муқобили демократияи давлатҳои Ғарб гузошта, зери танқид гиранд. Вале паҳн намудани филмҳое, ки фаҳш, куштор, дуздӣ, рекет, ҷанг ва дигар навъҳоиҳои зӯровариро талқин месозанд, инчунин, таблиғи дину ойинҳои ба мардуми мо бегона ба кӣ лозим аст? Оё ин ҳодиса демократия аст? Оё ин ногузирии тарзи ҳаёти нав аст?

Бинобар ин, дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонем. Ин вазифаи муқаддаси ҳар миллати соҳибфарҳанг мебошад, чунки дар таърихи тамаддуни башар халқҳо ва қавмҳои гуногун бинобар нигоҳ дошта натавонистани асолати худ бо миллатҳои бузург омехта шуда, ҳастии забониву фарҳангии худро гум карда, оқибат аз байн рафтанд.

Аз ин рӯ, тақдири миллат, ояндаи фарзандон, расму ойин, маданияту фарҳанги мо имрӯз аз он вобаста аст, ки мо дар ин давраи мушкилу мураккаби гузариш кадом мафкура ва падидаи дунёи муосирро қабул менамоем. Агар мо дар ин самт хато намоем ва мардумро ба роҳи тақлиди расму одати барои мардуми мо бегона равона созем, пас ҳамаи он чиро, ки тӯли ҳазорсолаҳо ба даст овардаем, аз даст дода, бо ҳамин нишонаҳои асосии миллиро гум карда, дар саҳифаи таърихи тамаддун ҳамчун як ҷомеаи сирф тоҷикӣ аз байн меравем. Барои аз ин хатар эмин мондан мафкураи солими миллиро инкишоф додан, дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ арзишҳои миллии худро ҳифз намуда, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан бояд сатҳи худшиносии мардум баланд бардошта шавад. Барои он ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам пойдору устувор гардад, зарур аст, ки иродаи мардум ва мафкураи миллӣ бо ҳадафҳои пешгирифта мувофиқат намоянд, зеро мафкураи миллӣ ҷавҳари ҳастии миллат, шарти бақои ҷовидонаи он аст, ки он дар асоси фаҳмидану дарк намудани манфиатҳои миллӣ ташаккул меёбад. Мафкураи миллӣ дар раванди инкишофи миллат ташаккул ёфта, дар фарҳанг ва маънавиёташ зуҳур мекунад. Мафкураи миллӣ сарчашмаи маънавӣ, муайянкунандаи арзишҳои зеҳниву ахлоқӣ ва ҷавҳари фарҳанги миллӣ мебошад.

Маҳз тавассути он халқи тоҷик дар тӯли роҳи таърихии дуру дарози худ саъю кӯшиш кардааст, ки дар тамаддуни башарӣ мавқеъ ва мақому манзалати хос пайдо намояд.

Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқиятҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Мафкураи миллиро чунон моҳирона таҳрезӣ ва дар амал татбиқ намоем, ки хилофи ҳуқуқу манфитаҳои онҳо набошанд ва фарҳанги шаҳрвандиро тақвият бахшад. Бо ибораи дигар, мафкураи миллӣ бояд чунин хусусиятҳо, ба монанди миллатгароӣ ва шовинизми миллӣ таҷассум насозанд. Мафкураи миллӣ бояд бо ҳамбастагӣ дар радифи масъалаҳои давлат ва давлатдории миллӣ, манфиатҳои миллӣ, шуури миллӣ, психологияи миллӣ, сиёсати миллӣ ва фарҳанги миллӣ ташаккул ёбад.

Тамоми иқтидори таълимиву тарбиявӣ ва воситаҳои таблиғотиву ташвиқотии кишвар бояд ба тарбияи ҳисси миллии мардум равона карда шаванд. Тарбияи ҳувияти милливу ватандӯстӣ маҳаки асосии барномаҳои таълимию тарбияивии соҳаи маориф ва васоити тарғиботии соҳаи фарҳангу маънавиёт ва ахбори умум гарданд. Набояд фаромӯш намуд, ки мафкураи миллӣ худ ба худ ба вуҷуд намеояд, балки он аввалан аз ҷониби нухбагони (элитаи) фикрӣ баррасиву таҳия шуда ва баъдан аз ҷониби нухбагони иҷроия ҳамчун барнома ва ҳадаф мавриди иҷро қарор мегирад. Ҳамчунин, бояд дар назар дошт, ки барои татбиқи мафкураи миллӣ зарур аст, ки нухбагони фикрӣ ва иҷроия онро аз назари авлавиятбандӣ, замонбандӣ ва амалисозӣ мушаххас намоянд то ин мафкураи миллӣ афкору манофеи умумиро дарбар гирад.

Имрӯз дар ҷумҳурии мо барномаи мушахасси мафкураи давлатӣ қабул ва эълон нагардидааст, ин шароитро ҳар гуна ҳизбу қувваҳои иртиҷоӣ метавонанд истифода баранд ва мардумро ба доми мафкураи хеш кашанд. Набояд фаромӯш намуд, ки шахсе, ки аз ахлоқи ҳамидаи ирфонӣ ва аз фарҳанги бузурги инсонӣ бехабар ва дур аст, ба осонӣ метавонад ба ҳайси бозичаи дасти дигарон ба як манқурт ва ғуломи беандешаи фармонбар ва ҳалқабаргӯш табдил ёбад.

Аз ин рӯ, дилбастагӣ ва тааллуқ ба як сарзамин метавон яке аз омилҳои неруманд ва калидӣ дар ташкили як миллат ва ваҳдату ягонагии қавмҳои гуногун дар як кишвар зикр намуд. Ба вуҷуд омадани дилбастагӣ ба сарзамин боиси ба вуҷуд омадани манфиат ва сарнавишти муштарак дар як ҷомеа мегардад. Агар ин омил дар миёни мардуми кишвар вуҷуд дошта бошад, он гоҳ мардум худро дар он бегона ҳис накарда, дар фикри ободиву шавкати сарзамини худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва манфиати сарзаминро авлотар аз манфиати худ ва гурӯҳе, ки ба он вобастагӣ доранд, мегузоранд.

Мафкураи миллӣ нақши асосиро дар ваҳдату ягонагӣ, пешрафту рушди ҷумҳурӣ мебозад. Равандҳои сиёсиву фарҳангӣ, ки имрӯз миллати тоҷик пеш гирифтааст, давоми инкишофу рушди такмили ҳамон ғояи миллиест, ки собиқаи зиёда аз панҷҳазорсола дорад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон исбот намуд, ки ғояҳои ваҳдату башардӯстӣ ва фарҳангсозиву ватанпарастӣ муҳимтарин унсури мафкураи миллӣ ва хиради азалӣ буд, ки пеши роҳи бародаркушиву худсӯзии миллатамон сари вақт гирифта шуд. Ин таҷриба моро водор месозад, ки мафкураи миллиро эҳё, ҳифз, такмил ва инкишоф диҳем. Барои он ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро пайдо карда, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд мо гузаштаи худро хуб дарк намуда, бо неруи тоза ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем.

Яке аз омили муҳими дигари устуворгардонии давлатдории миллӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими суботи сиёсӣ ва тақвият бахшидани ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд – таҳкими маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон мебошад. Бояд зикр намуд, ки мутобиқи моддаи якуми Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти шароити ҳатмӣ барои таҳкими маърифати ҳуқуқию сиёсии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Маърифати ҳуқуқию сиёсӣ қисми ҷудонашавандаи фарҳанги умумии ҷомеа аст. Раванди ташаккули давлати ҳуқуқбунёд бевосита ба ташаккули маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон марбут аст. Сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷавонон яке аз нишондиҳандаҳои рушд ва меъёрҳои муҳими навсозии ҷомеа мебошад. Дар шароити ҷомеаи муосир ҷавонон яке аз қишри асосие мебошанд, ки ба онҳо лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ равона гардидаанд. Ҳамзамон, бояд ҷавононро на танҳо ҳамчун истеъмолкунандагони тадбирҳои иҷтимоӣ, балки инчунин, ҳамчун иштирокчии фаъол дар татбиқи он, таъмини сиёсат бо манфиатҳои ҷавонон баррасӣ намуд. Имрӯз маҳз ҷавонон яке аз сарчашмаи асосии оромиву субот дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Вобаста аз мавқеи худ, ҷавонон метавонанд ё омили бунёдсозӣ таъмини рушди устувор, ё омили вайронкунанда баромад намоянд: ё интиқолдиҳандаи инноватсияҳои воқеӣ, ё ақидаҳои зиддииҷтимоӣ ва зиддиинсонӣ; ё неруи мусбати дигаргуниҳои мусоид, ё баромадкунандаи манфиатҳои ғаразноки як гурӯҳи демографӣ ва ғайра бошанд.

Аз сабаби он, ки ҷавонон, нақши муҳим, яъне ҳамчун захираи стратегии ҷомеаро мебозанд ва аз бисёр ҷиҳат ояндаи онро муайян менамоянд, бинобар ин, онҳо объекти таваҷҷуҳи махсуси давлат мебошанд ва ҳамчун неруи асосии сиёсӣ баромад менамоянд, вале, бо вуҷуди ин ҳама, ҷавонон гурӯҳи бемуҳофизи иҷтимоиянд ва хоҳанд монд, зеро онҳо дар ҳолати номуайянии интихоби тарзи ҳаёт ва мушктилоти гузариши синнусолӣ қарор доранд.

Маърифати сиёсӣ дар фаҳмиши мо сатҳ ва фаҳмиши донишҳои сиёсӣ, арзёбӣ, муҳтаво ва сифати анъана, дараҷаи бошууронаи азхудкунии арзишҳо, меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, инчунин, хусусият ва тамоюли фаъолият ва рафтор дар ҳаёти сиёсии ҷомеа маҳсуб меёбад. Ташаккули маърифати сиёсӣ дар шароити тағйироти асосии дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷомеаи муосир ба амал омада истода, ки ба коҳиш додани завқи фаъолияти иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар сабабгор мегардад, бениҳоят зарур мебошад. Дар чунин шароит масъалаи ҷалби иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа аҳамияти актуалӣ ва муҳимро ба худ касб менамояд.

Маърифати сиёсии ҷавонон, ҳамзамон ба низоми муносибатҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва низоми фарҳангӣ тааллуқ дорад. Ҳамчун қисми низоми сиёсии ҷомеа маърифати сиёсӣ дараҷаи рушди сиёсӣ ва фаъолияти ҷамъиятии ҷавононро дар муносибатҳои сиёсӣ инъикос менамояд. Ҳамчун қисми фарҳангии ҷомеа, он намоёнгари неруи ҷамъият, таҷрибаи ин ё он ҷомеа мебошад, ки раванди ташаккул ва татбиқи ҳаёти ҷавононро дар рафти фаъолияти сиёсии онҳо маълум менамояд.

Ташаккули маърифати сиёсии ҷавонон тавассути ҷалби онҳо ба фаъолияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ амалӣ мешавад, ки эҳтиёҷоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсиро қонеъ мегардонад.

Рушди маърифати сиёсӣ дар ҷомеаи тоҷик дар назди ҷавонон чунин вазифаҳоро, аз қабили иштироки фаъолонаи онҳо дар муносибатҳои иҷтимоиву сиёсии кишвар, ҳамкорӣ бо мардум, ниҳодҳои сиёсиву маънавӣ мегузорад. Мавҷуд набудани вазъияти мусбати устувор дар муҳити ҷавонон, камолоти ҳисси шаҳрвандӣ, фаъолияти баланди иҷтимоӣ, сатҳи дурусти иштирок дар иқтисодиёт, маънавиёт ва дигар равандҳо, азнавистеҳсолкунии иҷтимоиро шикаст медиҳад, он гоҳ на танҳо ояндаи ҷавонон, балки ояндаи тамоми ҷомеа зери хатар мемонад.

Тақвияти таваҷҷуҳи мақомотҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ нисбат ба ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ҷавонони имрӯза дар муносибатҳои иҷтимоӣ бениҳоят ҳам пароканда шудаанд.

Ҳамзамон, дар муҳити ҷавонони муосир маърифати рафтори масъули шаҳрвандӣ, худташаккулӣ, ҳавасмандӣ барои иштирок намудан дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ суст рушд ёфтааст.

Дар вазъияти кунунӣ, ҷавонон, бинобар сабаби синну соли онҳо ва хусусиятҳои иҷтимоию психологӣ, аз як тараф, дорои шавқу бузург эҳтимолӣ ва дилгармиянд, вале аз тарафи дигар, аксар вақт онҳо мавриди ваҳм, калавишҳо, шаклдигаркунии афкор ва рафтори худ қарор доранд. Омили дувум ба он оварда мерасонад, ки ҷавонони тоҷик «туъма»-и қувваҳои гуногуни харобиовари дорои унсурҳои экстремизми сиёсӣ мегарданд.

Набояд фаромӯш намуд, ки яке аз қувваи асосие, ки дар чорабиниҳои дар бархе аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус дар Молдова, Украин, Гурҷистон, Қирғизистон ба амал омаданд ва ҳамчун «инқилобҳои ранга» маълуманд, маъмулан, ҷавонон буданд. Бинобар ин, дар шароити транзити демократия мушкилоти давраи гузариш аз ҷониби насли наврас бештар ба назар мерасад.

Имрӯз ҷавонон қисми фаъол ва мобилии ҷомеа ҳастанд. Бо вуҷуди ин, фаъолияти сиёсии ҷавонон нокифоя боқӣ мемонад, зеро сатҳи иштироки шаҳрвандони ҷавон дар равандҳои иҷтимоиву сиёсӣ ба сатҳи иштироки онҳо дар равандҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мутобиқ нест. Бинобар ин, солҳои охир таваҷҷуҳи созмонҳои сиёсӣ нисбат ба ҷавонон ва ба ширкати онҳо дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ афзоиш ёфта истодааст.

Дар айни замон сиёсат қисми ҷудонашавандаи ҳаёту рӯзгор гаштааст, он на танҳо ба манфиати калонсолон, балки ба манфиати ҷавонон низ дахолат менамояд. Аз ин рӯ, аксари ҷавонони кишвар нисбат ба шахсони калонсол ба сиёсат ва масоили марбут ба сиёсат шавқу ҳаваси кам доранд. Натиҷаҳои тадқиқоти гузаронидаи солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҷавонон қисми камфаъоли сиёсии аҳолӣ ба шумор мераванд. Дар масъалаи таҳкими маърифати ҳуқуқии ҷавонон лозим ба ёдоварист, ки дар ҷомеаи имрӯза, аксаран масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон баррасӣ мегардад ва ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ҷараён дорад. Таъсис чунин навъи давлат бидуни сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, ки ҳамчун яке аз шартҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошад, ғайриимкон аст.

Мақом ва ҷойгоҳи махсусро дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дарки аҳамияти худи шаҳрвандон дар ин раванд мебошад. Бидуни савияи дониши ҳуқуқӣ, дарки арзишҳои иҷтимоии ҳуқуқ, иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар фаъолияти давлат, ташаккул ва таҳкими рафтор мутобиқи қонун дар ҷомеа рушди минбаъдаи кишвар имконнопазир мебошад. Аз ин рӯ, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ– ҳадафи умумии шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ маҳсуб меёбад, вале дар роҳи ташаккул ва густариши маърифати ҳуқуқӣ бинобар сабабҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии дар ҷамъият баамаломада монеаҳо ба вуҷуд меоянд. Вазифаи муҳим ҳам барои давлат ва шаҳрванд муайян намудани монеаҳо, роҳи ҳал ва бартараф намудани онҳо мебошад.

Яке аз роҳҳое, ки маърифати ҳуқуқии мардум сайқал дода мешавад, ин тарғибу ташвиқи меъёрҳои Конститутсия мебошад. Омӯзиши Конститутсия дар мактабҳо, нашри маводҳо доир ба Конститутсия дар васоити ахбори омма ва умуман, ба вуҷуд овардани маърифати ҳуқуқӣ заминаи маънавии ҳуқуқбунёдии давлат аст. Дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум ва ба вуҷуд овардани низоми қонунгузорӣ бо таври густурда ба роҳ мондани таҷрибаи татбиқи меъёрҳои он мақсади асосӣ мебошад.

Сабабҳои аслии дар сатҳи паст будани маърифати ҳуқуқию сиёсии бархе аз ҷавонон ин дур будан аз мактабу маориф мебошад, зеро мактабу маориф ин таҳкурсии маърифати ҳуқуқию сиёсӣ буда, ҳамчун соҳаи муҳим ва афзалиятноки ҳаёти ҷомеа дар ташаккули маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ рушди ҷаҳонбинии фардию иҷтимоии шахсият ва тарбияи ӯ дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллию умӯмибашарӣ нақши ҳалкунанда дорад.

Саҳми мактабу маориф барои рушди маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва баланд бардоштани шуури маънавии инсонҳо хело кумак мерасонад, зеро дар ҳама давру замон ба масъалаи маърифатнокии ҷомеа ҳамчун омили пешрафту тараққиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, таҳкими таълиму тарбия дар ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоиию сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳарвақта дида муҳимтар гардида, дар кишвари мо низ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор гирифтааст. Бинобар ин, маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, ки бевосита ба дастёбӣ ба субот, таъмини рушди устувори иҷтимоию сиёсӣ алоқаманд мебошад, солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи олимону донишмандон гаштаааст.

Хулоса, дар вазъияти кунунӣ раванди ҷаҳонишавӣ дар ташаккулу таҳаввули маърифати нави ҳуқуқию сиёсии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон як навъ таъсири манфии мураккаб расонида истодааст. Айни замон, таъмини роҳу воситаҳои асосии ташаккулу инкишофи худшиносии миллӣ, таҳкими муносибатҳои миллӣ дар баробари рушди бонизоми равандҳои ҷаҳонӣ, ҳифзи дастовардҳои сиёсӣ дар ҳавзаи ватанӣ дуруст ба роҳ мондани муносибати дуруст ба мардум ва бо ин роҳ тақвияти ваҳдати миллӣ талаб мекунад. Иқдоми мазкур барои таҳкими давлатдории миллӣ бо дарназардошти манфиатҳои мардум дар баробари инкишофу рушди равандҳои глобализатсионӣ муҳим дониста мешавад.

Имрӯз таҳаввулоти маърифати ҳуқуқию сиёсӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷараён дорад. Дар робита ба ин масъала зарур аст, ки тамоми давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, ки вориди ин падидаи нави таърихӣ гардидаанд, раванди муосири ҷаҳонишавиро ба нафъи худ истифода бурда, имкониятҳои онро барои рушди кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандонашон ба кор баранд, ба оқибати манфии ҷаҳонишавӣ, ки аллакай дар ҳама кишварҳои ҷаҳон, бахусус дар минтақаи Ховари Миёна ва баъзе кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ рӯй додаанд, муқобилат кунанд. Аз ин рӯ, густариши мафкураи миллӣ дар муҳити ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳо барои ташаккули масунияти табиӣ нисбат ба омилҳои хатарзо ва даҳшатафкан баромад намуда, барои таҳкими давлатдории миллӣ таъсири мусбат ва судманд мерасонад.

Худобердӣ Холиқназар,

директори Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илмҳои таърих