Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот Васоити ахбори омма ва таъсири он ба ҷомеа
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз372
mod_vvisit_counterДирӯз1586
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта372
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27618
mod_vvisit_counterҲамагӣ1277974
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
20
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Васоити ахбори омма ва таъсири он ба ҷомеа

28.08.2017

Бо воридшавии башарият ба марҳилаи нави рушди тамаддун, иттилоот ба яке аз захираҳои глобалии инсонӣ мубаддал гашта, ҳамчун яке аз абзорҳои асосии «неруи нарм» афзалият пайдо мекунад.

Бинобар ин, имрӯзҳо дар назарияҳои навини сиёсӣ масъалаи таъсир ба афкори ҷамъиятӣ бо тарзу усули нав коркард шуда, дар амалия васеъ истифода мешавад. Густаришёбии васеи радио ва телевизион, рушди интернет ва дигар воситаҳои алоқа ба ВАО ҳамчун яке аз усулҳои нави «неруи нарм» имкон дод, ки тамоми монеаҳои дар наздашон бударо бартараф намуда, ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа таъсири чӣ манфӣ ва чӣ мусбати худро ба зеҳни мардуми оддӣ расонанд, оммаро назорату идора кунанд. Васоити ахбори омма, дар воқеъ, як нерӯи тавоно буда, имрӯзҳо комилан ба тамоми соҳаи ҳаётӣ ворид шудааст.

Набояд фаромӯш кард, ки дар самти таъмини амнияти миллӣ, ВАО вазъияти сиёсӣ, иҷтимою иқтисодӣ, идеологию равонии давлатро метавонад ба эътидол оварад, ё ин ки баръакс ба сифати омили бесуботсозанда баромад кунад. Дар ҷаҳони имрӯза ВАО ва технологияҳои замонавии иттилоотӣ аз ҷониби бархе давлатҳои абарқудрат тавассути гурӯҳҳои манфиатҷӯ бар зидди давлатҳои рӯбаинкишоф барои пиёда намудани манфиатҳои геополитикии худ васеъ истифода мешавад. Натиҷаи возеҳу равшани истифодабарии онҳо (ВАО ва технологияҳои замонавии иттилоотӣ), ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи «неруи нарм»-ро метавон дар «инқилобҳои ранга»-и кишварҳои Ироқ, Сурия, Яман, Либия ва Украина ба амал омада мушоҳида намуд, ки дар даҳсолаи охир қариб ба як падидаи муқаррарӣ мубаддал гардида, кишварҳои мазкурро ба мураккабтарин вазъиёти сиёсию иқтисодӣ оварда расонидааст.

Он таносубе, ки имрӯз дар фаъолияти ВАО ва терроризм мавҷуд аст, таъсири манфӣ ва аз ҷониби дигар таъсири мусбати худро ба ҷавонон ба таври айён нишон медиҳад. Имрӯзҳо мафҳум, мӯҳтаво, тарз ва усули бурдани ҷанг дар арсаи сиёсати ҷаҳони тамоман тағйир ёфтааст. Усули истифодаи низомӣ аз ҷиҳати моддиву маънавӣ бисёрхарҷ буда мӯҳтавои худро гум мекунанд. Ба таври васеъ истифода шудани ВАО-и ҷаҳонӣ дар шакл додани афкори ҷамъиятӣ, тафсири ҳодисаҳои сиёсӣ ва умуман ҷанги иттилоотӣ осебпазирии давлатҳои миллиро ба вуҷуд оварда, дар дурнамои дарозмуддат ба фарҳангу ҳувият таъсири манфӣ мерасонад. Яъне, истифодаи касбии ВАО дар миёни дустдорони фарҳангу ҳувият, дар бавуҷуд овардани завқ ва дидгоҳи лозимӣ мусоидат карда, пеш аз ҳама ақлҳоро тасхир мекунад.

Аз ин рӯ, ВАО – яке аз муҳимтарин воситаҳои «неруи нарм» мебошад, ки қариб ба тамоми самтҳо, минҷумла, сиёсат, тандурустӣ, маориф, дин ва ғайра таъсири худро мерасонад. Нақши онҳо дар ташаккул, татбиқ ва таҳаввули тафаккури ҷавонон бениҳоят азим аст. Зиёда аз ин, дарк ва шарҳи муҳимтарин падидаҳо ва дигаргуниҳое, ки дар мамлакат ва ҷаҳон ба амал омада истодаанд тавассути ВАО татбиқ мегарданд. Ин омил аҳамияти махсус ва муҳимро дар заминаи ҳарчӣ зиёди фарогирии ВАО дар соҳаи сиёсат ба даст овардаст. Дар айни замон ВАО ба яке аз муҳимтарин воситаҳои татбиқи равандҳои сиёсӣ мубаддал гашта, ба ҳайси абзори қавии «нерӯи нарм» баромад мекунад ва дар дарозмуддат барои ба воқеият мубаддал намудани ғояҳои тарҳрезишудаи субъектҳои алоҳидаи байналхалқи заминаи муосид ба вуҷуд меорад.

Аз ҳамин сабаб ВАО ва қувваи таъсири он ба тафаккури инсон бениҳоят бузург аст. Тартиб, давр ва тамоюли паҳни дурусти маълумот аз ҷониби ВАО қодир аст, ки на танҳо як ё ду нафарро, балки гурӯҳи назарраси ҷавононро идора кунанд. Аз ин рӯ, тааҷубовар нест, ки имрӯзҳо мо чунин мафҳумҳои “сиёсати иттилоотӣ”, “ҷанги иттилоотӣ”, ва “амнияти иттилоотӣ”-ро мешунавем.

Имрӯзҳо доир ба “ҷанги иттилоотӣ” фикру назарҳои гуногуну мухталиф миёни сиёсатмадорону олимон мавҷуд мебошанд. Аз ин сабаб, муайян намудани дурустии иттилоот ва паҳни он дар ҷомеа бениҳоят азим аст, зеро нодида гуфтан он ё ин ки баръакс, аз воқеият зиёд онро баҳо додан, ба оқибатҳои бузурги манфӣ оварда мерасонад.

Тавре маълум аст, фарорасии давраи иттилоотӣ бо пайдоиши худ ҷолишҳо ва таҳдидҳои навро тавлид намуд, ки ин аз ҷомеаи шаҳрвандии кишварамон муносибати махсусро тақозо менамояд. Он тағйироти назаррасе, ки ба инсоният инқилоби иттилоотӣ, шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ, густариш ва вусъати робитаҳо ва заминаҳои технологӣ меоранд, пешгӯи кардани паёмадҳои сиёсии онҳо бисёр мушкил ва дар баъзан мавридҳо қариб, ки номумкин мебошанд.

Аён аст, ки дар марҳилаи кунунии рушди инсонӣ аз як тараф иттилоот ба яке аз захираҳои пуриқтидортарини стратегӣ мубуддал гаштааст, аз тарафи дигар сатҳи иштироки давлат ва аҳолии он ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ бошад, яке аз нишондиҳаҳои инкишофи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандии ӯ ба ҳисоб меравад.

Ҳарчанд фазои иттилоотии интернетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи инкишоф қарор ҳам дошта бошад ҳам, таъсири он имрӯзҳо ҳар чӣ бештар аз пештар шуда, мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат, мақомоти давлатӣ, олимону таҳлилгарон қарор мегирад.

Иттилоот ва рушди технологияҳои иттилоотӣ аз як тараф тамоми соҳаҳои ҷомеаро фаро гирифта, аз сатҳу сифати он таъмини амнияти давлатӣ вобастагӣ дорад. Аз тарафи дигар, он ба амнияту пойдории миллӣ хатарҳои ҷиддиро низ эҷод менамояд. Дар шароити кунунӣ бо истифода аз ВАО бозингарони сиёсӣ ҳадафмандона ба равандҳои сиёсии давлат таъсири манфии худро расонида, дар фазои иттилоотӣ нуфуз пайдо мекунанд ва ба равандҳои дохилии кишвар мудохила мекунанд. Тавассути ВАО, ҳамчун воситаи таъсирноки “неруи нарм”, афкори ҷамъиятиеро шакл медиҳанд, ки ба суботу амнияти давлат ва умуман, ба дастовардҳои ваҳдати миллӣ хатар эҷод менамояд.

Дар чунин марҳила, ба таври касбӣ мудирият шудани ВАО-и чопӣ ва электронии ватанӣ, новобаста аз шакли моликият дар ҳифзи суботу амният, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва умуман фарҳангу ҳувияти миллӣ муҳим шуморида мешавад. Маҷмӯи ин иқдомҳо барои таҳкими Ваҳдат ва ягонагии миллии мо мусоидат карда, барои муарифии шоистаи Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ заминаи қавиро ба вуҷуд меорад.

Саидов Беҳрӯз Самадович

корманди МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон