Асосӣ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суханрониҳо Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
+++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз338
mod_vvisit_counterДирӯз1407
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3183
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26834
mod_vvisit_counterҲамагӣ937946
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.08.2017

ШИОРҲО

ДАР БОБИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ АЗ ПАЁМУ СУХАНРОНИҲОИ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Таҷлили ҷашни Истиқлолият ҳамчун воқеияти ҳаёт дорои аҳамияти махсус буда, мо ин санаи бузургро беҳуда ҷашни муқаддаси миллӣ нагуфтаем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Муқаддасу бегазанд ва пойдору устувор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун неъмати бебаҳои таърих вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Яке аз беҳтарин намунаҳои заҳмату талошҳои мардуми Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ

барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат мебошад.

 

Эмомалӣ Раҳмон

***

Бигузор, аз шуълаи ҳаётбахши Истиқлол рӯзгори мардуми кишвар осоишу баракати тоза пайдо намояд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ҷашни Истиқлоли миллати сарбаланди тоҷик муборак бод!

Эмомалӣ Раҳмон

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими оғози роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи

Истиқлолияти давлатӣ, 09.09.2016, шаҳри Душанбе

Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор

ва куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати

миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат аст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми

сокинони кишварамон заминаи пойдор фароҳам овард.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ ҷашни бузурги миллии мардуми мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ барои баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва

эҳёи анъанаҳои фарҳангии миллии халқи тоҷик мусоидат намуд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо дар роҳи таҷдиди назар кардани таърих, адабиёт

ва фарҳанги миллӣ қадамҳои устувор гузоштем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ мо пояҳои фарҳанги миллиамонро устувор

намудем ва беҳтарин арзишҳои фарҳангии худро аз нав эҳё кардем.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин ҷашнҳои аҷдодиамон

Наврӯз аз нав зинда гардид ва ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Бо шарофати Истиқлолият забону фарҳангро ҳастии миллат эълон карда, ба рушди суннатҳои

фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намудем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат қабул гардид,

ки татбиқи он иштироки ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои муҳими рушди кишварамон таъмин мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Мо дар роҳи ҳифзи Истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати муосиру

пешрафта нақши ҷавононро хеле муҳим медонем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолияти давлатиро ҳаматарафа омӯзанд, Ватан, миллат, истиқлолият,

рамзҳои давлатӣ, забон ва фарҳанги худро эҳтиром намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ масъалаи мақому мартабаи зан мазмуни нав касб намуда, зимни

ислоҳот ба нақши бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат эътибори ҷиддӣ дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ҳаёти иҷтимоии кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба куллӣ тағйир ёфт ва

ҳалли масъалаҳои ин соҳа яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи илму маорифи тоҷик, бешубҳа, гардиши

куллӣ ва марҳилаи сифатан нави рушд мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Маориф ва илм дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии давлат ва

Ҳукумат ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Донишмандон ва тамоми аҳли донишу зиёи тоҷик солиёни зиёд

дар орзу ва талоши истиқлолияту озодӣ буданд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар сохтори тандурустии мамлакат низ ҳамчун яке аз самтҳои

афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат дигаргуниҳои куллӣ сурат гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Аз рӯзҳои аввали эълон кардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайсияти

мустақили муносибатҳои байналмилалӣ вориди арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ҳифзи минбаъдаи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, ба оламиён муаррифӣ кардани симои воқеии

Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии сиёсати хориҷии мо ба шумор мераванд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Иқдомҳои бузурги созандагиву бунёдкорие, ки дар Тоҷикистони азизи мо дар даврони Истиқлолияти

давлатӣ амалӣ гардиданд, албатта, бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми тоҷик сурат гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Барои ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне Истиқлолияти давлавтӣ, ки шарти ҳастию бақои

миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, бояд аз дилу ҷон талошу кӯшиш ба харҷ диҳем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Итминони комил дорам, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҳам тақвият додани Ваҳдати

миллӣ ва аз имрӯза беҳтар шудани рӯзгори халқи азизамон мусоидат менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ба мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол тандурустиву саодати рӯзгор ва ба кишвари маҳбубамон

сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Эмомалӣ Раҳмон

***

Неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузургтарини мо Истиқлолият мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду

мутамаддини мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки

истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Зиндаву ҷовид бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ҷашни Истиқлолияту озодии Ватан муборак бошад!

Эмомалӣ Раҳмон

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 25 -солагии Истиқлолияти давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 08.09.2016, шаҳри Душанбе

Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба пешрафтҳои бузурги

иқтисодию иҷтимоӣ ва фар¬ҳангию маънавӣ ноил гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Мо ҳар сол ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро бо

дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ–бунёди

давлати навину пешрафтаи тоҷиконро гузоштааст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ борҳо марҳилаҳои мушкилу сангинро паси сар

намуда, ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ гардидем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Дар замони Истиқлолият хатари нестшавии давлат ва пароканда

гардидани миллатро бартараф намудем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ неъмат ва дастоварди беназири таърих аст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таҳкими

дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ равона карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ҳифз ва таҳкими дастовардҳои замони соҳибис¬тиқлолӣ масъулияти дучандро

аз ҳар як фарди ватандӯсти кишварамон талаб дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ҳар як фарди ватандӯст ва бонангу номуси Тоҷикистон дар даврони

Истиқлолияти давлатӣ бояд аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос бошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ҳар яки мо бояд дар ободии ҷумҳурии соҳиб¬истиқ¬лол ва беҳтар

гардонидани зиндагии мардуми Ватани азизамон содиқонаву софдилона саҳм гузорем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлолияти

давлатии Тоҷикистон содиқонаву софдилона меҳнат намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдорию бақои он мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолу озодӣ муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат аст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо яке аз муқаддастарин

арзишҳои миллӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ рамзи гӯёи озодии миллати тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ғояи истиқлол ва озодихоҳӣ чун рукни бунёдии озодии инсон дар тамоми давру

замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии тоҷикон будааст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими

пояҳои Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи дурусту рост равона аст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Тавоноӣ ва некбахтии ҳар як миллат ба Истиқлолияти давлатӣ вобаста аст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни

меҳварии фарҳанги давлатдорию давлатсозии мо мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

20 январи соли 2016

Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи талошу муборизаҳои фидокоронаи

халқи озодихоҳу тамаддунсозамон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Мо соҳиби давлати соҳибистиқлоли миллӣ мебошем, ки дар он

ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот побарҷост.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Рукни бисёр муҳими Истиқлолияти давлатӣ ифтихор аз таърих,

фарҳанг, забон ва анъанаҳои ҷовидонаи миллат аст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Андешаи истиқлолу соҳибихтиёрӣ дар зеҳни миллати

истиқлолхоҳи мо дар тӯли садсолаҳо зинда буд.

Эмомалӣ Раҳмон

* * *

Устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва Истиқлоляти давлатӣ ба

густариши эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ робатаи зич дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Мардуми Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро

чун гавҳараки чашм ҳифз менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ман дар радифи Истиқлолияти давлатӣ Ваҳдати миллиро яке аз бузургтарин

дастовардҳои таърихи миллати куҳанбунёди хеш медонам.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Мо Истиқлолияти давлатиро чун неъмати беназир ва муқаддас ҳифз менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолият неъмати бузург аст, ки ба қадри он мебояд расид.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ба мо муяссар гардид, ки дар Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ суботу

оромӣ ва ваҳдату ҳамбастагии мардуми кишварамонро таъмин намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ роҳи рушду такомули минбаъдаи

Ҷумҳурии Тоҷикистонро равшан сохт.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолу озодӣ барои мардуми шарифи мо ҳамчун арзишҳои

муқаддастарин қадру қимати бузург доранд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Мо бояд ҳамеша Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро ҳифз намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Дар ободонию пешрафти Ватани маҳбубамон Истиқлолияти

давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ нақши бузург доранд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ асоси рушди

устувори кишвари азизамон гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Сарбаландию хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои Ватанамон

дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар ихтиёри худамон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки бо шарафати Истиқлолият

тақдири имрӯзу фардои давлату кишвари худро дар ихтиёр доранд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ватанро дӯст доштан, ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, осудагию

ваҳдат ва озодиву ободӣ расидан лозим аст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Мо бояд Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз

намоем ва ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати давлати

Тоҷикистон буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ғайр аз худи мо каси дигар обод намесозад.

Эмомалӣ Раҳмон

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ,

26 июни соли 2015

Ҳарчанд ки Истиқлолияти давлатии мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи

таърихи пурифтихори халқамон мерасанд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат

ва нишонаи равшани ватандориву меҳандӯстии мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо кишвари мо пайванди

ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯяш боз намуд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб

метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ сиришти маънавии

миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Дар шароити ҷаҳони муосир ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи

ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Дар раванди таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ масъалаи ташаккули инсони

солиму донишманд, мутахассиси сатҳи баланд ва ташаббускору бунёдкор аҳамияти хос дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи

миллат як рукни бисёр муҳими Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ азиз аст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои

давлату ватани соҳибистиқлоли худро дар ихтиёр доранд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ асосҳои ҷомеаи демократиро ба вуҷуд оварда, дар

ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому мартабаи арзанда пайдо намудаем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ду боли тавоное мебошанд, ки

Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ба қадри ин неъмати бебаҳо–Ватан

ва истиқлолияти он расидан, масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Мардуми мо бояд ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ чун ба муқаддасоти миллати озоду

соҳибистиқлоли мо пайваста арҷ гузоранд ва онҳоро гиромӣ доранд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Пояндаву ҷовидон бод, Истиқлолияти миллати куҳанбунёд, сулҳдӯст,

бунёдкор ва фарҳангпарвари тоҷик!

Эмомалӣ Раҳмон

***

Бигузор, нуру зиёи Истиқлолият то абад роҳи Тоҷикистони азизамонро

ба сӯйи ояндаи обод равшан созад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Аз Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон ба ифтихори 23-солагии Рӯзи истиқлолияти

давлатии Тоҷикистон 08.09.2014, шаҳри Душанбе

Ҳамаи мо вазифадорем, ки шукронаи истиқлолу озодӣ, соҳибватанию

соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишварамонро ба ҷо оварем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Мо вазифадорем, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба хотири фардои неку

ободи Ватани азизамон ҳарчи бештар заҳмат кашем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ таъмини ваҳдату амният, сулҳу суботи ҷомеа, ободиву

сарсабзии кишварамон масъулияти дучандро талаб менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ тақозо мекунад, ки мо бояд Ватани маҳбубамонро

боз ҳам ободу зеботар гардонем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ баробари ифтихороти миллӣ ва ватандӯстӣ мо

бояд аз пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир огоҳ бошем.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Халқи ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу сарбаланди кишварамон ҳамеша дастгиру

пуштибони сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо талошу заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми

худогоҳу озодидӯст ва ватандӯсту меҳанпарвари худ ба ҳамаи мақсадҳои некамон мерасем.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

20 апрели соли 2011

Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати

тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ

эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини

тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат

ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ ҷашни сарнавиштсозу муқаддаси миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик

гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Бояд бо ифтихор иброз дошт, ки пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар

даврони Истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони давлатӣ тадбирҳои муассир

андешида, ҷиҳати татбиқи ин сиёсат тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад,

вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Дар баробари ин, метавон гуфт, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолият ба

вуҷуд овардани рӯҳия ва муҳити озод дар ҷомеа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Яке аз музаффариятҳои бузурги даврони Истиқлолияти

давлатӣ ноил гаштан ба Ваҳдати миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Аслан, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мафҳумҳои муродиф мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ

ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолият ва Ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи

фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолият барои мо амсоли Наврӯзи сиёсист, зеро он аз умеду орзу ба

фардои неки Ватан ва сарсабзиҳои ояндаи миллат, ба шукуфоии ҷовидонии

кишвари хуршедиамон–Тоҷикистони азизу соҳиб-истиқлол саршор мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари

худогоҳиву худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ неруи тоза мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

***

Бигузор, парчами пурҷило ва нурафшони Истиқлолияти давлатӣ дар дилу

дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд

ва бар фарози сарзамини аҷдодиамон то абад парафшон бошад!

Эмомалӣ Раҳмон

***

Роҳу иқболат дурахшон, истиқлолиятат поянда ва умрат ҷовидон бод,

Тоҷикистони азиз ва ба ҷон баробари мо!

Эмомалӣ Раҳмон

***

Ҷашни Истиқлолу Озодӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!

Эмомалӣ Раҳмон

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ,

08.09.2011