Асосӣ: Соҳибкорӣ ва рушди сектори хусусӣ Ваҳдати миллӣ–кафолати таъмини рушди устувори бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон
+++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз107
mod_vvisit_counterДирӯз1636
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1743
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27205
mod_vvisit_counterҲамагӣ1153642
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
21
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ваҳдати миллӣ–кафолати таъмини рушди устувори бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ тавлиди ҷомеаи навини Тоҷикистон аз рӯзи қабул шуданаш барои барқарорсозии сохтори давлатӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷомеа нақши ҳалкунанда бозид. Чунки имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанги панҷсолаи харобиовари дохилӣ дар Тоҷикистон, ки аз руи омори тахминӣ беш аз 150 ҳазор кушта бар ҷой гузошта ва ҳудуди 10 миллиард доллар хисорот ворид намуда буд хотима бахшид.

 

Баъди касби истиқрори сулҳ кишвари мо марҳала ба марҳала ба барқарор намудани инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоӣ оғоз бахшида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд. Таҳия ва татбиқи барномаи мазкур имкон дод, ки барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул карда шаванд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир, танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, кишвари мо ба марҳалаи рушд ворид шуд ва пешрафти босуботи иқтисодиёт ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ таъмин гардид.

 

Агар мо, инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкориву сармоягузориро зодаи Ваҳдати миллӣ гуем, иштибоҳ нахоҳад буд, чунки аввалин қадаме, ки дар пиёдасозии омилҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби бештари бахши хусусӣ дар идоракунии давлатӣ гузошта шуд, таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1997 «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» мебошад.

Бояд таъкид кард, ки бидуни хусусигардонии моликияти давлатӣ, рушди бахши хусусӣ ва аз сиёсати банақшагирӣ ба иқтисоди бозаргони гузаштан ғайриимкон маҳсуб меёфт. Ин санад иртиботи байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ муайян намуда, барои рушду тараққиёти шаклҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам овард. Маҳз дар шароити мураккаби сиёсию иқтисодӣ ба соҳибкорон ва дигар шахсони алоҳида вогузор намудани моликият боиси рушди иқтисодиёт гардид.

Дар давоми солҳои 1997-2016 дар натиҷаи тадбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» беш аз 10888 адад иншооти хурд ва корхонаи миёнаю калон хусусӣ гардонида шуда, ки ин раванд дар муътадил гашатани вазьияи макроиқтисодӣ нақши муҳим гузошт.

Бо вуҷуди таъсири манфии буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда, маҳз тавассути татбиқи самараноки ислоҳот рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давоми ду даҳсолаи охир ҳар сол ба ҳисоби миёна тақрибан 7 фоиз таъмин гардид.

Ҳоло аграр мо, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкориро аз замони бадаст овардани Ваҳдати миллӣ то ба ин руз мавриди таҳлилу баррассӣ қарор диҳем, пас дар ин росто кишвари мо ба дастоварҳои назаррас ноил гаштааст.

Агар дар солҳои аввали эълон гардидани истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳаҷми маҷмӯи мҳсулоти дохилии кишвар 518,4 млн. сомонӣ ва сурати афзоиши воқеии он 1,7 дарсадро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2016 беш аз 54 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он бошад, ба 6,9 дарсад баробар гаштааст.

Дар ин давра, маҷмӯи мҳсулоти дохилӣ ба ҳар сар аҳолӣ аз 89 сомонӣ то зиёда аз 6216 сомонӣ ё тақрибан 70 маротиба ва музди миёнаи меҳнат бошад, 60 баробар зиёд гардида аст.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 2016 даромади пулии аҳолӣ 27,2 миллиард сомониро ташкил кард, ки ин рақам дар соли 1997 ба 348,3 милион сомонӣ баробар буд. Ҳамаи ин боиси то се баробар паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ин васила то 73,5 сол боло рафти дарозумрии миёнаи шаҳрвандон.

Зикр кардан ба маврид аст, ки сатҳи миёнаи дарозумрии шаҳрвандон дар соли 1997 ба 67,6 сол баробар буд.

Дар шароити муносибатҳои нави иқтисодӣ ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои аз ин ҳам баланди рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегардад. Расидан ба ин мақсад, аз бисёр ҷиҳат ба инкишофи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошад.

Тавре ки болотар гуфта гузаштем, бо назардошти аҳамияти бузурги бахши хусусӣ дар иқтисоди миллӣ, Ҳукумати мамлакат аз рузҳои авали имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба такмил додани механизҳои озоди иқтисоди, сода гардидани низоми андозбандӣ, ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ ва суғурта, ки бо дастгири ва рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунад татбирҳои заруриро руи кор оварда, то мируз бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи ин бахши муҳими иқтисодиёт як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ шуданд, ки мақсади асосии онҳо пеш аз ҳама афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум мебошад.

Ҳамин тариқ истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ шароит фароҳам овард, ки дар ин самт стратегия ва барномаҳои зиёди давлатӣ таҳия ва тадбиқ гарданд.

Дар натиҷаи андешидани татбирҳои муассири давлатӣ ва амалисозии барномаҳои қабулгардида дар масири дастгирии бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ҳиссаи ин бахши муҳими иқтисодиёт дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда, дар соли 2016 беш 67 дарсадро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо соли 1998 тақрибан 2,3 маротиба зиёд мебошад.

Давоми солҳои 1997-2016 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ бо назардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) беш аз 6 маротиба, шумораи корхонаҳои хурде, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва мақоми шахси ҳуқуқиро доранд, тақрибан 2,4 маротиба, кормандони дар ин корхонаҳо фаъолияткунанда бошад, тақрибан 1,5 маротиба зиёд гардидаанд. Дар давраи барассишаванда, фонди музди меҳнати ин корхонаҳо аз 1,1 милион сомонӣ ва ҳаҷми даромад аз фурӯши маҳсулот бошад, аз 6,1 милион сомонӣ то ба 329,1-6170,9 милион сомонӣ баробар гардид.

Дастрасӣ ва таъмин будан ба захираҳои қарзӣ-молиявӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими баланд бардоштани самараноки фаъолияти соҳибкорӣ ва кафолати таъмини рушди устувори бахши хусусӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ арзёбӣ мегардад. Таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ имкон фароҳам овард, ки фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ-молиявӣ дар кишвар беҳтар гардад. Айни замон бо мақсади мусоид гардонидани шароити пешниҳоди гарав ба бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд имкониятҳои хуб фароҳам оварда шуда, қонунгузории кишвар бо мақсади васеъ намудани дастрасии бахши хусусӣ ба воситаҳои қарзии низоми бонкӣ ва аз байн бурдани мухолифати байни санадҳои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои гарав ва муфлисшавӣ такмил дода шудааст.

Муфофиқи омори расми танҳо соли 2015 ҳаҷми сармоягузориҳо ба иқтисодиёти кишвар 9750 милион сомониро ташкил дода аст, ки ин рақам дар соли 1997 ҳамаги ба 67,5 милион сомонӣ баробар буда аст.

Дар баробари ин, танҳо давоми солҳои 2010-2015 ҳаҷми қарзгузориҳо, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ 27,9 миллиард сомониро ташкил додааст, ки аз ин 18 миллиард сомонӣ ё худ 64,5 % он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд. Гарчанде дар самти пешниҳоди қарзгузориҳо ба рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ хусусан соҳибкории истеҳсолӣ тамоюлҳои мусбӣ ба назар расад ҳам, вале бо вуҷуди ин ҳама, фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда ва муҳлати онҳо то ҳанӯз хеле баланд буда, шароити пешниҳоди қарз мураккаб боқӣ монда аст.

Итиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шароит фароҳам овард, ки давра ба давра сатҳи барқарорсозии инфрасохторҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ беҳтар гардад. Бояд зикр намуд, ки давоми солҳои 1997-2016 дар ҳаҷми беш аз 4188,2 милион сомонӣ фондҳои асоси ба кор андохта шуданд, ки ин вазъи зиндагии мардум ва соҳибкоронро бамаротиб беҳтару хубтар гардонид.

Ҳамин тариқ аз баракати истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ҷомеаи мо марҳилаи нав оғоз шуд, ки дар натиҷа кишварамон ба рушди устувори иқтисодӣ ворид гардид.

Ташабусҳои созандаи Ҳукумати кишвар бахусус Пешвои миллат боиси он гардид, ки кишвари мо, бори севум ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардад, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику Тоҷикистонист.

Дар фарҷом ҳаминро ментавон қайд намуд, ки таъмини пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллии ҳар як кишвар аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи баланди рушди иқтисодиёти он вобастагии зич дорад. Ҳарқадаре, ки сурати рушди иқтисодиёт таъмин гардад, ҳамон андоза кафолати бештари ҳифзи Ваҳдати миллӣ пайдо хоҳанд шуд. Аз баски бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ омили асосии таъмини рушди иқтисоди миллӣ азрзёбӣ мегардад, пас ислоҳот дар ин самт бояд идома дода шавад, чунки бовуҷуди мушоҳида гаштани тамоюлҳои мусбӣ, дар рушду инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусиву сармоягузорӣ, ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой доранд.

Муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши

хусусии МТС назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон

Одинаев А.И.

21/06/2017