Асосӣ: Амнияти минтақавӣ ВАСИЛАҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРОӢ
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1214
mod_vvisit_counterДирӯз1376
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9301
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24705
mod_vvisit_counterҲамагӣ1013286
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
21
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ВАСИЛАҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРОӢ

Шиддати шомилшавии ҷавонони мамлакатамон ба гурӯҳҳою созмону ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ дар солҳои 2016–2017 нисбат ба солҳои 2014–2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паст шудааст. Яке аз омилҳои поён рафтани тамоюли шомилшавии ҷавонон ба сафи чунин созмонҳо тақвияти ҳамкорӣ ва муборизаи дастаҷамъонаи сохтору ниҳодҳои марбутаи кишвар, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мебошад.

Тундгароӣ ин навъи фаъолиятест, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шарҳвандро поймол намуда, ба сохтори конститутсионӣ ва системаи сиёсӣ, ягонагӣ ва бехатарии Ҷумҳурии Точикистон таҳдид менамояд. Терроризм бошад, аксаран дар байни ҷавонони бемаълумот, ки зери таъсири андешаҳои ғайрианъанавӣ меафтанд, бештар реша давондааст.

Дар ҷаҳони муосир мубориза бар зидди гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИИШ) муборизаи зиёд бурда мешавад. Ҳанӯз вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои Ховари Миёна, ба монанди Сурия, Ироқ, Яман, Миср, Ливия, Афғонистон ва Покистон ноором аст. Шаш соли охир дар Сурия ва Ироқ ҷангҳои хунин идома доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020»-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ пурзӯр карда мешавад. Стратегияи мазкур тамоми паҳлуҳои равандҳои асосии ифротгароиро, ки ба терроризм мебаранд, дар бар мегирад. Ҳар фарди кишвар, аз ҷумла ҷавонон бояд Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатии Ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд.

Яке аз таҳдидҳои беруна таъсири номатлуб ва хатарзо аз хориҷи кишвар ба фазои иттилоотии кишварамон ба мақсади ташаккули афкори ҷамъиятии муайян мебошад. Таҳлили рӯйдодҳои «баҳори араб» нишон медиҳад, ки бартарии манбаъҳои берунии иттилоотӣ бар сарчашмаҳои иттилоотии миллӣ паёмади номатлуб вобаста ба бегонашавии аҳолиро дорад. Нуқтаи дигари муҳимро метавон гуфт, ки таълимоти ғайрисуннатии динӣ аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳони ислом ба хотири марҳалаи гузариш, бесаводӣ ва бемаърифати динии аҳолӣ, тарафдорони худро пайдо мекунад. Ҷомеаи иттилоотӣ, васоити ахбори омма ва технологияи иттилоотию иртиботӣ дар раванди ташаккули афкори иҷтимоӣ ва самтгирии шаҳравандон ба ғояҳои гуногун нақши муҳимро бозӣ медарорад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба васили ҷалби тарафдорон табдил меёбанд, ки муҳимаш ин аст, ки бояд дарк кард дар ибтидо исломгароҳо кӯшиш мекунанд, ки гӯё иттилооти «саҳеҳ»-ро дар бораи ҳодисаҳои Сурия ва Ироқ Афғонистон пешниҳод менамоянд.

Аммо имрӯз мебинем, ки гурӯҳҳои террористӣ бештар аз мардумони дигар ба илм ва мағзҳои инсонӣ сарукор доранд ва ин ба он маъност, ки ҷустуҷӯйи ин гурӯҳҳо барои ба даст овардан ва зери таъсири худ даровардани мутахассисону донишмандон қобили андешидан аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои рӯ овардани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ маҳз мавҷудияти ҳамин мушкилот мебошад. Ҷавонон аз нигоҳи сиёсӣ ва идеологӣ як бахши пурҷӯш ва қобили меҳнати ҷомеа мебошанд, ки нақши мусбати онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеа мебошад. Ҷавонон бо сифати як неруи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеаи навини мо шинохта ва эътироф шудаанд. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки то соле пеш аз ин созмон ба таври пинҳонӣ хеле пуштибонӣ мекарданд, ба монанди Одноклассники, Твиттер, Фейсбук, Ҷемайл, Инстаграм, Яҳуу, Вайбер, Вотсап, Имо, Ви чат ва ғайра метавонанд ҷавононро аз роҳ берун кунанд ва ҳоло дида мешавад, ки дар мавриди ДИИШ назарҳо тағйир кардааст.

Вақте дар зиндон инҳо қарор мегиранд, он ҷо бо роҳи хеле хуб бо онҳо бояд кор кард. Ин гурӯҳ ақидаи дигарро ба осонӣ наметавонад қабул кунад ва барои ҷамъияту давлат ҳар лаҳза метавонад хатар эҷод намояд. Ин ҷо додандагони хуби исломро бояд сафарбар кард, то бар пояи фаҳмиши онҳо барояшон вориди гуфтугӯ шаванд. Корҳои таблиғотиро дар минтақаҳои осебпазири кишвар ва барои гурӯҳи осебепазир роҳандозӣ бояд кард. Қишри осебпазир, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд, дар Русия қарор доранд, ҷавононро тундгаро ва ифротӣ мекунад, ин ноумедӣ аз бекорӣ, пеш омадани мушкилоти зиндагӣ гурӯҳҳои тундгаро онро зуд ба худ ҷалб мекунанд. Масалан, аксари ҷавононе, ки аз Русия ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастанд, дар корашон мушкилот доштанд ва то андозае зери таҳқиру сахтии кор ба истилоҳ ба ҷон расида буданд. Корашонро бархе аз даст дода буданд, бархеро фиреб карда буданд, баъзеҳои дигарро мехостанд аз Русия берун кунанд ва ҳоказо. Таблиғгарони ҷунбишу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ онҳоро хеле осон ба доми фиребу найранги худ меафкананд. Муҳоҷироне, ки имрӯз дар Русия ҳастанд, аксарашон ҷавонон мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамдастии диаспорҳои тоҷик дар Федератсияи Русия доир ба шомилнашавӣ ба гурӯҳҳои тундгаро ва ифротӣ кори тарғиботию ташвиқотӣ баранд. Ҳар як кишвари олам барои рушду тараққиёт ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баландро пеш аз ҳама такя ба ақлу хирад, бунёдкорию созандагии ҷавонон намуда, ояндаи дурахшони хешро аз онҳо умедвор мешавад. Ҷавонон яке аз тарбиятгирандагони ватандӯстӣ тақозои замон аст ва он яке аз самтҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумат ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва андешидани тадбирҳои муассири пешгирикунанда аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, хусусан ҷилавгирии ҷавонон аз андешаҳои тундраву ифротӣ, фаъол ва пешсаф аст. Ин аст, ки созмонҳои муътабари минтақавию байналмилалӣ аз мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди ифротгароию терроризм ҷонибдорӣ менамоянд. Ҳамзамон, дар мубориза бар зидди андешаҳои ифротгароӣ бояд ниҳодҳои илмию таҳлилӣ ва васоити ахбори омма ҳамкории мустаҳкам ба роҳ монанд. Бояд тамоми идораҳои илмию таҳлилӣ ва васоити ахбори омма дар шароити ҷаҳонишавӣ ва мубориза бар зидди хатарҳои мавҷудаи муосир нақши калидӣ дошта, дар ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии кишварамон эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд.

Ҳикматулло Хоҷаев

Коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарчашмаш: нашрияи кумитаи андози назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Боҷу хироҷ" №21(1065)