Асосӣ: Сектори иҷтимоӣ ИЛМ ДАР ШАРОИТИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (1991-2013)
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз622
mod_vvisit_counterДирӯз1560
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4541
mod_vvisit_counterДар ин моҳ21131
mod_vvisit_counterҲамагӣ1348002
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Октябри
19
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ИЛМ ДАР ШАРОИТИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (1991-2013)

ҚУРБОНОВ А.Ш., доктори илмҳои фалсафа.

Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ,

«…рушди илм ва тақвияти нерӯи зеҳнӣ– кафили амният ва истиқлолияти ҳар як кишвар маҳсуб мешавад».

Эмомалӣ Раҳмон Сарсухан Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардид. Ворид гардидан ба ин марҳилаи нави таърихӣ дар назди роҳбарияти давлату миллати тоҷик ва тамоми сокинони ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон иҷрои вазифаи пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва рукнҳои давлатдории муосирро пеш гузошт. Яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт ба вуҷуд овардани фазои мусоид барои рушди илм ва технологияи муосир, тарбияи кадрҳо ва ташкилу идора намудани соҳаи илму маориф дар шароити нав маҳсуб мешуд, зеро дар ҳар давру замон маориф ва илм омили муҳимтарини пешрафту пойдории давлату миллатҳо ба шумор мерафт ва ин арзишҳо дар таърихи башарият ҳамеша нақши асосӣ ва муайянкунандаро доранд. Инсон маҳз тавассути баҳрабардорӣ аз донишу фарҳангҳои мухталифи гузаштаю имрӯза ба шинохти худ ноил гардида, баъдан ба дарки амиқи ҳикмати зиндагӣ ва дигар арзишҳои фарҳанги башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Таҷрибаи таърихӣ собит месозад, ки илму фарҳанг, пеш аз ҳама, дар он кишваре рушду нумӯъ мекунад, ки дар он ҷо оромии сиёсӣ ва шароити мусоид барои аҳли илму эҷод таъмин бошад ва дар акси ҳол, ин гуна давлату миллатро заволи илму фарҳанг интизор хоҳад буд. Бояд ёдовар шуд, ки илму фарҳанги тоҷик дар таърихи мавҷудияти худ борҳо ин офатҳоро паси сар намудааст. Бар асари офатҳои иҷтимоию сиёсӣ ва дигар ҳодисоте, ки таърих ба сари ин кишвар оварда буд, осори гаронбаҳо ва маъхазҳои бузурги ахлоқи инсонӣ, ки бо амри тақдир маҳз дар ҳамин сарзамин арзи ҳастӣ намудаанд, осеби зиёд диданд. Баъди харобкориҳои Искандари Мақдунӣ ин сарзамини бостонӣ дубора аз тарафи арабҳои бодиянишин ҳадафи қатлу ғорат қарор гирифт, ки дар натиҷаи чунин табаҳкориҳои аҷнабиён аз ёдгориҳои тоисломии мардуми эрониасл аз қабили бузургтарин маркази илмии замони қадим -фарҳангистони «Гундишопур» ва амсоли он чизе боқӣ намонд. Бо ҳама бераҳмиҳои таърих, ин дурдонаҳо дар шакли кам ва пароканда бошанд ҳам, ба дасти имрӯзиён – ворисони аслии хеш расида, саҳифаҳои таърихи ин давраи халқи тоҷикро бою рангин мегардонанд.

 

Баъди истилои араб илму фарҳанг дар ин кишвар рӯ ба таназзул ниҳод ва то ҳадди муайян коста гардид. Лекин аз ибтидои асри 1Х сар карда, он бо нерӯи тоза ба марҳилаи сабзиш ва нашъунамо расид, ки сабаби инро маҳз дар истеъдоди аҷдодӣ ва таърихии ин мардум ва дигаргуниҳои сиёсие, ки дар кишвар ба вуқӯъ пайвастанд, фаҳмидан лозим аст. Абармардони ин сарзамин чун Тоҳириёну Саффориён барои таъмини истиқлолияти сиёсӣ ва фарҳангии ин ватан ҷоннисорӣ намуданд ва барои ташаккули давлат ва забону фарҳанги тоҷик шароити мусоид фароҳам оварданд.

 

Дар аҳди Сомониён бошад, барои болоравии ҳаёти маънавӣ, пеш аз ҳама, ҷиҳати инкишофи илму фалсафа, адабиёту мусиқӣ таваҷҷуҳи беш аз пеш зоҳир мегардид. Сомониён барои болоравии илму фарҳанг ва рушду такомули фитрии олимону адибон ғамхории махсус зоҳир намуда, барои рушди ин соҳа мутафаккирони боистеъдодро ҷалб мекарданд ва бояд ёдовар шуд, ки дар татбиқи сиёсати фарҳангдӯстонаи ин хонадон нақши вазири фозилу заковатманд Абулфазли Балъамӣ хеле бузург аст. Маҳз дар замони салтанати ҳамин сулола дар осмони илму фарҳанги тоҷик донишмандоне бо ақлу заковати оламгир чун Абӯали ибни Сино, Абӯнасри Форобӣ, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва дигарон зиндагию эҷод намуданд, ки онҳо бо афкори тоза ва андешаҳои гаронбаҳои худ оламиёнро ба ҳайрат гузоштанд.

Давраҳои минбаъдаи ҳаёти ин миллати кӯҳанбунёд, ки дар таърих бо қатлу ғорат ва тохтутозҳои аҷнабиён бештар ёдрас мешаванд, аз заволи илму фарҳанг ва фирори аҳли илму эҷод аз ин сарзамин нақл мекунанд ва маҳз авзои номусоиди иҷтимоию сиёсӣ боиси тарки ватан намудани олимону донишмандон, аз байн рафтани мактабҳои илмӣ ва дар маҷмӯъ, харобшавии ҳаёти маънавӣ дар ин сарзамин гардид.

Таъсис ёфтани Ҷумҳурии Советии Сотсиалистӣ дар ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ дар аввали асри ХХ дар ташаккули тафаккури миллӣ, рушди фарҳанг ва илму маорифи миллати тоҷик нақши муҳим гузошт. Дар ин давра маорифи тоҷик ташаккул ёфта, бесаводии оммавӣ бартараф карда шуд, марказҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ таъсис ёфтанд. Соли 1951 таъсисёбии Академияи илмҳои Ҷуҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти илмию фарҳангии миллати тоҷик ҳодисаи нодир буд ва бо таъсиси чунин як муассисаи бузурги илмӣ ҷиҳати ба роҳ мондани таҳқиқотҳои илмӣ ва тарбияи кадрҳои маҳаллӣ барои соҳаи илм ва таъмини мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо кадрҳои илмӣ-педагогии дорои тахассуси олӣ имконияти васеъ пайдо гардид. Дар ин давра, дар ҷумҳурӣ муассисаҳои зиёди илмӣ- тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ фаъолият намуда, эҳтиёҷоти хоҷагии халқи ҷумҳуриро бо мутахассисон таъмин мекарданд ва ин муассисаҳо бо дастовардҳои илмӣ, сифати тайёр намудани мутахассисон, кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он шуҳрату маъруфият доштанд.

Бо фарорасии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз қадамҳои нахустини он доираҳои муайяни бадхоҳ, бо истифода аз таҷрибаи таърихӣ ва усулҳои озмудаи аҷдодонашон - бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ миллати тоҷикро боз ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашиданд, ки оқибатҳои он рушди давлату миллати моро ба даҳсолаҳо ақиб партофтанд. Бар асари ин бенизомиҳо соҳаи илму маориф низ талафоти зиёд дида, хароб гардидани садҳо мактабҳо ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тарки соҳаи илму маориф ва тарки ҷумҳурӣ намудани теъдоди зиёди олимону мутахассисон, раванди таълиму тарбия ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро дар ҷумҳурӣ дар ҳолати ногувор қарор дод. Нооромиҳои сиёсӣ ва кашмакашҳое, ки дар минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ идома доштанд, барқарорсозӣ ва таъмини фаъолияти муътадили ҳаёти маънавиро дар ҷумҳурӣ халалдор месохтанд.

Моҳи ноябри соли 1992 бо баргузории иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва таъсис ёфтани Ҳукумати нав дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ марҳилаи нав- марҳилае фаро расид, ки он дар тақдири минбаъадаи ҷумҳурӣ ва миллати тоҷик нақши муассир гузошт. Роҳбарияти сиёсии тозатаъсиси ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, ба пешгирӣ ва хомӯш намудани сӯхтори ҷанги бародаркӯш талош варзида, ҳамзамон барои ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас ва судманд медод. Президенти кишвар ва мардуми сулҳофари он бар ивази ҷаҳду талошҳо ва ҷоннисориҳо, дар як муддати муайян оромию суботро дар ин сарзамин барқарор сохтанд. Маҳз сулҳи устувор ва ваҳдату ризоияти миллӣ, ки бар ивази ҷон ва заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадаанд, ҳамчун омили муҳимтарини рушди иқтисоду фарҳанг дар замони истиқлолият бояд арзёбӣ ва эътироф шаванд.

Ба таърихи бистудусолаи ҷумҳуриамон назар андохта, бо ифтихору сарфарозӣ гуфта метавонем, ки мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари худ, сиёсатмадори варзида, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери фазои сулҳу суботи устувор, бо татбиқи сиёсати ҳадафманду амиқи давлатӣ, нақшаву барномаҳои созанда ҷиҳати рушди илм ва маориф ба сӯи оянда гом мегузоранд ва дар ин замина, аз ҷониби Сарвари давлат, ҷиҳати таҳкимбахшии соҳаи илму маориф ва истифодаи самараноки натиҷаҳои илм дар ҳаёти ҷумҳурӣ, давра ба давра чораҳои судманд андешида мешаванд. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоташон бо ҷавонони ҷумҳурӣ моҳи майи соли 2013 таъкид намуданд, ки «... дар асри бистуяк пешрафт ва боигарии кишварҳоро на аз рӯи шумораи аҳолӣ ва захираву сарватҳои табиӣ, балки аз рӯи қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маърифат ва огоҳиву дастрасӣ доштани аҳолӣ ба техникаву технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки онҳо муайян менамоянд”.

Дар ин давра давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидани сиёсати мақсаднок ва босуботро дар самти рушди илм пайгирӣ намуда, ҷиҳати аз ҳолати буҳронӣ раҳо намудани соҳаи мазкур тадбирҳои муфид андешида, барои дастгирӣ ва рушди муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир корҳои мушаххас ба анҷом расонда шуданд.

Таҳлили сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи илм дар замони истиқлолият собит месозад, ки аз ҷониби Президенти мамлакат, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила амру фармонҳо ва қарору фармоишҳое қабул гардидаанд, ки барои дастгирӣ ва рушди соҳаи мазкур нақши муассир гузоштаанд ва дар ин рисола оид ба мазмун ва ҳадафҳои онҳо ба таври мухтасар маълумот дода мешавад.

Вазъи илм ва муасисаҳои илмӣ дар марҳилаи аввали истиқлолият Қобили зикр аст, ки дар марҳалаи аввали истиқлолият ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон ба мушкилоти мухталифи иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ гардида, дар соҳаи ташкил ва истифодаи самараноки илм низ масоили ҳалталаби зиёде ба миён омаданд. Бо дарназардошти ин, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали фаъолияташ, дар баробари амалӣ намудани ҳамаи тадбирҳо дар самти ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва хомӯш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ, барои барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҷиҳати таҳким бахшидан ва давра ба давра фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ чораҳои судманд андешида шуд.

Албатта, дар замоне ки дар минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ даргириҳо идома доштанд ва мардум ҳанӯз пурра ба ҳаёти осоишта нагузашта буд, мушкилоти иҷтимоӣ ва набудани амнияти комил фаъолияти пурра ва самараноки сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои илмиро низ халалдор месохт. Ба замми ин, маоши ночизи кормандони илму макотиби олӣ барои таъмини рӯзгор басанда набуд ва теъдоди зиёди кормандони соҳаи мазкур маҷбур буданд, ки барои таъмини рӯзгор ба шаклҳои дигари фаъолият машғул шаванд. Имкониятҳои буҷети давлатӣ бошад, хеле маҳдуд буд ва муассисаҳои илмӣ, ки дигар манбаи даромад надоштанд ва танҳо аз ҳисоби давлат фаъолият менамуданд, дар ҳолати хеле хароб қарор гирифтанд. Аз нооромиҳо истифода бурда, баъзе гурӯҳҳо ба тороҷу ғорати амволи муассисаҳои илмӣ низ даст мезаданд, ки ин боиси боз ҳам харобтар гардидани пояи илмӣ-техникии соҳаи номбурда мегардид ва бояд зикр намуд, ки ҳолати мавҷуда, дар мадди аввал, пажӯҳишгоҳҳои соҳаи илмҳои дақиқро дар вазъияти ногувор қарор дод. Ҳатто то солҳои 1997-98 кормандони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии воқеъ дар шаҳраки академии шаҳри Душанбе бо тарсу ҳарос ба кор ҳозир мешуданд, зеро ин муассисаҳо на як бору ду бор ҳадафи ғорат ва кормандони онҳо мавриди истинтоқи силоҳбадастон қарор гирифта буданд.

Омили дигаре, ки фаъолияти муътадил ва самараноки муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олиро халалдор месохт, ин нарасидани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ маҳсуб мешуд. Бар асари воқеаҳои сиёсӣ олимону мутахассисони зиёд ҷумҳуриро тарк намуданд, ки то ҳол доир ба теъдоди онҳо омори аниқ вуҷуд надорад. Имрӯз бошад дар муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ ва корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ нисбат ба замони пеш аз истиқлолият қариб 800 нафар кам будани теъдоди номзадҳои илм, баёнгари амиқи талафоти зиёд дар ин самт маҳсуб мешавад. Яъне, инҳо омилҳое буданд, ки барои фаъолияти самараноки соҳаи илм ва муассисаҳои илмию тадқиқотии ҷумҳурӣ дар марҳилаи аввали истиқлолият халали ҷиддӣ ворид мекарданд.

Сарфи назар аз ин ҳама, роҳбарияти давлату ҳукумат, олимони тоҷик, роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти муътадили соҳаи мазкур, корҳои илмию тадқиқотӣ, тарбия намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ саъю талош меварзиданд. Чун робитаҳои илмӣ бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла бо Федератсияи Россия ҳанӯз канда нашуда буданд, олимони тоҷик барои ҷамъбасти тадқиқотҳои илмии худ, аз ҷумла ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ, ба ҳамкорони хориҷии худ, хусусан ба ҳамкасбони руссиягӣ муроҷиат мекарданд ва дастовардҳои илмии худро муаррифӣ мекарданд.

Ба нооромӣ ва нобасомониҳо нигоҳ накарда, дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ баъзе қарордодҳо ва созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба соҳаи илм ба имзо расонида шудаанд. Чунончи, 13 марти соли 1992 дар шаҳри Москва миёни 12 ҷумҳурии собиқ шӯравӣ (ба истиснои ҷумҳуриҳои соҳили Балтик) “Созишнома дар бораи ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ба имзо расонда шуд ва мавриди ёдоварист, ки ин аввалин ҳуҷҷати расмӣ дар бораи ҳамкориҳои илмӣ миёни ҷумҳуриҳои номбурда дар шароити истиқлолият ба шумор меравад. Дар заминаи ҳуҷҷати мазкур 15 майи ҳамин сол дар шаҳри Тошкант “Протокол дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба Шӯрои байнидавлатии илмӣ-техникӣ” аз ҷониби 12 ҷуҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба имзо расид, ки ин ду ҳуҷҷат барои ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои узви ИДМ дар самти тадқиқотҳои бунёдӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, тарбияи мутахасассони дорои таҳсилоти олӣ, ҳимояи моликияти зеҳнии миллат ва мубодилаи иттилооти илмӣ-техникӣ нақши муҳим гузоштанд.

Дар ин давра воситаҳои ахбори ҷаҳон танҳо дар бораи даргириҳои Тоҷикистон ва задухурдҳои мусаллаҳонаи нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифин иттилоъ пахш мекарданд. Тоҷикистон дар назари ҷаҳониён чун манбаи терроризм ва хунрезӣ муаррифӣ мегардид. Барои Роҳбари давлати тоҷикон Э.Раҳмон зарур буд, ки дар ин лаҳзаи ҳассос маҷрои андешаи аҳли оламро оид ба Тоҷикистон ва авзои сиёсии он ба самти дигар равона созад ва бо ин мақсад ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баргузор намудани анҷумани Тоҷикистону Америка оид ба масъалаҳои илм, иқтисодиёт, фарҳанг ва маориф” дастур дода шуд. Тибқи дастури Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябр то 8 октябри соли 1993 дар шаҳри Душанбе анҷумани Тоҷикистону Америка оид ба масъалаҳои илм, иқтисодиёт, фарҳанг ва маориф баргузор гардид. Бояд зикр намуд, ки ин яке аз нахустин чорабиниҳои фарҳангии замони истиқлолият маҳсуб мешуд, ки бо ширкати теъдоди зиёди олимону мутахассисони хориҷӣ баргузор мегардид ва он аз мавҷудият ва рушди илму фарҳанг ва маорифу иқтисоди ҷумҳурӣ ба ҷаҳониён мужда медод. Бо ин васила ҷаҳониён огаҳӣ ёфтанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мушкилиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ нигоҳ накарда, илму маориф ва фарҳангу иқтисод дар ҳолати рушд қарор доранд ва мардуми меҳнатқарину бонангу номуси он барои сохтани давлати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишварашон ҷаҳду талош меварзанд.

Баъди як моҳи ин чорабинӣ, ба хотири ҷалби олимону мутахассисони хориҷӣ ва таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти илм, дастури Роҳбари давлат “Дар бораи таъсиси Маркази байналхалқии тадқиқоти кайҳонӣ дар назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир гардид ва аз 15 ноябри соли 1993 доир ба таъсиси муассисаи мазкур қарори махсуси Шӯрои Вазирон қабул гардид.

Таъсиси ин Маркази байналмилалӣ барои ҳифз, барқарорсозӣ ва таъмини фаъолияти минбаъдаи стансияи илмии тадқиқоти кайҳонӣ дар мавзеи Оқархари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва иҷрои барномаҳои махсусан муҳими илмии байналмилалӣ дар соҳаи омӯзиши афканишоти кайҳонӣ ва ҷалби олимону мутахассисони хориҷӣ барои таҳкиқотҳои муштарак аҳамияти муҳим дорад. Бояд эътироф намуд, ки қабул гардидани ин қарорҳо, дар чунин давраи аз нигоҳи сиёсӣ ҳассос ва мураккаби ҷумҳурӣ, хеле бамаврид ва мақсаднок буда, ҳамзамон бо ин васила барои муаррифии илму фарҳанг ва таҳкими ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ хиштҳои нахустин гузошта шуданд. Дар ин давра, инчунин қарорҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 марти соли 1993 №113 ва «Дар бораи дар системаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани корхонаи давлатии илмӣ-истеҳсолии худмаблағгузор оид ба парвариши морҳои заҳрнок, ба даст овардани заҳри хушки мор ва дар асоси он тайёр намудани доруворӣ» аз 6 июли соли 1993 № 324 қабул гардиданд, ки яке барои рушди илми иқтисод, хусусан, иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигаре, барои рушди дорусозӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекарданд.

Дар маҷмӯъ, аз рӯзҳои аввали истиқлолият сарфи назар аз фазои носолими сиёсӣ ва вазъи номувофиқи иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ, бо кӯшишҳои Сарвари давлат барои таъмини фаъолияти муътадили илм ва муассисаҳои илмӣ чораҳои судманд андешида мешуданд. Ҳукумат аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба нерӯҳои ақлонии мамлакат, махсусан ба рушди илму маориф, тарбияи насли нави соҳиби донишу маърифати баланд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ҳалли масоили муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ хулосаҳои илмӣ, донишу малака ва дархосту пешниҳодоти онҳоро мавриди истифода қарор медод. Мушоҳида ва таҳлилҳо собит месозанд, ки сарфи назар аз мушкилоте, ки дар ин самт вуҷуд доштанд, дар ин давра барои рушди босуботи илм ва маориф, ба роҳ мондани технологияҳои муосир бо истифода аз нерӯи илмии ҷумҳурӣ, аз дастовардҳои олимони Академияи илмҳои Ҷуҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавию мактабҳои олӣ, баҳри дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ намудани дастовардҳои олимони тоҷик корҳои муайян ба анҷом расонда шудаанд. Метавон гуфт, ки имрӯз тафаккури техникӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омилҳои муҳим ва пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ёфтаанд. Ҷиҳати соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи ҷаҳонӣ ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки фаъолияти худро бо назардошти талаботи замони муосир ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро баҳри тарбия ва ба воя расонидани насли бофарҳангу ватанпарвар, ворисони арзандаи марзу буми аҷдодӣ, инчунин тайёр кардани кадрҳои соҳибмаърифату баландихтисоси ҷавобгӯи замони муосир равона созад.

Бӯҳрони ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии солҳои 90-ум ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ барои илми тоҷик, ки дар ин давра дар авҷи тараққиёт қарор дошта, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ барои анҷом додани тадқиқотҳои илмӣ дорои заминаи мустаҳками моддию маънавӣ буданд, нақши манфии худро гузошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба талаботҳои замони истиқлолият дар сиёсати давлатӣ оид ба илм, ҷиҳати ворид намудани дигаргуниҳо дар низоми ташкил ва идораи илм, сифати фаъолияти муассисаҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ мусоидат намуд. Замони мустақилияти сиёсӣ аз роҳбарияти давлату ҳукумат барои ба роҳ мондани фаъолияти самараноки нерӯи илмии ҷумҳурӣ муносибати нав ва масъулиятнокро тақозо мекард.

Бояд зикр намуд, ки ташрифи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (соли 1996) ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои вохӯрию суҳбати аввалини ӯ ба аҳли илм дар ин кохи донишу хирад, барои Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ барномаи мукаммали фаъолият гардид. Сарвари давлат дар ин вохӯрӣ ва суҳбати ошкоро бо аҳли илм масоили мушкилоти соҳаи илм ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотиро дар давраи гузариш ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи соҳаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, нақши тақдирсози илм ва нерӯи зеҳнии ҷумҳуриро дар рушди минбаъдаи иқтисоду фарҳанг ва ташаккули тафаккури созандаю ватандӯстонаи шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуд.

Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки Сарвари давлат дар назди роҳбарияти Академияи илмҳо ҳамчун муассисаи пешбари ин соҳа ва инчунин, тамоми аҳли илм гузоштанд, ин ба шароити нав мутобиқ намудан ва тибқи талаботи ҳаёти иқтисодӣ ва моддию маънавии ҷумҳурӣ ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ маҳсуб мешуд. Зеро асри XXI – асри рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав, зуҳури уфуқҳои нави илм ва таҳаввулоти ҷиддии илмиву техникӣ буда, сатҳи таҳқиқ ва татбиқи амалии онҳо дар ҷумҳурии мо, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳу сифат ва фаъолияти пурсамари олимони Академияи илмҳо, муассисаҳои тадқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар самти таҳқиқот, тарбияи мутахассион ва кадрҳои илмӣ вобастагӣ дорад. Имрӯз илм, бешубҳа, ба як рукни муҳими иҷтимоӣ, ба манбаи арзишманд, нерӯи истеҳсолкунанда ва сарвати бебаҳои зиндагии башар табдил ёфтааст ва дар ин замина, ҳаёт ва пешрафти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар як шахс дар ҷомеа бояд соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар бошад.

Бояд зикр намуд, ки ин амр тақозои замони истиқлолият ва талаби замонаи нав мебошад. Зеро дар ибтидои асри нав миллати тоҷик ба иқтисоду истеҳсолоти замонавии ҷавобгӯи манфиатҳои давлатдории миллӣ, татбиқи дастовардҳои тамаддуни башарӣ ва илму технологияи нав, насли дорои тафаккури созанда ва донишу ҷаҳонбинии муосир, ки барои рушду ободии ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона хизмат намоянд, эҳтиёҷ дорад ва қобили зикр аст, ки дар амалӣ намудани ин мақсаду вазифаҳо, пеш аз ҳама, бояд Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор ва раҳнамо бошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ низоми идоракунии илм мутамарказ буда, аслан аз Масков тавассути Кумитаи давлатӣ оид ба илму техника ва Комиссияи олии аттестатсионии (ВАК) назди Шӯрои Вазирони ИҶШС амалӣ мегардид. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ барои ташкил ва идора намудани соҳаи илм ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ин гуна сохторҳо дар тамоми ҷумҳуриҳо дар шакли «вазорати илм ва маориф» ё «кумитаи илм ва технология» таъсис дода шуданд. Барои назорат ва танзими тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, додани диплому дараҷаҳои илмӣ дар ҳамаи ҷумҳуриҳо Шӯрои олии аттестатсионӣ таъсис дода шуданд.

Дар давраи истиқлолият, тибқи қонунгузорӣ, ин масъалаҳо ҳамчун ҳамоҳангсози илм ба уҳдаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Бо ин мақсад марҳила ба марҳила як силсила амру фармонҳои Президент, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ки барои ташкил, идора ва истифодаи самараноки илм ва захираи зеҳнии ҷумҳурӣ дар шароити истиқлолият мусоидат намуданд. Аз ҷумла:

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”(1998);

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2002) ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-“Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ” аз 18 июли соли 1996 №331;

-“Дар бораи таъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии тахассуси олӣ” аз 1 сентябри соли 1997 №395;

- “Дар бораи ислоҳоти низоми маблағгузории илм” аз 22 августи соли 1997 №384; - “Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 15 марти соли 1999 №87;

-“Дар бораи тасдиқ намудани тартиби аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ” аз 3 феврали соли 2000 №54.

Қобили қайд аст, ки қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии номбурда барои марҳилаи аввали ислоҳоти соҳаи илм дар ҷумҳурӣ, ки то соли 2000-умро дар бар мегирад, дар самти ташкил ва идоракунии илм ва муассисаҳои илмӣ, ҳамоҳангсозии мавзӯъҳои илмию тадқиқотие, ки аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ шуда, дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва кафедраҳои мактабҳои олӣ ба анҷом расонда мешуданд, низоми нави маблағгузории соҳаи илм, аз аттестатсия гузаронидани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии тахассуси олӣ, ки дар кишварҳои гуногун рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд, тартиби аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронидани муассисаҳои илмӣ ва инчунин, консепсияи сиёсати давлатӣ барои рушди минбаъдаи илму техника дар шароити истиқлолият мусоидат намуданд. Дар заминаи ин санадҳо муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ тадриҷан ба равандҳои нав мутобиқ гардида, барои рушди устувор ва пешрафти мамлакат дар самтҳои мухталифи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ саҳми худро гузоштанд.

Сохтор ва низоми идораи илм дар ҷумҳурӣ

Бояд тазаккур дод, ки баъди солҳои 2000-ум дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва маориф марҳалаи тозае оғоз гардид. Вобаста ба дигаргуниҳое, ки ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакатро фаро гирифтанд, барои руши илм ва маорифу фарҳанг низ фазои мусоид пайдо гардид. Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди соҳаи маънивиёти шаҳрвандон сиёсати пайгирона ва босуботро амалӣ намуда, дар ин давра қарору фармоишҳое қабул гардиданд, ки маҳз талаботҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриро дар назди илм ба миён мегузоштанд.

Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва канда шудани риштаҳои ҳамкориҳо дар самти илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ, пеш аз ҳама, илмҳои дақиқ ва эксперименталиро дар ҳолати ногувор гузошт. Зеро то ин дам муассисаҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо марказҳои бузурги илмии шаҳрҳои Москаву Ленинград, Киеву Минск, мактаби дар ҷаҳон шуҳратманди математикҳои Новосибирск ва ғайраҳо дар самти тадқиқотҳои муштарак ва тарбияи кадрҳо ҳамкорӣ доштанд, ки ин ҳамкориҳо бо гузашти вақт қисман суст ва қисман қатъ гардиданд. Вобаста ба зарурати пешомада бо супориши Ҳукумат “Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2008” таҳия гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2003 № 571 тасдиқ карда шуд.

Ба хотири баррасии ҳамаҷониба ва андешидани чораҳои судманд ҷиҳати таъмини рушди илм дар ҷумҳурӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳаи мазкур 1 октябри соли 2004 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи вазъи илм ва фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони Академияи илмҳо ва илмҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин ҷаласа оид ба дастовардҳои олимону мутахассисон, татбиқи дастовардҳои онҳо дар истеҳсолоти ҷумҳурӣ ва фоидаҳои иқтисодии онҳо сухан рафта, ҳамзамон оид ба мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт ва роҳҳои бартараф намудани онҳо таъкид карда шуд. Зимни ҷамъбасти муҳокимаи масъалаи мазкур Вазорати иқтисод ва савдо ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 1 октябри соли 2004 № 385 ҷиҳати пешбинӣ намудани афзоиши ҳарсолаи хароҷот барои соҳаи илм ва бо мақсади таъмини муассисаҳои соҳаи илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, реактивҳо, таҷҳизоти экспедитсионӣ, таъсис додани ташкилоти

ҷумҳуриявӣ, ки дар шароити бозоргонӣ фаъолият намояд, вазифадор карда шуданд. Тибқи талаботи қарори мазкур, қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил намудани Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёвӣ ва васоити экспедитсионӣ” дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 1 августи соли 2006 №366 қабул гардид. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 83 муассисаи илмӣ ва мактабҳои олӣ, аз ҷумла 34 пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва техникӣ, зиёда аз 3500 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, зиёда 400 муассисаҳои тиббӣ ва дигар муассисаю озмоишгоҳҳои соҳаҳои гуногун аз нарасидани таҷҳизот ва реактивҳои химиявӣ ва ғайра танқисӣ мекашиданд. Қабули қарор барои ҳалли мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта хеле бамаврид ва муфид буд. Бояд ёдовар шуд, ки миллати тоҷик дар таърихи фаҳанги ҷаҳонӣ бо илму фалсафа ва дастовардҳои зиёд дар самти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ мақоми хосса дорад. Лекин бояд иқрор шуд, ки айни замон барои рушд ва ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидани соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ на ҳамаи озмоишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотӣ шароити мусоид доранд. Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ тибқи ин қарорҳои дар боло зикрёфтаи Ҳукумат вазифадор мегарданд, ки барои бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани озмоишгоҳҳои дар ихтиёр доштаашон чораҳои судманд андешанд. Зеро равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти муосири илму техника ва технология талаботро ба ихтирооти тоза, ба мутахассисони варзидаю дорои малакаи баланди касбибуда афзунтар менамояд. Амалӣ гардидани ин қарорҳо, пеш аз ҳама, ба фаро гирифтани шаҳрвандон, махсусан ҷавонони кишвар бо донишҳои амиқу дақиқи техникӣ, ба пурқувват гардидани нерӯи техникию технологии кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар ин давра қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон аз қабили:

-“Оид ба Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015” аз 6 майи соли 2002 №201; -“Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015” аз 1 августи соли 2006 №362;

-“Дар бораи тасдиқи қоидаҳои ташаккул, экспертиза, тасдиқ,

маблағгузорӣ ва иҷрои барномаву лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд” аз 2 декабри соли 2006 №525;

-“Дар бораи тасдиқи Номгӯи самтҳои афзалиятдоштаи тадқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009” аз 30 июни соли 2007 №333; -“Дар бораи тасдиқи Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015” аз 31 декабри соли 2008 №661;

-“Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” аз 30 апрели соли 2011 №227 ва ғайраҳо қабул гардиданд, ҳар яки он барои ин марҳалаи рушди илм дар ҷумҳурӣ хеле саривақтӣ, бамаврид ва барои рушду нумӯи илм муассир буданд.

Мушкилоти дигаре, ки имрӯз на танҳо ҷумҳурии мо, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин буҳрони фарогири иқтисодиву молиявӣ ва таъсири манфии он ба кулли кишварҳои олам мебошад.

Чунин вазъият Ҳукумати ҷумҳуриро водор намуд, ки бо дарки амиқи таъсири манфии ин буҳрон ба ҳаёти ҷомеа барномаи тадбирҳои аз нигоҳи илмӣ асосноки пешгирии ҳаддалимкони оқибатҳои ногувори онро таҳия намояд ва ҷиҳати татбиқи пайгиронаи он саъю талош варзад. Бо ин мақсад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -“Дар бораи тасдиқи Барномаи комплексии мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, амсоли энергияи дарёҳои хурд, офтоб, шамол, биомасса, энергияи манбаъҳои зеризаминӣ барои солҳои 2007-2015” аз 2 феврали соли 2007 № 41 таҳия ва қабул гардид, ки масъалаҳои сарфаю сариштакории захираҳои об, барқу газ, истифодаи самараноки имкониятҳои молиявии давлат ва соҳибкорони ватанӣ ба хотири рушди истеҳсолот, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва пешбурди соҳаҳои асосии иқтисодиёт, бахусус бахшҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ бо мақсади таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқавории кишвар аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки меҳвари асосии тадбирҳои Барномаи тасдиқгардидаро ташкил медиҳанд. Татбиқи ҳадафҳои муҳимтарини ин Барнома, бешак, иштироки фаъол ва сафарбар кардани нерӯи зеҳнии кишвар, ҳамгироӣ ва муттаҳид намудани потенсиали илмии тамоми муассисаҳои илмии ҷумҳуриро тақозо мекунад. Албатта, бе мавҷудияти заминаи зарурии кадрӣ ва ҳамоҳангию фаъолияти муштараки илмӣ, амалӣ гардидани ҳар гуна барномаҳои илмӣ ва технологияҳои наву рақобатпазир ғайри имкон аст.

Бояд таъкид намуд, ки яке аз мушкилоти рушди илм ва тарбия намудани кадрҳои илмӣ ин ҳамоҳангсозии фаъолияти мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, инчунин алоқамандӣ ва пайвасткунии илм ба истеҳсолот ба шумор меравад, ки маҳз бо дарки амиқи ҳамин зарурат қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -“Дар бораи тасдиқи Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015” аз 2 июли соли 2009 №371 таҳия ва тасдиқ гардид. Зимни тарбияи кадрҳо ва корҳои муштараки илмию тадқиқотӣ ҳамкории зичи Академияи илмҳо, академияҳо ва пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотии соҳавӣ бо кафедраҳои макотиби олӣ бояд ба роҳ монда шавад. Бояд ёдовар шуд, ки роҳандозии ин гуна ҳамкориҳо бештар дар самти илмҳои табиатшиносию фанҳои дақиқ муфидтар буда, барои истифодаи самараноки донишҷӯёну аспирантон ва дигар

муҳаққиқон аз имкониятҳои моддию техникии озмоишгоҳҳо кӯмак хоҳад кард. Маҳз муттаҳид намудани нерӯи илмӣ ва кадрии ин муассисаҳо метавонад дар ҳалли мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта мусоидат намояд. Ба хотири ба вуҷуд овардани заминаи мусоиди ҳамгироии илм ва муассисаҳои олии таълимӣ, инчунин таъмини озмоишгоҳҳои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва дар ин замина, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ аз ҷониби Ҳукумат соли 2010-ум «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон карда шуд. Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур, мактабҳои олӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ пойгоҳҳои технологӣ ва марказҳои илмию таҳқиқотии инноватсионӣ таъсис дода, истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобатро ба роҳ монанд.

Дар шароити имрӯзаи рушди босуръати илм ва техникаву технология ҳар як давлат нерӯи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тавсеаи соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад. Чунин муносибат ба фаъолияти инноватсионии соҳаҳои илму маориф такони ҷиддӣ бахшида, дар навбати худ ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд. Рӯзгори имрӯза, робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии замони муосир аз ҳар фард талаб мекунанд, ки барои рушди инноватсионӣ ва рақобатпазирии кишвари худ бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардад, зеро омӯзиш ва татбиқи донишҳои наву замонавӣ шарти муҳими таъмини рушди бемайлони ҷомеа маҳсуб мешавад. Маҳз тибқи ҳамин талабот ва ҷиҳати таъмин намудани тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, хусусан соҳаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо технологияи наву замонавӣ “Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015” қабул гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2009 №574 тасдиқ гардид. Қобили таваҷҷҳ аст, ки солҳои охир дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расида, чандин корхонаҳои нави саноатии ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ раванди бунёд, таҷдид ва азнавсозии корхонаҳои хурду миёна ва азими саноатӣ идома доранд ва ин амал масъулони соҳаро водор месозад, ки барои тарбияи мутахассисони лаёқатманд тадбирҳои судманд андешанд. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои зиёди табиӣ мебошад, вале то ҳанӯз коркарди қисми зиёди онҳо ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ, дар қарори мазкури Ҳукумат ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи саноат, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, сифату рақобатпазирӣ ва содироти он мутобиқи талаботи бозори дохиливу хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.

Таъкид мешавад, ки дар самти азхудкунии сарватҳои табиии Тоҷикистон бояд ба масъалаи коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ ва дар шакли маҳсулоти тайёр содирот намудани он эътибори ҷиддӣ дода шавад. Ин амали масъулиятнок дар навбати худ вазифаи аввалиндараҷаи олимони таҷрибадори соҳаҳои истеҳсолии кишвар маҳсуб мешавад.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки ҷавонони лаёқатманду эҷодкори ҷумҳурӣ айни ҳол аз рӯи имкон бо техникаву технологияҳои навтарин сарукор доранд ва дар ин ҷода ба дастовардҳои муайян низ ноил гардидаанд. Вале бояд эътироф намуд, ки таҷрибаю малака ва дониши назариявии онҳо аз талаботи рӯз қафо мемонад. Бинобар ин, тибқи қарори мазкур вазорату кумитаҳои дахлдор вазифадор меагарданд, ки вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ санадҳои заруриро таҳия ва пешниҳод намоянд. Дар ин самт ба ҳамкориҳо дар соҳаи рушди энергетика, истифодаи манбаъҳои алтернативии гармӣ, барномасозӣ, ташхис ва татбиқи техникаи компютерӣ, муайян намудани сифати маҳсулоти корхонаҳои саноатии аз нигоҳи илмӣ асоснок афзалият дода мешавад. Инчунин, таъкид мегардад, ки асри ХХ1 татбиқи васеъ ва пурсамари дастовардҳои нави илмӣ, навовариҳо ва ихтироот сатҳи рақобатпазирии иқтисоди миллии кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро муайян месозад.

Тавре ки маълум аст, Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди табиии кашфношуда мебошад ва бо назардошти аҳамияти таҳқиқ ва истифодаи ҳарчи васеътари канданиҳои фоиданоки кишвар Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон борҳо таъкид намуда буданд, ки мо бояд ба тарбияи кадрҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ва рушди илмҳои соҳаи мазкур бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Аз ҷумла, зимни суханронияшон ҳангоми мулоқот бо зиёиёни мамлакат дар мавзӯи «Ҷомеа ва рисолати зиёӣ» 20 марти соли 2009 Президенти малакат ишора намуда буданд, ки:

«Тоҷикистони мо табиати ниҳоят бою рангин дорад, вале омӯзиши захираҳои табиӣ ва имконияти истифодаи онҳо ҳанӯз пурра ҷавобгӯи эҳтиёҷоти рӯз нест.” Дар ин замина, роҳбарони корхонаю муассисаҳои илмию истеҳсолӣ борҳо вазифадор карда шуданд, ки барои кашф ва истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданоки воқеъ дар ҳудуди ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам оваранд. Зеро бе дастрасӣ ба техникаву технологияи нав ва, умуман, кашфиёту ихтироъкорӣ рушди ҷомеа ва иқтисоди миллӣ ғайриимкон аст. Вобаста ба ин, солҳои охир ба шароити таҳсилу касбомӯзӣ ва омодасозии ҷойҳои нави корӣ дар заминаи бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ диққати бештар дода мешавад ва ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расонда мешаванд.

Аз ҷумла, бо ин мақсад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мувофиқи талаботи замон ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва рушди соҳаи илм як силсила чорабиниҳоро амалӣ намуд. Аз ҷумла, “Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020”, «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ» ва «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012-2016” ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки барои дастгирӣ ва дар сатҳи талаботи замон ба роҳ мондани кори таълиму тарбия ва пешбурди илму тарбияи кадрҳои илмӣ мусоидат хоҳанд кард.

Мусаллам аст, ки дар ҷаҳони муосир, баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ҳамкориҳои мардуми дунё, пайгирӣ аз манфиатҳои миллӣ, мустаҳкам ва васеъ намудани доираи нуфуз миёни кишварҳо идома дорад. Айни ҳол рақобати шадиде ҳукмфармост, ки мақоми ҳар як кишвар дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ дар заминаи ҳамин рақобатҳо муайян мегардад. Бояд зикр намуд, ки дар баробари меъёрҳои ҳарбию қудратӣ, дар инкишофи муносибатҳои байналмилалӣ ва нуфузу эътибори кишварҳо омилҳои ғайриҳарбӣ, яъне иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ-техникӣ, экологӣ, иттилоотӣ низ нақши муҳим доранд. Яъне истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои сулҳро танҳо бо яроқу аслиҳа не, балки дар замони муосир бо илму маърифат ва иқтисоду фарҳанги пешқадаму рушдёфта низ бояд таъмин созад.

Ҷиҳати амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ин самт, зарур аст, ки шаҳрвандон, махсусан ҷавонон бо донишҳои амиқу дақиқи техникӣ фаро гирифта шуда, нерӯи техникию технологии кишвар ҳарчи бештар пурқувват гардонида шавад. Аз ин хотир, бояд ба таълим ва рушди илмҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, илму дониш дар кишвари мо ба арзишҳои воло табдил ёфта, аз ҷониби олимон, бахусус олимони ҷавон кашфиёту ихтирооти нав рӯйи кор оянд.

Бешубҳа, масъалаҳое, ки дар қарорҳои зикргардида баррасӣ шудаанд, аз қабили мушкилоти демографии ҷумҳурӣ, муайян намудани стратегияи рушди илм ва технология, муқаррар намудани қоидаҳои ташаккул, экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва иҷрои барномаву лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба роҳ мондани истифодаи васеи манбаъҳои мухталифи барқароршавандаи энергия дар хоҷагии халқ, муайян намудани номгӯи самтҳои афзалиятдоштаи тадқиқоти илмӣ дар ҷумҳурӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ вобаста ба талаботи соҳаи иқтисоди ҷумҳурӣ, тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ, дар бораи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ, муайян намудани роҳҳои татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии ҷумҳурӣ дар ислоҳоти илми замони истиқлолият ва мутобиқ гардидани фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ба талаботи бозор ва иқтисоди ҷумҳурӣ нақши калидӣ доранд.

Мавриди зикр аст, ки тӯли 22 соли истиқлолият вазъи илм ва муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ ва кормандони соҳаи илм бакуллӣ тағйир ёфт. Он мушкилоте, ки имрӯз дар соҳаи илм вуҷуд доранд, аз солҳои аввали истиқлолият тафовути ҷиддӣ доранд. Ҳоло бошад, илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави тараққиёт қарор дорад. Аз солҳои 2010-ум ин тараф, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва санадҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тасвиб расидаанд, барои илм ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ фазои мусоиди корӣ ва эҷодӣ фароҳам омад. Аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ гардидани Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои соли 2011-2015

ҳуҷҷати асосии раҳнамо барои фаъолияти муассисаҳои илмӣ

тадқиқотӣ ба шумор меравад. Дар заминаи ин ҳуҷҷати муҳим ва ҷиҳати иҷрои бевоситаи он, дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои зерин, аз қабили:

-Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015;

-Тадбирҳо оид ба дастгирии рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015; -Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015;

-Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2015;

-Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, математикиву техникӣ барои солҳои 2010-2020 тасдиқ гардиданд, ки иҷрои ҳар кадоми он, амалӣ гардидани стратегияи мазкур ва мақсаду мароми ин ҳуҷҷати муҳимро дар самтҳои муқаррарнамудаи давлат таъмин менамояд.

Дар замони истиқлолият, вобаста ба талаботи соҳаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ миқдори муассисаҳову марказҳои илмӣ, мактабҳои олӣ ва мутаносибан, теъдоди кормандони соҳаи илм афзоиш ёфт. Бояд ёдовар шуд, ки дар арафаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (то соли 1990) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, 58 муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ, филиалҳои онҳо ва мактабҳои олӣ ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ машғул буданд. Чунин теъдоди муассисаҳо ва кормандони илмӣ барои қонеъ намудани талаботи

ҷумҳурӣ ба масъалаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ дар шароити мавҷуда (яъне дар замони шӯравӣ) басанда буд. Зеро равияҳо ва проблемаҳои зиёде буданд, ки таҳқиқи онҳо ба таври мутамарказ аз ҷониби институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва марказҳои бузурги илмии Шӯравӣ анҷом дода мешуданд ва ҷумҳуриҳои бародар аз натиҷаҳои ин тадқиқотҳо баҳравар мешуданд. Вале шикасти Шӯравӣ ҷумҳуриҳои мустақилро водор намуд, ки ба ҳамаи мушкилоти мавҷуда дар такя бо имкониятҳои илмӣ ва захираҳои зеҳнии худ мустақиман машғул гардида, барои ҳаллу фасли онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Аз ин рӯ, замони истиқлолият дар назди илм ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии ҷумҳурӣ ҳалли масъалаҳои муҳимро вогузор намуд, ки барои ин заминаи бузурги илмӣ ва зеҳнӣ зарур буд. Барои дар тамоми самтҳои илм ба роҳ мондани таҳқиқотҳо зарурати ҷалби теъдоди зиёди олимону мутахассисон ва таъсиси муассисаҳои нави илмӣ-тадқиқотӣ пеш омад. Аз ин рӯ, ҷиҳати ба роҳ мондани омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷумҳурӣ дар шароити истиқлолият ва дар робита ба ин, ба вуҷуд овардани заминаи устувор барои тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ барои таъмин намудани муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ислоҳоти давра ба давраи сохтори идораи илм ва таъсиси муассисаҳои нави илмӣ, марказҳои илмию тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ амалӣ карда шуд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мадди аввал ба ислоҳоти сохтори идораи илм таваҷҷуҳ намуда, дар ин самт корҳои муайянро ба анҷом расонд ва мавриди ёдоварист, ки дар замони истиқлолият ду маротиба (солҳои 2001 ва 2011) комиссияи босалоҳияти ҳукуматӣ вазъи илмро дар ҷумҳурӣ мавриди таҳлил қарор дода, оид ба тағйири сохтори он ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳқиқотҳои илмӣ таклифҳо пешниҳод намуд. Вобаста ба зарурияти таҳқиқи масъалаҳои мухталифи марбут ба ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ ва бо мақсади ба роҳ мондан ва таъмини рушди илмҳои бунёдию амалӣ тибқи талаботҳои замони истиқлолият, дар ҷумҳурӣ институтҳо ва марказҳои нави илмию тадқиқотӣ таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, дар ин давра дар сохтори Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: -«Дар бораи таъсиси Расадхонаи байналмилаии илмии «Санглох» аз 6 декабри соли 1995 № 723; - «Дар бораи таъсиси Институти илмӣ-тадқиқотии иқтисоди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 январи соли 2000 №29;

- «Дар бораи таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 июли соли 2002 №279; - «Дар бораи таъсиси Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 декабри соли 2005 №474;

- «Дар бораи Маркази синошиносии Пажӯҳишгоҳи фалсафаи ба номи академик А.М.Баҳоуддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3 апрели соли 2006 №138; - «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии илмии «Боғи ботаникии Хуҷанд» аз 30 ноябри соли 2007 №596, марказҳо ва муассисаҳои нави илмӣ созмон дода шуданд, ки онҳо барои таҳким бахшидани фаъолияти таҳқиқотӣ дар самтҳои муқарраргардида ва мукаммал сохтани низоми ташкилу амалисозии корҳои илмӣ ва тарбия намудани кадрҳои илмии ҷавобгӯи замони муосир мусоидат намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун замони Шӯравӣ имрӯз низ ҳамчун мамлакати аграрӣ эътироф мешавад ва нақши хоҷагии қишлоқ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар ҳанӯз хеле бузург аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба масъалаи омӯзиш ва таҳқиқи мушкилоти соҳаи мазкур, ташкили дуруст ва истифодаи самараноки захираҳои он, татбиқи дастовардҳои илм дар соҳаи мазкур таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо дарназардошти зарурати таҳқиқи самтҳои мухталифи хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ, татбиқи дастовардҳои илму технологияи муосир дар соҳаи мазкур Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки Оинномаи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997 №315 тасдиқ карда шуд. Ба сохтори Академияи илмҳои кишоварзӣ 6

пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ, Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, Корхонаи илмию истеҳсолии “Доруҳои биологӣ” ва Пойгоҳи илмию таҳқиқотии кишоварзии Помир шомиланд. Имрӯз Академияи мазкур банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, инкишофи таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи кишоварзӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмиро таъмин менамояд.

Шароити замони истиқлолият дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷумҳурӣ масъалаҳоеро ба миён меовард, ки омӯзиш ва ҳаллу фасли онҳо ногузир буд ва аз ҷониби давлат андешидани чораҳои мушаххас ва судмандро талаб мекард. Дар замони пешрафти босуръати илму техника, шиддат ёфтани масъалаҳои глобалӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҳуҷумҳои иттилоотӣ ба тафаккури ҷавонон, масъалаи тарбияи насли наврас, наслеро, ки бо сатҳи ҷаҳонбинӣ ва худшиносию масъулияти шаҳрвандӣ ҷавобгӯи замони муосир бошад, ба миён овард. Маҳз ба хотири омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои таълиму тарбия, гузаронидан ва ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти илмӣ доир ба педагогикаи умумӣ, назария ва методикаи таълими забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, назария ва методикаи таълим дар самтҳои дигар, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2002 №482 Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар назди академияи мазкур Институти илмию таҳқиқотии рушди маориф, институти такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф, Маркази омӯзиши таърихи маориф ва Маркази технологияи иттилоотӣ амал менамоянд.

Роҳбарияти давлату ҳукумат дар баробари масоили таълиму тарбия, ба вазъи солимии мардум ва ҳифзи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, зеро миллати солим барои давлату ҷомеа ҳамеша дар ҷойи аввал қарор дорад. Бо назардошти вазъи мавҷудаи санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии бемориҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои илмиву тадқиқотии соҳаи тандурустӣ, рушди тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи тиб, татбиқи дастовардҳои илми муосир ва усулҳои нави ташхису табобат, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009 №494 Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷкистон таъсис дода шуд. Академияи мазкур дар сохтори худ 3 институти илмию тадқиқотӣ ва 9 маркази илмии Вазорати тандурустиро муттаҳид месозад. Таъсиси ин муассисаи илмӣ дар замони истиқлолият, барои таъмини дастрасии мардум ба хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам дар амалияи соҳаи тандурустӣ ва таҳкими нуфузу эътибори илми ватанӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар шароити истиқлолият дар фаъолияти мактабҳои олии ҷумҳурӣ низ дигаргуниҳои муҳим ба вуҷуд омад. Вобаста ба талаботи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва таъмини ин соҳа ба мутахассисони лаёқаманд ва ҷавобгӯи замони муосир аз рӯи ихтисосҳои мухталиф мактабҳои олӣ ва филиалу факултетҳо таъсис дода шуданд. Ин аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 36 мактаби олӣ фаъолият намуда, зиёда аз 156 ҳазор донишҷӯйро фаро гирифта, аз рӯи 300 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад, ки ин дар муқоиса ба замони то истиқлолият 4 маротиба зиёд аст.

Вобаста ба талаботи замон таҳия ва қабули қонунҳо, низомномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф боиси мукаммал гардидани фаъолияти он гардид. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (дар таҳрири нав) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», таҳия ва тасдиқи Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», Стандарти давлатии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ барои ворид шудан ба низоми байналмилалии таҳсилот ва ба роҳ мондани низоми таълиму тарбия тибқи талаботи ҷаҳонӣ мусоидат намуданд. Маҳз фазои мусоид барои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму маориф буд, ки тайи чанд соли охир дар ҷумҳурӣ таъсиси як қатор муассисаҳои олии таълимӣ ба роҳ монда шуд. Чунончи, таъсиси филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов, Донишгоҳи энергетикии Москва ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Москва» натиҷаи заҳматҳо ва иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба шумор мераванд. Инчунин, ба имзо расидани Созишнома дар бораи эътирофи маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо яке аз дастовардҳои муҳими замони итсиқлолият дар соҳаи маориф маҳсуб шуда, барои дар кишварҳои аврупоӣ кору фаъолият карда, донишу таҷрибаи худро таҳким бахшанди хатмкунандагони мактабҳои олии кишвар мусоидат менамояд. Тарбияи кадрҳои илмӣ

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият, амалӣ намудани сиёсати мақсаднок оид ба тарбияи мутахассисон ва кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ барои таъмин намудани талаботи муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат маҳсуб мешавад. Роҳбарияти давлату Ҳукумат хуб эҳсос мекарданд, ки имрӯз рақобатпазирии давлатҳо бештар аз рӯи имкониятҳои онҳо дар ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки донишҳои навро тавлид ва самаранок амалӣ месозанд, муқаррар мегардад. Дар ин раванд илму дониш ба соҳаи муҳиме табдил меёбад, ки барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд ва меҳнати фикрӣ бошад, ин омили муҳимтарини рушди устувор ва амнияти ҳар як кишвар маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, нерӯи зеҳнии ҷомеа дар ҷаҳони муосир ба ченаки муҳим ва муайянкунандаи рушд табдил ёфта, хароб гардидани он дар мадди аввал ба амнияти кишварҳо ва истиқлолият таъсир хоҳад расонд.

Кишварҳои рушдёфта, аз ҷумла ИМА ва кишварҳои аврупоӣ, барои ба даст гирифтани сарвати зеҳнӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, ҷойҳои холии корхонаю озмоишгоҳҳои илмиро аз ҳисоби ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби хориҷиён, яъне муҳоҷирони дорои қобилият ва истеъдод пур мекунанд. ИМА, ки аз шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ огаҳӣ дошт, аллакай соли 1990 қонун дар бораи муҳоҷиратро қабул кард, ки барои муҳоҷирони ба Амрико воридшаванда, хусусан, мутахассисони лаёқатманд имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла додани шаҳрвандии Амрикоро пешбинӣ намуд, ки боиси ба ин кишвар рӯ овардани теъдоди зиёди муҳоҷирони соҳибмаълумот, аз ҷумла олимони ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ гардид.

Имрӯз бошад, фазои ягонаи таҳсилот, ки илҳомбахш ва ташвиқкунандаи он кишварҳои аврупоӣ ва худи Амрико мебошанд, воситаи хуби пур кардани ҷойҳои холӣ дар пажӯҳишгоҳ ва озмоишгоҳҳои илмии кишварҳои номбурда мебошад. Тибқи талаботҳои ин низоми таълим, ҷавонони лаёқатманд аз кадом кишваре набошанд, имкон пайдо мекунанд, ки дар Амрико ва дигар кишварҳои аврупоӣ омада, бе ягон мамониат дар муассисаҳои таълимии онҳо таҳсилро идома диҳанд ва барои зиндагию фаъолияти минбаъдаи худ ин кишварҳоро интихоб намоянд. Яъне ҷавононро ба зиндагии хуб тавассути муҳоҷират ҳавасманд месозанд. Аз ин ҳисоб кишварҳое, ки дар ҳолати ақибмонии рушд қарор доранд, зарар мебинанд, зеро ки «зеҳнҳо»-и беҳтарини онҳо дар ҳамин кишварҳо мемонанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин радиф берун нест.

Бо шикасти сохти Шӯравӣ на танҳо дар ҷумҳуриҳои собиқи он, балки дар дигар кишварҳои низоми сотсиалистӣ низ муҳоҷирати зеҳнҳо ба дигар кишварҳо оғоз гардид. Масалан, аз Полша-15%, Булғория-10%, Югославия-10% кормандони меҳнати фикрӣ ин кишварҳоро тарк намуданд. Ин нишондод дар худи Россия аз ҳама зиёдтар аст. Чунончи, аз теъдоди 56 фоиз муҳоҷирони баландихтисоси ин кишвар 16% онро номзадҳо ва докторҳои илм ташкил медиҳанд.

Тавре мебинем, раванди муҳоҷирати зеҳнҳо дар тамоми кишварҳо зери назорат аст ва барои пешгирӣ намудани он ҳукуматҳо чораҳо меандешанд. Вале боиси таассуф аст, ки дар ҷумҳурии мо оид ба муҳоҷирати зеҳнҳо ҳеҷ гуна омори дақиқ вуҷуд надорад ва ин раванд аз назорати мақомоти расмии давлатӣ берун мондааст.

Мутаассифона, дар ибтидои солҳои 90-ум вобаста ба буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷомеаи моро фаро гирифт, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид. Бар асари ҳодисаҳои сиёсӣ ва дар ин замина, хароб гардидани иқтисодиёт ва фарҳангу маънавиёт, базаи моддӣ-техникии муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ, қудрати интеллектуалии ҷумҳурӣ, ба раванди рушду нумӯи соҳаи илм халали ҷиддӣ ворид намуд, ки албатта, барқарор намудани чунин талафот ва тибқи талаботи замон ба роҳ мондани фаъолияти он, вақту нерӯи муайянро талаб мекунад.

Замони истиқлолият ва талаботи рӯзафзуни ҷомеа, зиёд гардидани муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, мактабҳои олӣ ва ба кор даромадани даҳҳо корхонаҳои саноатии дар асоси технологияи навтарин фаъолияткунанда талаботро ба мутахассисон ва шахсиятҳои донишманду соҳибунвон дар ҷумҳурӣ зиёдтар намуд ва дар ин замина, афзудани теъдоди муассиасаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, марказҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ, миқдори кормандони илмӣ низ мантиқӣ ва тақозои замон аст.

Тибқи маълумотҳои Раёсати марказии омори РСС Тоҷикистон ҳангоми ҷамъбасти плани панҷсолаи ёздаҳум (соли 1985) дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 58 муассисаи илмӣ (аз ҷумла 12 мактаби олӣ) ба фаъолияти тадқиқотӣ машғул буд, ки дар ин муассисаҳо 8452 нафар мутахассисону муҳақиқиқон ба фаъолияти илмӣ машғул буданд. Аз ин миқдор 2943 нафар дар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, 5118 нафар дар мактабҳои олӣ ва 391 нафар дар дигар ташкилоту корхонаҳо фаъолият мекарданд ва бояд зикр кард, ки аз ҳайати умумии кормандони илмӣ 3550 нафараш занҳо буданд. Дар ин давра миқдори умумии докторони илм 229 нафар (аз ҷумла, занҳо -28 нафар) ва номзадҳои илм 3074 нафар(занҳо-807 нафар)-ро ташкил медод.1

Дар сохтори Академияи илмҳо бошад, дар ин давра(соли 1985) 18 муассисаи илмӣ фаъолият намуда, миқдори кормадони илмӣ 1514 нафарро ташкил медод, ки аз ин 85 нафар доктори илм ва 656 нафар номзади илм буданд. Теъдоди аъзои Академияи илмҳо(академикҳо ва аъзо-корреспондентҳо) 51 нафарро ташкил медод.2

Тибқи маълумотҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010 дар сохтори муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ 83 муассисаи илмӣ, аз ҷумла Академияи илмҳои ҶТ, 3 академияи соҳавӣ, 36 мактаби олӣ ва 43 институтҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ фаъолият менамоянд, ки дар ин муассисаҳо 12 796 нафар фаъолият менамоянд.1 Дар ин давра, ин нишондод дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ чунин буд: миқдори умумии кормадони илмӣ- 12796 нафар, аз ин докторони илм -677 нафар(10,9%), аз ҷумла занҳо-70 нафар(1,28%) ва номзадҳои илм -2279 нафар(35,5%), аз ҷумла занҳо-632 нафар(8,98%), бе унвонҳои илмӣ-4006 нафар(53,7%).

Тибқи маълумотҳои расмӣ то охири декабри соли 2012 дар Академияи илмҳо теъдоди кормандони илмии штатӣ 734 нафар буда, аз ин 134 нафар доктор ва 278 нафар номзадҳои илм ва шумораи аъзои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 73 нафар (академик-32 нафар ва узви вобаста 41нафар) мебошанд.2

Миқдори аспирантҳо дар соли 1985 ҳамагӣ 564 нафар(аз ҷумла занҳо-200 нафар)-ро ташкил медод, ки аз ин 261 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 303 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекарданд3 ва дар соли 2010 бошад, миқдори аспирантҳо ва унвонҷӯҳо ба 1190 нафар расид, ки аз ин 470 нафар дар шуъбаҳои рӯзона ва 471 нафар дар шӯъбаи ғоибонаи аспирантура ва 46 нафар дар докторантура таҳсил мекарданд.

Ҷадвали муқоисавии миқдори кормандони илмӣ ва илмӣ педагогӣ, ки ба фаъолияти илмӣ машғуланд Дар ҷумҳурӣ с.1985 с. 2010 Ҳамагӣ аз ҷумла: докторҳои илм номзадҳои илм аз ҷумла занҳо: докторони илм номзадҳои илм 8452 229 3074 28 807 12796 677 2279 70 632 Академияи илмҳо аз ҷумла: докторони илм номзадҳои илм 1514 85 656 1133 138 214 муассисаҳои илмӣ 1820 2233 мактабҳои олӣ 5118 9489 аспирантҳо 564 1190 Аз ин рақамҳо бармеояд, ки айни замон масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ ба дастгирии ҷиддӣ ниёз дорад. Теъдоди умумии муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва кормандони илмӣ дар замони истиқлолият афзоиш ёфта бошад ҳам, вале шумораи кормандони соҳибунвон, аз ҷумла номзадҳои илм дар ин давра дар муқоиса ба соли 1985 қариб 800 нафар камтар аст. Инчунин, миқдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ дар давраи истиқлолият бамаротиб афзуда, аз 13 мактаби олии соли 1991 ҳоло ба 36 адад расид ва шумораи умумии кормандони онҳо қариб 4 ҳазор нафар зиёд гардид, вале теъдоди олимони соҳибунвон дар ин муассисаҳо аз талаботи муқарраргардида камтар аст. Ба ҳамин тариқ, ин рақамҳо собит месозанд, ки имрӯз муассисаҳои илмӣ тадқиқотӣ, мактабҳои олӣ ва корхонаю ташкилотҳо аз нарасидани мутахассисони соҳибунвон ва лаёқатманд танқисӣ мекашанд.

Воқеан ҳам, мушкилоти кадрӣ айни ҳол дар тамоми муассисаю корхонаҳои ҷумҳурӣ эҳсос карда мешавад. Вале паҳлуи дигари масъалаи мазкур он аст, ки теъдоди ашхоси дорои унвонҳои илмӣ, аз ҷумла номзад ва докторҳои илм, профессору академикҳо ҳар сол меафзоянд, лекин болоравии сатҳи дониш, илму технология, рушди захираи зеҳнии мамлакат назаррас нест ва илм ба як соҳаи камсамар табдил ёфта истодааст. Ҳол он ки, илм бояд ба қувваи истеҳсолкунандаи ҷамъият, нерӯи муҳими пешбарандаи он табдил ёбад ва дар рушди иқтисоду фарҳанги кишвар нақши ҳалкунандаро бар душ дошта бошад.

Аз ин рӯ, дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зарурияти таҳия ва қабули барномаи махсус оид ба тарбияи кадрҳои илмӣ пеш омад. Зеро дар сурати наандешидани чорҳои фаврӣ ва муфид оид ба ҳалли масъалаи мазкур ва идома ёфтани ҳамин гуна муносибат ба илм, омода намудани кадрҳои илмӣ ва мутахассисони ҷавон, дар ояндаи наздиктарин ба буҳрони шадиди кадрӣ рӯ ба рӯ гардидани мақомоти давлатӣ, кафедраҳои мактабҳои олӣ, пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ, корхонаю муассисаҳо ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ногузир буд.

Маҳз бо назардошти вазъи мавҷудаи таъмини соҳаи илми ҷумҳурӣ бо олимону мутахассисон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015” аз 2 июли соли 2008 №308 қабул гардид.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз на танҳо муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурии мо, балки тамоми пажӯҳишгоҳҳо ва озмоишгоҳҳои илмии олам аз нарасидани олимону мутахассисон танқисӣ мекашанд ва баҳри ҷалби «зеҳнҳо» миёни кишварҳо рақобати ҷиддие вуҷуд дорад. Омӯзиши масъалаи мазкур собит намуд, ки заиф гардидани нерӯи зеҳнӣ дар ҷумҳурии мо бо мушкилоти дар ин самт доштаи кишварҳои хориҷ низ умумиятҳо дошта, ҳамзамон хусусиятҳои хоси худро дорад, ки дар Барномаи зикргардида роҳу василаҳои бартараф сохтани ин мушкилот баён ёфтаанд.

Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати таҳким бахшидани кор дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳо андешида шуданд ва ин тадобир барои ҷалби ҷавонон ба илм, аз ҷумла ба аспирантура мусоидат намуданд. Иқдомоти саривақтии Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба дастгирии олимони ҷавон ва аспирантону унвонҷӯён, аз қабили таъсиси стипендияҳои президентиву ҷоизаҳо, баланд бардоштани стипедия ва таъсиси хобгоҳи махсус барои аспирантон ва ғайра боиси дилгармӣ ва ҳавасмандии олимони ҷавон ба ин касби пурмашаққат ва пурифтихор гардид. Чунончи, баъди иқдомоти ҳукумат теъдоди қабул ба аспирантура аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо рӯ ба афзудан овард.

Масалан, имрӯз қабул ба аспирантураи Академияи илмҳои ҶТ дар муқоиса ба соли 2001 ду маротиба афзудааст. Аз 96 нафари дар соли 2012 ба аспирантура қабулгардида, 61 нафари он ба Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ мансуб бошанд, 45 нафари он ба Шуъбаи илмҳои биология ва тиб ва Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ дохил шуданд. Дар маҷмӯъ, дар соли 1992 теъдоди аспирантҳо дар муассисаҳои гуногуни илмии ҷумҳурӣ ба 500 нафар мерасид ва ин рақам дар соли 2000-ум аллакай ба 839 ва дар соли 2010 бошад, ба 1190 нафар расид. Ҷаҳони имрӯза бо равандҳои ҷаҳонишавӣ рақобати давлату миллатҳоро дар фазои сиёсию фарҳангӣ боз ҳам шадидтар месозад ва дар ин рақобат, бешубҳа, афзалият ба ҷониби давлату миллатест, ки ҷавонони ташаккулёфта ва дорои тафаккури пешқадами илмию техникӣ дошта бошад. Саволе ба миён меояд, ки имрӯз сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти ҷавонони мо дар кадом поя қарор дорад? Оё ҷавонони мо ҳамчун қишри бомаърифату равшанфикр метавонанд пешоҳанги ҷомеа бошанд, илму техникаи ватаниро ба оламиён муаррифӣ намоянд ва дар лаҳзаҳои барои миллату давлат душвор рисолати аслии хешро иҷро кунанд?

Бояд зикр намуд, ки яке аз хусусиятҳои муҳими замони муосир ин дигаргунии куллӣ дар менталитет, тафаккур ва назари ҷавонон ба арзишҳои маънавӣ мебошад. Тамоилҳои имрӯзаи рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тафаккур ва назари ҷавонон нисбат ба арзишҳо дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд овардаанд. Ҷавонони муосир роҳҳои сабуктари зиндагиро ҷустуҷӯ менамоянд ва муносибати онҳо ба илм, ки соҳаи хеле ҳам заҳматталаб мебошад, чандон умедбахш нест. Аз ин рӯ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои илмӣ дар тамоми кишварҳо аз сабаби ба илм таваҷҷуҳ надоштани ҷавонон мушкили кадрӣ доранд. Сарфи назар аз он ки дар кишварҳои рушдёфта маблағгузорӣ ба соҳаи илм ва маориф хеле баланд аст, лекин теъдоди ками ҷавонон ба ин соҳаи заҳматталаб таваҷҷуҳ доранд, ки ин тамоил характери умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Аз ин рӯ, роҳбарони вазоратҳо ва муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олиро зарур аст, ки барои нигоҳ доштан ва рушди захираи зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешанд, барои ба соҳаи илм ва таълиму тарбия ҷалб намудани ҷавонон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм Замони истиқлолият барои тамоми ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, ки дар гузашта чун як ҷисми том дар тамоми соҳаҳои ҳаёт-иқтисод, сиёсат, фарҳанг, илм, маориф ва ғайра бо ҳазорон риштаҳои ноаён пайваст буданд, мушкилоти зиёдеро пеш овард. Низоми идораи илми шӯравӣ мутамарказ буд ва бо аз байн рафтани он ҳамоҳангсозии мавзӯъҳо ва проблемаҳои илмӣ, ҳамкориҳои мактабҳои олӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва марказҳои мухталифи илмӣ дар соҳаи тадқиқот ва тарбияи кадрҳои илмӣ низ аз байн рафт. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳалаи аввали истиқлолият ба бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардида буд, дар вазъияти мураккаб қарор дошта, барои ба роҳ мондани фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ ва анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ба кӯмак ва ҳамкориҳои илмӣ бо кишварҳои дигар эҳтиёҷи бештаре дошт.

Аз ин рӯ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмин намудани равобити муассисаҳои илмӣ ва олимону мутахассисони ҷумҳурӣ бо муассисаҳои илмӣ ва олимону донишмандони кишварҳои дигар, чун як самти муҳими сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон оид ба соҳаи илм ва тарбияи мутахассисон муайян гардид. Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ин соҳа, дар тӯли истиқлолият миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигар зиёда аз 50 созишнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ, илмию техникӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ ба имзо расонда шудаанд, ки ин ҳамкориҳо дар шароити рушди босуръати илму технология ва дастрасӣ ёфтан ба иттилооти нав оид ба соҳаи илму техника, аз ҳолати буҳронӣ раҳоӣ бахшидани илми тоҷик нақши муҳим гузоштанд.

Бояд гуфт, ки аз соли 1996 ҳамкориҳои илмии миёни Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ, алалхусус кишварҳои узви ИДМ вусъати тоза пайдо кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои хориҷӣ ва вохӯриҳо бо назардошти вазъи мавҷуда ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекарданд. Чунончи, 7 сентябри соли 1995 дар вохӯрии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия В.С.Черномырдин мавзӯи ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар соҳаи илму тарбияи кадрҳои илмӣ мавриди баррасии махсус қарор дода шуд ва тибқи натиҷаҳои ин вохӯрӣ, тарафҳо барои омода намудани созишномаи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи номбурда уҳдадор гардиданд. Тибқи натиҷаҳои ҳамин вохӯрӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ» аз 30 марти соли 1996 №126 қабул гардид, ки он дар ҳамкориҳои минбаъдаи ин ду кишвар дар самти илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ нақши калидӣ дошт. Ҷиҳати иҷрои қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишнома бо Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳо дар самти илм аз 12 феврали соли 1997, ки дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, 1 сентябри соли 1997 №395 қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ» қабул карда шуданд. Дар ин давра (1996-2000) созишномаҳо бо Федератсияи Россия «Дар бораи барномаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи ташкил ва истифодаи техника ва технологияи нав, мубодилаи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар давраи то соли 2000-ум», «Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсис ва фаъолияти ташкилоти илмии байналмилалии «Помир-Чақалтой» ба имзо расонида шуданд. Инчунин, бо мақсади нигоҳдорӣ ва рушди нерӯи илмӣ-техникии ҷумҳурӣ ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои илмӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроӣ» аз 2 июни соли 1997 №257 қабул гардид, ки ин, бешубҳа, барои анҷом додани таҳқиқотҳои муштараки олимони тоҷик бо ҳамкасбони хориҷии худ, ҳамзамон фаъолияти олимони тоҷик дар ин маркази байналмилалии илмӣ воқеъ дар шаҳри Дубнаи вилояти Москва, барои илми тоҷик ва тарбияи кадрҳо дар ин самт аз аҳамият холӣ нест. Мавриди ёдоварист, ки айни ҳол чанд нафар муҳаққиқони тоҷик дар ин маркази бонуфузи илмӣ ба омӯзиш ва таҳқиқот машғуланд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи илм вусъат бахшида, дар ин давра бо қарорҳои худ «Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи тарбия ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ» (1996), «Дар бораи тасдиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва технология» (1996), «Дар бораи тасдиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва фарҳанг» (1997), «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон» (1998), «Дар бораи тасдиқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи илм, техника ва иттилоот» (1998), «Дар бораи тасдиқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба тартиб ва шароитҳои ҷалби ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисони давлатҳои ширкаткунанда ҷиҳати иҷрои барномаҳои миллии илмӣ-технологӣ» (1998) ва «Дар бораи лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ»-ро тасдиқ намуд.

Яке аз қадамҳои устувор ва ҷасуронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, ин қабули қарор аз 15 марти соли 1999 № 86 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 1992 №23 «Дар бораи ба ихтиёрдории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи собиқ шӯравӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ қарор доранд» маҳсуб мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон бо ин қарори худ «Стансияи илмии таҳқиқотҳои кайҳонии «Помир-Чақалтой»(воқеъ дар ноҳияи Мурғоб)-ро, ки то ин вақт ҳамчун мероси замони шӯравӣ аз ихтиёрдории Ҷумҳурии Тоҷикистон берун буд, ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуд ва баъдтар он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоти илмии байналмилалии «Помир-Чақалтой» табдил дода шуд.

Бо фарорасии сулҳу субот ва фазои мусоид барои фаъолияти муассисаҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ, доираи ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ низ фаррохтар ва самараноктар гардид. Қобили зикр аст, ки аз соли 2000 то соли 2005 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ 33 созишнома ба имзо расонда шудааст. Дар ин давра, хусусан, қабул гардидани қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аҳдномаи таъсиси Маркази илмию технологӣ дар Украина» (аз 17 апрели соли 2002 № 616) ва «Дар хусуси тасдиқи Созишномаи Маркази байналмилалии илмию техникӣ» (аз 5 феврали соли 2003 №772) барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва илмию таҳқиқотиро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, бо дастгириҳои молиявии Маркази байналмилалии илмию техникӣ, ҷудо гардидани грантҳо ва таҷҳизоти техникӣ ҷиҳати амалӣ намудани пажӯҳишҳои илмӣ-амалӣ, аз ҷониби олимони ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо ин Маркази байналмилалӣ дар соҳаи фанҳои дақиқ корҳои муайян ба анҷом расонда шудаанд.

Бо сиёсати пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо дар ин самт тавсеа ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила қарорҳо қабул гардиданд, ки ҳар яки он дар рушди соҳаи мазкур нақши муассир доранд. Аз ҷумла, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома доир ба ташаккул ва мақоми барномаҳои байнидавлатии инноватсионӣ ва лоиҳаҳо дар соҳаи илмию технологӣ»(с.2000), «Дар бораи тасдиқи Созишнома дар хусуси тартиби ҷалб намудани ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва мутахассисони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳри иҷрои барномаҳои миллии илмию техникӣ» (2000), «Дар бораи тасдиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника»(2001), «Дар бораи тасдиқи Протокол оид ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Белорус, Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар хусуси эътирофи мутақобила ва баробар донистани ҳуҷҷатҳои таҳсил, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳо аз 24 ноябри соли 1998» (2002), «Дар бораи маъқул донистани лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи байналмилалии дастгирии ҳамкорӣ бо олимони давлатҳои нави мустақили собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (INTAS) дар хусуси ҳамкории илмӣ», «Дар бораи мақул донистани лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир-Чақалтой»(2008) ва ғайра барои рушди ҳамкориҳои муассисаҳои илмӣ, макотиби олӣ ва олимону мутахассисони ҷумҳурӣ дар анҷом додани тадқиқотҳои муштарак бо олимони кишварҳои хориҷӣ, тарбия намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, эътирофи мутақобила ва баробар донистани ҳуҷҷатҳои таҳсил, дараҷаҳои илмӣ ва дигар самтҳои соҳаи мазкур саҳми муҳим доранд.

Дар маҷмӯъ, дар замони истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 50 санади муҳими давлатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму техника ва тарбияи кадрҳои илмӣ қабул гардида, айни ҳол дар ин самт бо зиёда аз 30 кишвари хориҷаи наздик ва инчунин, хориҷаи дур, аз қабили ИМА, Олмон, Фаронса, Юнон, Лаҳистон, Чин, Ҷопон, Словения, Хорватия, Исроил, Эрон, Покистон ва ғайра ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудаанд. Муҳим будани қабули санадҳои мазкур, пеш аз ҳама, аз он бармеояд, ки илми асри ХХ1 дар ҳалли масоили рушди устувори иқисоди ҷаҳон, кашфи кайҳон, ҳалли мушкилоти глобалӣ аз қабили камбизоатӣ, хароб гардидани муҳити зист, амният дар соҳаи озуқаворӣ ва таъмини курраи замин бо оби ошомиданӣ ва хусусан, масоили рушди инсон нақши муҳимтаринро мегузорад. Яъне, ҳалли тамоми мушкилоти замони муосир дар мадди аввал бар дӯши илм вогузор аст ва ин вазифаи барои тамоми сайёра муҳим бидуниҳамкориҳои байналмилалӣ, истифода аз дастовардҳои кишварҳои мухталиф, бе муттаҳид намудани нерӯи ақлии аҳли сайёра аз имкон берун аст. Маҳз ҳамкориҳо ва тадқиқотҳои муштараки илмӣ, нашр ва дастрас гардондани натиҷаҳои тадқиқот ва адабиёти илмӣ, мубодилаи иттилооти илмӣ ва мутахассисон метавонад илмро ба аслиҳаи муҳими ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҷаҳони муосир табдил диҳад ва маҳз тавассути ин ҳамкориҳо олимони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки дар ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушкилоти ҷаҳон саҳмгузор бошанд. Дастгирии молиявии соҳаи илм ва кормандони илмӣ

Рушди давлатҳои муосир бидуни илму техникаи пешқадам ва технологияҳои инноватсионӣ, ба роҳ мондани тарзу усулҳои нави идоракунии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани дастовардҳои нави илмӣ дар хоҷагии халқ, тасаввурнопазир аст. Дар шароити шиддат ёфтани ҷаҳонишавии иқтисоди ҷаҳонӣ, раванди рақобати давлатҳо дар соҳаи рушди илму техника низ тақвият меёбад. Ин, пеш аз ҳама, ба он вобастагӣ дорад, ки мамлакатҳои дар ин соҳа пешрафта аз раванди ҷаҳонишавӣ бо тамоми оқибатҳояш аз ҳама бештар ба афзалияти иқтисодӣ ноил мешаванд. Аз ин рӯ, ҳадафи асосӣ аз рақобате, ки имрӯз миёни кишварҳо дар ин самт идома дорад, танҳо ба даст овардани даромадҳои иловагии иқтисодӣ аст. Таҳлили вазъи маблағгузорӣ ба соҳаи илм дар ҷаҳони муосир собит месозад, ки он ҳар сол дар ҳамаи кишварҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва аз муқоисаи рушди иқтисодии кишварҳои олам бармеояд, ки дар ин рақобат ҳамон кишваре ғолиб меояд, ки ба соҳаи илм аз ҳама беш маблағгузорӣ мекунад. Имрӯз дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мақом ва нақши илм дар рушду шукуфоии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа беш аз пеш эҳсос гардида, аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ба он эътибори хосса зоҳир мегардад. Ин аст, ки тайи солҳои истиқлолият аз тарафи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди илми ватанӣ, ташаккул ва такомул ёфтани тафаккури техникии ҷомеа, ҳамгироии илм ва маориф, ба вуҷуд овардани технологияҳои рақобатпазир, омӯзишу таҳқиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таҳқиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, таҳким бахшидани пояи илмӣ-техникии муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ фармону амр ва қарору фармоишҳое қабул гардиданд, ки барои фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва дар маҷмӯъ, барои рушди илм ва дастгирии олимон дар ҷумҳурӣ нақши муассир гузоштаанд.

Тибқи Сарқонуни худ, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон гардида, вазифадор аст, ки ба ҳар як нафар шароити зиндагии мувофиқ ва рушди озодонаро таъмин созад. Бинобар ин, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии давлати Тоҷикистон ба таври пайваста ҳаллу фасл кардани масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки танҳо дар солҳои 1996-2000 доир ба дастгирии муассисаҳои илмӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи илм 27 фармону амрҳои Президент ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ки ин дар шароити буҳрони иқтисодӣ ва нооромиҳои сиёсие, ки ҳанӯз ҳам дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ вуҷуд доштанд ва ҳаёти иқтисодию маънавии ҷумҳуриро халадор месохтанд, икдоми шоистае маҳсуб мешуд. Хусусан, иқдомҳои Сарвари давлат барои дастгирии илм ва олимон дар ин давраи хеле ҳассос ва барои аҳли илму эҷод вазнин, ин содир намудани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Фонди Президентии тадқиқоти фундаменталӣ» аз 24 феврали соли 1996 №422, «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантони таҳсили рӯзона» аз 24 феврали соли 1996 № 423 ва «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии олимон ва нависандагон» аз 8 июни соли 1996 № 502 ба шумор мераванд, ки хеле бамаврид ва саривақтӣ буданд. Мавриди зикр аст, ки ҳар яке аз ин фармонҳо барои дастгирии илм, ҳавасмандгардонии аҳли илм ва ҷалби олимони ҷавон ба ин соҳаи муҳиму заҳматталаб нақши муҳим гузоштанд.

Таъсиси Фонди Президентии тадқиқоти фундаменталӣ қадами ҷиддие буд дар самти дастгирии тадқиқотҳои бунёдӣ, ки дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ногувор дошт. Тибқи фармони мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи Фонди Президентии тадқиқоти фундаменталӣ ва ҳайати Шӯрои Фонди мазкур» аз 4 июни соли 1996 №233 қабул гардид, ки тибқи он дар қатори дигар сарчашмаҳое, ки маблағҳои Фонд ташкил меёбанд, яке аз сарчашмаҳои асосӣ, ин 3% ҳиссаҷудокунӣ аз маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои соҳаи илм пешбинӣ шуданд, ба ҳисоб мерафт, ки ин маблағ дар тӯли фаъолияти 19-солаи Фонди мазкур барои ба анҷом расондани тадқиқотҳои муайян ва мақсадноку муфид дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дошт.

Бояд ёдовар шуд, ки дар марҳилаи аввали истиқлолият олимону мутахассисони ҷавон беш аз пеш ба дастгирӣ ва кӯмакҳои иҷтимоӣ эҳтиёҷ пайдо намуданд. Вазъи хароби пояи илмӣ-техникии кафедраҳои мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, маош ва стипендияи ночиз, пешбинӣ нашудани маблағ барои нашри рисолаҳои илмӣ, автореферат ва дигар хароҷотҳои зарурӣ ва мавҷуд набудани шароити мусоиди манзилию маишӣ ва таҳсил барои аспирантон ва олимони ҷавон, боиси аз ин соҳа дур шудани ҷавонон гардид. Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ ва кафедраҳои мактабҳои олӣ аз сабаби ба соҳаи илм таваҷҷуҳ надоштани ҷавонон ба мушкилоти шадиди кадрӣ рӯ ба рӯ гардида буданд. Чунончи, соли 2001 қабул барои таҳсил дар аспрантура ба пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 45 нафарро ташкил медод, ки ин нисбат ба талаботи воқеии муассисаи мазкур ба кадрҳои ҷавон хеле кам буд. Дар институтҳои математика, физика, астрофизика, сейсмология, зоология ва паразитология, физиологияи растаниҳо ва генетика, илмҳои гуманитарӣ, Маркази илмии Хуҷанди Академияи илмҳо ягон нафар ба аспирантура қабул нагардида буд ва бояд ёдовар шуд, ки дар дигар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ низ айнан ҳамин ҳолат мушоҳида мешуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати мавҷударо хуб эҳсос намуда, ба мушкилоти молиявии ҷумҳурӣ нигоҳ накарда, барои беҳбудӣ бахшидан ба ин самти фаъолияти илм дар ҷумҳурӣ чораҳои судманд меандешид. Хусусан, фармону супоришҳои Роҳбари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи тасъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантони таҳсили рӯзона», «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон» ва «Дар бораи таъсиси хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон» дар ин марҳила хеле бамаврид ва муфид буданд. Тибқи ин фармон барои аспирантон 15 стипедияи махсус муқаррар карда шуд, ки ин марҳилаи аввали дастгирии аспирантон аз ҷониби Сарвари давлат буд. Соли 2005 бо ворид намудани иловаҳо ба ин фармон аз 1 ноябри ҳамон сол ҳаҷми ҳар як стипедия ба 120 сомонӣ расонда шуд, ки чунин маблағ барои таъмини зиндагию фаъолияти илмии як аспирант дар ҳамон шароит басанда буд ва стипендияи аспирантон давра ба давра дар қатори зиёд намудани маоши дигар қишрҳои ҷомеа баланд гардида, имрӯз 330 сомониро ташкил медиҳад. Таъмир ва ба истифода додани «Хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон» дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ барои 300 нафар, маҳз бо дастури Сарвари давлат сурат гирифта, барои таъмир ва таҷҳизонидани он аз Фонди эҳтиётии Президени кишвар 4,5 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд ва он, воқеан, барои олимнони ҷавон як туҳфаи шоистае маҳсуб мешуд. Зеро солҳои зиёд олимони ҷавон ва аспирантон аз нарасидани шароити мусоиди моддию маишӣ, аз ҷумла набудани манзили муносиб, танқисӣ мекашиданд ва дар тӯли мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантону олимони ҷавон таъсиси чунин як хобгоҳ ва бо чунин шароиту таҷҳизот бори аввал буд.

Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки пажӯҳишгоҳҳои илмӣ- тадқиқотии Академияи илмҳо, академияҳо ва институтҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар партави сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати Тоҷикистон ва он барномаю стратегияҳое, ки барои рушди мақсадноки соҳаи мазкур қабул гардидаанд, тарбияи кадрҳои илмиро ба роҳ монда, дар ояндаи наздик барои ҳалли мушкилоти мавҷуда муваффақ хоҳанд шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар давраи аз соли 1996 то 2000-ум танҳо барои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳавасмандии моддии кормандони соҳаи илми ҷумҳурӣ 9 қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани музди меҳнати баъзе гурӯҳҳои кормандони ташкилотҳои буҷетӣ» аз 23 июни соли 1997 №577, Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зиёд намудани маблағ барои унвони аъзои ҳақиқии(академик) Академияи илмҳо ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон» аз 25 майи соли 1988 №РП-622, ки тибқи он ба аъзои ҳақиқии(академик) Академияи илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба маблағи 75 доллари ИМА ва узви вобастаи ҳарду академия мутаносибан 40 доллари ИМА иловапулӣ пардохт карда мешуд. Инчунин, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани музд барои аъзои ҳақиқӣ ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 феврали соли 1996 №101, «Дар бораи супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника дар соли 2006» аз 30 декабри соли 1996 қабул гардиданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба мусоид гардидани вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, ҷиҳати ҳавасмандгардонии моддӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи илм давра ба давра чораҳои судманд меандешид. Бояд ёдовар шуд, ки аз соли 2000-ум дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии илм ва ҳифзи иҷтимоии олимон марҳилаи нав ва пурсамар оғоз гардид. Фаро расидани сулҳу субот ва оромӣ дар ҷумҳурӣ барои фаъолияти самараноки корхонаю муассисаҳо, хоҷагии қишлоқ ва рушди соҳибкорию тиҷорат мусоидат намуд ва роҳбарияти давлату ҳукумати низ имконият пайдо намуданд, ки ба соҳаи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, ба кормандони соҳаи илму фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия» аз 4 ноябри соли 2003 №1173, «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия» аз 4 ноябри соли 2004 №1403, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии зиёиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 апрели соли 2004 № 147 ва ғайра маҳз ба хотири кӯмак ва дастгирии бевосита ва ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи мазкур равона шудаанд.

Аз соли 2000-ум маоши кормандони Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ ҳар сол баланд бардошта мешуданд. Чунончи, аз 1 январи соли 2000-ум тибқи амру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои дар ин замина қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маошҳои вазифавии кормандони Академияи илмҳо ва ташкилоту муассисаҳои он ба таври зайл баланд бардошта шудаанд: -аз 1 январи соли 2000 ба андозаи 40%;

-аз 1 апрели соли 2003 ба андозаи 20%;

-аз 1 январи соли 2004 ба андозаи 25%;

-аз 1 июли соли 2004 ба андозаи 30%.

Ҳамагӣ дар ин давра маоши вазифавии кормандони илм ба андозаи 2,7 маротиба баланд бардошта шудааст. Дар соли 2012 бошад, ҳисоби миёнаи маоши кормандони Академияи илмҳо дар бахши «Илм» 528 сомониро ташкил дод.1 Ҳамин тариқ, маоши кормандони соҳаи илм аз соли 2000-ум (15,5 сомонӣ)2 то аввали соли 2013 тақрибан 34 маротиба зиёд гардидааст. Аз ҳамин давра, яъне аз соли 2000-ум шурӯъ гардида, маблағгузорӣ барои иҷрои тадқиқот ва коркарди илмӣ аз ҳисоби буҷети чумҳуриявӣ сол ба сол меафзояд. Чунончи, солҳои 2000 ин рақам 1млн.155 ҳазор сомонӣ, 2001- 1млн.938 ҳазор сомонӣ ва соли 2002 ба 2 млн. 364 ҳазор сомонӣ расонда шуд. Дар солҳои 2009 ва 2010 бошад, маблағгузорӣ барои соҳаи илм мутаносибан 21млн.320 ҳазор ва 22 млн.024 ҳазор сомонӣ(0,089% ММД)-ро ташкил медод. Дар маҷмӯъ, маблағғузорӣ ба соҳаи илм аз буҷети давлатӣ дар тӯли 10 сол (2000-2010) қариб 20 маротиба афзудааст. Албатта, ин нишондод аз сатҳи муқарраргардидаи ҷаҳонӣ ҳанӯз хеле паст мебошад. Масалан, дар кишварҳои рушдёфта чун ИМА, Исроил, Япония, Шветсия ва ғайра маблағгузорӣ ба соҳаи илм аз 2 то 4,5 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад.1 Вале рақамҳои дар боло овардашуда аз он далолат мекунанд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба соҳаи мазкур бетафувут набуда, барои дар доираи имкониятҳои мавҷудаи молиявии ҷумҳурӣ зиёд намудани маблағгузории соҳаи илм ва коркардҳои илмӣ ҳамасола ҷаҳду талош меварзад.

Дар ин давра, дар баробари ҷудо гардидани маблағҳои мақсадноки ҳарсола ҷиҳати дастгирӣ ва рушди соҳаи илм аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, Фонди эҳтиётии Президент ва дигар манбаъҳо барои ин соҳа маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд. Аз ҷумла, бо фармоишҳои Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба таври иловагӣ, барои таъмири капиталӣ ва таҷҳизонидани Институти мероси хаттии Академияи илмҳои ҶТ-40 миллион рубл, ба Институти таърих ва бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш барои анҷом додани корҳои банамоишгузории экспонатҳо-50 ҳазор сомонӣ, барои барқарорсозӣ ва баобтаъминкунии боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб-100 ҳазор сомонӣ, ба Академияи илмҳо барои гузаронидани экспедитсияи бостоншиносӣ ва харидории компютерҳо-70 ҳазор сомонӣ, ҷиҳати болопӯш намудани се ҳафриёти мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразми шаҳри Панҷакент-546840 сомонӣ, барои чопи фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ ба Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳо- 32450 сомонӣ, барои ба анҷом расондани болопӯши ҳафриёти Саразм -307400 сомонӣ, ба Академияи илмҳо барои харидани воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти зарурӣ-150 ҳазор сомонӣ, барои ба итмом расондани сохтмони бинои Инстиути гастроэтерологияи Академияи илмҳо-1млн.318 ҳазор сомонӣ, барои таъмир ва ба истифода додани «Хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон»-3млн. 400 ҳазор сомонӣ ва барои таҷҳизонидани хобгоҳи номбурда-1млн.300ҳазор сомонӣ, барои таъмири асосии Комплекси пойгоҳи зилзиласанҷии Ғарм-59 713 сомонӣ, барои ҷамъоварӣ ва коркарди маводи фолклорӣ ба Инстиути забон ва адбиёти Академияи илмҳо-118862 сомонӣ, барои нашри китобҳо аз феҳристи «Осори муҳимтарини исломӣ» ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳо-297500 сомонӣ, барои гузаронидани Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» - 1млн. 902 ҳазор сомонӣ ва ғайра ҷудо гардиданд. Бешубҳа, ин маблағгузориҳои иловагӣ, ки вобаста ба заруриятҳои пешомада аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра амалӣ гардидаанд, барои ҳалли мушкилоти муассисаҳои илмӣ ва таъмини фаъолияти самараноки онҳо дар замони истиқлолият мусоидат намуданд. Тавассути ин маблағгузориҳо даҳҳо иншоотҳои харобгардида аз нав барқарор карда шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд, нашри китобҳо ва экспедитсияҳои илмӣ ба анҷом расонда шуданд, барои пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти зарурӣ дастрас гардиданд. Ҷашнҳо ва чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ

Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ, аз қабили конференсияву симпозиумҳо, таҷлили ҷашни олимону мутафаккирон ва дигар чорабиниҳои марбут ба ин соҳа мақоми хосса доранд. Фармону супоришҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тавассути баргузории чунин чорабиниҳо амалӣ гардида, дар тарбияи ватандӯстӣ, бедор намудани ҳисси хештаншиносии миллӣ, бедор намудани эҳтиром ба арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ нақши муҳим доранд. Дар замони муосир, бешубҳа, ниёзмандиҳои мардуми кишварамон ба эҳё ва барқарор кардани хотираи таърихӣ, осори фарҳангӣ ва илмии гузаштаи халқамон беш аз пеш эҳсос мегардад ва аз ин рӯ, густариш додани равандҳои ташаккул ва таҳкими худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҳаёти ҷомеаи мо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини давлату ҳукумат дар ин самт маҳсуб мешаванд. Қобили зикр аст, ки фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён» аз 14 апрели соли 1997 №693 ва «Дар бораи баргузории ҷашни 2500-солагии шаҳри Уротеппа (Истравшан)» аз 3 феврали соли 2000 №128, «Дар бораи Соли тамаддуни ориёӣ» аз 12 сентябри соли 2003 №1162, «Дар бораи баргузории ҷашни 2700-слагии шаҳри Кӯлоб» аз 3 июли соли 2002 №282 хеле бамаврид буда, барои таҳкими ягонагии халқҳои Тоҷикистон, эҳё намудани анъанаҳои беҳтарини таърихӣ, тарғиби арзишҳои умумиинсонӣ ва фарҳанги миллӣ аҳамияти бузург доштанд. Маҳз қабули ин фармону қарорҳо барои омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи афкори намояндагони барҷастаи илму фарҳанги гузаштаамон, аз тамаддуни замони ориёиҳо то илму фарҳанги шуҳратманди замони Сомониён ва давраҳои мухталифи таърихи шаҳрҳои бостонии Кӯлобу Истаравшан мусоидат намуданд. Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати татбиқи барномаи тадбирҳо оид ба баргузории ин ҷашнҳои бузурги миллат, аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик, хусусан, олимони соҳаи бостоншиносӣ таҳқиқотҳои арзишманд ба анҷом расонда шуданд, ки тавассути онҳо саҳифаҳои норӯшани таъриху фарҳанги ин сарзамини куҳанбунёд ба оламиён муаррифӣ карда шуданд.

Яке аз падидаҳои муҳим дар сиёсати илмию фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити истиқлолият, ин андешидани чораҳои судманд, ҷиҳати қадршиносӣ ва муаррифии хизматҳои шоистаи фарзандони бузургу фарзонаи кишвар мебошад. Вобаста ба ин, дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила қарорҳо, аз ҷумла: - «Дар бораи баргузории ҷашни 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров» аз 4 сентябри соли 1997 №415;

- «Дар бораи чорабиниҳо бахшида ба 100-солагии академик П.Красичков» аз 4 майи соли 1998 №136; - «Дар бораи баргузории ҷашни 80-солагии академик Муҳаммад Осимӣ» аз 3 апрели соли 2000 №164;

- «Дар бораи ҷашни 90-солагии Ҷаббор Расулов» аз 23 октябри соли 2002 №410; - «Дар бораи таҷлили ҷашни 1000-солагии Носири Хусрав» аз 5 ноябри соли 2002 №440; - «Дар бораи таҷлили ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ» аз 1 ноябри соли 2006 №500; - «Дар бораи таҷлили ҷашни 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ» аз 5 январи соли 2007 №1;

- «Дар бораи таҷлили ҷашни 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров» аз 31 октябри соли 2008 №528 ва ғайраҳо қабул гардиданд, ки ҳар яки он дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил гардида, оид ба хизматҳои арзандаи онҳо дар рушду нумӯи илм ва фарҳанги башарӣ аз ҷониби муаллифони тоҷик асарҳои илмӣ таълиф гардида, филмҳо офарида шуданд, ки ҳаёти наҷибонаи ин фарзандони барӯманд ва некноми ин сарзаминро инъикос намуданд. Бояд зикр намуд, ки дар партави ин супоришу дастурҳои роҳбари давлату ҳукумат олимон, шоирону нависандагон ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар кори омӯзиши мероси ниёгон ва таъриху фарҳанги ғании халқамон нақши муҳим гузошта, дар ин самт корҳои арзишмандро ба анҷом расониданд. Бо ҷаҳду талош ва фаъолияти пурсамари аҳли зиё дар давоми солҳои истиқлолият як силсила тадбирҳое амалӣ гардиданд, ки ба таҳкими ваҳдат, худогоҳии миллӣ ва эҳёи арзишҳои аҷдодӣ нигаронида шудаанд.

Аз ҷумла, бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардидани таҷлили ҷашни 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав ва 100-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров ва дар робита ба ин ҷашнҳо ба табъ расидан ва дастраси хонандагон намудани «Донишнома»-и Рӯдакӣ, «Осори Рӯдакӣ», осори фалсафӣ ва динии Носири Хусрав дар 3 ҷилд, асари безаволи «Тоҷикон» ва як силсила асарҳои дигари илмию бадеӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои судманди илмиву фарҳангӣ вобаста ба ин ҷашнҳо, баёнгари мақому мартабаи аҳли илм ва фарҳанг дар сатҳи сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки муассисаҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олии кишвар дар кори омӯзиш, тарҷума ва дастраси хонандагон гардонидани мероси гаронбаҳои донишмандону мутафаккирон, ходимони барҷастаи сиёсӣ ва мазҳабии халқамон хизмати пурсамар карда истодаанд. Чунончи, ба муносибати ҷашни 950-умин солгарди зодрӯзи Муҳаммади Ғаззолӣ ба чоп омода гардидани китоби «Кимиёи саодат»-и ӯ дар ду ҷилд, нашр шудани осори Ибни Сино бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва як қатор шоҳасарҳои дигар аз силсилаи панҷоҳҷилдаи «Ахтарони адаб» далели гуфтаҳои болост, ки мероси пурарзиши гузаштагонро ба мардум муаррифӣ хоҳанд кард.

Хусусияти муҳими ин ҷашнҳо боз дар он аст, ки тавассути баргузории ин чорабиниҳо дар фазои сиёсӣ ва маънавии мамлакат падидаи дигаре чун эътироф ва арҷгузорӣ ба арзишҳои динӣ ва осори шахсиятҳои шинохтаи олами ислом ҷилвагар мешавад, ки он ба дарки дурусти мафҳумҳои диният ва дунявият, таҳкими робитаи онҳо дар бунёди ҷомеаи солим мусоидат хоҳад кард. Таҷлили Соли бузургдошти фақеҳи бузург, поягузори мазҳаби бонуфузи дини ислом Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит аз он тадбирҳои муҳиме ба ҳисоб меравад, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд ва он, бешубҳа, ҷиҳати эҳёи арзишҳои волои маънавии гузаштагон ва тарғиби онҳо баҳри тарбияи маънавии шаҳрвандон ва муттаҳид намудани арзишҳои динӣ ва дунявӣ барои бунёди ҷомеаи солим хеле муфид аст.

Соли 2011 бошад, ҷашни 100-солагии зодрӯзи яке аз фарзандони бузурги халқи тоҷик, муборизи матини роҳи сулҳ ва мунодии ваҳдату дӯстии халқҳои ҷаҳон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар сатҳи баланд ва хеле бошукӯҳ таҷлил гардид. Ҷашни 100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода идомаи мантиқии он чорабиниҳои фарҳангии замони истиқлолият буд, ки бо мақсади гиромидошти хотири фарзандони бузурги миллат тарҳрезӣ ва татбиқ шудаанд.

Инчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи забонҳо номи Сотим Улуғзода, ба Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номи академик Баҳоуддинов А.М. (аз 3 декабри соли 2004 №477, ба Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номи академик Б.И.Искандаров (аз 31 августи соли 2012, №460) ва ба Институти математикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон номи академик А.Ҷ.Ҷӯраев (аз 30 октябри соли 2012, №593) гузошта шуд, ки ин нишонаи қадршиносии заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони ин сарзамин ва эътирофу эҳтироми аҳли илму эҷод аз ҷониби Ҳукумат ва миллати тоҷик маҳсуб мешавад.

Ба ҷои хулоса Миллати тоҷик 22 сол боз дар фазои истиқлолият бо фаъолияти созандаю бунёдкорона барои бунёди ҷомеаи озоду демократӣ дилпурона гом мениҳад. Албатта, 22 сол барои таърих вақти зиёд нест, вале барои Ҷумҳурии Тоҷикистон замони тақдирсоз, давраи ташаккул ва болоравии худшиносии миллӣ, бунёди давлат, иқтисод, фарҳанг ва маорифи миллӣ маҳсуб мешавад. Миллати тоҷик бо роҳбарии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, лаҳзаҳои барои миллат душвору даҳшатнокро паси сар созанд ва давра ба давра оқибатҳои фоҷиабори ҷанги таҳмилиро бартараф намуда, барои барқарор намудани ҳаёти мусоиди иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва барои муаррифӣ намудани дастовардҳои миллати тоҷик дар замони истиқлолият ҷаҳду талош варзанд. Ба вуҷуд овардани ваҳдати воқеӣ ва муттаҳид гардидани мардум дар атрофи дастовардҳои замони истиқлолият омили муҳиме гардид ва барои таъмини рушди устувори иқтисод ва илму фарҳанг дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Дар заминаи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ Ҳукумати Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки барои рушди ҳаёти маънавӣ, аз он ҷумла илму маориф чораҳои зарурӣ ва судманд андешад.

Шиносоӣ бо сиёсати амалигардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи илм дар замони истиқлолият собит менамояд, ки сарфи назар аз мушкилоти мавҷудаи иқтисодию сиёсӣ ва дигар падидаҳои номатлуб, ки ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор месохтанд, барои дастгирӣ ва рушди муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир дар ин давра корҳои мушаххас ба анҷом расонда шуданд. Қабул гардидани зиёда аз 200 фармону амрҳои Президент ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи илм аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони истиқлолият, воқеан, як сиёсати амиқ ва созандаю босубот дар ин самт амалӣ гардидааст ва шиносоӣ бо натиҷаҳою дастовардҳо ва бурду бохти ин соҳа, ки дар саҳифаҳои боло инъикос ёфтаанд, моро водор месозад, ки оид ба саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фаъолияти пурсамари он дар ин самт хулосаи зарурӣ ва воқеӣ барорем. Аз ин рӯ, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё ва илму эҷоди моро лозим аст, ки барои омӯхтан ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти дастовардҳои беназири замони истиқлол, хусусан нақши Роҳбари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи мазкур ва дастгирии ин қишри ҷомеа, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд ва дар баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тафаккури илмии ҷомеа, таҳкими илму маориф саҳми шоиста гузоранд.

Ҳамзамон, бояд ёдовар шуд, ки имрӯз дар соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ дар ҷумҳурӣ масъалаҳое арзи ҳастӣ мекунанд, ки дар замони истиқлолият бояд мавриди таваҷҷуҳи бештар қарор гиранд ва барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои саривақтӣ ва муфид андешида шавад. Бояд зикр намуд, ки роҳу василаҳои ҳаллу фасли масъалаҳо ва мушкилоте, ки дар ин самт вуҷуд доранд, бевосита аз худи қонунҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи илм, фармонҳои Президент ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин соҳа, инчунин дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳояшон зимни вохӯриҳо, сафарҳои корӣ ва инчунин, он талаботҳое, ки Президенти кишвар ба таври мақсадноку амиқ дар назди кормандони соҳаи илм ва маориф мегузоранд, бармеоянд. Маҳз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат масъулини соҳаро водор месозад, ки ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати амиқи давлатӣ дар соҳаи илм, таъмини рушду нумӯи илм тибқи талаботи замони муосир ва истифодаи самараноки дастовардҳои он баҳри таъмини истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, чораҳои зарурӣ ва судманд андешанд.

Бинобар ин, дар мадди аввал, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тақозо мекунад, ки низоми ташкил ва идораи илм дар ҷумҳурӣ бояд тибқи меъёрҳои давлати соҳибистиқлол ба роҳ монда шавад. Бояд зикр намуд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ низоми идоракунии илм мутамарказ буда, аслан аз Масков тавассути Кумитаи давлатӣ оид ба илму техника ва Комиссияи олии аттестатсионии (ВАК) назди Шӯрои Вазирони ИҶШС амалӣ мегардид. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ барои ташкил ва идора намудани соҳаи илм ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ин гуна сохторҳо дар тамоми ҷумҳуриҳо дар шакли «вазорати илм ва маориф» ё «кумитаи илм ва технология» таъсис дода шуданд. Барои назорат ва танзими тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, додани диплому дараҷаҳои илмӣ дар ҳамаи ҷумҳуриҳо “Шӯрои олии аттестатсионӣ”(ВАК) таъсис дода шуданд. Яъне ин масъалаи аз ҷиҳати стратегӣ хеле муҳим зери назорати мақомоти расмии худи ҷумҳуриҳои мустақил қарор дода шуданд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ин масъала ҳанӯз ҳам, чун замони шӯравӣ дар ихтиёри Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия қарор дорад. Тоҷикистон ягона кишварест, ки шаҳрвандонаш ҳуҷҷатҳои унвону дараҷаҳои илмиро аз кишвари бегона(Россия) мегиранд. Масъулони соҳа инро бо нуфузи баланди дипломҳои Федератсияи Россия дар арсаи ҷаҳонӣ асоснок карданӣ мешаванд. Лекин, бояд таъкид кард, ки аввалан, тарбияи кадрҳои илмӣ, додани дипломҳо оид ба унвону дараҷаҳои илмӣ барои давлату миллат масъалаи хеле муҳим мебошад ва пурра дар ихтиёри кишвари дигар супоридани он ба манфиати миллат нест. Сониян, натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотии олимону муҳаққиқони тоҷик, ки дар шакли рисолаҳои номзадию докторӣ анҷом дода мешаванд, бо ин васила муфт дар ихтиёри кишвари Россия мемонанд. Солисан, назорати сифати рисолаҳои номзадию докторӣ, сатҳи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ ва фаъолияти Шӯроҳои ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ аз мадди назари мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дур мемонанд ва кишвари Россия бошад, ба сифати корҳои илмӣ ва кадрҳои соҳибунвони мо манфиатдор нест. Бешубҳа, натиҷаи чунин муносибат аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ қурби дипломи номзаду доктори илм хеле поин фуромадааст ва баъзеҳо бо дониши хеле ҳам паст соҳиби дипломҳои номзадию докторӣ гардида, айни ҳол вазифаҳои мудири кафедра, декани факултет ва ҳатто дар шӯроҳои диссертатсионӣ ҷой гирифтаанд, ки пешгирӣ накардани ин амал боиси коста гардидани нуфузу эътибори илм ва олим гардида, имкон дорад ҷомеаро ба мушкилоти дигар рӯ ба рӯ созад.

Бояд таъкид кард, ки таъсис додани Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳеҷ ваҷҳ, маънои қатъ гардидани муносибатҳо ва ҳамкориҳои илмӣ бо Федератсияи Россияро надорад. Муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ имкон доранд, дар чаҳорчӯбаи созишномаҳои байнидавлатие, ки миёни ин ду кишвар оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба имзо расидаанд, бо муасисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии Россия ҳамкориҳоро дар самти таҳқиқотҳои муштарак ва тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ ба роҳ монанд. Ҷорӣ кардани талаботи ҷиддӣ дар ин самт танҳо ифодагари манфиатҳои миллии ҳар кишвар аст. Мо, худамон бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дипломҳои додаи Тоҷикистон ва олимону мутахассисонаш берун аз хоки он нуфузу эътибор ва харидор пайдо кунанд, ки ин яке аз рукнҳо ва меъёрҳои муҳими давлати соҳибистиқлол маҳсуб мешавад

Аз ин рӯ:

1.Вақти он расидааст, ки ислоҳот дар шакли куллӣ-дар самти фаъолияти Академияи илмҳо, академияҳои илмҳои соҳавӣ, мактабҳои олӣ, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, равияҳо ва мавзӯъҳои тадқиқотӣ, маблағгузорӣ, пайвастагии илм ва истеҳсолот, натиҷагирии амиқ аз фаъолияти илмӣ, тарбияи мақсадноки кадрҳои илмӣ ва ғ. амалӣ карда шавад.

2. Барои ташкил ва танзиму назорати соҳаи илм, таъмини алоқаи илм бо истеҳсолот таъсиси мақомоти алоҳида дар сохтори Ҳукумат дар шакли «Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон» ба зарурияти воқеӣ табдил ёфтааст. Зеро таҷрибаи 22-сола собит намуд, ки ташкил ва назорати фаъолияти самараноки илм дар ҷумҳурӣ бе мавҷудияти чунин як мақомот аз имкон берун аст. 3. Дар самти тарбияи кадрҳои илмӣ ва додани унвону дараҷаҳои илмӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил таъсиси Комиссияи олии атестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст. Комиссия бояд дар назди Ҳукумат фаъолият намояд, зеро дар сохтори ягон вазорат ё кумита будани он мустақилияти онро маҳдуд месозад.

Мушкилоти дигаре, ки имрӯз на танҳо ҷумҳурии мо, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин буҳрони фарогири иқтисодиву молиявӣ ва таъсири манфии он ба кулли кишварҳои олам мебошад.

Чунин вазъият водор месозад, ки бо дарки амиқи таъсири манфии ин буҳрон ба ҳаёти ҷомеа, барномаи тадбирҳои аз нигоҳи илмӣ асосноки пешгирии оқибатҳои ногувори он таҳия карда шавад. Бо ин мақсад, тавре ки аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат бармеояд, масъалаҳои ба роҳ мондани истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия-офтоб, шамол, энергияи манбаъҳои зеризаминӣ, масъалаҳои сарфаю сариштакории захираҳои об, барқу газ, истифодаи самараноки имкониятҳои молиявии давлат ва соҳибкорони ватанӣ ба хотири рушди истеҳсолот, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва пешбурди соҳаҳои асосии иқтисодиёт, бахусус бахшҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ бо мақсади таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқавории кишвар, бояд мавриди таваҷҷуҳи бештар қарор гиранд.

Татбиқи ин мақсадҳо, бешак, иштироки фаъол ва сафарбар кардани нерӯи зеҳнии кишвар, ҳамгироӣ ва муттаҳид намудани иқтидори илмии тамоми муассисаҳои илмии ҷумҳуриро тақозо мекунад. Зеро бе мавҷудияти заминаи зарурии кадрӣ ва ҳамоҳангӣ дар фаъолияти муштараки тадқиқотӣ, амалӣ гардидани ҳар гуна барномаҳои илмӣ ва технологияҳои наву рақобатпазир ғайриимкон аст. Зимни тарбияи кадрҳо ва корҳои муштараки илмию тадқиқотӣ ҳамкории зичи Академияи илмҳо, академияҳо ва институтҳои тадқиқотии соҳавӣ бо кафедраҳои макотиби олӣ бояд ба роҳ монда шавад. Ин гуна ҳамкориҳо, бояд бештар дар самти илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ба роҳ монда шавад ва тарбияи мутахассисону олимон дар ҳамкории муассисаҳои

илмӣ-тадқиқотӣ, мактабҳои олӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ, тибқи талаботи минтақаҳо ба кадрҳои соҳаи коркарди захираҳои табиӣ, канданиҳои фоиданок ва ғ. амалӣ карда шаванд. Бояд ёдовар шуд, ки таъмини ҳамкориҳои муассисаҳои илмӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ дар самти кашф ва коркарди канданиҳои фоиданок ва ашёи хоми маҳаллӣ муфид буда, масъалаи коркарди ашёи хоми ватанӣ ва дар шакли маҳсулоти тайёр содирот намудани он бояд ҷиддан мавриди таваҷҷуҳи мақомоти марбута қарор гирад.

Ин нукта муҳим аст, ки дар асри ХХ1 сатҳи рақобатпазирии иқтисоди миллии кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро, татбиқи васеъ ва пурсамари дастовардҳои нави илмӣ, навовариҳо ва ихтироот муайян месозанд. Имрӯз ҷавонони лаёқатманду эҷодкори ҷумҳурӣ бо техникаву технологияҳои навтарин сарукор доранд ва дар ин ҷода ба дастовардҳои муайян низ ноил гардидаанд. Вале, бояд эътироф намуд, ки таҷрибаю малака ва дониши назариявии онҳо аз талаботи рӯз қафо мемонад. Бинобар ин, бояд тибқи талаботи замон, аз ҷониби вазорату кумитаҳои дахлдор вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ санадҳои зарурӣ таҳия ва пешниҳод гардида, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” аз 30 апрели соли 2011 №227 пурра таъмин карда шавад.

Масъалаи дигар, ин муайян намудани омори расмӣ оид ба теъдоди олимону мутахассисоне, ки ҷумҳуриро тарк намуда, дар кишварҳои дигар кору фаъолият мекунанд, маҳсуб мешавад ва андешидани чораҳои судманд дар ин самт ба манфиати кор хоҳад буд. Зеро дар тӯли 22 соли охир ба пурсиши чӣ қадар олимону мутахассисон ҷумҳурии моро тарк намуданд ва чӣ қадар ҷавонони мо, ки барои таҳсил ба кишварҳои хориҷа рафтанду барнагаштанд, посухи дақиқ вуҷуд надорад, лекин мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин тамоил рӯ ба афзоиш аст.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки сарфи назар аз афзудани миқдори муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ дар замони истиқлолият, бо вуҷуди масрафи зиёди маблағҳои ҷумҳурӣ барои тарбияи кадрҳои илмӣ ва ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ, теъдоди номзадҳои илм ҳанӯз ҳам ба нишондоди замони пеш аз истиқлолият баробар нашудааст. Тибқи маълумотҳои расмӣ, соли 2010 шумораи умумии номзадҳои илм дар муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ тақрибан 2280 нафарро ташкил медиҳад ва ҳол он ки ин рақам соли 1985 3074 нафарро ташкил дода, дар таносуб бо шароити ҳозира қариб 800 нафар зиёд аст. Аз ин бармеояд, ки имрӯз муассисаҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олӣ ҳанӯз ҳам аз буҳрони кадрӣ раҳо наёфтаанд ва дар ин самт дар рӯ ба рӯи мушкилоти шадид қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки аксари кишварҳои олам, ки ба мушкилоти «муҳоҷирати зеҳнҳо» дучор гардидаанд, барои танзими ин раванд чораҳои мухталиф меандешанд. Масалан, Ҳиндустон бо ин васила дар ду даҳсола 5 ҳазор олимону мутахассисонро ба ватан баргардонд, ки ин 5 ҳазор дар рушди илму истеҳсолоти ин кишвар, хусусан дар соҳаи барномасозӣ, ҷаҳиши ҷиддиро ба вуҷуд овард. Ҳукумати Шри-Ланка барои мутахассисоне, ки ба ватан бармегарданд, дар бонки миллӣ суратҳисоби махсус таъсис дод. Дар барномаи ба ватан баргаштани мутахассисон дар Ҷумҳурии Корея ва Филиппин баланд бардоштани музди меҳнат ва шароити кор пешбинӣ шудааст. Дар барномаи баргардондани мутахассисон аз ИМА роҳбарияти Хитой пардохти тамоми хароҷоти роҳ, хонаи бепул ва дигар имтиёзҳоро пешбинӣ намудааст. Яъне, ин кишварҳо аз тариқи ҳавасманднамоӣ ва дастгирии иҷтимоии олимону мутахассисон ба ватан баргардогдани онҳоро амалӣ месозанд.

Аз ин рӯ, мақомоти дахлдори давлатро зарур аст, ки дар муҳлати муайян шумораи олимону мутахассисони муҳоҷири тоҷикро дақиқ карда, ба хотири ҳимоя ва таъмини захираҳои зеҳнии ҷумҳурӣ барномаи махсуси ба ватан баргардондани “муҳоҷирони зеҳнӣ”-ро таҳия ва пешниҳод намоянд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои кормандони соҳаи сиёсат, илму эҷод ва ҳунар маҳдудияти синну солӣ вуҷуд надорад ва олимону сиёсатмадорони варзида, сарфи назар аз синну сол, вобаста ба қобилият ва саломатиашон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин ва ё интихоб мешаванд, ки ин истифодаи самараноки захираи зеҳнии ҳамон кишвар маҳсуб мешавад. Имрӯз метавон гуфт, ки дар ҷумҳурии мо бори асосии кори таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ, аслан бар дӯши насли калонсоли ин соҳа қарор дорад. Онҳо ба илму маориф ва фарҳанг чун арзиши баландтарин муносибат мекунанд ва ҳатто, дар давраҳои вазнинтарину кам будани маош низ соҳаи илм ва фаъолияти илмию педагогиро тарк накарданд.

Ҳоло бошад, иқтидори илмии чумҳуриро 3183 нафар олимони унвондор, яъне 2524 номзад ва 659 доктори илм ташкил медиҳанд, ки таносуби синнусолии онҳо чунин аст: то 35-сола - 8% (253 нафар)

аз 35 то 59-сола - 56,4% (1794 нафар)

аз 60-сола 35,6 % (1136 нафар) Аз ин бармеояд, ки дар давоми се сол (то охири соли 2015) 35,6 % (1136 нафар) олимони соҳибунвони ҷумҳурӣ аз корҳои роҳбарӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии мактабҳои олӣ ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ барканор карда шаванд. Дар се соли баъдӣ аз миқдори умумии 1136 нафар ҳар сол ба ҳисоби миёна 378 нафар бояд ба нафақа барояд, вале миқдори умумии ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ тибқи ҳисоботи соли ҷамъбастӣ 252 нафарро ташкил медиҳанд, ки ин нисбат ба шумораи ба нафақа мерафтагиҳо 126 нафар камтар аст. Дар ин ҳол, зарурате пеш меояд, ки ҷойҳои холишуда аз ҳисоби кормандони бе унвони илмӣ ва донишу таҷрибаи кофӣ (ассистент, муаллими калон, ходимони илмӣ ва ғ.) пур карда шаванд. Бояд зикр намуд, ки на ҳамаи он 252 нафар олимони нисбатан ҷавонтар, ки ҳар сол бояд насли калонсолро иваз кунанд, аз ҷиҳати донишу малака ва тафаккуру ахлоқ арзандаанд ва дар ҷойи худ сазоворанд.

Бо назардошти мушкилоти мавҷуда оид ба таъмини корхонаю муассисаҳо бо кадрҳои илмӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба, дар ҷумҳурии мо амалӣ намудани таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба истифодаи «захираҳои зеҳнӣ» бамаврид ва судманд аст. Фаъолият намудани кормандони соҳаи меҳнати фикрӣ (соҳаи сиёсат, фарҳанг, илм, маориф, тандурустӣ ва ғайра) дар вазифаҳои роҳбарикунанда, новобаста аз синну сол, (албатта, вобаста ба вазъи солимии ҷисмонӣ ва қобилияту истеъдоди зеҳнӣ), дар ҳолати кунунии буҳрони кадрӣ ба манфиати кор мебошад.

Яке аз омилҳои дигаре, ки боиси кӯчиши кадрҳои илмӣ аз муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ ба соҳаҳои дигар мегардад, ин кам будани маош ва заъфи ҳифзи иҷтимоии соҳаи мазкур мебошад. Ҳисоби миёнаи маоши кормандони соҳаи илм аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар ҷумҳурӣ (аз рӯи нишондҳои то декабри соли 2012) 349 сомонӣ ва маоши доктори илм, профессор дар мактаби олӣ 417 сомонӣ, номзади илм, дотсент – 390 сомониро ташкил медод, ки ин дар муқоиса ба соҳаҳои дигар хеле паст мебошад. Масалан, ҳисоби миёнаи маоши кормандони соҳаҳои суғуртаи давлатӣ дар ҳамин давра – 1372,4 сомонӣ, алоқа – 1176,6 сомонӣ, саноат -562 сомонӣ, нақлиёт -793-сомонӣ ва сохтмон – 913 сомониро ташкил медиҳад. Лекин, бояд зикр кард, ки мактабҳои олӣ воситаи дигари даромад, яъне маблағҳое, ки аз гурӯҳҳои шартномавӣ ворид мешаванд, дар ихтиёр доранд, ки ин барои баланд бардоштани маоши кормандон мусоидат мекунад. Аз ҷумла, баъзе мактабҳои олии бонуфӯз имкон доранд, ки барои докори илм, профессор то 3 ҳазор сомонӣ маош муқаррар намоянд, вале ин гуна имкониятро ҳамаи мактабҳои олӣ(хусусан, мактабҳои олии соҳаи омӯзгорӣ ва фарҳанг) надоранд.

Тибқи моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки соли 1993 қабул гардида буд, «андозаи ставкаи миёна ва моҳонаи ҳайати профессорону омӯзгорон ва коркунони илмии мактабҳои олӣ ду баробар зиёд нисбат ба сатҳи миёнаи моҳонаи коркунони соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар гардида буд, ки ин муқаррарот хеле оқилона буд. Вале, мутаассифона, дар таҳрирҳои минбаъда муқаррароти мазкур аз ин Қонун бардошта шуданд. Ҳоло бошад, ҳисоби миёнаи маоши кормандони илмӣ нисбат ба маоши кормандони соҳаи саноат 213 сомонӣ ва нисбат соҳаи алоқа 827 сомонӣ камтар аст.

Омили дигар, ки рушди муътадили илмро халалдор месозад, ин заиф будани маблағгузории соҳаи илм мебошад. Чунончи, айни замон хароҷот барои илм аз ММД дар ҷумҳурии мо 0,89%-ро ташкил медиҳад, дар сурате ки дар кишварҳои тараққикарда он аз 2 то 4%-ро ташкил медиҳад (масалан, ИМА- 2,7%, Япония, Шветсия, Исроил 3,5-4,5%, Ҳиндустон-2% ва ғ.). Ҳол он ки барои фақат дар дараҷаи муқаррарӣ нигоҳ доштани илм дар ҷумҳурӣ, тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ, на камтар аз 1% ММД бояд ба ин мақсад равона карда шавад.

Моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» барои ҳифзи иҷтимоии кормандони илмӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла оид ба масъалаи манзил, додани қарзҳои имтиёзнок ба олимони унвондор ва ғ. имтиёзҳо муқаррар намудааст, ки метавонад боиси ҳавасмандӣ ва дилгармии кормандони ин соҳа гардад, вале амалӣ гардидани моддаи номбурдаи ин Қонун (аз соли 1998) дар сатҳи зарурӣ ба ба роҳ монда нашудааст. Таъмин намудани иҷрои моддаи мазкур боиси ҳавасмандию дилгармӣ ва ҷалби олимон ба фаъолияти самаранок дар ин соҳа гардида, ба афзудани нуфузи илм ва олим дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Такмили пояи моддӣ-техникии муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дигар корхонаю муассисаҳо, таъмини онҳо бо таҷҳизоти илмӣ ва реактивҳои химиявӣ аз масъалаҳои муҳими ин соҳа маҳсуб мешавад. Соли 2006 барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил намудани Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёвӣ ва васоити экспедитсионӣ” дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки фаъолияти он чандон маълум нест. Ҳоло бошад, дар ҷумҳурӣ 83 муассисаи илмӣ, 444 муассисаи тиббӣ, 3747 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ бо озмоишгоҳҳои фанҳои физика, химия ва дигар фанҳои эксперименталӣ, инчунин дигар муассисаҳою озмоишгоҳҳои соҳаҳои гуногун аз нарасидани таҷҳизот ва реактивҳои химиявӣ ва ғайра танқисӣ мекашанд. Аз ҷумла, озмоишгоҳҳо барои санҷиши сифати маҳсулот дар назди бозорҳо, роҳи оҳан, гумрук, тоҷикстандарт ва ғайра бе таҷҳизоти зарурӣ ва реактивҳои химиявӣ фаъолият карда наметавонанд.

Инчунин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020”, “Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020”, “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ,

озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ” ва ғайра қабул гардидаанд, ки иҷрои ин қарорҳои Ҳукумат масъулият ва назорати ҷиддиро талаб мекунад. Аз ин рӯ, роҳбарони вазорату идораҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣ, роҳбарони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳуриро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму техника ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ ва судманд андешида, барои рушди устувор ва босуботи соҳаи илм дар ҷумҳурӣ мусоидат намоянд.