Асосӣ: Сиёсати дохилӣ РАСМУ ОЙИНИ НАВРӮЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз641
mod_vvisit_counterДирӯз1560
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4560
mod_vvisit_counterДар ин моҳ21150
mod_vvisit_counterҲамагӣ1348021
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Октябри
19
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

РАСМУ ОЙИНИ НАВРӮЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Манзараи таҷлили Наврӯз аз ҷониби суғдиёнро Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар шеъри «Дидори Офтоб» хеле ҷолиб ба риштаи тасвир кашидааст.

Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад ва таърихи чандҳазорсола дорад. Ин ҷашни бостонӣ ба ягон дину мазҳаб тааллуқ надорад ва сирф ҷашни тақвимӣ ба шумор меравад.

Дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон баргузории ҷашни Наврӯз мамнӯъ буд. Он ба ҳайси ҷашни фарорасиии фасли баҳор ва мавсими кишту кор таҷлил карда мешуд. Бо вуҷуди ин, мардум ҷашни наврӯзиро ба таври пинҳонӣ баргузор мекарданд. Зиёиёни тоҷик аз даҳаи 1960-уми қарни гузашта сар карда, Наврӯзро бо унвони «Ҷашни оғози кишту кори баҳорӣ», «Ҷашни деҳқонон ва эхёи табиат» муаррифӣ мекарданд. Ҳукумати Шӯравӣ танҳо дар соли 1980 баргузории аввалин ҷашнро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ иҷозат дод.

Ин гуна гузариш аз «наврӯзситезӣ»-и ҳокимони шӯравӣ ба «наврӯзмеҳварӣ» ба осонӣ ба даст наомадааст. Новобаста ба он ки дар замони Шӯравӣ мардум худсарона Наврӯзро ҷашн мегирифтанд, кӯшиш мешуд, ки ин ойинро аз ёду хотироти мардум зудуда кунанд. Ҳадди аксар, Наврӯз дар он давра чун ҷашни кишоварзӣ ё «Бобои Деҳқон» муайян карда мешуд ва ба дигар расму боварҳои марбут ба он чун бозмондаҳои феодалӣ мубориза мебурданд. Аз ҷумлаи суннатҳое, ки дар даврони шӯравӣ иҷро мешуданд, сабзонидани гандум, пухтани суманак ва намоиши «Арӯси баҳор» буданд.

Бо эъломи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 ин ҷашни бостонӣ дубора эҳё шуд ва ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ таҷлил карда мешавад. Наврӯз василаи баланд бардоштани ҳувият ва худшиносии миллии мардуми тоҷик ва ифтихор аз гузаштаи миллат табдил ёфтааст.

Дар тӯли таърих замонаҳо ва зимомдорони он тағйир ёфтаанд, давлатҳои абадқудрат ва тоҷу тахти шоҳони ҷаҳонхоҳ вожгун гардид, вале Наврӯзи оламоро дар сайёраи Замин то ба ин замон боқӣ монд, зеро он ба мазҳабе ва ба миллате вобастагӣ надорад, баръакс, парварандаи некиҳои зиндагӣ, ризқу рӯзии мардум, амалҳои бунёдкорӣ ва созандагии инсон аст. Ҳар он чи ки бар зарари зиндагию инсон аст, миранда ва нестшаванда хоҳад буд. Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку ғанӣ ва сабзу хуррам нигоҳ медорад, пайваста ба сарзаминҳои нав ба нав доман паҳн мекунад ва густариш меёбад ва ҷаҳонӣ мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки 18 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфт. Дар қатъномаи СММ гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Соли 2016 ба қарори ЮНЕСКО ҷашни бостонии Наврӯз ба Феҳристи осори фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд.

Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо Наврӯз ва ойинҳои куҳану маҳаллии он ҷашн гирифта ва эҳё карда шуданд, балки бо мусоидати мақомоти давлатӣ дар мавриди бозшинохт ва аз ин роҳ эҳё кардани ойину рамзиёти аслиии ин ҷашн олимони тоҷик корҳои шоистаеро ба анҷом расониданд. (Ниг. Наврӯз: дирӯз, имрӯз, фардо.–Душанбе: «Дониш», 2013, саҳ. 73–74). Ҳангоме ки адабиёти илмии наврӯзшиносиро мутолиа мекунем ва муҳаққиқон аз пайдоиш ва таърихи ин ҷашни фархунда баҳс мекунанд, ногузир чунин суоли мантиқӣ пайдо мешавад, зодгоҳи Наврӯз куҷост? Албатта, зодгоҳи Наврӯзи оламафрӯз сарзамини Ориёи бостонӣ, яъне Эронзамини таърихӣ (Аҷам) мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки ин ҷашни бостониро Наврӯзи Аҷам низ меноманд. Номи Наврӯз, ки калимаи форсии тоҷикӣ мебошад ва ба маънои «Рӯзи нав» аст, аз он шаҳодат медиҳад, ки мардумони ориёитабори форсу тоҷик асосгузори ин ҷашни фархунда мебошанд ва дар ин ҷойи шакку шубҳае нест ва тайи қарнҳои гузашта як қатор қавмҳои ғайриориёӣ, бахусус туркнажодон, ин ойини бостонии моро чун суннати миллии худ пазируфтаанд ва онро таҷлил мекунанд. Далели дигар ин аст, ки Наврӯз дар рӯзгори ҳеҷ ягон халқи дигари ҷаҳон ба андозаи ақвоми ориёитабор, ба вижа тоҷикону эрониён бо тамоми ҷузъиёту куллиёти суннатҳояш мақом надорад ва маърифати зиндагии онҳоро ифода намекунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Наврӯз бо тору пуди мардуми мо танида шудааст ва пеш аз ҳама, орзую омол ва зиндагию ҷаҳонбинии моро ифода мекунад. Далели сеюм он аст, ки Наврӯз густариши ҳусну зебоӣ дар табиат, ҷомеа ва тафаккуру андешаи одамӣ мебошад.

Сарзамини Аҷам (Эронзамини таърихӣ) асосаш кӯҳистон аст, хосса ватани тоҷикон. Кӯҳистон макони оби тоза, сарчашмаи пиряхҳои нодир, барфистон, ҷангалистон, сарчашмаи рӯдҳо, лонаҳои парандагону ҳайвоноти нодири олам, кони лаълу сарватҳои нодири ҷаҳон, яъне ҳар он чи ки асл асту асолатро парварида. Ҳатто хоки кӯҳистон саду як рангубор дорад, онро бо роҳи сунъӣ наметавон ҳосил кард. Оби кӯҳистон шифобахшу ҷонпарвар аст. Ин ҳама нишонаҳои зебоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки агар зодгоҳ ва меҳани Наврӯзро кӯҳистон ҳисобем, дар нисбати водию дашту саҳро ғалат нахоҳад шуд.

Як далели дигар. Вақте ки адабиёти халқҳои ҷаҳонро варақ мезанем, дар ҳеҷ кадоми онҳо ба андозаи адабиёти форсу тоҷик Наврӯзи оламафрӯз бо тамоми зебоию шаҳоматаш тавсиф ва тараннум нагардидааст. Аз ин ҷо ногузир ба хулосае меоем, ки умри Наврӯз бо умри сухан ва ҳусну малоҳати зиндагӣ баробар аст, яъне Наврӯз бо каломи зебо ва умуман, зебоӣ пайванди азалӣ дорад. Бинобар ин, мардуми ориёӣ ҳуқуқи комили маънавӣ дорад, ки гӯяд: «Зодгоҳи Наврӯз сарзамини қавмҳои ориёист» ва пеш аз ҳама, Тоҷикистони азиз аст. Сарчашмаҳои илмию адабӣ ва таҳқиқоти пажӯҳишгарон дурустии ин ҳақиқатро собит намудаанд.

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Даври гул-гулфикани Наврӯз аст,

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани наврӯз аст.

 

Бӯйи Наврӯз расад аз ҳама дар,

Рӯйи Наврӯз расад аз ҳама дар,

Ҳама дар пироҳани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст…

 

Ном Наврӯзу насаб Наврӯз аст,

Исми ҳар бахтталаб Наврӯз аст,

Фасли армоншикани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

 

Сабзгун пуштаву саҳрои Ватан,

Сабзпӯш аст ҳама ҷойи Ватан,

Сабза ҷон дар бадани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

 

Бо муродаш ҳама дилдор расад,

Ба ҳама бахти худодода расад,

Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Бояд гуфт, ки Наврӯзи Аҷамро тоҷикони минтақаҳои Бадахшону Хатлон, Қаротегину Ҳисор, Хулозу Вахё, Зарафшону Истаравшан, Хуҷанду Конибодом, Ашту Исфара аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд, вале аз ҳама бештару асилтар ин ҷашни бостонӣ дар байни мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мондааст. Донишманди тоҷик, доктори илмҳои филологӣ Д.Карамшоев дар осори арзишманди илмии худ дар ин бора маълумоти арзишманд додааст. Ӯ қайд кардааст, ки дар навоҳии Шуғнону Рӯшони Бадахшон дар гузашта дар остонаи ҷашни Наврӯз (17–18 феврал) маросиме таҳти унвони «Ҷашни хурд» ва «Ҷашни атола» баргузор мегардид. Тибқи тақвими кишоварзие, дар он рӯзҳо мутобиқи аъзои бадан шумурда мешуд, пас аз чиллаи зимистон навъи ҳисобе бо номи «Офтоб дар мард» (аз нохун то фарқи сар) оғоз мешуд ва чун ҳисоб ба камару миён расад, ин замонро дар дараи Хингов «камарбанди Наврӯз» меноманд…

Дар Бадахшон дарахти бед муқаддас шумурда шуда, зебу зинати амокини муқаддас аст ва баргу шохаҳои онро зери по кардан гуноҳ дониста мешавад. Аз шохаҳои бед сихҳои борик тарошида, ба сари онҳо пахта печонда, дар маросимҳои динӣ (идҳои Рамазону Қурбон ва маросими «Чароғравшан») дармегиронанд. Дар навоҳии Шуғону Рӯшон дар остонаи ҷашни Наврӯз шохаи сабзи бедро бурида, бо корд пӯсташро тасма-тасма мебуранд, то шабеҳи зулф шавад, ки онро «каҷак» меноманд. Пас онро ба даст гирифта, «Шогуни баҳор муборак!» гуфта, вориди хона мешаванд ва соҳиби хона дар ҷавоб «Бар рӯйи шумо муборак!» мегӯяд ва каҷакро гирифта, ба тоқе гузошта, то соли дигар нигоҳ медорад. Дар навоҳии Ишкошиму Вахон ҳам дар Наврӯз чун нишони сарсабзӣ навдаи бед ва ҳам каҷакро вориди хона мекунанд. Профессор А.К.Писарчик қайд кардааст, ки маросими муқаддас донистани бед дар кӯҳистони Бадахшон ба ҷашни кишоварзии «Верба»-и мардуми аврупоӣ ва славянӣ шабеҳ аст. Аз назари этимологӣ низ вожаҳои «верба»-и славянӣ ва «бед»-и рӯшонӣ умумият доранд.

Ҷашни Наврӯз дар Бадахшон вижагиҳои худро дорад. Қабл аз даврони шӯравӣ дар бисёре аз навоҳии ин диёри кӯҳистон Наврӯз дар се марҳала ҷашн гирифта мешуд. Ин ҷашн дафъаи аввал дар моҳи ҳут (17-20 феврал) бо номи «Ҷашни атола» ё «Ҷашни боҷ», дафъаи дуюм (20-21 моҳи март) бо номи Шогун ва дафъаи сеюм дар рӯзи оғози кишти баҳорӣ (вобаста ба шароити иқлим) бо номи Разбед дар Шуғону Рӯшон баргузор мегардид.

Дар Шуғнон пеш аз Наврӯз се рӯз «Ҷашни офтоб дар зону», ки мувофиқи тақвими узвҳои бадан сурат мегифт, баргузор мешуд, ки муҳаққиқон онро боқимондаи ойинҳои бостонӣ мешуморанд. Наврӯзи дуюму севум дар Шуғнон «Ҷашни Бузург» дар Хуфу Баҷув «Ҷӯякронӣ» ва дар Рӯшону Бартанг «Ғамонд» номида мешавад.

Маросими таҷлили ойини «Ғамонд» ба рӯзи оғози кишти аввал рост меояд ва вобаста ба шароити иқлими маҳал дар навоҳии мухталиф дар рӯзҳои гуногун баргузор мегардад. Ҷашни «Батайём» ё «Боҷайём» се рӯз идома мекард ва дар ин рӯзҳо одамон ҳангоми вохӯрӣ ба ҷойи салом ба ҳамдигар мегӯянд:

Шогуни баҳор муборак,

Ба рӯйи шумо муборак.

Вожаи «шогун» дар Бадахшон хеле маъруф буда, ҳатто бисёр номи мардону занон аз ин калима пайдо шудаанд: Шогун, Шогунӣ, Шогунбек, Шогунбайг ва ғайра. Маъмулан, тифлеро чунин ном мегузоранд, ки дар иди Наврӯз таваллуд шуда бошад. Ин калима дар Шуғнону Рӯшон дар шакли «хогун» низ низ ба кор рафтааст ва дар дигар забонҳои эронӣ низ мустаъмал аст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин омадааст: «Шугун –фоли нек, муборак шумурдани чизе; шугун гирифтан гирифтан фоли нек шумурдан». Устод Садриддин Айнӣ дар асараш «Фарҳанги нимтафсилии забони тоҷикӣ» ин калимаро чунин тавзеҳ додааст: «Шугун 1. Фоли нек; муборак шумурдани чизе; 2. Савдои аввалӣ дар хариду фурӯш». Ӯ дар қавсайн таъкид кардааст: «Ин калима дар забони зиндаи тоҷикӣ ба шакли «шавгун» кор фармуда мешавад». Ойини дигари наврӯзӣ «Боҷайём» аст, ки дар Бартанг ба кор мебаранд. Дар Бадахшон «боҷ» номи хӯрокест, ки аз боқило, гандум ва ё мошу мушунг бо каллапоча ё ишкамбаи ҳайвон ё бе он дар кӯзаи калон дар оташдон мепазанд. Боҷи наврӯзӣ танҳо аз гандуми нимкӯфта ва ишкамбаю синаи гӯсфанди сафед пухта мешавад.

Бачаҳо субҳи Наврӯз бомгардӣ мекунанд. Онҳо ба нӯги рӯймол халтаеро баста ва онро аз равзанаҳои хонаҳо ба поён овезон мекунанд, то соҳибони хона ба дарунаш гӯшт, нону равған, себу чормағз андозанд. Басо иттифоқ меафтад, ки дар ин рӯз ҷавоне ба хостгории дӯстдоштааш меояд ва хосташ низ иҷро мешавад…

Ҷашни дигари наврӯзӣ «Разбед» ном дорад, ки бо он кишти баҳорӣ оғоз меёбад. Ин маросим низ хусусиятҳои худро дорост. Шахсияти ин маросим Бобои Деҳқон–соҳиби замину бахшандаи рӯзӣ мебошад. Академик М.С.Андреев дар китоби машҳури худ «Тоҷикони водии Хуф» муроҷиати барзгари хуфиро ба Бобои Деҳқон ва замин ҳангоми пошидани тухмӣ чунин овардааст: «Ё ҳазрати Бобои Деҳқон, як дона ҳазор, аз ҳазор ҳам бешумор, каҳ камтар, дона бештар, насибаи ҳалолхӯр гардад». Деҳқон пас анҷоми кишт, дар рӯзи охирини кишту кор ба мегӯяд: «Аз мо ҳаракат, аз Худо баракат».

ЧАҲОРШАНБЕИ ОХИРОН

Омодагӣ ба Наврӯз дар Тоҷикистон сари сол шурӯъ мешавад, вале тайёрии ниҳоии он чаҳоршанбеи охирини соли куҳан ҳисоб меёбад, ки он дар фарҳанги наврӯзӣ ба истилоҳи «Чаҳоршанбесурӣ» маълум аст.

Донишманди тоҷик Дилшод Раҳимов роҷеъ ба маросими Чаҳоршанбеи охирон ба таври илмӣ маълумоти арзишманд додааст. Ба қавли ӯ, дар фарҳанги мардумии тоҷик бовару эътиқодот, расму ойин ва ҷашну маросимҳое ҳастанд, ки тайи садсолаву ҳазорсолаҳо ҳамқадами ниёгони мо буданд, дар рӯзгори онҳо нақши муҳим доштанд.

Маросими Чоршанбесурӣ аз замонҳои қадим то ба наздикиҳо дар байни мардумони Эрону Қафқоз, Хуросону Мовароуннаҳр маълуму машҳур буд. Дар байни тоҷикон ин маросим «Чоршанбеи охирон» ном дошт ва дар баъзе минтақаҳо онро «Чоршанбесурук» ё «Чоршанбеи моҳи сафар» меномиданд, ки дар рӯзи чоршанбеи охирони сол пеш аз иди Наврӯз гузаронида мешуд.

Дар гузашта дар паскӯча ё боғча, умуман дар ҷое, ки аз назари умум пинҳон бошад, алаф афрохта, хурду калон, пиру ҷавон аз болояш меҷаҳиданд ва ба оташ муроҷиат карда мегуфтанд: «Ранҷурию ранги зарди ман аз они ту, сурхиву хуррамии ту аз они ман». Бо иҷрои ин амал онҳо бовар доштанд, ки то соли нави оянда тандуруст хоҳанд буд.

Дар асрҳои гузашта мардуми Ҳисору Қаратоғ, Истаравшану Хуҷанд ва Самарқанду Бухоро ва дигар ҷойҳо ҳангоми иҷрои маросими Чоршанбесурӣ косаву табақ, кӯза ва дигар зарфҳои лабшикастаю ҷағовардаро шикаста мепартофтанд. Ин амал чунин маънӣ дошт, ки ҳамаи ашёи шикаста бо соли куҳна бебозгашт бираванд ва мардум дар соли нав бо ин роҳ орзуи тандурустию зиндагии бешикастро таманно мекарданд. Маросими дигаре, ки ба Чоршанбесурӣ шабоҳат дорад, дар байни тоҷикон бо номи «Алавпарак» маълум аст. Онро асосан занҳо ба тариқи зайл иҷро мекунанд. Агар аз занҳои ихлосманди ойинҳои мардумӣ касе хоби бад бинад, ё худро вазнину нороҳат ҳис кунад, рӯзи чоршанбе (то нимрӯзӣ) дар ҷое, ки чашми кас набинад, аз хасу хошок сето гулхан афрӯхта, се навбат аз болояш ҷаҳида мегузарад. Дар навбати сеюм ба қафояш нигоҳ накарда, ба сӯйи хона меояд.

Об низ ҳамчун яке аз унсурҳои муқаддас дар поксозии тани инсон ва хонаву дар дар рӯзи Чоршанбесурӣ ба кор мерафт. Дар баъзе минтақаҳои гуногуни Осиёи Миёна дар охири соли куҳан ва остонаи Наврӯз ба ҳамдигар обу гулоб мепошиданд ва аз оби тоза бо мурод менӯшиданд, дасту рӯй мешустанд. Ба ин тариқ, мардум қабл аз фарорасии Соли Нав на танҳо хонаю дар ва ашёву анҷоми хонаро тоза мекарданд, балки тавассути обпошӣ ва аз оташ ҷаҳидан рӯҳан худро тозаю озода менамуданд.

ҶУФТБАРОРОН

Ин маросим аз қадимтарин ойниҳои наврӯзӣ ба шумор меравад, зеро Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст. Ба қавли пажӯҳишгари тоҷик Дилшод Раҳимов, то солҳои панҷоҳуми қарни гузашта дар ноҳияҳои минтақаи Суғду Хатлон деҳқонон то фарорасии ҷашни Наврӯз маросими «Ҷуфтбаророн» барпо мекарданд. Рӯзи аввал деҳқонон дар хонае ҷамъ омада, дастҷамъона оши палав пухта мехӯрданд ва дар ҳаққи Бобои Деҳқон ва арвоҳи гузаштагон дуову фотиҳа мехонданд. Сипас онҳо ба сари замин рафта, ба шохҳои барзаговҳо равғани зағир мемолиданд ва ба сару гардани говҳо орд мепошиданд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонии ҳосилро ифода мекард. Рӯзи аввал каме ҷуфт мекарданд ва яке аз мӯйсафедони калонсолтарини деҳза ба тариқи рамзӣ ва муборакии кор чанд мушт гандум мепошид. Он рӯз ба хонаҳояшон бармегаштанду кори асосӣ аз рӯзи дуюм оғоз мешуд.

ФОЛГИРИИ НАВРӮЗӢ

Ойини дигар, пешбинӣ кардан бо роҳи сабзонидани дувоздаҳ навъи ғалладона: гандум, ҷав, нахӯд, боқило, зағир, нас, мош ғайра мебошад. Ин ғалладонаҳоро дар зарфҳои гуногун дар шароити хона месабзониданд ва аз суръату сифати сабзиши онҳо фол мегирифтанд, ки кадом навъи ғалладона дар ин сол нашъунамои хуб карда, ҳосили фаровон хоҳад дод.

МАРОСИМИ ОБРЕЗОН

Аз давраҳои хеле қадим дар байни мардумони ориёӣ ойине маъмул буд, ки пеш аз фарорасии соли нав– Наврӯз мардум шустушӯй намуда, худро поку озода мекарданд. Тибқи навиштаи фолклоршиноси маъруфи тоҷик Рӯзӣ Аҳмад, сардори оила субҳ пеш аз баромадани офтоб ба даст кӯза ё ягон зарфи обро гирифта, ба лаби чашма ё рӯди об мерафт. Баъди шустушӯй зарфро пури об карда, сипас аз болои об се маротиба ҷаҳида: «Ҳарчӣ дарду бало дорам, об бибар»,–мегуфт. Оби тозаро оварда ба остонаи дарвозаи дари хонаи худ мерехтанд ва баъзе амалҳои рамзомезро иҷро мекарданд.

Тоҷикони Самарқанди бостонӣ дар арафи Наврӯз ба рӯди Обираҳмат рафта, занҳо дар рӯзҳои муайян дар ҷойи аз назар пинҳони рӯд ва мардҳо дар ҷойҳои дигари сайргоҳ ин суннати аҷдодиро ба ҷо меоварданд.

Дар деҳоти Рӯшони Бадахшон пеш аз тоза кардани хона ва пухтани хӯрокҳои идона соҳибхоназан ё мард саҳарии барвақт ба чашма барои об мераванд. Ҳамон касе, ки барои об овардан меравад, бояд аз хона то сари чашма ё рӯд ва аз он ҷо то хона ба касе сухан нагӯяд. Ӯ ҳангоми обгирӣ ба даруни сатил чанд сангча меандозад, ки ин сангчаҳо рамзи бобаракат шуданро ифода мекунанд. Обро ба хона оварда, як қисмашро ба хамир меандозанд ва як қисми дигарашро барои пухтани боҷ– навъи хӯроке, ки аз каллаву почаи гӯсфанд бо гандуми нимкӯфта ва боқило пухта мешавад, истифода мебаранд ва аз бозмондааш ҳамаи аҳли хонавода кам-кам менӯшанд, ки он шугуни нек ҳисоб мешавад.

Ойинҳои мазкур ба он далолат мекунанд, ки об дар маҷмӯи ҷашни Наврӯзи мардуми тоҷику эронӣ аз даврони бостон ба ғайр аз корбурди маишӣ, инчунин, мазмунҳои асотирию рамзӣ доштааст. Обро мардум дар қатори оташу бод ва хок ҳамчун як унсури муқаддаси табиат, дорои неруи поккунандаи айбу гуноҳон,

нопокиҳо ва зиштиҳо медонистанд. Об рамзи ҳаёти поку беолоиш ва оромиву сулҳу суббот низ мебошад.

АФРӮХТАНИ ОТАШ

Ҳангоми маъракаи оташафрӯзӣ дар ҷашни Наврӯз қоидаҳои зерин риоя карда мешавад:

–Гулхан бо ҳезуми хушк, хосса хушбӯй, аз ҷумлаи чӯбҳои зардолу, тут, бурс, заранг ва ирғай афрӯхта мешавад.

–Оташ ҳарчӣ бештар забона занад, ҳамон қадар равшанӣ ва гармӣ падид меояд, торикию хунукӣ дуртар меравад.

–Лахчаҳоро барои гарм кардани хона, ҷӯшонидани чой ва гарм кардани сандалӣ истифода мебаранд.

–Оташ бояд дуд накунад, ба истиснои лахчаҳое, ки дар он афзору анҷоми куҳна ва фарсуда сӯхта мешавад.

–Оташи тезу баландзабона ҳам гармӣ медиҳад, ҳам ба ҷойи чароғ муҳитро равшан мекунад.

–Азбаски базми оташафрӯзӣ аз шом то субҳ, яъне то баромадани Офтоб тӯл мекашад, наврасон бо ҳидояти калонсолон ҳезумро аз ҳезумхонаҳо бароварда, дар наздикии гулхан захира мекунанд, то суръати афрӯхтани оташ суст нашавад.

–Калонсолон ба кӯдакону наврасон бояд фаҳмонанд, ки ба лахчаи мунаввар нигоҳу дасту пойро гарм кардан хосияти шифоӣ дорад, ба ҷисму ҷон ҳаловат мебахшад.

СУМАНАКПАЗӢ

Асоситарин неъмати Наврӯз суманак аст, ки он аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.

Тарзи таҳия ва пухтани суманак дар байни мардуми тоҷик чунин аст. Гандумро се рӯз дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда мемонанд. Баъде ки гандум неш мебарорад, онро гирифта дар табақе ҳамвор карда, мегузоранд ва рӯяшро бо докаи тоза мепӯшонанд. Рӯзе, ки борон меборад, ба берун мебароранд ва сипас оби зиёдатии онро полонида, боз бурда, ба хонае, ки каси бегона ба он ҷо намедарояд, мегузоранд. Вақте ки гандум сабз шуд, бояд ҳеҷ кас онро набинад, зеро ки ба қавли мардум «пай» меафтад. Ё худ дар вақти пухтан кӯшиш мекунанд, ки ягон каси нопок ба болои дег наояд, зеро «пай меғалтад» ва суманак дар дег садо мебарорад ва аз дег пораҳои он берун мепаранд, ки рафта-рафта маҳсули дег кам мешавад ва сифати он мекоҳад. Одамон дар ин ҳолат мегӯянд, ки суманак дар дег намеистад, пай ғалтидааст, чашми кадом нопок расидааст. Дар ин маврид ақидаи дигаре ҳам ҳаст, ки ҳар касе аз дӯстон ё ҳамсоягон агар дар вақти пухтан ба назди суманакпазон оянд, бояд то пухтани ин хӯроки наврӯзӣ, яъне то саҳар ҳамроҳи онҳо бошад. Омадану рафтан барои чунин шахсон иҷозат нест, вагарна ба қавли мардум «пай меғалтад».

Дигар ин, ки одамони азодор набояд гандум сабзонанд. Тибқи боварҳои мардумӣ, агар шахси азодор ё мотамдор гандум сабзонад, решаҳои сабза мисли хун мешудаанд, ки онро «сабза вайрон шуд» гуфта мепартоянд. Инҳо аз боварҳои мардумии наврӯзии тоҷикон мебошад, ки дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон то ба имрӯз роиҷанд.

Рӯзи муайяни суманакпазӣ се-чор нафар занони ҳамсоя бо машварат дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷамъ меоянд. Маъмулан, онҳо бегоҳӣ ҷамъ меоянд ва дастархонеро боз карда, сабзаҳоро мегузоранд, сипас ояте аз Қуръони карим тиловат карда, дар ҳаққи Пири Пухтагар дуо мехонанд ва сабзаҳоро мебуранд. Баъд сабзаҳои майда кардашударо ба дег меандозанд, то чашми бегона набинад. Пас занҳо дар таги дег оташ меафрӯзанд ва бо навбат дегро бо кафча ё кафгири дароздаста мекобанд. Ба деги суманак ҳафт адад сангча ё дар баъзе минтақаҳо чормағз меандозанд, ки рамзи бобаракат шуданро ифода менамояд. Онҳо дар назди оташ нишаста, барои хобашон набурдан афсонагӯйӣ,

чистонёбӣ ва сурудхонӣ мекунанд.

Субҳ вақте ки суманак тайёр мешавад, мардумро даъват менамоянд, базми рақсу суруд меороянд, духтарон арғунчакбозӣ ва писарон гуштигирӣ мекунанд.

Дар вақти суманакпазӣ занону духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу шӯхиҳо мекунанд, зеро тибқи боварҳои мардумӣ ҷашни Наврӯз агар бо хандаву хурсандию шодмонӣ певоз гирифта шавад, ҳамон сол соли бофайзу баракат ва хушу хурсандӣ мегардад. Бинобар ин, дар маросими суманакпазӣ хурду калон ва пиру ҷавон шодию хурсандӣ мекунанд ва ҳамдигарашонро бо кушодарӯйӣ шодбош мегӯянд ва муборакбод менамоянд. Ҳангоми кофтани дег таронаи мардумии «Суманак дар ҷӯш»-ро ҳамагон ҳамовоз гардида месароянд.

Дар аксари маҳалҳои тоҷикнишин ҳангоми маросими «Суманакпазӣ» мардонро ба назди дег роҳ намедиҳанд, ки суманак «вайрон» мешавад. Ба деги суманак ҳафт дона чормағз ва баъзан ҳафт сангча меандозанд, ки он рақам ҳафт фариштаи ҳафт табақи осмонро ифода мекунад. Шаби суманакпазӣ занҳою духтарони қадрас намехобанд. Онҳо хӯрокҳои гуногуни наврӯзӣ пухта, вақти худро бо хушию хурсандӣ мегузаронанд. Аз аввали шаб то субҳ дафу доира зада, рақсу бозӣ ва сурудхонӣ мекунанд. Пеш аз дамидаи субҳ оташи дегро хомӯш карда, болояшро бо латтаи тоза ё сарпӯш мепӯшонанд. Субҳи содиқ ҳамин ки занону духтарон ҷамъ омаданд, кадбону «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» гӯён сарпӯши дегро мебардорад. Аввал як табақ барои мӯйсафедон мекашад ва боқимондаи суманакро ба аҳли маросим ва ҳамсоягон тақсим мекунад.

ГУЛГАРДОНӢ

Дар деҳоту шаҳракҳои Тоҷикистон пайки наврӯзӣ бачаҳою духтаронанд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ дар даст гулдастаҳои баҳорӣ, гули қоқу, сияҳгӯш, наврӯзӣ давидаю хандида, субҳи барвақт назди дарвозаи хонаҳо омада, суруди дилхоҳашонро замзама мекунанд. Соҳибхона онҳоро бо самимияту хушҳолӣ ба хона даъват мекунад, ҳадя медиҳад: ширинӣ, обҳои ранга, меваи хушку тар, пул. Онҳо бо хандаву рақсу шодӣ раҳораҳ садо дар дода, муҳити кӯчаро лабрези фараҳ мегардонанд.

САЙРИ НАВРӮЗӢ

Дар айёми Наврӯз мардумон ҷашни баҳорро дар боғу чаманҳо, лаби чашмаву рӯдхонаҳо, ки бо номҳои «идгоҳ» ва ё «сайргоҳ» маъруф буданд, таҷлил мекарданд. Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди касбӣ ва зебоиписандӣ таҷлил намудани Наврӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку маҳаллаҳо наврӯзгоҳҳо муқаррар карда мешаванд. Бо ин мақсад варзишгоҳҳо, боғҳои фарҳанг, фароғат, хиёбону майдону гулгаштҳо, толорҳои калони болокушода, заминҳои тахту ҳамвори домани талу теппаҳо, соҳили дарёҳои атрофи шаҳру ноҳияҳоро истифода мебаранд, вале онҳоро ба тарзи дилхоҳ, вобаста ба талаботи ҷашнвора, аз нав сохта, таҷҳизонида, аз дидгоҳи касбӣ ороиш медиҳанд БОЗИҲОИ

СУННАТИИ ВАРЗИШӢ

Як бахши муҳими ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар аёми Наврӯз мусобиқаҳои паҳлавон дар навъҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ, чавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон) баргузор мегарданд, аммо аз ҳама мусобиқаи маъмултарини наврӯзӣ гуштигирӣ аст, ки хеле роиҷ ва маъмул мебошад. Дар ҳама деҳаю шаҳрак ва шаҳрҳои калони Тоҷикистон мусобиқаҳои наврӯзии гуштигирӣ баргузор мегарданд. Пеш аз ҳама, ду мӯйсафед ба майдон меоянд ва бо рақсу гирди майдон чархзанӣ мусобиқаро оғоз ва ҷашни Наврӯзро некфол мегардонанд. Ба ғолибон туҳфаҳо тақдим карда мешаванд. Дар гузашта дар Қаротегину Дарвоз дар маъракаи гуштигирӣ паҳлавони довталаб ба майдон омада, менишаст ва дар табақе назди ӯ хӯрок мегузоштанд, ки онро «табақи паҳлавонӣ» меномиданд. Ҳар нафаре, ки бо ин паҳлавон зӯрозмоӣ кардан мехост, меомаду дар паҳлуи ӯ нишаста, аз табақи паҳлавонӣ ҳамроҳи вай таом мехӯрд. Сипас ба ҳардуяшон дуо дода, ба майдон даъваташон мекарданд.

Дар Кӯлоб пондаҳ-бист рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз, ба ибораи мардум «Сайли соли нав», паҳлавонон аз деҳаҳои дурдаст ва навоҳии атроф омада, дар хонаҳои дӯстонашон истиқомат карда, ба машқу тамрин мепардохтанд. Ба ғайр аз гуштигирӣ, дар деҳаҳо мусобиқаю бозиҳои тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабчанг, чиликандозӣ, дастхобонӣ ва монанди инҳо барпо мешавад. Ҳар кас, ки ҷонвараш ё тухми мурғаш пирӯз шуд, моли мағлуби ҳарифро мегирад.

Бузкашӣ як навъ варзиши маъмулӣ буда, дар айёми Наврӯз бо тантана барпо мешавад. Ин мусобиқаи халқӣ дар байни халқҳои гуногуни Осиёи Марказӣ васеъ паҳн гаштааст. Дар баробари бузкашӣ бо асп навъи дигари мусобиқа–харкашӣ ё харбузкашӣ низ дар байни мардуми Қаротегину Дарвоз, Кӯлобу Тавилдара ва ғайра маъмул буд.

Навъҳои дигари бозиҳои варзишии наврӯзӣ инҳо буданд: сараспа–тирандозон аз болои аспи давон ягон нишони дар ҳаракат бударо (буз ё мурғро аз пояш баста сар медоданд) тирандозӣ мекарданд.

Найзаандозӣ дар водии Хуфи Бадахшон маъмул буд. Аз болои аспи давон тухми дар замин бударо бо нӯги найза зада мебардоштанд. Инчунин, арғамчинкашӣ, тирандозӣ,

лаклакбозӣ, бандпарӣ, ҷаҳидан аз болои арғамчин ва чанде дигар дар айёми фарорасии Наврӯз иҷро мешуданд.

Албатта, расму ойинҳои Наврӯз хеле зиёданд ва дар ҳар минтақаи кишвари азизамон бо вуҷуди умумиятҳою шабоҳатҳо, боз бо тақозои муҳит ва вазъи ҷуғрофӣ, табиӣ, тақвимӣ ва маънавию фарҳангӣ бо вижагиҳои хосашон тафовут доранд. Як қисми расму ойини наврӯзӣ бо мурури замон фаромӯш шуда аз байн рафтаанд, вале бо шарофати мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз ва соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расму ойинҳои матрук боз аз сари нав эҳё ва роиҷ мегарданд. Мехоҳам маърӯзаи худро бо суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни анҷом бахшам, ки барҳақ фармудаанд: «Метавон бо сарбаландӣ гуфт, ки дар талошҳои чанд кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар сафи пеш қарор дошт ва дар ҷаҳонишавии Наврӯзи бостонӣ саҳми арзандаи худро гузошт. Ба шарофати ҷаҳонӣ шудани Наврӯз муҳимтарин суннатҳои писандида ва неки наврӯзӣ эҳё гардиданд. Моро зарур аст, ки таърих ва анъанаҳои Наврӯзро ҳарчи бештар ва амиқтар омӯзем». (Ниг. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе,21.03.2016, сомонаи интернетӣ: www. president.tj)

САРЧАШМАҲОИ ИСТИФОДАШУДА

Абдуллоев Ш., Мираҳмадов Ф. Ҷашни Наврӯз (дастурамал ва тавсияҳо барои баргузор намудани иди Наврӯз). -Душанбе: Ирфон, 2005.

Абӯрайҳон Берунӣ. Осор-ул-боқия. -Душанбе: Ирфон, 1990.

Аҳмадов Р. Наврӯз дар Варорӯдон. Теҳрон, 2005.

Аҳмадов Р. Наврӯзи оламафрӯз. -Душанбе: Ирфон, 1978.

Аҳмадов. Р. Наврӯзи хуҷастапай. -Душанбе: Ирфон, 20011.

Бозтоби масоили Наврӯз дар адабиёт. Маҷмӯаи мақолот. –Душанбе: Дониш, 2016, 294 саҳ.

Карамшоев Д. Русум ва истилоҳи Наврӯз дар Бадахшон//Номаи Пажӯҳишгоҳ, №3.-Душанбе: Пайванд, 2003, саҳ. 104–112.

Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо.-Душанбе: Дониш, 2013, 171 саҳ. Мирраҳимов М. Ҷашни Наврӯз ва ҷаҳоншиносӣ.-Душанбе: Ирфон, 1992. Наврӯзи оламафрӯз. Тавсияҳои методӣ ва сенарияҳои намунавӣ барои муассисаҳои фарҳанг.// Мураттибон: Ф. Мираҳмадов, М. Турсунова//.–Душанбе:–Маориф ва фарҳанг, 2011.

Обидов Д. Таҳқиқи сурудҳои мавсимии тоҷикони Афғонистон. Душанбе: Дониш, 1998.

Обидов Д. Таҷлили Наврӯз дар Афғонистон. Дар китоби «Пайки Наврӯз. Гулчини мақолот ва ашъори наврӯзӣ». -Душанбе: Пайванд, 2012, саҳ. 89–91. Пайки Наврӯз. Гулчини мақолот ва ашъори наврӯзӣ». Мураттибон Баҳриддин Мирзоев ва Махфират Юсуфӣ, -Душанбе: Пайванд, 2012, 308 саҳ.

Раҳимов Д. Баргузории ҷашни Наврӯз ва расму ойинҳои таркиби он.// Олами ҳунар, январ- марти соли 2010.

Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии тоҷикон. -Душанбе: – Истеъдод, 2011.

Раҳимӣ Д. Боварҳои мардумӣ дар шугунҳои тоҷикӣ.//Мардумгиёҳ//,1998–2002, №1–2.

Раҳмон Э. Наврӯз–шиносномаи миллат. –Душанбе: Адиб, 2015, 168 саҳ.

Раҳмон Э. Суханронӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе, 21.03.2016, сомонаи интернетӣ: www. president.tj).

Раҳмонӣ Р. Сухане чанд пиромуни ҷашни Наврӯзи тоҷикон. Дар китоби «Пайки Наврӯз. Гулчини мақолот ва ашъори наврӯзӣ». -Душанбе: Пайванд, 2012, саҳ. 1021–129.

Ризо Шаъбонӣ. Одоб ва русуми Наврӯзӣ. -Душанбе: –Пайванд, 2008.

Рӯзӣ Аҳмад. Гулгардонӣ. «Паёмномаи фарҳанг», 2003, № 9. Рӯзӣ Аҳмад. Наврӯз дар Тоҷикистон. Дар китоби «Пайки Наврӯз». -Душанбе: Пайванд, 2012, саҳ. 79–85.

Рӯзӣ Аҳмад. Ҷашни фархундаи Фарвардин.//Адабиёт ва санъат//, 17. 03. 2005. Султонмуроди Одина. Идҳои ориёӣ.-Душанбе: Ҳумо, 2006.

Умари Хайём. Наврӯзнома. -Душанбе: Адиб, 2012, 352 саҳ.

Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷилди 1. -Москва: Советская Энциклопедия, 1969.

Қиёмиддин Сатторӣ,

котиби матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон