Асосӣ: Навигариҳо Наврӯз-падидаи фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз799
mod_vvisit_counterДирӯз391
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта799
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22312
mod_vvisit_counterҲамагӣ1192016
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Наврӯз-падидаи фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ

«Наврӯз -падидаи фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ»- таҳти чунин унвон дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Душанбе бо ҳузури донишмандони шинохтаи бахши таъриху адабиётшиносӣ, мардумшиносию фарҳангшиносӣ ҳамоиши наврӯзӣ баргузор гардид. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илми кишвар аз созмондиҳандагони ҳамоиши наврӯзӣ буданд.

Дар ҳамоиш донишмандону муаррихон ва наврӯзшиносон доир ба арзишҳо, паҳлӯҳои гуногун ва аҳамияти ин ҷашни бостонии мардумони сайёра сухан карданд.

Таъкид шуд, ки ҷашни Наврӯз таърихи 6 ҳазорсола дошта, зуҳури онро ба аҳди шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Ҷашни Наврӯз эҳёи табиат баъд аз сардиҳои фасли дай ва қадам ранҷа намудани баҳори сабзпӯш аст, ки онро арӯси сол ҳам меноманд. Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон доир ба ҷойгоҳи Наврӯз дар Тоҷикистон, ки ватани Наврӯз номаш мебаранд, ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон, ки сарзамини фарҳангист ва Наврӯз ҷойгоҳи хоса дорад. Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар ҷаҳонӣ гардидани Наврӯзи бостон аз нақши муассир бархӯрдор аст. Хусусан бо иқдомоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамасола дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ бо баргузории тантанаҳои бузурги фарҳангӣ, ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ ва чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ботантана ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифта мешавад. Дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе бунёди Наврӯзгоҳ бозгӯи ҷойгоҳи баланд доштани Наврӯз аст.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон доир ба анъанаҳои Наврӯз, рамзи ваҳдатофарии он, инчунин таҷлили ҷашни Наврӯз дар таҳкими дӯстиву рафоқат, ҳамдилию ҳамгироии мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва тарғиби фазилатҳои неку шоистаи инсонӣ сухан карданд. Зикр шуд, ки Наврӯз воқеан ҷашни покию созандагӣ, паҳлавонию ҷавонмардӣ ва аз ҳама беш- пирӯзии некӣ ба бадӣ ва нур бар зулмот аст.

Сарчашма: АМИТ "Ховар"